Созмони байнулмилалии меҳнат хостори имзои Аҳдномаи глобалӣ оид ба ҷойҳои корӣ аст

            Душанбе. 26-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Директори генералии Созмони байнулмилалии меҳнат Хуан Сомавия изҳор доштааст, ки баҳри пешгирии «бӯҳрони дарозмуддат ва амиқ дар бахши шуғли аҳолӣ», ки метавонад ба афзоиши бесобиқаи бекорӣ ва «коргарони қашшоқ» боис гардад, мебояд Аҳдномаи глобалӣ оид ба ҷойҳои корӣ ба имзо расонд.             Х.Сомавия сатҳи ҳамкории байнулмилалӣ дар соҳаи […]

Пайрав Чоршанбиев



           

Душанбе. 26-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Директори генералии Созмони байнулмилалии меҳнат Хуан Сомавия изҳор доштааст, ки баҳри пешгирии «бӯҳрони дарозмуддат ва амиқ дар бахши шуғли аҳолӣ», ки метавонад ба афзоиши бесобиқаи бекорӣ ва «коргарони қашшоқ» боис гардад, мебояд Аҳдномаи глобалӣ оид ба ҷойҳои корӣ ба имзо расонд.





           

Х.Сомавия сатҳи ҳамкории байнулмилалӣ дар соҳаи мубориза бо оқибатҳои бӯҳрони молиро нокофӣ арзёбӣ намудааст. «Иллатҳои бӯҳрон дар бахшҳои молия, тиҷорат, иқтисод, соҳаи иҷтимоӣ ва шуғл ба ҳам алоқамандан ва аз ин рӯ, зарур аст, чораҳои сиёсӣ низ дар ин самт танзим карда шаванд», – гуфтааст ӯ.




           

Ба гуфтаи ӯ, тибқи пешбиниҳо, барои танзими фаъолияти мӯътадили бозори меҳнат дар солҳои 2009-2010, мебояд қариб 90 млн. ҷойи корӣ ташкил кард. «Таҷрибаи бӯҳронҳои молии гузашта собит месозанд, ки бозори меҳнат пас аз 4-5 соли барқароршавии иқтисод мӯътадил мегардад», – қайд намудааст Х.Сомавия.




           

Бӯҳрони сартосарӣ, ба қавли вай,

 

тасмимҳои глобалиро тақозо мекунад. «Бо муттаҳидшавӣ дар чаҳорчӯбаи Аҳдномаи глобалӣ шарикони СБМ имкон пайдо хоҳанд кард, ки дар ҳамоҳангсозии чораҳои сиёсии зиддибӯҳронӣ дар сатҳи глобалӣ саҳми арзанда гузоранд», – афзудааст Х.Сомавия.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ҷузъиёти латукӯби омӯзгор дар Нуробод. Додситонӣ ҳодисаро таҳқиқ мекунад, Вазорат гуфт, аз омӯзгор ҳимоят хоҳад кард

Мақомот шахсеро, ки муаллимро зад чанд бор бозпурсӣ кардаанд ва тафтиши қазия идома дорад.

Саршумори чорво ва истеҳсоли гӯшт дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Дар 4 моҳ дар Тоҷикистон беш аз 68 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол шудааст.

Боздошти як хонандаи мактаб дар пайванд ба куштори як кирокаш дар Ёвон

Алайҳи ин наврас бо гумони "одамкушӣ бо бераҳмии махсус" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Маконҳои забҳи чорво барои Иди Қурбон дар Душанбе маълум шуданд

Дар арафаи таҷлили Иди Қурбон барои забҳ ё куштани...

Силсилаи нави “HONOR 600” бо имконоти пешрафтаи ҳуши маснӯӣ муаррифӣ шуд

Ҳуши маснӯӣ, дурбини шабона ва анбораи пуриқтидор дар як дастгоҳ.

Ҷуфтҳои даври 1/8 ниҳоии Ҷоми футболи Тоҷикистон-2026 маълум шуданд

Бозиҳои аввали ин марҳила рӯзҳои 27-29 -уми май баргузор мешаванд.

Оҷонсии омор мегӯяд, дар се моҳ дар Тоҷикистон 48 ҳазор ҷойи кор таъсис ёфтааст

Ин дар ҳолест, ки дар кишвар норасоии қувваи кории соҳибтахассус вуҷуд дорад

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Малика Собирова то Рӯзи байналмилалии гуногунии биологӣ ва ихтирои хамираи дандон.