Раиси «Ориёнбонк» ба ҷамъияти яҳудиҳои Тоҷикистон барои бунёди канисо дар маркази пойтахт бино тақдим кард

Душанбе. 26-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Раиси ҶСК «Ориёнбонк» Ҳасан Асадуллозода ба ҷамъияти яҳудиҳои Тоҷикистон   барои бунёди канисо дар маркази пойтахт бино тақдим кард.               Чӣ тавре ки сархохоми канисои шаҳри Душанбе Михаил Абдураҳмонов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, бинои тақдимгардида ба сифати канисо мавриди истифода қарор хоҳад гирифт. «Пас аз кӯчонидани бинои […]

Пайрав Чоршанбиев


Душанбе. 26-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Раиси ҶСК «Ориёнбонк» Ҳасан Асадуллозода ба ҷамъияти яҳудиҳои Тоҷикистон

 

барои бунёди канисо дар маркази пойтахт бино тақдим кард.

 






           

Чӣ тавре ки сархохоми канисои шаҳри Душанбе Михаил Абдураҳмонов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, бинои тақдимгардида ба сифати канисо мавриди истифода қарор хоҳад гирифт. «Пас аз кӯчонидани бинои кӯҳнаи канисои ягона дар ҷумҳурӣ, ки беш аз сад сол қабл бунёд гардида буд, муддати 9 моҳ аъзои ҷамъияти яҳудиҳои Тоҷикистон имкон надоштанд, ки ба таври бояду шояд маъракаҳои динии худро доир созанд», – гуфт ӯ.




           

М.Абдураҳмонов мегӯяд, бино дар вазъи хуб қарор дошта, таъмирталаб ҳам нест. «Айни замон ба мо баҳри бунёди канисо ҷамъиятҳои яҳудии кишварҳои хориҷӣ кӯмак мекунанд ва ният дорем, ки дар арафаи иди мазҳабии яҳудиҳо, ки 8-уми апрел баргузор мешавад, корҳоро пурра ба анҷом расонида, фаъолияти канисоро ба роҳ монем», – изҳор дошт вай.




           

Ба қавли номбурда, муаррифиномаи хурди канисо рӯзи 18-уми март баргузор гашта, дар он Ҳ.Асадуллозода низ иштирок доштааст. «Ҳама аъзои ҷамъияти яҳудиҳои пойтахт барои дар чунин рӯзҳои душвор дастгирӣ намудан ба ӯ миннатдорӣ баён карданд», – афзуд ӯ.




           

Тибқи маълумоти ӯ, феълан беш аз 300 нафар аъзои ҷамъияти яҳудиҳои Тоҷикистон мебошад.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ҷузъиёти латукӯби омӯзгор дар Нуробод. Додситонӣ ҳодисаро таҳқиқ мекунад, Вазорат гуфт, аз омӯзгор ҳимоят хоҳад кард

Мақомот шахсеро, ки муаллимро зад чанд бор бозпурсӣ кардаанд ва тафтиши қазия идома дорад.

Саршумори чорво ва истеҳсоли гӯшт дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Дар 4 моҳ дар Тоҷикистон беш аз 68 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол шудааст.

Боздошти як хонандаи мактаб дар пайванд ба куштори як кирокаш дар Ёвон

Алайҳи ин наврас бо гумони "одамкушӣ бо бераҳмии махсус" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Маконҳои забҳи чорво барои Иди Қурбон дар Душанбе маълум шуданд

Дар арафаи таҷлили Иди Қурбон барои забҳ ё куштани...

Силсилаи нави “HONOR 600” бо имконоти пешрафтаи ҳуши маснӯӣ муаррифӣ шуд

Ҳуши маснӯӣ, дурбини шабона ва анбораи пуриқтидор дар як дастгоҳ.

Ҷуфтҳои даври 1/8 ниҳоии Ҷоми футболи Тоҷикистон-2026 маълум шуданд

Бозиҳои аввали ин марҳила рӯзҳои 27-29 -уми май баргузор мешаванд.

Оҷонсии омор мегӯяд, дар се моҳ дар Тоҷикистон 48 ҳазор ҷойи кор таъсис ёфтааст

Ин дар ҳолест, ки дар кишвар норасоии қувваи кории соҳибтахассус вуҷуд дорад

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Малика Собирова то Рӯзи байналмилалии гуногунии биологӣ ва ихтирои хамираи дандон.