Президенти Тоҷикистон ҷиҳати анҷоми сафари расмии нахустин ба Муғулистон рафт

            Душанбе. 26-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Субҳи имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ озими Муғулистон шуд.             Чӣ тавре ки аз хадамоти матбуоти сарвари давлат ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, президентро дар сафар мушовири президент оид ба масоили байнулмилалӣ Эркин Раҳматуллоев, вазири рушди иқтисод ва савдо Ғуломҷон Бобозода, вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов, […]

Виктория Наумова



           

Душанбе. 26-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Субҳи имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ озими Муғулистон шуд.





           

Чӣ тавре ки аз хадамоти матбуоти сарвари давлат ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, президентро дар сафар мушовири президент оид ба масоили байнулмилалӣ Эркин Раҳматуллоев, вазири рушди иқтисод ва савдо Ғуломҷон Бобозода, вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Фаррух Ҳамралиев ва муовини аввали вазири умури хориҷии ҷумҳурӣ Абдулло Юлдошев ҳамроҳӣ мекунанд.



Тавре қаблан хабар дода будем, рӯзи 27-уми март нахуст мулоқоти як ба яки Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Муғулистон Намбарин Энхбаяр ва сипас гуфтушуниди ҳайатҳои васеи ҷонибҳо баргузор мешавад.



Аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунид имзои як қатор асноди дуҷониба дар назар аст. Ғайр аз ин, президенти Тоҷикистон бо муовини раиси парлумони Муғулистон ва муовини аввали нахуствазири Муғулистон низ дидору гуфтушунид хоҳад кард..



Шоми рӯзи 27-уми март сарвари давлати Тоҷикистон ба ватан бармегардад.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ҷузъиёти латукӯби омӯзгор дар Нуробод. Додситонӣ ҳодисаро таҳқиқ мекунад, Вазорат гуфт, аз омӯзгор ҳимоят хоҳад кард

Мақомот шахсеро, ки муаллимро зад чанд бор бозпурсӣ кардаанд ва тафтиши қазия идома дорад.

Саршумори чорво ва истеҳсоли гӯшт дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Дар 4 моҳ дар Тоҷикистон беш аз 68 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол шудааст.

Боздошти як хонандаи мактаб дар пайванд ба куштори як кирокаш дар Ёвон

Алайҳи ин наврас бо гумони "одамкушӣ бо бераҳмии махсус" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Маконҳои забҳи чорво барои Иди Қурбон дар Душанбе маълум шуданд

Дар арафаи таҷлили Иди Қурбон барои забҳ ё куштани...

Силсилаи нави “HONOR 600” бо имконоти пешрафтаи ҳуши маснӯӣ муаррифӣ шуд

Ҳуши маснӯӣ, дурбини шабона ва анбораи пуриқтидор дар як дастгоҳ.

Ҷуфтҳои даври 1/8 ниҳоии Ҷоми футболи Тоҷикистон-2026 маълум шуданд

Бозиҳои аввали ин марҳила рӯзҳои 27-29 -уми май баргузор мешаванд.

Оҷонсии омор мегӯяд, дар се моҳ дар Тоҷикистон 48 ҳазор ҷойи кор таъсис ёфтааст

Ин дар ҳолест, ки дар кишвар норасоии қувваи кории соҳибтахассус вуҷуд дорад

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Малика Собирова то Рӯзи байналмилалии гуногунии биологӣ ва ихтирои хамираи дандон.