Home Blog Page 5126

Дар Душанбе феҳристи электронии 500 дастхати қадима муаррифӣ мегардад

0



           

Душанбе. 16-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Дар шаҳри Душанбе рӯзи сешанбе, 17-уми март феҳристи электронии 500 дастхати қадима бо забони форсӣ-тоҷикӣ (алифбои форсӣ), русӣ ва англисӣ

 

муаррифӣ мегардад.





           

Тавре аз Шӯъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, чорабинии мазкур дар ҳамдастӣ бо Донишкадаи шарқшиносӣ ва осори хаттии Академияи улуми ҶТ созмон дода шудааст.




           

Ба гуфтаи манбаъ, муаррифиномаи феҳристи мазкур кӯшиши аввалинест баҳри шиносоии оммаи васеъи хонандагону пажӯҳишгарон бо осори хатти қадима аз марказҳои нигаҳдории осори хаттии ҷумҳурӣ – Донишкадаи шарқшиносии ба номи А.Мирзоев (380 дастхат) ва Китобхонаи миллии ба номи Фирдавӣ (120 дастхат) мебошад, ки фарогири масоили гунонугунҷабҳаанд. «Дар феҳристи электронӣ номгӯи китоб, муаллифи он, санаи тартиб додани дастхат, мавзӯъ ва мундариҷаи он, таърих ва макони дарёфт, шумори

 

саҳфаҳо ва ғайра дарҷ ёфтааст», – гуфт манбаъ.


Муроҷиати бонкҳо ба ҳукумат ҷиҳати тамдид сохтани мӯҳлати пардохти қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор саривақтӣ аст, – назари коршинос

0


Душанбе. 16-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Раиси Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон Иззатулло Лаълбеков дар сӯҳбати ихтисосӣ ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» дар мавриди шарҳи дархости «Агроинвестбонк» ҷиҳати дароз кардани мӯҳлати пардохти қарзҳои хоҷагиҳои пахтакорӣ ба бонкҳо ва аз ҷониби «Ориёнбонк» дастгирӣ ёфтани ин дархост, изҳор дошт, ки муроҷиати бонкҳо ба ҳукумат ҷиҳати тамдид сохтани мӯҳлати пардохти қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор саривақтӣ аст, зеро роҳи дигари ҳалли масъала мавҷуд нест ва агар

 

ҳукумат дархости бонкҳоро напазирад, бонкҳо маъракаи парвариши пунбадона дар соли ҷориро наметавонанд маблағгузорӣ намоянд.




Ӯ мегӯяд, дар сурати рад шудани дархост, бонкҳо маҷбур мещаванд, захираҳои худро истифода баранд, ки ин амал ба коҳиши ҳаҷмӣ сандуқи қарзӣ, захираҳои умумии қарзӣ бетаъсир буда наметавонад. Лаълбеков бар чунин назар аст, ки феълан равона кардани захираҳои ҳатмии бонкҳо ба дастгирии сохтор, ки тибқи қонун дар Бонки миллии ҷумҳурӣ нигаҳдорӣ мешаванд, мувофиқи мақсад аст. «Шояд маҳз имрӯз замоне фаро расидааст, ки ин захираҳоро барои дастгирии бонкҳо истифода созем, зеро онҳо барои ҳолатҳои фавқуллодда ҳифозат мегарданд ва танҳо ба ин тариқ БМТ метавонад аз бонкҳои ҷумҳурӣ пуштибонӣ намояд», – гуфт ӯ ва афзуд, ки роҳи дигаре мавҷуд нест.



Раиси Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон чунин ибрози назар намуд, ки дар бахши бонкӣ тавассути ҷалб сохтани захираву имконот ва афзоиши сармояи бонкҳо имкон дорад, ки вазъ дар бонкҳо қадре беҳтар карда шавад ва чун захираҳои дохилӣ хеле маҳдуданд, бидуни ҷалби сармоягузории созмонҳои молиявии байнулмилалӣ ва

 

захираҳои беруна ин амал ғайриимкон аст.



И.Лаълбеков мутмаин аст, ки алҳол набояд асари шадидро дар низоми молиявӣ интизорӣ дошт. «Ҳукумат амалеро анҷом медиҳад: барномаи зиддибӯҳрониро таҳия сохтааст, дар бораи 200 рӯзи ислоҳот эълом кард ва иқдомҳои дигареро пеш гирифт ва ман чунин мешуморам, ки ин чорабиниҳо ба иқтисоди ватанӣ ва низоми бонкӣ кӯмак хоҳанд кард, вале ин маънои онро надорад, ки хотирҷамъ бояд шуд», – гуфт дар анҷоми сӯҳбат И.Лаълбеков.




 

Сарони кишварҳои Туркияву Тоҷикистон оид ба рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногун гуфтугӯйи судманд анҷом доданд

0


Душанбе. 16-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Туркия Абдулло Гул мулоқот намуд.




Абдулло Гул ба Эмомалӣ Раҳмон барои қабули даъват ва ташриф овардан ба Туркия изҳори сипос намуд.



Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи ду кишвар ва мавзӯъҳои

 

Форуми 5-уми ҷаҳонии об баррасӣ шуд.



Таъкид гардид,

 

ки Тоҷикистону Туркия дар масъалаҳои марбут ба рушди робитаҳои дуҷониба ва байналмилаливу минтақавӣ назари ба ҳам наздик доранд.



Сарони ду давлат аз сатҳи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии дуҷониба изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамзамон таъкид бар он доштанд, ки имкону захираҳои истифоданашуда барои боло бурдани нишондодҳои мушаххаси равобити судманд ҳанӯз хеле зиёданд.



Зикр гардид, ки мубодилаи мол тайи ду соли охир аз ним миллиард доллар болотар аст.



Боз ҳам фаъолтар намудани кори Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ ва татбиқи пурсамари санадҳои сершумори дуҷониба матлуб шумурда шуд.



Сарони ду давлат – Эмомалӣ Раҳмон ва Абдулло Гул ҳамчунин оид ба рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои маориф, илму фарҳанг ва дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ гуфтугӯйи судманд анҷом доданд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти саравари давлат хабар доданд.


ҲНИТ эълом дошт, ки Ҷоизаи минтақавии сулҳи ба номи Саййид Абдуллоҳи Нурӣ таъсис дода мешавад

0


Душанбе. 16-уми март ОИ «Азия-Плюс» – 14-уми март, таҳти унвони «Устод Нур


ӣ


: шахсият, андеша ва осор» дар шаҳри Душанбе як нишаст баргузор шуд. Он бо иштироки намояндагони давлат, корпусҳои дипломативу созмонҳои байнулмилалии муқими пойтахт, коршиносону донишмандон ва улмои ислом, ба хотири гиромидошти 62-вумин солгарди таваллуди Сайид Абдуллоҳи Нур


ӣ


, муассис ва поягузори нахустин ҳизби сиёсии мазҳаб


ӣ


дар Осиёи Марказ


ӣ


доир шуд.




Зимни суханрониҳо нотиқон аз хидматҳо ва корномаи Саййид Абдуллоҳи Нур


ӣ


, раҳбари пешини Ҳизби Наҳзати исломии То


ҷ


икистон ва раиси собиқ Кумисиюни оштии миллии То


ҷ


икистон дар роҳирасидан ба сулҳ ва ризояти милл


ӣ


дар кишвар таъкид карданд.



Дар хатми нишасти мазкур Муҳиддин Кабир


ӣ


, раиси ҲНИТ ва вакили ин ҳизб дар Ма


ҷ


лиси намояндагони То


ҷ


икистон аз тасмими таъсиси


Ҷ


оизаи минтақавии сулҳи ба номи Саййид Абдуллоҳи Нур


ӣ


хабар дод, ки ҳамасола аз с


ӯ


и ин ҳизб тақдим хоҳад шуд.



Ба ин далел, тазаккур дод


ӯ


, устод Нур


ӣ


, раиси собиқи Ҳаракати Исломии То


ҷ


икистон, яъне як


ҷ


ониби сулҳ ва яке аз имзокунандагони санади сулҳи тарафҳои то


ҷ


ик буд, ва аз ин р


ӯ


Ш


ӯ


рои сиёсии ҲНИТ таъсиси


ҷ


оизаи сулҳ бо номи


ӯ


ро ҳаққи худ медонад.



М. Кабир


ӣ


афзуд, ки


ҷ


оизаи минтақавии сулҳ ба беҳтарин сиёсатмадорон, донишмандон, адибону р


ӯ


зноманигорон ва афроди саршиносе тақдим хоҳад шуд, ки бо иқдомоти худ дар амри таъмини сулҳ, рушди фарҳанги сулҳ ва ҳифзу субот дар минтақа хидматҳои шоистаеро ан


ҷ


ом додаанд.



Дар ҳамин ҳол, оқои Кабир


ӣ


санаи мушаххас барои тақдими ин


ҷ


оиза, маблағ ва тарзи муайян кардани онро бар уҳдаи Ш


ӯ


рои сиёсии ҳизб вогузор кард.


Ӯ


таъкид кард, ки Кумисиюни мустақил барои эътои ин мукофот аз шумори афроди саршинос, донишманди берун аз ҲНИТ ташкил хоҳад шуд.



Саййид Абдуллоҳи Нур


ӣ


, раиси пешини Кумисиюни оштии миллии То


ҷ


икистон, ниҳоди муштараки давлат ва мухолифони то


ҷ


ик дар солҳои 1997 – 2000, баъди бемории т


ӯ


лон


ӣ


дар моҳи августи соли 2006 аз


ҷ


аҳон даргузашт. Дар ин бора радиои «Озодӣ» хабар медиҳад.


Ҳамоиши VI-уми байнипарлумонии «Тоҷикистону Русия: имконоти ҳамкории байниминтақавӣ» соли ҷорӣ дар Маскаву Санкт-Петербург доир мегардад

0



 

Душанбе. 16-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта


Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳайати Комиссияи доимии байнипалатавӣ оид ба ҳамкории

 

Шӯрои

 

Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия бо Маҷлиси миллиро таҳти сарварии муовини раиси Комиссияи Шӯрои

 

Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия оид ба регламент ва ташкили

 

фаъолияти парламентӣ, аъзои

 

Кумитаи Шӯрои Федератсия роҷеъ ба корҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Олег Пантелеев ба ҳузур пазируфт.




Тавре ёвари раиси палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ Шавкат Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар ҷараёни мулоқот Маҳмадсаид Убайдуллоев ташрифи парламентарҳоро оид ба баргузории ҷаласаи дуюми Комиссия, ки дар партави охирин

 

сафари Президенти мамлакат ба Федератсияи Россия ва нақшаи ҳамкориҳои парламентҳо анҷом мегирад, нек арзёбӣ намуда, таъкид сохт, ки потенсиали Комиссия дар матраҳсозии паҳлӯҳои амиқи рушди муносибатҳои байнипарламентӣ, ки тавассути фароҳам овардани фазои мусоиди ҳуқуқӣ ба инкишофи робитаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишварҳо нақши муассир гузошта тавонад, равона карда шавад.



Дар ин зимн бо ироаи пешниҳодҳои мушаххас оид ба омодагиҳо ба Форуми чоруми байнипарламентии «Тоҷикистон-Русия: нерӯи ҳамкориҳои байниминтақавӣ», ки нимаи дуюми соли 2009 дар шаҳрҳои Маскав ва Санкт-Петербурги Федератсияи Русияя баргузор хоҳад гашт, ба фаъолияти Комиссия дар иҷрои вазифаҳои таъинотӣ муваффақият орзу намуд.


М.Убайдуллоев: Бӯҳрони молӣ падидаи муваққатӣ аст ва ояндаи наздик рушди бомароми иқтисоди ҷумҳурӣ таъмин хоҳад гашт

0



           

Душанбе. 16-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар мулоқот бо соҳибкорони пойтахт изҳор дошт, ки соҳибкорон бояд баҳри дифоъ аз ҳуқуқҳои худ ҷасурона амал намоянд ва агар фаъолияти онҳо тибқи қонун роҳандозӣ гардида бошад, ӯ ҳамеша ба дастгирӣ омода аст.





           

М.Убайдуллоев гуфт, ояндаи наздик фаъолияти «Маркази ҷавонни пойтахт» ба ҳалли мушкилоти соҳибкорону тоҷирон нигаргнида шуда, он «Маркази тиҷоратии пойтахт» ном хоҳад гирифт, то ки соҳибкорон имкон пайдо намоянд дар он ҷо мушкилоти худро сарҷамъона ҳал созанд. Раиси пойтахт таъкид сохт, ки феълан мебояд истеҳсолкунандагони ватаниро дастгирӣ намуд, зеро таносуби содироту воридоти ҷумҳурӣ соли гузашта 4,5 ба 95,5 дарсадро ташкил дода, маблағи содирот ба 18,2 млн. ва воридот беш аз 300 млн. доллари ИМА баробар шудааст.




           

Раиси шаҳри Душанбе аз соҳибкорон даъват ба амал овард, ки ба сохтмони муассисаҳои истеҳсолии нав сармоягузорӣ намоянд, зеро айни замон масъалаи таъмини шаҳрвандон бо ҷойи корӣ мушкил аст ва тибқи маълумоти оморӣ, 40 дарсади захираҳои меҳнатии шаҳр аз фаъолият барканоранд.




           

Дар мавриди бӯҳрони молӣ М.Убайдуллоев зикр кард, ки «мо, ки низоми тоталитарии шӯравӣ ва ҷанги шаҳрвандиро паси сар намудем, бӯҳрони молиро низ таҳаммул хоҳем кард». «Бӯҳрони молӣ падидаи муваққатӣ аст ва ман мутмаинам, ки ояндаи наздик рушди бомароми иқтисоди ҷумҳурӣ таъмин хоҳад гашт», – афзуд раиси пойтахт.


Ҳукумати Ҷопон барои тозакунии майдонҳои мингузоштаи ноҳияи Рӯшон 340 ҳазор $ маблағ ҷудо кард

0


Душанбе. 16-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳукумати Ҷопон барои тозакунии майдонҳои мингузоштаи ноҳияи Рӯшони ВМКБ 340 ҳазор $ маблағ ҷудо кард.




Тавре аз сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, рӯзи 13-уми март дар ин хусус бо Фонди аз мина безараргардонии Швейтсария (


FSD


) қарордод-бурс ба имзо расид.



Ба иттилои манбаъ, татбиқи лоиҳа аз баҳор дар деҳаи Вазнавди ноҳияи Рӯшон оғоз гардида, тӯли 9 моҳ идома хоҳад ёфт. «Дар чаҳорчӯбаи татбиқи лоиҳа ҳамчунин маъракаи баланд бардоштани сатҳи огаҳии аҳолӣ аз хатари мина низ доир карда мешавад», – хабар доданд аз сафорат.



Зикр гардид, ки дар маҷмӯъ безараргардонии ҳудуди 718 ҳазор майдони мингузошта дар наздикии деҳаи Вазнавд, ки бещ аз 500 нафар аҳолӣ дорад, ба нақша гирифта шудааст.



Лозим ба тазаккур аст, ки то имрӯз дар Тоҷикистон аз мина ва дигар аслиҳаи тарканда масоҳати беш аз 1,5 млн. метри мураббаъ безарар гардонида шуда, тозакунии боз майдони 20 млн. метри мураббаъ пешбинӣ гардидааст.


Иштироки Э.Раҳмон дар маросими ифтитоҳи бинои сафорати Тоҷикистон дар Туркия

0


Душанбе. 16-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Субҳи дирӯз Президенти


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон Эмомал


ӣ


Раҳмон баъди ан


ҷ


оми сафари пурмаҳсул аз минтақаи озоди иқтисодии Киши


Ҷ


умҳурии Исломии Эрон барои иштирок

  

дар Форуми пан


ҷ


уми


ҷ


аҳонии об, ки пагоҳ дар шаҳри Станбул кораш оғоз меёбад, ба


Ҷ


умҳурии Туркия сафар кард.




Худи ҳамин р


ӯ


з сарвари давлати То


ҷ


икистон дар шаҳри Анқара дар маросими ифтитоҳи бинои нави сафорати То


ҷ


икистон дар Туркия иштирок намуд.



Дар маросими ифтитоҳи сафорати То


ҷ


икистон ҳамчунин Вазири корҳои хори


ҷ


ии Туркия Ал


ӣ


Бобо


ҷ


он, ҳайати расмии То


ҷ


икистон, корпуси дипломатии муқими Анқара ва дигар шахсони расм


ӣ



 

иштирок намуданд.



Хотиррасон бояд кард, ки моҳи январи соли 2006 Президенти То


ҷ


икистон дар маросими гузоштани санги асоси бинои нави сафорати То


ҷ


икистон иштирок намуда буд.



Инак баъди се сол бинои нави сафорати То


ҷ


икистон дар яке аз мавзеъҳои беҳтарини

 

шаҳри Анқара расман ба истифода супурда шуд.



Эмомал


ӣ


Раҳмон ҳайати кормандони сафоратро бо ин р


ӯ


йдоди арзишманд табрику таҳният гуфта, изҳори бовар


ӣ


намуд, ки бо ифтитоҳи бинои нав ва муҳайё гаштани шароити хуби кор


ӣ


самараи фаъолияти намояндагии дипломатии То


ҷ


икистон дар Туркия боз ҳам бештар мегардад.



Вазири корҳои хори


ҷ


ии Туркия Ал


ӣ


Бобо


ҷ


он зимни суханронии табрикии худ То


ҷ


икистонро кишвари д


ӯ


сту бародар ва дорои фарҳанги пурғановат арзёб


ӣ


карда, изҳор дошт, ки Туркия минбаъд низ муносибатҳои гуногу


ҷ


анбаи худро бо То


ҷ


икистон

 

таҳкиму густариш хоҳад дод.



Дар назди сафорат бо садо додани Суруди милл


ӣ


Парчами давлатии То


ҷ


икистон бардошта шуд.



Президенти мамлакат Эмомал


ӣ


Раҳмон дар назди бинои нави сафорат як навниҳоли ҳамешасабз шинонд.



Нимаи дуюми р


ӯ


з Президенти То


ҷ


икистон аз Анқара ба шаҳри Станбул рафт.



Дар он ҷо ӯ бо Президенти


Ҷ


умҳурии Туркия Абдулло Гул

 

ва Сарвазири ин кишвар Ре


ҷ


еп Тейип Эрдоган мулоқот ан


ҷ


ом медиҳад. Имрӯз Эмомал


ӣ


Раҳмон дар Форуми пан


ҷ


уми


ҷ


аҳонии об иштирок ва суханрон


ӣ


хоҳад кард. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.


Соҳибкорони туркӣ дар Тоҷикистон корхонаҳои муштараки бофандагӣ таъсис доданианд

0


Душанбе. 16-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Ахири ҳафтаи гузашта дар мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид бо ҳайати Туркия таҳти сарварии менеҷери кулли ширкати «


TELASAN


» Рефиқ Карас масъалаи роҳандозии ҳамкории минбаъда ва таъсиси корхонаҳои муштараки бофандагӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.




Ш.Саид ба ҳайати Туркия пешниҳод сохт, ки дар заминаи ҶСК «Текстил» ва дигар муассисоти ба бахши саноати бофандагӣ марбут корхоанҳои муштарак таъсис диҳанд.



Дар фарҷоми мулоқот роҳбари ҳайати Туркия аз ҳамтоёни тоҷики худ даъват ба амал овард, ки дар намоишгоҳи маҳсулоти саноатӣ, ки моҳи июни соли ҷорӣ дар шаҳри Истанбули ин кишвар доир мегардад, ширкат варзанд.


Ширкати «ETA-Star»-и АМА баҳри сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон омодагӣ изҳор намуд

0


Душанбе.14-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Дар


ҷ


араёни боздиди расмии худ аз Амороти Муттаҳидаи Араб вазири корҳои хори


ҷ


ии


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон Ҳамрохон Зариф


ӣ


бо мудири генералии ширкати ETA-Star,


ҷ


аноби Обид


Ҷ


унайд мулоқот кард. Ҳангоми мулоқот вазири корҳои хори


ҷ


ии То


ҷ


икистон вазъи кунунии


ҷ


умҳуриро ба таври мухтасар шарҳ дода, ширкати мазкурро барои иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои кишвар даъват намуд.




Ҳамрохон Зариф


ӣ


дар робита ба масъалаи захираҳои об


ӣ


тава


ҷҷ


ӯ


ҳи ҳамс


ӯ


ҳбаташро ба сармоягузор


ӣ


барои сохтмони нер


ӯ


гоҳҳои барқи об


ӣ




ҷ


алб намуд.


Ӯ


таъкид кард, ки аз ҳама муҳимтарин сармоягузор


ӣ


дар сохтмони нер


ӯ


гоҳҳои барк


ӣ


мебошад, зеро То


ҷ


икистон дорои захираҳои бузурги об


ӣ


буда, танҳо 5 фоизи он истифода бурда мешавад. Вазир афзуд, ки имр


ӯ


з То


ҷ


икистон тайёр аст ҳар намуди сармоягузориро истиқбол гирад.



Мудири ширкати ETA-Star рушди муносибатҳои ду


ҷ


онибаро муҳим арзёб


ӣ


намуда, изҳор дошт, ки ширкат омода аст дар То


ҷ


икистон сармоягузории хешро оғоз кунад. Обид


Ҷ


унайд иброз намуд, ки ширкати ETA-Star дар самтҳои сохтмон


ӣ


, ба танзим даровардани идораҳои амният


ӣ


, интиқоли барқ, лифтсоз


ӣ


, дару пан


ҷ


арасоз


ӣ


ва тоза нигоҳ доштани муҳити зист хизматҳои сифатнок ва арзанда тақдим медорад.



Дар


ҷ


араёни мулоқот навори видеоии бахшида ба фаъолият ва дастовардҳои ширкат намоиш дода шуд. Дар ин бора аз Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд.



Дар охир вазир аз мудири ширкат таклиф ба миён овард, ки ба То


ҷ


икистон боздид ан


ҷ


ом диҳад ва ин даъват ба хушнуд


ӣ


пазируфта шуд.