Сарони кишварҳои Туркияву Тоҷикистон оид ба рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногун гуфтугӯйи судманд анҷом доданд

Душанбе. 16-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Туркия Абдулло Гул мулоқот намуд. Абдулло Гул ба Эмомалӣ Раҳмон барои қабули даъват ва ташриф овардан ба Туркия изҳори сипос намуд. Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи ду кишвар ва мавзӯъҳои   Форуми 5-уми ҷаҳонии об баррасӣ шуд. […]


Душанбе. 16-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Туркия Абдулло Гул мулоқот намуд.




Абдулло Гул ба Эмомалӣ Раҳмон барои қабули даъват ва ташриф овардан ба Туркия изҳори сипос намуд.



Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи ду кишвар ва мавзӯъҳои

 

Форуми 5-уми ҷаҳонии об баррасӣ шуд.



Таъкид гардид,

 

ки Тоҷикистону Туркия дар масъалаҳои марбут ба рушди робитаҳои дуҷониба ва байналмилаливу минтақавӣ назари ба ҳам наздик доранд.



Сарони ду давлат аз сатҳи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии дуҷониба изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамзамон таъкид бар он доштанд, ки имкону захираҳои истифоданашуда барои боло бурдани нишондодҳои мушаххаси равобити судманд ҳанӯз хеле зиёданд.



Зикр гардид, ки мубодилаи мол тайи ду соли охир аз ним миллиард доллар болотар аст.



Боз ҳам фаъолтар намудани кори Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ ва татбиқи пурсамари санадҳои сершумори дуҷониба матлуб шумурда шуд.



Сарони ду давлат – Эмомалӣ Раҳмон ва Абдулло Гул ҳамчунин оид ба рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои маориф, илму фарҳанг ва дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ гуфтугӯйи судманд анҷом доданд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти саравари давлат хабар доданд.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.