Home Blog Page 5133

ҶСК «Агроинвестбонк» бинобар таъсири оқибатҳои бӯҳрони молӣ ҳаҷми сандуқи қарзиро коҳиш дод

0



           

Душанбе. 6-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Сандуқи қарзии ҶСК «Агроинвестбонк» ба санаи 1-уми марти соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 72 млн. сомонӣ камтар гардид.





           

Тавре директори департаменти маълумоту таҳлилии бонк Ҷалил Таваккалов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, агар сандуқи қарзии бонк 30-юми сентябри соли гузашта 573 млн. сомониро ташкил медод, ба санаи 1-уми марти соли ҷорӣ он ба 501 млн. сомонӣ баробар шудааст.




           

Ба гуфтаи ӯ, ҳаҷми умумии қарзи додаи бонк аз оғози сол 47 млн. сомониро ташкил дода, 25,4 млн. сомонии он қарзҳои хурд мебошанд ва ин дар ҳолест, ки дар ду моҳи соли гузашта ҳаҷми қарзи ҷудогардида муодили 196 млн сомонӣ буда, 50 млн. сомонии он қарзҳои Вазорати молия барои маблағгзории хоҷагиҳои деҳқонии пахтакор буд.




           

Ҷ.Таваккалов сабаби коҳиши ҳаҷми сандуқи қарзиро ба бӯҳрони молӣ ва кам гардидани ҳаҷми маблағи қарзҳое, ки ба бонк муассисаҳои моливии байнулмилалӣ ҷудо мекунанд, вобаста медонад. «Мақомоти раҳбарии бонк бо шариконии хориҷии худ сраи ин масъала гуфтушунид дорад ва боварӣ дорем, ки аллакай шурӯъ аз моҳи апрел ҳаҷми маблағҳои қарзӣ афзуда хоҳанд шуд», – гуфт вай.


Олимони Пажӯҳишгоҳи иқтисодии Вазорати рушди иқтисод дархост мекунанд, ки таҳияи дубораи нақшаи зиддибӯҳронии ҳукумат зудтар ба анҷом ра

0



           

Душанбе. 6-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Мутахассисони Пажӯҳишгоҳи иқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ аз гурӯҳи кории комиссияи байниидоравии зиддибӯҳронӣ оид ба таҳияи нақшаи зиддибӯҳронии ҳукумати ҷумҳурӣ дархост карданд, ки таҳияи дубораи нақша зудтар анҷом дода шавад.





           

Директори пажӯҳишгоҳ, доктори улуми иқтисод, профессор Нуриддин Қаюмов мегӯяд дар ҳамаи кишварҳои узви ИДМ чунин барнома кайҳо таҳия шуда, ба амалисозии он таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир мегардад, вале танҳо дар Тоҷикистон он ҳанӯз рӯи кор гирифта нашудааст, ҳарчанд гурӯҳи кории таҳияи чунин барнома ҳанӯз ахири соли гузашта ташкил гардида буд. «Гурӯҳи кории таҳияи нақшаи зиддибӯҳронӣ танҳо баъди оне, ки онро ба коркарди дубора фиристоданд, назари коршиносони пажӯҳишгоҳро пурсон шуд ва шахсони масъули онро таҳиякарда мавриди интиқоди сарвари давлат қарор гирифтанд. «Мо пешниҳоду хулосаҳои худро ба гурӯҳи корӣ ирсол намудем», – гуфт ӯ.




           

Ба гуфтаи Н.Қаюмов, онҳо пешниҳод сохтаанд, ки ҳаҷми андоз аз арзиши изофа барои маҳсулоти ниёзи аввалияи мардум кам гардида, барои молу маҳсулоти дуввумдараҷа афзоиш дода шавад. Ҳамчунин тавсия дода шудааст, ки тарофаҳои кашонидани бор, хизматрасонии хоҷагии манзилию коммуналӣ ва истифодаи барқ муваққатан зиёд карда нашавад.




           

Н.Қаюмов хотиррасон кард, ки аллакай як қатор созмонҳои байнулмилалии молиявӣ баҳри дастгирии Тоҷикистон дар замони бӯҳрони молӣ маблағ ҷудо кардаанд ва мебояд барои назорат аз болои масрафи маблағҳои ҷудогардида комиссияи мустақилеро таъсис дод.


«Tajik Air» ва «Ӯзбекистон ҳаво йӯллари» оид ба барқарор сохтани фаъолияти хатсайри ҳавоии Душанбеву Тошканд тавофуқ ҳосил карданд

0


Душанбе. 5-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ҷараёни гуфтушуниди намояндагони ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар шаҳри Тошканд оид ба барқарор сохтани парвози тайёраҳо тавассути хатсайри Душанбе-Тошканд тавофуқ ҳосил гардид.




Тавре сухангӯи ширкати ҳавопаймоии «


Tajik




Air


» Назира Давлатова ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар моҳи март парвози тайёраҳо тавассути ин хатсайр аз нав оғоз мегардад. «Дар гуфтушунид ҷонибҳо тасмим гирифтнд, ки бо танзими як қатор масоили мавҷуда парвози тайёраҳо миёни шаҳрҳои Душанбеву Тошканд ҳам аз ҷониби ширкати Тоҷикистон ва ҳам Ӯзбекистон ба роҳ монда мешавад», – гуфт ӯ.



            Ёдрас мекунем, ки фаъолияти хатсайри ҳавоӣ миёни Душанбеву Тошканд соли 1992 қатъ гардида буд. Соли 2000 ҷонибҳо оид ба

 

аз нав ба роҳ мондани парвози тайёраҳо тавассути ин хатсайр ба мувофиқа расида буданд, вале пас аз анҷоми парвози аввалин он бори дигар то ҳанӯз қатъ гардида буд.


Сарвари давлат кадрҳои тозатаъини мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ба меҳнати софдилона ҳидоят намуд

0




Душанбе. 5-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ кадрҳои ба вазифаҳои пурмасъулияти мақомоти судӣ, прокуратура ва корҳои дохилӣ пешниҳодшударо барои сӯҳбат ба ҳузур пазируфт.








Сарвари давлат аз онҳо талаб намуд, ки пеш аз ҳама худашон дар риояи тартиботи ҳуқуқӣ намунаи ибрат буда,

 

дар таъмини волоияти қонун дар ҷомеа саҳми арзандаи худро гузоранд. Роҳ надодан ба коррупсия ва муборизаи беамон бурдан бо ҷиноятҳои муташаккил ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аз вазифаҳои асосӣ ва пурмасъулияти кормандони тамоми сатҳу зинаҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ маънидод гардид.







Президенти мамлакат ҳамчунин назорати қатъии иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва риояи бечуну чарои онро аз ҷониби худи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ талаб намуд ва таъкид дошт, ки қонуни мазкур, хусусан дар шароити кунунии иҷтимоию иқтисодӣ, ҷавобгӯйи манфиатҳои моддии тамоми табақаҳои аҳолӣ аст.







Аз ҳайати роҳбарии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ талаб карда шуд, ки аз маблағҳои буҷетӣ ва захираҳои моддӣ сарфаю сариштакорона истифода баранд. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд.




Парлумони ҷумҳурӣ хуни донорӣ ва ҷузъиёти онро чун сарвати миллӣ эътироф кард

0



           

Душанбе. 5-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ лоиҳаи нави Қонуни ҶТ «Дар бораи додани хун ва ҷузъиёти он»-ро маъқул шуморид.





           

Зимни шарҳу тафсири қонуни мазкур намояндаи мардумӣ Ҷумъабой Сангинов изҳор дошт, ки қонуни қаблӣ ҳанӯз соли 1993 қабул гардида, ба воқеияти муосир ҷавобгӯ нест.




           

Намояндаи мардумӣ Юсуфҷон Аҳмедов қайд кард, ки дар қонуни қаблӣ моддае мавҷуд буд, ки тибқи он ба хориҷи кишвар баровардан ва фурӯши хун ва ҷузъиёти он манъ гардида буд, вале ба лоиҳаи нави қонун ин модда ворид нагаштааст.




           

Ҷумъабой Сангинов зикр намуд, ки дар давоми мавҷудияти қонун аз соли 1993 ягон ҳодисаи ба хориҷи кишвар баровардани хуни имдодӣ (донорӣ) ва ҷузъиёти он ба қайд гирифта нашуда, моддаи мазкур чандон муҳим нест.




           

Дар навбати худ Ю.Аҳмедов гуфт, акнун касони зиёде аз набудани ин модда дар қонун истифода бурда, метавонанд хуни имдодӣ ва ҷузъиёти онро ба хориҷи кишвар бароранд. «Ман пешниҳод месозам, ки хуни донорӣ ва ҷузъиёти он сарвати миллӣ эълон гардида, ба хориҷи кишвар баровардани он мамнӯъ эълон карда шавад», – гуфт вай.




           

Пешниҳоди мазкур аз ҷониби аксари намояндагони мардумӣ дастгирӣ ёфт.


Соли равон барои мубориза бо малах 5 млн. сомонӣ ҷудо гардид

0


Душанбе. 5-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Соли равон ҳукумати ҷумҳурӣ баҳри муборизаи пурсамар бо ҳашароти зараррасон ба КВД «Мубориза бар зидди малах» 5 млн. сомонӣ ҷудо намуд.




Тавре аз Вазорати кишоварзӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, соли равон ҳамчунин корхона бо 17 трактори МТЗ-82, 2 автомашинаи УАЗ ва 6 дастгоҳи дорузанӣ барои мубориза бо ҳашароти зараррасон низ таъмин карда шудааст.



Бино ба иттилои манбаъ, соли гузашта барои мубориза бо малах 625 нафар афсарону хизматчиёни Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ ҷалб гардида буданд ва чанде қабл вазорат онҳоро бо тӯҳфаҳои хотиравӣ ва диплом қадрдонӣ кард.



Ёдрас мекунем, ки КВД «Мубориза бар зидди малах» соли 2008 таъсис ёфта, баҳри таъсиси он ҳукумати кишвар 4,5 млн. сомонӣ ихтисос дода буд.


Лоиҳаи китоби нави «Низоми илман асоснокшудаи пешбурди соҳаи кишоварзии ҶТ» барои чоп намудан тавсия дода шуд

0



 

Душанбе. 5-уми март – Лоиҳаи китоби нави гур


ӯ


ҳи олимони Академияи илмҳои кишоварзии


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон «Низоми илман асоснокшудаи пешбурди соҳаи кишоварзии


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон» аз тарафи Ш


ӯ


рои илм


ӣ


-техникии Вазорати кишоварзии


Ҷ


Т барои чоп намудан тавсия дода шуд.




Китоби мазкур бори аввал бо забони давлат


ӣ


аз тарафи олимони Академияи илмҳои кишоварз


ӣ


ва мутахассисони вазорати кишоварзии


Ҷ


Т дар ҳа


ҷ


ми 500 саҳифа таҳия гардидааст. Дар он моҳияти соҳаҳои гуногуни кишоварз


ӣ


аз


ҷ


иҳати назарияв


ӣ


, амал


ӣ


бо назардошти хусусият ва шароитҳои агроиқлимии


Ҷ


Т кушода дода шудааст.




 

Ҳар як бахши китоб аз


ҷ


ониби олимони ҳар соҳа дар асоси та


ҷ


рибаҳои илмию амалии бисёрсолаи онҳо бо назардошти нати


ҷ


аҳои озмоишу сан


ҷ


ишҳо ва нишондодҳои мушаххас таълиф шудааст, ки ин арзиши китобро дучанд мегардонад. Бахусус муаллифон кушиш намудаанд, ки вазъи имрўзаи иқтисод


ӣ


, талаботи хо


ҷ


агиҳо,


ҷ


омеа ва ояндаро ба инобат гиранд.



Дар китоб масъалаҳои таъмин намудани амнияти озуқавории кишвар, афзун намудани иқтидори иқтисодии корхонаҳои кишоварз


ӣ


, коркарди маҳсулоти кишоварз


ӣ


дар асоси технологияи пешқадам, раҳо


ӣ


аз танқисии беоб


ӣ


ва беҳтар сохтани ҳолати ғайри қобили кишт гардида таҳлил карда шудаанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар медиҳад.


Дар Тоҷикистон ду махфигоҳи аслиҳаи оташфишон ошкор гардид

0


Душанбе. 5-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави ҷумҳурӣ ду махфигоҳи аслиҳаи оташфишон ошкор гардид.




Тавре аз Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, яке аз ин махфигоҳҳо дар водии Варзави ноҳияи Дарвоз воқеъ буда, аз он милтиқи кӯтоҳ, туфанча, 3 норинҷаки навъи Ф-1, 6 тирдони автомати Калашников ва 860 дона тир дарёфт ва мусодира карда шуд.



Ба иттилои манбаъ, махфигоҳи дигар дар қаламрави шаҳраки Шаҳринави ноҳияи Тавилдара ошкор шуд. «Дар ин махфигоҳ автомати Калашников бо ду тирдонаш, милтиқи кӯтоҳ, муҳимоти норинҷакафкан, силсилаи пулемёт ва ғайра пинҳон шуда буд», – гуфт манбаъ.



Тибқи маълумоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз оғози сол дар кишвар 250 адад силоҳи оташфишон мусодира гардид.


«Ҳанафия» равияи расмии динии Тоҷикистон эълон шуд

0


Душанбе. 5-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷум, даъвати сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифт.




Зимни шарҳу тафисри қонуни мазкур вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Мирзошоҳрух Асрорӣ изҳор дошт, ки бинобар зуҳури падидаҳои тундгароӣ ва ҷараёнҳои барои мардуми кишвар бегона дар ислом зарурат пеш омад, ки тарҳи нави қонун омода гардад.



Ба гуфтаи М.Асрорӣ, тарҳи қонуни мазкур муддати ду сол таҳия гардида, дар омодасозии он коршиносони тоҷик, рӯҳониёни маъруф, намояндагони аҳзоби сиёсиву ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ва мутахассисони САҲА саҳм гирифтанд.



Тибқи маълумоти вазири фарҳанг, айни замон дар кишвар 18 муассисаи таълимии динӣ ва ҳудуди 3 ҳазор масҷид амал мекунад, ки 259-тои он масҷиди ҷомеъ аст ва ҳамаи онҳо чун пайравони ҷараёни ҳанафия дар ислом ба қайд гирифта шудаанд. «Аз ин рӯ, мо пешниҳод месозем, ки ҷараёни мазҳабии «Ҳанафия» дар Тоҷикистон равияи расмии динӣ эълон карда шавад», – гуфт М.Асрорӣ.



Вазири фарҳанги кишвар зикр намуд, ки зимни омодасозии тарҳи қонун пешниҳоду тавсияҳои лоиҳаи пешниҳодгардидаи ин қонун аз ҷониби намояндагони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар парлумон Маҳмадшариф Ҳимматзода ва Муҳиддин Кабирӣ низ ба эътибор гирифта шуданд.



Намояндагони мардумӣ лоиҳаи қонуни пешниҳодшударо дастгирӣ намуда, бидуни баҳсу мунозираи тӯлонӣ онро маъқул шумориданд.


Дар майдони сохтмони нерӯгоҳи Сангтӯда-1 масъалаи мӯҳлати анҷоми бунёди иншоот баррасӣ мешавад

0




          Душанбе. 5-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар майдони сохтмони нерӯгоҳи Сангтӯда-1 бо иштироки раиси раёсати ҶСК «Интер РАО ЕЭС Евгений Дод масъалаи мӯҳлати анҷоми сохтмони иншоот ва пурра мавриди истифода қарор гирифтани он мавриди баррасӣ қарор мегирад.




Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ҶСК «Нерӯгоҳи Сангтӯда-1» хабар доданд, дар ҷаласаи ситоди сохтмони иншоот ахири моҳи март анҷом додани бунёди нерӯгоҳ ба нақша гирифта шуд.



Дар ҳамин ҳол, хадамоти матбуоти ҶСК «Маркази муҳандисии ЕЭС» иттилоъ медиҳад, ки корҳои сохтмон дар иншоот дар арафаи анҷомёбианд ва нерӯгоҳ тибқи нақшаи пешбинишуда ахири моҳи март бо иқтидори пурра ба кор дароварда мешавад.