Home Blog Page 5134

ХБА даъват ба амал овард, ки ба 20 кишвари қашшоқи дунё кӯмаки таъҷилӣ расонида шавад

0



           

Душанбе. 5-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Хазинаи байнулмилалии асъор даъват мекунад, ҷиҳати пешгирии оқибатҳои ногувори марҳилаи саввуми бӯҳрони ҷаҳонии молӣ, ки акнун ба кишварҳои қашшоқ, аз ҷумла Тоҷикистон таъсир мерасонад, чораҳои таъхирнопазир андешида шавад. Дар ин бора дар иттилоияи чанде қабл интишоргаштаи ХБА хабар дода мешавад.





           

Дар робита ба интишори гузориши нави ХБА «Оқибатҳои бӯҳрони молӣ ба кишварҳои даромадашон паст» намояндаи мақомоти раҳбарии Хазина Доминик Стросс Канн изҳор доштааст, ки акнун марҳилаи саввуми бӯҳрони молӣ ба кишварҳои қашшоқ асар хоҳад гузошт ва аз давлатҳои мададрасон даъват ба амал овардааст, ки баҳри пешгирии оқибатҳои ногувори бӯҳрон ва аз даст надодани дастовардҳои ба мушкилӣ ноилгардидаи ин кишварҳои осебпазир кӯмаки таъҷилӣ расонида шавад.




           

Ба гуфтаи ӯ, таҳқиқоти доирнамудаи ХБА имкон фароҳам сохтааст беш аз 20 кишвари қашшоқи махсусан осебпазир муайян карда шавад ва ба кишварҳои мавриди зарари бештар қароргирифта соли равон бояд ҳадди аққал 25 млрд. доллари ИМА маблағгузорӣ карда шавад. Номбурда таъкид сохтааст, ки кишварҳои мададрасонро зарур аст, ҳаҷми маблағҳои кӯмакро афзоиш диҳанд, зеро коҳиши ҳаҷми кӯмакҳо ба вазъи суботи сиёсиву иҷтимоии кишварҳои даромадашон паст таъсири манфӣ гузошта метавонад.


«Тоҷиктрансгаз» як қисми маблағи қарзи «Узтрансгаз»-ро пардохт намуд

0



           

Душанбе. 5-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – ҶСК «Тоҷиктрансгаз» як қисми маблағи қарзи «Узтрансгаз»-ро пардохт намуд.





           

Тавре директори генералии ҶСК «Тоҷиктрансгаз» Саидмаҳмад Шарофиддинов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, корхона як қисмате аз маблағи қарзро, ки 4,5 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ба «Узтрансгаз» пардохт кардааст.




           

С.Шарофиддинов мегӯяд, айни замон қарзи корхона дар назди ширкати Ӯзбекистон барои истифодаи газ ба 14 млн. доллари амрикоӣ баробар аст. «Корхонаҳои бузурги кишвар қарзҳои моро пардохт намуданд ва ба мо муяссар шуд, ки қисми қарзи ширкати кишвари ҳамсояро низ ҳисоббаробарӣ созем», – гуфт вай.




           

Дар мавриди интиқоли газ ба ҷумҳурӣ директори генералии корхона зикр намуд, ки феълан дар як шабонарӯз ба кишвар 850-900 ҳазор метри мукааб газ ворид гардида, он ба аҳолӣ ва корхонаҳои «Талко» ва «Тоҷиксемент» интиқол дода мешавад. Бино ба иттилои манбаъ, бар асари норасоии сӯзишворӣ ҶСК «Тоҷиказот» аз фаъолият бозмондааст.


«Агроинвестбонк» аз ҳукумат дароз кардани мӯҳлати пардохти қарзҳоро дархост мекунад

0



           

Душанбе. 5-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Мақомоти раҳбарии ҶСК «Агроинвестбонк» имрӯз унвонии ҳукумати кишвар мактуб ирсол намуда, дархост хоҳад намуд, ки мӯҳлати пардохти қарзҳои ҳукуматӣ, ки соли гузашта тавассути ин бонк ба хоҷагиҳои деҳқонии пахтакор ҷудо гардида буд, дароз карда шавад.





           

Тавре директори департаменти таҳлилии бонк Ҷалил Таваккалов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, иқдоми мазкур ба он хотир сурат мегирад, ки аксари хоҷагиҳои деҳқонии вилоятҳои Суғду Хатлон бар асари коҳиши арзиши нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ дар фурӯши маҳсулоти худ ба душворӣ мувоҷеҳанд ва қодир нестанд, ки то 1-уми апрел қарзро пурра пардохт намоянд.




           

Ба гуфтаи ӯ, дар робита ба ин масъала барои ҷамъоварии маблағи боқимондаи қарз, ба тавозуни бонк гузаронидани гувоҳномаи истифодаи замин ва амволи ба гарав гузоштаи хоҷагиҳо ва ташкили фурӯши он ба бонк вақти муайяне зарур аст. «Аз ин рӯ, бонк аз ҳукумат дархост хоҳад намуд, ки мӯҳлати пардохти қарзҳо то ахири сол дароз карда шавад», – гуфт ӯ.




           

Ҷ.Таваккалов мегӯяд, аз 50 млн. сомонӣ қарзи Вазорати молия, ки соли гузашта тавассути бонк ба хоҷагиҳо ҷудо гардида буд, то имрӯз 14 млн. сомониаш баргардонида шуд. «Дар маҷмӯъ бошад, айни замон хоҷагиҳои деҳқонии кишвар дар назди бонк ба маблағи 96 млн. сомонӣ қарздоранд, ки 60 млн. сомониаш воситаҳои бонк мебошанд», – афзуд вай.


Сарони кишварҳои Афғонистону Тоҷикистон ва Эрон ҷашни Наврӯзро дар Мазори Шариф пешвоз мегиранд

0



          



Душанбе. 4-уми март – Мулоқоти саввуми Сарони кишварҳои форсизабон, Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон дар рӯзҳои таҷлили ҷашни бостонии мардумони форсизабон -Наврӯз дар маркази вилояти Балхи Афғонистон- шаҳри Мазори Шариф баргузор мегардад.





          

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба мусоҳибаи Мудири умури фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар муассисаи фарҳангии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ (ЭКО) Меҳр Фаромарз Таманно ба хабарнигори рӯзномаи «Ҷоми Ҷам»-и Эрон хабар медиҳад, баъди ҷаласаи вазирони умури хориҷаи се кишвари форсизабон, ки соле қабл дар Душанбе баргузор гардида буд, ҷониби Афғонистон омодагии худро ҷиҳати баргузории мулоқоти саввуми Сарони кишварҳои форсизабон дар Афғонистон эълом дошт. Меҳр Фаромарз Таманно ҳадафи баргузории мулоқоти Сарони кишварҳои форсизабонро дар Мазори Шариф тақвияти ҳамкории мутақобилан судманди фарҳангӣ, хусусан дар ҳавзаи густариши забони форсӣ арзёбӣ кардааст.




    


       

Интизор меравад, ки Роҳбарони се кишвари дӯсту бародар ва ҳамзабону ҳамҷавор дар Мазори Шариф дар қатори баррасии масъалаҳои муҳими ҳамкорӣ ва ҳамгироии минтақавӣ, яке аз масъалаҳои умдаи фарҳангӣ- таъсиси шабакаи муштараки телевизонии кишварҳои форсизабонро баррасӣ менамоянд.




         

Атташеи фарҳангии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориёнфар Шамсулҳақ дар сӯҳбат ба хабарнигори хабаргузории расмии Тоҷикистон» Ховар» гуфт, ки дар доираи баргузории мулоқоти саввуми Сарони кишварҳои форсизабон қарор аст, ки Сарони кишварҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон дар маросими бардоштани парчами ҳарами мубораки Ҳазрати Алӣ иштирок хоҳанд кард. Ориёнфар Шамсулҳақ мегӯяд, ин оин ҳар сол дар рӯзи таҷлили Наврӯзи бостон ба ҷо оварда шуда, он рамзи бузургию каромоти Ҳазрати Алӣ ва шаҳодати неку бобарор омадани соли нави мардумони машриқзамин аст.




 

Нахустшумораи аввалин ҳафтаномаи варзишии «Гол» бо забони тоҷикӣ аз чоп баромад

0




           

Душанбе. 4-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Нахустшумораи аввалин ҳафтаномаи тоҷикии варзишии «Гол», сеюмин нашрияи Маркази тадқиқотии журналистии Тоҷикистон аз чоп баромад.





Тавре аз

 

Маркази тадқиқотии журналистии Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, аҳли эҷоди ҳафтанома дар шумораи аввали худ ба мавзӯъҳои доғи варзишӣ равшанӣ андохта, мушкилиҳои ҷиддии соҳаи варзишро ба риштаи таҳлил кашидаанд.



Дар навиштаи Хуршед Атовулло «Зидан ва Марадона дар Душанбе. Кӣ омадани онҳоро намехоҳад?» сабабҳои рушд наёфтани футбол дар Тоҷикистон бо далелҳои возеҳ шарҳ ёфтааст.

 

Муаллиф бо ин навиштаи худ чунин ақида дорад, ки тақдири футболи тоҷик ба мисли сарнавишти «Роғун» танҳо ва танҳо ба худи мо вобаста аст.



Зери сарлавҳаи «Тоҷикистон пас аз Бразилия» маводе ба табъ расидааст, ки аз дастоварди мушкилиҳои футболи кӯдакон маълумот медиҳад. Ҳамчунин, шарҳи муфассал перомуни иштироки дастаи мунтахаби наврасон ва ҷавонони Тоҷикистонро дар чемпионати Осиё-2010, охирин навигариҳои олами варзиши дохиливу хориҷиро дар ин шумора метавонед мутолиа кунед.

 


 





 

Ҳ.Зарифӣ ва сафири Шоҳигарии Шветсия натиҷаҳои сафари ахири президенти Тоҷикистон ба бархе аз кишварҳои Аврупоро баррасӣ карданд

0


Душанбе. 4-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – 3-уми марти соли 2009 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ Сафири Мамлакати Шветсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳанс Олсонро ба ҳузур пазируфт.




Зимни сӯҳбат ҷонибҳо масъалаҳои ҷории равобити дуҷониба миёни Тоҷикистону Шветсия, ҳамкориҳои ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, вазъ дар Афғонистон, натиҷаҳои сафари ахири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба бархе аз кишварҳои Аврупо ва дигар мавзӯъҳои ҷолиби таваҷҷӯҳи тарафайнро муҳокима карданд. Дар ин бора аз Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд.

   



Академияи улуми ҷумҳурӣ чор олими ҷавонро бо мукофотпулии «Олими ҷавон» сарфароз месозад

0


Душанбе. 4-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Чаҳор олими ҷавони Тоҷикистон барои пажӯҳишу дастовардҳо дар соҳаи илм соҳиби диплом ва мукофотпулии Акдемияи улуми ҷумҳурӣ «Олими ҷавон» ба маблағи 1 ҳазор сомонӣ мегарданд.




Тавре корманди канселярияи академия Пирмаҳмад Нуров ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, маросими супурдани диплом ва мукофотпулиҳо рӯзи 6-уми март дар ҷаласаи умумии Академияи улуми ҶТ баргузор мешавад. Дипломҳоро президенти академия Мамадшо Илолов тақдим хоҳад намуд.



Ба гуфтаи П.Нуров, дар ҷаласа ҳамчунин аз корҳои илмӣ-тадқиқотии доиргашта др соли гузашта натиҷагирӣ шуда, вазифаҳои барои соли 2009 муайян карда мешаванд.


Муовини нахуствазири Русия Игор Сечин ба Тоҷикистон меояд

0


Душанбе. 4-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Пагоҳ муовини нахуствазири Русия Игор Сечин бо сафари корӣ ба Тоҷикистон меояд.




Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ҳадафи аслии сафар – суръат бахшидан ба амалисозии қарордодҳое мебошад, ки зимни боздиди расмии президенти Русия аз Тоҷикистон ба имзо расида буданд. «Интизор меравад, ки муовини нахуствазири Русия бо мансабдорони расмии ҷумҳурӣ ва мақомоти раҳбарии як қатор вазорату идораҳои Тоҷикистон дидору гуфтушунид хоҳад кард», – гуфт манбаъ.



Дар бораи ҷузъиёти дигари сафар алҳол чизе гуфта намешавад. Ёдрас мекунем, ки дар ҷараёни боздиди кории президенти Тоҷикистон аз Русия 24-уми феврали соли ҷорӣ ва гуфтушуниди ӯ бо президенти Русия Дмитрий Медведев зарурати роҳандозии робитаи доимӣ миёни ҳукумати кишварҳо таъкид гардида буд.

           



Ширкатҳои давлатии ҳавопаймоии Тоҷикистону Ӯзбекистон масъалаи барқарорсозии хатсайри ҳавоӣ миёни кишварҳоро баррасӣ мекунанд

0


Душанбе. 4-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз ҳайати ширкати давлатии ҳавопаймоии Тоҷикистон ҷиҳати барррасии масъалаи барқарор сохтани хатсайри ҳавоӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон озими шаҳри Тошканд гардид.




Тавре сухангӯи ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» Назира Давлатова ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ширкати ҳавопаймоии кишвари ҳамсоя аз ҳайати Тоҷикистон даъват ба амал овардааст, ки дар гуфтушунид оид ба масъалаи ташкил намудани хатсайри ҳавоӣ миёни кишварҳо ширкат варзад.



Н.Давлатова мегӯяд, натиҷаҳои гуфтушунид дар Тошканд чанде баъдтар маълум хоҳанд шуд.



Ёдрас мекунем, ки хатсайри ҳавоӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳанӯз соли 1992 қатъ гардида буд.


Вазорати рушди иқтисод: Нақшаи зиддибӯҳронии ҳукумат рӯзҳои наздик мавриди баррасӣ қарор мегирад

0



           

Душанбе. 4-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Шакли ниҳоии нақшаи чорабиниҳои ҳукумати ҷумҳурӣ перомуни пешгирии оқибатҳои бӯҳрони ҷаҳонии молӣ рӯзҳои наздик ҷиҳати баррасӣ ба ҳукумати кишвар пешниҳод мегардад.





           

Тавре ёвари вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар Анвар Латифов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, асноди мазкур бо вазорату идораҳои марбут ба иқтисод, вазорати адлия ва созмонҳои байнулмилалии молиявӣ мувофиқа гардида, танҳо хулосаи Бонки Миллии Тоҷикистон оид ба ин нақша боқӣ мондааст, ки рӯзҳои наздик дастрас мешавад.




           

Ба гуфтаи мавсуф, ҷиҳати ҳаҷми маблағи пешбинишуда дар нақша ҳарф задан ҳанӯз барвақт аст ва танҳо пас аз нақшаро маъқул шуморидани ҳукумат метавон мушаххасан дар бораи маблағгузории баъзе аз қисматҳои нақша мушаххасан маълумот дод.