Home Blog Page 5135

Дар зарфи ду моҳи соли ҷорӣ суръати афзоиши қурби доллар дар Тоҷикистон 8,3 дарсадро ташкил дод

0



          

Душанбе. 2-юми март. ОИ «Азия-Плюс» – Дар зарфи моҳҳои январ-феврали соли ҷорӣ Тоҷикистон аз рӯи афзоиши қурби доллари амрикоӣ нисбат ба асъори миллӣ миёни кишварҳои собиқи шӯравӣ дар мақоми 7-ум қарор гирифт ва нишондиҳандаи мазкур дар ҷумҳурӣ 8,3 дарсадро (аз 3,4519 то 3,7385 сомонӣ) ташкил дод. Дар ин бора БелаПАН хабар медиҳад.





           

Тибқи маъдумоти манбаъ, суръати аз ҳама бештари афзоиши қурби доллар дар зарфи ду моҳ дар Белорус ба қайд гирифта шудааст, ки он ба 29,91 дарсад баробар аст.




           

Дар кишварҳои дигари пасошӯравӣ ин нишондиҳанда ба таври зайл аст: Қазоқистон – 24,56; Русия – 21,58; Латвия – 11,72; Эстония – 11,24; Литва – 10,78; Қирғизистон – 4,42; Молдова – 2,52; Ӯзбекистон – 1,11; Гурҷистон – 1,02 ва Озарбойҷон – 0,52 дарсад.

 





           

Дар Туркманистону Украина қурби доллар дар ин давра тағйир наёфт. Дар Арманистон қурби доллари ИМА нисбат ба асъори миллӣ ба андозаи 0,29 дарсад поин рафт.


Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ баргузории ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Чинро пешниҳод месозад

0


Душанбе. 28-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар ҷараёни мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид бо мушовир оид масоили тиҷорату энергетикаи сафорати Чин дар Тоҷикистон Ван Чунган масоили густариши ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ миёни кишварҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.




Тавре аз палатаи мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, раиси палатаи савдои кишвар таъкид сохт, ки баргузории Намоишгоҳи миллии Чин соли гузашта дар ҷумҳурӣ ба имзои беш аз 100 шартномаи ҳамкории дуҷониба мусоидат кард. «Дар доираи баргузории намоишгоҳи «ЭКСПО-2010» дар шаҳри Душанбе метавон ҳамоиши муштараки соҳибкорону тоҷирони кишварҳоро баргузор сохт», – гуфт ӯ.



Дар навбати худ, мушовири сафоратхонаи Чин зикр сохт, ки роҳандозии ҳамкориҳои дуҷонибаи пурсамар дар бахшҳоии энергетикаву сохтмони роҳҳо, коммуникатсия ва соҳаи кишоварзӣ гувоҳи онанд, ки муносиботи ҳамкориҳо миёни кишварҳо дар ҳоли густариш қарор доранд. Дар ҷараёни мулоқот оид ба табодули итттилоот дар бораи маҳсулоти содиротӣ аз Тоҷикистон тавофуқ ҳосил гардид.


Дар Душанбе реҷабандии барқ барҳам мехӯрад

0



           

Душанбе. 28-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Интиқоли барқи Туркманистон ва Ӯзбекистон ба ҷумҳурӣ шурӯъ гардид.





           

Тавре ба ОИ»Азия-Плюс» аз ширкати «Барқи тоҷик» хабар доданд, пас аз гуфтушунидҳои зиёди коршиносони бахши энергеткаи Ӯзбекистону Тоҷикистон барқарор сохтани транзити интиқоли барқи Туркманистон ба ҷумҳурии мо муяссар гашта, дар мулоқоти ахир дар шаҳри Тошканд тамоми ҷузъиёти масоили марбут ба транзити барқи Туркманистон мушаххас гаштаанд.




           

Бино ба иттилои манбаъ, ба Тоҷикистон аллакай дар ҳаҷми беш аз 9 млн.кВт/соат нерӯи барқ ворид гардидааст, ки тақрибан 8 млн. кВт/соати он ба Туркманистон ва тақрибан 1,5 млн кВт/соат ба барқи Ӯзбекистон рост меояд. «Дар дохили ҷумҳурӣ шабонарӯзи гузашта тақрибан 22 млн. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол шуд», – гуфт манбаъ.




           

Дар мавриди ҳаҷми умумии воридоти нерӯи барқи Туркманистону Ӯзбекистон дар мавсими баҳору тобистон манбаъ изҳор дошт, ки миқдори он ба шароити обуҳаво дар ҷумҳурӣ вобаста хоҳад буд.




           

Тибқи маълумоти намояндаи ширкати «Барқи тоҷик», феълан масъалаи барҳам додани реҷабандии истифодаи барқ дар шаҳри Душанбе ва сабук кардани маҳдудияти истифодаи он дар манотиқи кишвар мавриди ҳаллу фасл қарор дорад.


Лоиҳаи ХОУП ба муассисаҳои тиббии ҷумҳурӣ бо таҷҳизоту доруворӣ кӯмак мекунад

0



           

Душанбе. 28-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Маркази ҷумҳуриявии клиникии эндокринологӣ маросими супоридани кӯмаки тиббӣ ба маблағи умумии 1 млн. 624,5 ҳазор. $ баргузор шуд.




Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, кӯмаки мазкур дар доираи амалисозии лоиҳаи ХОУП расонида мешаад. Дар маросими супурдани кӯмак сафири ИМА дар Тоҷикистон Трэйси Энн Ҷейкобсон, ҳамоҳангсози кӯмаки хориҷии ИМА дар Аврупо ва Авруосиё Дэниел Розенблюм ва муовини вазири тандурустии ҷумҳурӣ Соҳибназар Раҳмонов ширкат намуданд.



Ба иттилои манбаъ, инсулини супоридашуда эҳтиёҷоти солонаи беморони ба касалии қанд гирифторшударо дар Тоҷикистон қонеъ месозад. «Дар маҷмӯъ, департаменти давлатии ИМА тавассути Лоиҳаи ХОУП ба муассисаҳои тиббии Тоҷикистон ба маблағи 7 млн. 888,3 ҳазор доллари ИМА кӯмак мерасонад, ки он аз доруворӣ ва таҷҳизоти тиббӣ иборат аст», – гуфт сафири ИМА дар Тоҷикистон.


Сафари расмии президенти Яман ба Тоҷикистон пеш аз мӯҳлат анҷом ёфт

0



           

Душанбе. 28-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Яман Алӣ Абдулло Солеҳ ба барномаи сафари расмии худ ба Тоҷикистон тағйирот ворид сохта, чанде қабл озими ватан гардид.





           

Тавре роҳбари департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ Давлат Назриев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, нимаи дуввуми рӯзи гузашта пас аз мулоқот бо президенти Тоҷикистон сарвари давлати Яман ба шаҳри Норак рафта, бо фаъолияти нерӯгоҳи Норак аз наздик ошно гардид. «Шоми дирӯз Алӣ Абдулло Солеҳ аз Душанбе озими ватан шуд», – гуфт ӯ. Дар Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ сабабҳои пеш аз мӯҳлат анҷом ёфтани сафари расмии президенти Яманро шарҳ надоданд.




           

Ёдовар мешавем, ки президенти Яман Алӣ Абдулло Солеҳ шоми 26-уми феврал бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард ва тибқи барномаи сафар, мебоист то шоми 28-уми феврал дар Тоҷикистон ҳузур дошта, имрӯз бо раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нахуствазири ҷумҳурӣ дидору гуфтушунид мекард.


Дар марзи Тоҷикистону Афғонистон задухӯрди мусаллаҳона ба вуқӯъ пайваст

0


Кӯлоб. 28-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Шаби гузашта дар ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон дар натиҷаи задухӯрди мусаллаҳона бо қочоқбарони афғон ду корманди Агентии назорати маводи нашъадор ҳалок ва се марзбон захмӣ гардиданд.




Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси ноҳияи Шӯрообод Иброҳим Азизов хабар дод, задухӯрд дар наздикии деҳаи Сари Мазор рух дода, гурӯҳи қочоқбарони афғон тақрибан аз 30 нафар иборат будааст. «Марзбонони ҷароҳатбардошта дар ҳолати вазнин ба беморхона фиристода шуданд», – гуфт ӯ.



Иттилои ба ҳалокат расидани ду корманди Агентии назорати маводи нашъадори назди президенти Тоҷикистонро сардори ситоди агентии мазкур Фахриддин Ҷонмаҳмадов тасдиқ кард. Ба гуфтаиӯ, феълан ба ҷои ҳодиса гурӯҳи тафтишотии сохторҳои қудратӣ сафарбар шудааст. Дар бораи ҷузъиёти дигари ҳодиса алҳол чизи дигаре хабар дода нашуд.


Дар боғи «Дӯстии халқҳо»-и пойтахт ҳудуди 1,5 млн. бех ниҳоли мевадор ба фурӯш бароварда мешавад

0


Душанбе. 28-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз бо ташаббуси Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ дар боғи «Дӯстии халқҳо»-и шаҳри Душанбе ярмарка-фурӯши ниҳолу бутта ва тухмииву кӯчати гулҳо доир мегардад, ки дар он ҳудуди 1,5 млн. бех ниҳоли мевадор ба фурӯш бароварда мешавад.




Тавре сухангӯи вазорати кишоварзӣ Нарзулло Додобоев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар ярмарка беш аз 300 хоҷагии ниҳолпарварӣ, тухмипарварӣ ва гулпарварӣ, аз қабили КВД «Тоҷикниҳолпарвар», КВД «Навъҳои селексияи зироатҳои кишоварзӣ» ва боғпарварону гулпарварон аз тамоми манотиқи кишвар маҳсулоти худро ба фурӯш мебароранд.



Н.Додобоев мегӯяд, нархҳо нисбат ба бозор 50 дарсад поинтар аст. Дар маросими ифтитоҳи ярмарка вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Қосим Қосимов, кормандони раёсату шӯъбаҳои вазорат ва намояндагои диар вазорату идораҳои ҷумҳурӣ шикат варзиданд.


Кишоварзони ҷумҳурӣ ба мавсими киштукор омодагӣ мегиранд

0


Душанбе. 28-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Кишоварзони ҷумҳурӣ ба мавсими киштукори қарибулвуқӯъи имсола омодагӣ мегиранд.




Тавре аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, то имрӯз кишоварзон аз нақшаи пешбинишудаи 657,5 ҳазор 449 ҳазору


781 гектар

ё худ 64,4 дарсади заминро шудгор кардаанд, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 200 ҳазор гектар бештар аст.



Ба гуфтаи сардори раёсати рустанипарварии Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ Саидмурод Баҳриддинов, тавассути истифодаи техникаи таъиноти соҳаи кишоварзии замонавӣ, ки аз ҷониби КВД «Тоҷикагролизинг» ба хоҷагиҳои деҳқонӣ дода шуд, чунин пешравӣ муяссар гардид. Ғайр аз ин, то имрӯз барои кишти пунбадона 189 ҳазору

215 гектар

замини кишт шудгор карда шудааст, ки аз нақшаи пешбинишуда ҳудуди 80 дарсадро ташкил медиҳад.


Ҳудуди 180 хоҷагии пахтакори вилоятҳои Суғду Хатлон қарзҳои худро дар назди «Амонатбонк» пурра пардохт намуданд

0



           

Душанбе. 27-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – То имрӯз хоҷагиҳои пахтакори кишвар ба маблағи беш аз 18,8 млн. сомонӣ қарзҳои худро дар назди «Амонатбонк» пардохт намуданд.





           

Тавре сардори шӯъбаи қарздиҳии Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» Назрихудо Шукрихудоев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, 1.1 млн. сомонӣ аз ин маблағро фоизҳои пардохт ташкил медиҳанд. Тибқи қарордод, дар марҳилаи аввал «Амонатбонк» маблағи 12,5 млн. сомонии қарзҳои Вазоарти молияро пардохт намуд. Маблағи боқимондаи аз ҷониби ҳукумат ҷудогардида, тибқи қарордод миёни бонку вазорат то 1-уми апрели соли ҷорӣ баргардонида мешавад.




           

Ба қавли Н.Шукрихудоев, то имрӯз 178 хоҷагии пахтакори вилоятҳои Суғду Хатлон аз ӯҳдаи пардохти қарзашон дар назди бонк бо сарбаландӣ баромаданд. «Амонатбонк» 548 млн. сомонии барои қарз аз ҳисоби буҷа ҷудогардидаро аз рӯи 18 фоизи солона миёни 548 хоҷагии пахтакори ин вилоятҳо тақсим карда буд.




           

Н.Шукрихудоев мегӯяд, ахиран бинобар боло рафтани арзиши нахи пахта дар бозори ҷаҳоӣ ҷараёни фурӯши пахта дар минтақа каме беҳ гашт. «Мо умедворем, ки хоҷагиҳо саривақт қарзҳои гирифтаашонро пардохт хоҳанд намуд», – гуфт ӯ.




           

Дар мавриди пешниҳоди қарз ба хоҷагиҳо дар мавсими киштукори имсола номбурда изҳор дошт, ки бонк омода аст, ба хоҷагиҳое, ки пурра аз ӯҳдаи пардохти қарзи гирифтаашон баромадаанд, дар мавсими имсола низ қарз ҷудо созад.


Чорабиниҳои ҷашни Наврӯзи пойтахт дар варзишгоҳи марказӣ баргузор мешаванд

0


Душанбе. 27-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба баррасии масоили омодагиҳо ба Наврӯзи 2009 таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи корӣ баргузор гардид.




Дар ҷаласа муқаррар гашт, ки Наврӯзи умумишаҳрӣ 21-уми март, соати 10-00 тариқи камхарҷу сатҳи бойи

 

фарҳангӣ дар Варзишгоҳи марказӣ ва акнофи фарогири Кӯли ҷавонону Кохи Борбад тавассути намоиши ҳифзу эволютсияи дастовардҳои аҷам зери коргардонии Убайдулло Раҷабов таҷлил карда мешавад.




           

22-уми март соати 14-00 дар Варзишгоҳи марказӣ чорабинии варзишии гӯштини миллӣ баргузор гардида, дар тамоми боғҳои фарҳангу фароғатӣ ва шаҳраку маҳаллаҳо сайругашти оммавӣ сурат мегирад.



             Бо муқаррар намудани рӯзи Наврӯзи умимишаҳрӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев аз тамоми сокинони пойтахт даъват ба миён овард, ки то 2-уми марти соли 2009 унвонии шӯъбаи фарҳанги шаҳр (221-66-08)

 

ё худ дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (221-88-51) пешниҳодҳои худро оид ба чӣ гуна баргузор намудани иди миллӣ ирсол намоянд. Дар ин бора сухангӯи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод.