Чорабиниҳои ҷашни Наврӯзи пойтахт дар варзишгоҳи марказӣ баргузор мешаванд

Душанбе. 27-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба баррасии масоили омодагиҳо ба Наврӯзи 2009 таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи корӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа муқаррар гашт, ки Наврӯзи умумишаҳрӣ 21-уми март, соати 10-00 тариқи камхарҷу сатҳи бойи   фарҳангӣ дар Варзишгоҳи марказӣ ва акнофи фарогири […]

root


Душанбе. 27-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба баррасии масоили омодагиҳо ба Наврӯзи 2009 таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи корӣ баргузор гардид.




Дар ҷаласа муқаррар гашт, ки Наврӯзи умумишаҳрӣ 21-уми март, соати 10-00 тариқи камхарҷу сатҳи бойи

 

фарҳангӣ дар Варзишгоҳи марказӣ ва акнофи фарогири Кӯли ҷавонону Кохи Борбад тавассути намоиши ҳифзу эволютсияи дастовардҳои аҷам зери коргардонии Убайдулло Раҷабов таҷлил карда мешавад.




           

22-уми март соати 14-00 дар Варзишгоҳи марказӣ чорабинии варзишии гӯштини миллӣ баргузор гардида, дар тамоми боғҳои фарҳангу фароғатӣ ва шаҳраку маҳаллаҳо сайругашти оммавӣ сурат мегирад.



             Бо муқаррар намудани рӯзи Наврӯзи умимишаҳрӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев аз тамоми сокинони пойтахт даъват ба миён овард, ки то 2-уми марти соли 2009 унвонии шӯъбаи фарҳанги шаҳр (221-66-08)

 

ё худ дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (221-88-51) пешниҳодҳои худро оид ба чӣ гуна баргузор намудани иди миллӣ ирсол намоянд. Дар ин бора сухангӯи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.