Сафари расмии президенти Яман ба Тоҷикистон пеш аз мӯҳлат анҷом ёфт

            Душанбе. 28-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Яман Алӣ Абдулло Солеҳ ба барномаи сафари расмии худ ба Тоҷикистон тағйирот ворид сохта, чанде қабл озими ватан гардид.             Тавре роҳбари департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ Давлат Назриев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, нимаи дуввуми рӯзи гузашта пас аз мулоқот бо президенти Тоҷикистон сарвари давлати […]

Виктория Наумова



           

Душанбе. 28-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Яман Алӣ Абдулло Солеҳ ба барномаи сафари расмии худ ба Тоҷикистон тағйирот ворид сохта, чанде қабл озими ватан гардид.





           

Тавре роҳбари департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ Давлат Назриев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, нимаи дуввуми рӯзи гузашта пас аз мулоқот бо президенти Тоҷикистон сарвари давлати Яман ба шаҳри Норак рафта, бо фаъолияти нерӯгоҳи Норак аз наздик ошно гардид. «Шоми дирӯз Алӣ Абдулло Солеҳ аз Душанбе озими ватан шуд», – гуфт ӯ. Дар Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ сабабҳои пеш аз мӯҳлат анҷом ёфтани сафари расмии президенти Яманро шарҳ надоданд.




           

Ёдовар мешавем, ки президенти Яман Алӣ Абдулло Солеҳ шоми 26-уми феврал бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард ва тибқи барномаи сафар, мебоист то шоми 28-уми феврал дар Тоҷикистон ҳузур дошта, имрӯз бо раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нахуствазири ҷумҳурӣ дидору гуфтушунид мекард.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.