Дар Душанбе реҷабандии барқ барҳам мехӯрад

            Душанбе. 28-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Интиқоли барқи Туркманистон ва Ӯзбекистон ба ҷумҳурӣ шурӯъ гардид.             Тавре ба ОИ»Азия-Плюс» аз ширкати «Барқи тоҷик» хабар доданд, пас аз гуфтушунидҳои зиёди коршиносони бахши энергеткаи Ӯзбекистону Тоҷикистон барқарор сохтани транзити интиқоли барқи Туркманистон ба ҷумҳурии мо муяссар гашта, дар мулоқоти ахир дар шаҳри Тошканд тамоми ҷузъиёти масоили […]

Виктория Наумова



           

Душанбе. 28-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Интиқоли барқи Туркманистон ва Ӯзбекистон ба ҷумҳурӣ шурӯъ гардид.





           

Тавре ба ОИ»Азия-Плюс» аз ширкати «Барқи тоҷик» хабар доданд, пас аз гуфтушунидҳои зиёди коршиносони бахши энергеткаи Ӯзбекистону Тоҷикистон барқарор сохтани транзити интиқоли барқи Туркманистон ба ҷумҳурии мо муяссар гашта, дар мулоқоти ахир дар шаҳри Тошканд тамоми ҷузъиёти масоили марбут ба транзити барқи Туркманистон мушаххас гаштаанд.




           

Бино ба иттилои манбаъ, ба Тоҷикистон аллакай дар ҳаҷми беш аз 9 млн.кВт/соат нерӯи барқ ворид гардидааст, ки тақрибан 8 млн. кВт/соати он ба Туркманистон ва тақрибан 1,5 млн кВт/соат ба барқи Ӯзбекистон рост меояд. «Дар дохили ҷумҳурӣ шабонарӯзи гузашта тақрибан 22 млн. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол шуд», – гуфт манбаъ.




           

Дар мавриди ҳаҷми умумии воридоти нерӯи барқи Туркманистону Ӯзбекистон дар мавсими баҳору тобистон манбаъ изҳор дошт, ки миқдори он ба шароити обуҳаво дар ҷумҳурӣ вобаста хоҳад буд.




           

Тибқи маълумоти намояндаи ширкати «Барқи тоҷик», феълан масъалаи барҳам додани реҷабандии истифодаи барқ дар шаҳри Душанбе ва сабук кардани маҳдудияти истифодаи он дар манотиқи кишвар мавриди ҳаллу фасл қарор дорад.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.