Home Blog Page 5136

Сардори гурӯҳи таъиноти махсуси милисаи Вазорати умури дохилӣ аз мансаб сабукдӯш гардид

0



           

Душанбе. 27-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Дар таърихи 19-уми феврали соли ҷорӣ бинобар муносиб набудан ба мансаби ишғолкарда сардори гурӯҳи таъиноти махсуси милисаи (ОМОН) Вазорати умури дохилӣ Евгений Сергеев аз мансаб сабукдӯш гардид.





           

Тавре муовини вазири умури дохилии ҷумҳурӣ Шариф Назаров ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, тобеъони ӯ дар содир намудани ҷинояти вазнин бо истифода аз силоҳи оташфишон гумонбар дониста мешаванд ва ӯ чун сардор бояд аз ин амали онҳо хабардор гашта, баҳри пешгирии он бояд чора меҷуст. «Айни замон полковник Шералӣ Маҳмадшоев иҷрокунандаи вазифаи сардори гурӯҳ таъин карда шуд», – гуфт муовини вазир.



Ёдрас мекунем, ки рӯзи 19-уми феврал

к

ормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ се нафар аъзои фаъоли гурӯҳ – муовини сардори дастаи таъиноти махсуси милисаи Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ – Равшан Ҳомидов, сардори шӯъбаи навбатдории ин гурӯҳ Тоҳир Раҳимов ва шаҳрванди бекор Хуршед Исломовро дастгир намуданд. Ба роҳбари гурӯҳ – корманди Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Таваккалхӯҷа Низомов муяссар шуд, ки пинҳон гардад ва айни замон ӯ мавриди пайгарди қонунӣ эълом шудааст.



Ҳамаи онҳо ба содир намудани ҷиноятҳои вазнин дар қаламрави ҷумҳурӣ ва ҳодисаи чанде қабл ғорат намудани казинои «Помир» дар ҷамоати Оққӯрғони ноҳияи Рӯдакӣ гумонбар дониста мешаванд. Шаби 15-уми феврал гурӯҳи афроди мусаллаҳи ниқобпӯш ба казино ворид гардида, бо таҳдиду зӯроварӣ аз силоҳи оташфишон бошандагони казино, кормандон ва посбонони онро рӯи фарш мехобонанд ва сипас аз ҳозирин телефонҳои мобилӣ ва калидҳои мошинҳояшонро кашида гирифта, сейфи нигаҳдории пулро, ки дар дохили он ҳудуди 40 ҳазор доллари ИМА мавҷуд буд, бо худ мебаранд. Онҳо ҳамчунин таҷҳизоти наворбардории видеоии казино ва протсесори компутарро низ бо худ мегиранд. Пас аз он ба мошини навъи «


Lexus


-350» нишаста оромона аз ҷойи ҳодиса ғайб мезананд. Мошин субҳи рӯзи дигар дар канори маҳаллаи Калинини пойтахт ёфт шуд.



Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бар ин назаранд, ки ҷинояти мазкур дақиқан омода гардидааст. Аз рӯи далели мазкур парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.


Коршиносони ҶСК «Интер РАО ЕЭС» ҷиҳати шиносоӣ бо макони сохтмони се нерӯгоҳи хурд ба Тоҷикистон меоянд

0






Душанбе. 27-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Ояндаи наздик коршиносони ҶСК «Интер РАО ЕЭС» ҷиҳати шиносоӣ ва таҳлили дақиқи ҷузъиёти макони сохтмони се нерӯгоҳи хурд дар Тоҷикистон ба ҷумҳурии мо меоянд.



Тавре аз Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, қаблан мутахассисони ширкати русиягӣ бо макони сохтмони нерӯгоҳҳои хурди пешниҳодшуда дар рӯдхонаҳои Хингоб, Зарафшон ва Кофарниҳон шинос гардида буданд. «Дар ин боздид коршиносони Русия ҷузъиёти макони сохтмони нерӯгоҳ дар дарёи Зарафшонро мавриди санҷиши дақиқ қарор хоҳанд дод», – гуфт манбаъ.



Дар сафорати Русия дар Тоҷикистон иттилои ба Тоҷикистон ташриф овардани мутахассисони русиягиро тасдиқ карда, иброз доштанд, ки феълан мӯҳлатҳои сафар миёни ҷонибҳо мувофиқа мегардад.


Тоҷикистон ба узвияти Созмони байнулмилалии ғизо ва кишоварзии «Комиссияи Codex Alimentarius» пазируфта шуд

0


Душанбе. 27-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Тоҷикистон ба узвияти Созмони байнулмилалии ғизо ва кишоварзии «Комиссияи

Codex Alimentarius»


 

пазируфта шуд.




Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Хадамоти давлатии санитариву эпидемиологии ҷумҳурӣ хабар доданд, Тоҷикистон чун аъзои 180-ум ба Созмони байнулмилалии ғизо ва кишоварзӣ шомил гашт.



Созмони байнулмилалии мазкур байниҳукуматӣ буда, қоидаву тартибот ва меъёрҳои байнулмилалии истеҳсоли маҳсулоти ғизоиро таҳия месозад.


Тоҷикистону Яман дар бахши тандурустӣ санади ҳамкорӣ ба имзо расониданд

0


Душанбе. 27-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз бо иштироки сарони кишварҳои Тоҷикистону Яман – Эмомалӣ Раҳмон ва Алӣ Абдулло Солеҳ нишасти муштараки матбуотӣ баргузор гашт. Дар он президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла изҳор дошт: «Дар мулоқот ва музокироти муфассалу муфид, ки дар ҷараёни сафари нахустини расмии Президенти Ҷумҳурии Яман Ҷаноби Олӣ Алӣ Абдулло Солеҳ ба Тоҷикистон дойир гардиданд, самтҳо ва арсаҳои асосии ҳамкории дуҷонибаро бори дигар – баъд аз сафари порсолаи расмии ман ба Яман – мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор дода шуданд.




Мо зарурати ба сатҳи шоиста баровардани ҳамкории гуногунсоҳаи мутақобилан судманди байни ду кишварро таъкид намудем. Дар шароити рушди босуръати иқтисодии Тоҷикистон ва, бахусус фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва татбиқи барномаҳои зиёди судманди иқтисодӣ, ин ҳамкорӣ метавонад густариш ёбад ва омили рушди муносибатҳои мутақобилан судманди ду кишвари дӯст гардад.



Дар чаҳорчӯбаи ин сафар мо эҷоди заминаҳои қарордодиву ҳуқуқии густариши муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориро идома дода, санадҳои муҳими дуҷонибаро, аз ҷумла оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ ба имзо расонидем.



Мо ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии ду кишварро арзишманд медонем ва қаноатмандем, ки дар ин иртибот тавофуқоти муҳим ба даст омадаанд.



Дар ҷараёни мулоқоту музокирот роҷеъ ба масоили муҳими минтақавӣ ва байналмилалӣ низ табодули афкору назариёти муфид сурат гирифт.



Қобили зикри хос аст, ки тамоми мулоқоту музокирот дар фазои созандагӣ, ҳусни ният ва эҳтироми мутақобил сурат гирифтанд.



Мо аз натиҷаҳои сафари Ҷаноби Олӣ ба кишварамон қаноатмандем ва мутмаинем, ки татбиқи паймонҳои ҳосилшуда оғози накӯи марҳилаи нави муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистон ва Яман мегардад». Дар ин бора аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд.


Амрико ҳаҷми кӯмак ба Тоҷикистонро дар соли 2009 коҳиш медиҳад

0



           

Душанбе. 27-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар соли 2009 ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 29 млн.


$


кӯмак расониданро ба нақша гирифтааст.





           

Тавре чанде қабл ҳамоҳангсози кӯмаки хориҷии ҳукумати ИМА оид ба Аврупо ва Авруосиё Дэниел Розенблюм ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, соли гузашта аз ҷониби Амрико ба Тоҷикистон ба маблағи умумии 31 млн. $ кӯмак расид.




           

Д.Розенблюм мегӯяд, феълан захоиру воситаҳои ИМА маҳдуд аст ва Конгресси Амрикоро лозим меояд, ки ба расонидани кӯмак ба кишварҳои бештар ниёздошта таваҷҷӯҳ зоҳир созад. «Мо ният дорем ба Тоҷикистон дар панҷ бахш – таъмини субботу амният, фаъолияти ҳукумати демокративу боадолат бо назардошти волоияти қонун, бахши тандурустиву маориф, таъмини рушди иқтисодӣ ва расонидани кӯмаки башардӯстона ёрӣ расонем», – гуфт ӯ.




           

Ба гуфтаи номбурда, маблағҳо ба Тоҷикистон дар шаклҳои гуногун – кӯмаки фаннӣ, бурсҳои хурд, қарзҳо тавассути муассисаҳои хурди қарздиҳӣ ва дар шакли кӯмаки башардӯстона ворид мегарданд.




           

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Оҷонсии иттилоотиву таҳлилии


Washington ProFile, дар давраи солҳои аз соли 1992 то соли 2006 ИМА ба кишварҳои собиқ шӯравӣ (ба истиснои давлатҳои соҳили Балтика) ба сифати кӯмак 27,7 млрд. $ маблағ ҷудо кардааст, ки ба Тоҷикистон аз ин маблағ 458 млн. $ рост меояд.






Дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд шаш нафар бар асари резиши тарма ба ҳалокат расид

0


Душанбе. 27-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Дар шимоли Тоҷикистон 6 нафар зери тарма монда, ба халокат расиданд.




Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Кумитаи ҳолатхои изтирории ҷумҳурӣ хабар доданд, вазъи фавқулъодда субҳи 26-уми феврал дар километри 71-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд ба амал омад.



Ба иттилоъи манбаъ, афроди ба ҳалокат расида дар як мошини тамғаи «Тойота Рав-4» таҳти идораи сокини 55-солаи ноҳияи Панҷакент Абдухалил Наврӯзов аз пойтахт самти вилояти Суғд ҳаракат мекарданд, ки тақрибан то


300 метр

аз даромадгоҳи нақби Истиқлол ногаҳон тарма фурӯ рехта, мошинро ба коми худ кашид.




 

Дар натиҷаи ин ҳодиса, ронанда ва 5 мусофири ӯ – сокинони вилояти Суғд

 

Абдубасир Худоёрови 50-сола, духтарони 13 ва 22-солаи ӯ Насиба ва Мастонаи Абдубасир, Маҳфузаи Хусрави 17-сола ва донишҷӯи 22-сола аз ноҳияи Айнӣ Фирдавс Одинаев ҷони худро аз даст доданд. Барои таҳқиқи ин ҳодиса ба маҳали фоҷеа кормандони кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ ва мақомоти корҳои дохила сафарбар шудаанд.

 





 

Шумораи навбатии маҷаллаи солонаи Агентии назорати маводи мухаддир ба табъ расид

0


Душанбе. 27-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Шумораи навбатии маҷаллаи солонаи Агентии назорати маводи мухаддири назди президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Шарҳи вазъи вобаста ба маводи нашъадор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2008» аз чоп баромад.




Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори шӯъбаи мусоидат бо ҷомеаи агентӣ Саъдулло Раҳматуллоев хабар дод, шарҳи мазкур бо мусоидати молии Маркази Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон ба табъ расидааст.



Дар маҷалла, аз ҷумла вобаста ба назорати маводи мухаддир ва мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии мухаддарот, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо дар Тоҷикистон, пешгирӣ аз нашъамандӣ ва дар бораи ҳамкориҳои ниҳодҳои байналмилалии зиддимухаддарот шарҳу маълумот гирд оварда шудааст.


Вазорати кишоварзӣ ба ҳукумат тавсия медиҳад, ки аз маблағгузорӣ ба хоҷагиҳои пахтакори зиёновар даст кашад

0


Душанбе. 27-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Вазорати кишоварзӣ ният дорад, бо назардошти ҳосилнокии майдони кишт ба ҳукумат оид ба тақсими пурсамару оқилонаи маблағҳои буҷавӣ ба хоҷагиҳои пахтакори кишвар пешниҳодоту тавсияҳои худро ирсол намояд.

 





Тавре сухангӯи вазорати кишоварзӣ Нарзулло Додобоев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, иқдоми мазкур ба хотири пешгирии афзоиши қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор, ки соли гузашта ҳосилнокиашон 20-25 сентнерро ташкил медод, сурат мегирад. «Мо ният дорем, ба бонкҳо тавсия бидиҳем, ки зимни ҷудо намудани қарз ба хоҷагиҳо ҳосилнокии майдони киштро ба назар бигиранд, то пешбинӣ карда тавонанд, ки оё ин хоҷагӣ саривақт қарзи онҳоро пардохта метавонад ё не», – гуфт ӯ.



Ба гуфтаи ӯ, пешниҳодоту тавсияҳои мазкур бар асоси таҳлили нишондиҳандаҳои ҳосилнокии хоҷагиҳо дар соли гузашта омода гардидааст. Номбурда таъкид сохт, ки иқдоми мазкур хусусияти тавсиявӣ дошта, вазорат ҳуқуқ надорад ба фаъолияти бонкҳо оид ба ҷудо намудани қарз ба хоҷагиҳо дахолат намояд.


Гумрукчиёни фурудгоҳи Душанбе аз кӯшиши интиқоли ҳероин дар дохили ҳасиб ҷилавгирӣ намуданд

0



           

Душанбе. 27-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл гумрукчиёни фурудгоҳи Душанбе аз кӯшиши интиқоли ҳероин дар дохили ҳасиб ҷилавгирӣ намуданд.





           

Тавре аз маркази матбуоти хадамоти гумруки ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ба гумони даст доштан дар интиқоли миқдори зиёди ҳероин ба хориҷи кишвар мусофири хатсайри ҳавоии Душанбе-Маскав, сокини 21-солаи пойтахт Фаридун Сайдалиев боздошт гардид. «Зимни азаназаргузаронии бағочи мусофир дар дохили ҳасиб 13 килову


869 грамм

маводи сахттаъсири ҳероин дарёфт ва мусодира карда шуд», – гуфт манбаъ.




           

Ҳафтаи равон гумрукчиёни фурудгоҳи пойтахт маротибаи дуввум аст, ки аз кӯшиши интиқоли маводи мухаддир ба хориҷи кишвар ҷилавгирӣ мекунанд. «Ин ҳафта мусофири хатсайри Душанбе-Новосибирск, ҷавонзани 27-сола, сокини ноҳияи Қумсангир Саодат Ҳакимова низ бо ин ҷурм боздошт шудааст. «Ӯ мехост

270 грамм

ҳероинро дар дохили меъдаи худ ба Русия барад, вале боздошт гардид», – афзуд манбаъ.




           

Аз рӯи далелҳои мазкур парвандаҳои ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.


Субҳи имрӯз мулоқоти сарони кишварҳои Тоҷикистону Яман баргузор шуд

0


Душанбе. 27-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Субҳи имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Бӯстонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Яман Алӣ Абдулло Солеҳ, ки дирӯз бо сафари расмии ҷавобӣ ба Тоҷикистон ташриф овард, мулоқот намуд.




Масоили ҳамкории Тоҷикистону Яман нахуст дар мулоқоти хоссаи сарони ду давлат – Эмомалӣ Раҳмон ва Алӣ Абдулло Солеҳ баррасӣ шуд.



«Дар баробари робитаҳои дерини таърихӣ ва пайвандҳои зиёди фарҳангию маънавӣ кишварҳои дӯсти мо манфиатҳои амалан муштарак дар сатҳи минтақа, ҷаҳони ислом ва ҷомеаи байналмилалӣ доранд», – изҳор намуд дар оғози сӯҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.



Боло бардоштани сатҳи муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, тандурустӣ, маориф ва фарҳанг салоҳ дониста шуд.



Роҳу воситаҳои густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду ҷониб ба таври муфассал муҳокима гардид.



Ҳар чӣ зудтар ба фаъолият оғоз намудани Комиссияи муштараки байниҳукуматии ҳамкориҳои дуҷониба амри муҳиму зарурӣ шумурда шуд.



Рушди босуръати Тоҷикистон, оғози фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва татбиқи барномаҳои зиёди судманди он заминаи хуб барои

 

густариши муносибатҳои мутақобилан судманди ду кишвар маънидод гардид.



Густариши бештари ҳамкориҳо дар соҳаи тандурустӣ мувофиқи мақсад дониста шуд, зеро табибони тоҷик дар Яман

 

бо ҳунару маҳорати баландии касбии худ кайҳо боз миёни мардуми ин кишвар эҳтирому маҳбубият пайдо намудаанд.



Ҷониби Тоҷикистон баҳри қабули донишҷӯёни Яман дар муассисаҳои олии таълимӣ, аз ҷумла дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино изҳори омодагӣ намуд.



Президенти Ҷумҳурии Яман Алӣ Абдулло Солеҳ

 

изҳор дошт, ки

 

дастовардҳои намоёни Тоҷикистон дар солҳои роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла дар барқарорсозии сулҳу субот ва таъмини рушду нумӯи иқтисодию иҷтимоӣ боиси ифтихори мо ва дигар кишварҳои мусулмонӣ аст.



Ҳарду ҷониб зарурати эҳёи робитаҳои бародаршаҳрии миёни

 

Душанбе ва Санъоро таъкид намуданд.



Қарор карда шуд, ки дар Яман аз ҳисоби яке аз сафоратҳои дар кишварҳои араб мавҷудбудаи Тоҷикистон намояндагӣ кушода

 

шавад.



Дар марҳилаи ҳассоси таърихӣ ва шароити бӯҳрони глобалии молиявӣ ҳамкории васеи кишварҳои мусулмонӣ амри зарурӣ шумурда шуд.

 




Баъди анҷоми мулоқотҳо ду санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.



Зери Баёнияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Яман оид ба густариши муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ сарони ду давлат – Эмомалӣ Раҳмон ва Алӣ Абдулло Солеҳ имзо гузоштанд.



Ҳамчунин як Созишнома миёни Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва аҳолии Ҷумҳурии Яман оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ ба имзо расид.



            Сипас сарони давлатҳои Тоҷикистону Яман

 

– Эмомалӣ Раҳмон ва Алӣ Абдулло Солеҳ дар назди хабарнигорони сершумори дохилию хориҷӣ изҳороти матбуотӣ баён дошта, аз натиҷаи мулоқотҳои расмӣ арзи қаноатмандӣ карданд. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд.