Амрико ҳаҷми кӯмак ба Тоҷикистонро дар соли 2009 коҳиш медиҳад

            Душанбе. 27-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар соли 2009 ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 29 млн. $ кӯмак расониданро ба нақша гирифтааст.             Тавре чанде қабл ҳамоҳангсози кӯмаки хориҷии ҳукумати ИМА оид ба Аврупо ва Авруосиё Дэниел Розенблюм ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, соли гузашта аз ҷониби Амрико ба Тоҷикистон ба маблағи […]

Пайрав Чоршанбиев



           

Душанбе. 27-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар соли 2009 ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 29 млн.


$


кӯмак расониданро ба нақша гирифтааст.





           

Тавре чанде қабл ҳамоҳангсози кӯмаки хориҷии ҳукумати ИМА оид ба Аврупо ва Авруосиё Дэниел Розенблюм ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, соли гузашта аз ҷониби Амрико ба Тоҷикистон ба маблағи умумии 31 млн. $ кӯмак расид.




           

Д.Розенблюм мегӯяд, феълан захоиру воситаҳои ИМА маҳдуд аст ва Конгресси Амрикоро лозим меояд, ки ба расонидани кӯмак ба кишварҳои бештар ниёздошта таваҷҷӯҳ зоҳир созад. «Мо ният дорем ба Тоҷикистон дар панҷ бахш – таъмини субботу амният, фаъолияти ҳукумати демокративу боадолат бо назардошти волоияти қонун, бахши тандурустиву маориф, таъмини рушди иқтисодӣ ва расонидани кӯмаки башардӯстона ёрӣ расонем», – гуфт ӯ.




           

Ба гуфтаи номбурда, маблағҳо ба Тоҷикистон дар шаклҳои гуногун – кӯмаки фаннӣ, бурсҳои хурд, қарзҳо тавассути муассисаҳои хурди қарздиҳӣ ва дар шакли кӯмаки башардӯстона ворид мегарданд.




           

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Оҷонсии иттилоотиву таҳлилии


Washington ProFile, дар давраи солҳои аз соли 1992 то соли 2006 ИМА ба кишварҳои собиқ шӯравӣ (ба истиснои давлатҳои соҳили Балтика) ба сифати кӯмак 27,7 млрд. $ маблағ ҷудо кардааст, ки ба Тоҷикистон аз ин маблағ 458 млн. $ рост меояд.






Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.