Дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд шаш нафар бар асари резиши тарма ба ҳалокат расид

Душанбе. 27-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Дар шимоли Тоҷикистон 6 нафар зери тарма монда, ба халокат расиданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Кумитаи ҳолатхои изтирории ҷумҳурӣ хабар доданд, вазъи фавқулъодда субҳи 26-уми феврал дар километри 71-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд ба амал омад. Ба иттилоъи манбаъ, афроди ба ҳалокат расида дар як мошини тамғаи «Тойота Рав-4» таҳти […]

Наргис Ҳамробоева


Душанбе. 27-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Дар шимоли Тоҷикистон 6 нафар зери тарма монда, ба халокат расиданд.




Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Кумитаи ҳолатхои изтирории ҷумҳурӣ хабар доданд, вазъи фавқулъодда субҳи 26-уми феврал дар километри 71-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд ба амал омад.



Ба иттилоъи манбаъ, афроди ба ҳалокат расида дар як мошини тамғаи «Тойота Рав-4» таҳти идораи сокини 55-солаи ноҳияи Панҷакент Абдухалил Наврӯзов аз пойтахт самти вилояти Суғд ҳаракат мекарданд, ки тақрибан то


300 метр

аз даромадгоҳи нақби Истиқлол ногаҳон тарма фурӯ рехта, мошинро ба коми худ кашид.




 

Дар натиҷаи ин ҳодиса, ронанда ва 5 мусофири ӯ – сокинони вилояти Суғд

 

Абдубасир Худоёрови 50-сола, духтарони 13 ва 22-солаи ӯ Насиба ва Мастонаи Абдубасир, Маҳфузаи Хусрави 17-сола ва донишҷӯи 22-сола аз ноҳияи Айнӣ Фирдавс Одинаев ҷони худро аз даст доданд. Барои таҳқиқи ин ҳодиса ба маҳали фоҷеа кормандони кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ ва мақомоти корҳои дохила сафарбар шудаанд.

 





 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.