Home Blog Page 5137

Тоҷикистон ба қатори кишварҳои собиқи шӯравӣ бо сатҳи камтарини афзоиши таваррум дар моҳи январ шомил гашт

0



           

Душанбе. 27-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Моҳи январ миёни кишварҳои собиқ шӯравӣ дар Молдова Қазоқистон ва Тоҷикистон сатҳи камтарини афзоиши таваррум ба қайд гирифта шудааст. Дар ин бора хабаргузории БелаПАН бо истинод ба мақомоти омори ин кишварҳо иттилоъ медиҳад.





           

Миёни давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ афзоши нархҳои истеъмолӣ дар се кишвари номбурда (мутаносибан – 0,1; 0,3 ва 0,4 дарсад) аз ҳама пасттар аст. Афзоши аз ҳама бештари нархҳои истеъмолӣ моҳи январи соли ҷорӣ дар Белорус ба қайд гирифта шудааст, ки ба 4,1 дарсад баробар аст.




           

Сатҳи афзоиши таваррум моҳи январи соли ҷорӣ дар кишварҳои дигари собиқ шӯравӣ ба тариқи зайл аст: Украина – 2,9; Литва – 2,7; Русия- 2,4; Латвия – 2,2; Гурҷистон – 1,4; Арманистон – 1,2; Қирғизистон – 0,5 ва Озарбойҷону Эстония – 0,6 дарсад.


Дар доираи татбиқи лоиҳаи ХОУП ба муассисаҳои тиббии ҷумҳурӣ кӯмак расонида мешавад

0


Душанбе. 27-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар


Маркази


ҷ


умҳуриявии клиникии эндокринолог


ӣ маросими супоридани кӯмакти тиббӣ ба маблағи умумии 7 млн. $ баргузор мешавад.




Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, кӯмаки мазкур дар доираи амалисозии лоиҳаи ХОУП расонида мешаад. Дар маросими супурдани кӯмак сафири ИМА дар Тоҷикистон Трэйси Энн Ҷейкобсон, ҳамоҳангсози кӯмаки хориҷии ИМА дар Аврупо ва Авруосиё Дэниел Розенблюм ва муовини вазири тандурустии ҷумҳурӣ Соҳибназар Раҳмонов ширкат хоҳанд варзид.



Директори


Маркази


ҷ


умҳуриявии клиникии эндокринолог


ӣ Саломат Қосимова мегӯяд, як қисми кӯмак ба маблағи 1,6 млн. $ барои маркази мазкур пешбинӣ шуда, он аз инсулин барои беморони гирифтори касалии қанд иборат аст. «Қисмати боқимондаи кӯмак миёни муассисаҳои тиббии кишвар тақсим карда мешавад», – гуфт ӯ.



Тибқи маълумоти Маркази ҷумҳуриявии клиникии эндокринологӣ, айни замон дар марказ 3 ҳазор беморони гирифтор ба касалии қанд ба қайд гирифта шудаанд.




Президенти Яман ба Тоҷикистон омад

0


Душанбе. 26-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Яман Алӣ Абдулло Солеҳ шоми дирӯз бо сафари нахустини расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард.




Тавре роҳбари департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ Давлат Назриев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар нимаи аввали имрӯз мулоқоти як ба яки сарони кишварҳо баргузор шуда, сипас гуфтушуниди ҳайатҳои васеи ҷонибҳо доир мегардад. Пас аз мулоқоти сарони кишварҳои Тоҷикистону Яман Эмомалӣ Раҳмон ва Алӣ Абдулло Солеҳ ва ҳайатҳои васеи ҷонибҳо имзои як силсила асноди ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногун дар назар аст.



Тибқи барномаи сафар, худи ҳамин рӯз президенти Яман аз нерӯгоҳи Норак боздид намуда, рӯзи шанбе бо раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии ҶТ Маҳмадсаид Убайдуллоев ва нахуствазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов дидору гуфтушунид хоҳад кард. Шоми рӯзи шанбе Алӣ Абдулло Солеҳ озими ватан хоҳад гашт.



Ёдрас мекунем, ки президенти Тоҷикистон аз 29-уми ноябр то 1-уми декабри соли гузашта ба Яман сафари расмӣ анҷом дода буд. Маҳз дар ҳамон сафар ӯ президенти Яманро даъват карда буд, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оварад.



Дар ҷараёни дидори Эмомалӣ Раҳмон аз Яман дар мавриди ифтитоҳи Консулгарии ифтихории Тоҷикистон дар шаҳри Санъо тавофуқ ҳосил шуда, ҳамчунин, миёни Тоҷикистону Яман дар заминаҳои иқтисоду тиҷорат, илм, фарҳанг ва омӯзишу парвариш чаҳор санади ҳамкорӣ ба имзо расид.


Департаменти давлатии ИМА Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳои худкома шомил сохт

0



           

Душанбе. 26-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Дар гузориши ҳамасолаи Департаменти давлатии ИМА оид ба риояи ҳуқуқи инсон дар кишварҳои дунё барои соли 2008, ки чанде қабл интишор гардид, Тоҷикистон чун давлати худкома арзёбӣ мегардад.





           

Дар гузориш зикр мегардад, ки дар Тоҷикистон то ҳанӯз мушкилоти реша давондани коррупсия дар мақомоти давлатӣ, истифодаи иҷбории меҳнати кӯдакон, шароити тоқатфарсо дар муассисаҳои ислоҳотӣ ва фишор овардан ба созмонҳои ғайриҳукуматӣ ҷой дорад. Якчанд саҳфаи гузориш ба интиқоди ҳукуматдорони Тоҷикистон бахшида шудааст.




           

Ёдрас мекунем, ки соли гузашта низ ба Тоҷикистон чунин норасоиҳо нисбат дода шуда, он чун давлати худкома арзёбӣ гардида буд.



Муаллифони гузориш қайд мекунанд, ки ҳуқуқи инсон бештар дар кишварҳое поймол мегардад, ки ҳокимият дар дасти як нафар ё гурӯҳе қарор дорад ва ё дар кишварҳое, ки он ҷо ҳукумат зуд-зуд ба истеъфо мераваду ё табаддулот рух медиҳад.



Гузориши мазкур 90 кишвари дунёро фаро гирифта, давлатҳое чун Русия, Чин, Куриёи Шимолӣ, Куба, Эрон, Ироқ, Покистон, Судон ва Ӯзбекистон мавриди интиқоди бештар қарор гирифтаанд.



Дар мавриди Русия дар гузориш омадааст, ки риояи ҳуқуқи инсон дар ин кишвар таҳти фишори сахт қарор дорад ва муаллифони гузориш мегӯянд, мақомоти амнияти Русия дар Чеченистону, Ингушетия ва Доғистон даст ба куштор ва рабудани рақибони сиёсӣ мезананд.



Зимни шарҳи вазъ дар Эрон муаллифони гузориш қайд мекунанд, ки он ҷо поймолкунии ҳуқуқи инсон идома дорад ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Эрон аксаран боздоштшудагонро мавриди шиканҷа қарор медиҳанд.


Операторони алоқаи мобилӣ то ҳанӯз аз таъсиси Маркази ягонаи коммутатсионӣ дар кишвар изҳори норозигӣ мекунанд

0


Душанбе. 26-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Операторони алоқаи мобилӣ то ҳанӯз аз таъсиси Маркази ягонаи коммутасионӣ изҳори норозигӣ мекунанд.




Чанде қабл дар мулоқоти намояндагони операторони алоқаи мобилӣ ва вазорати нақлиёту коммуникатсияи ҷумҳурӣ масъалаи мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифт.



Дар вохӯрӣ намояндагони операторони алоқаи мобилӣ якдилона аз таъсиси маркази ягона дар заминаи ҶСК «Тоҷиктелеком» изҳори норозигӣ баён намуданд. Онҳо мутмаинанд, ки акнун тавассути ҶСК «Тоҷиктелеком» фишанги ягонаи назорати пурра аз болои фаъолияти онҳо ташкил мегардад.



Қобили зикр аст, ки сарфи назар аз ин гуна изҳорот, вазорати нақлиёту коммуникатсия лоиҳаи қарори мзкурро ҷиҳати баррасӣ ба ҳукумат ирсол кард. Сармутахассиси шӯъбаи нақлиёт ва коммуникатсияи Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон Алиҷон Рафиев мегӯяд, асноди фаннию молии лоиҳаи пешниҳодшуда ба ҳукумат ҳанӯз таҳия нагардидааст.

 



Дар Тоҷикистон аъзои гурӯҳи муташаккили ҷинояткор боздошт шуд

0


Душанбе. 26-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Тоҷикистон аз фаъолияти гурӯҳи муташаккили ҷинояткор, ки ба ҳайати он кормандони дастаи таъиноти махсуси милиса (ОМОН) ва нерӯҳои марзбонии кишвар шомил буданд, ҷилавгирӣ карда шуд.




Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, кормандони милиса се нафар аъзои фаъоли гурӯҳ – муовини сардори дастаи таъиноти махсуси милисаи Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ – Равшан Ҳомидов, сардори шӯъбаи навбатдории ин гурӯҳ Тоҳир Раҳимов ва шаҳрванди бекор Хуршед Исломовро дастгир намуданд. Ба роҳбари гурӯҳ – корманди Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Таваккалхӯҷа Низомов муяссар шуд, ки пинҳон гардад ва айни замон ӯ мавриди пайгарди қонунӣ эълом шудааст.



Тибқи иттилои манбаъ, ҳамаи онҳо ба содир намудани ҷиноятҳои вазнин дар қаламрави ҷумҳурӣ ва ҳодисаи чанде қабл ғорат намудани казинои «Помир» дар ҷамоати Оққӯрғони ноҳияи Рӯдакӣ гумонбар дониста мешаванд. Шаби 15-уми феврал гурӯҳи афроди мусаллаҳи ниқобпӯш ба казино ворид гардида, бо таҳдиду зӯроварӣ аз силоҳи оташфишон бошандагони казино, кормандон ва посбонони онро рӯи фарш мехобонанд ва сипас аз ҳозирин телефонҳои мобилӣ ва калидҳои мошинҳояшонро кашида гирифта, сейфи нигаҳдории пулро, ки дар дохили он ҳудуди 40 ҳазор доллари ИМА мавҷуд буд, бо худ мебаранд. Онҳо ҳамчунин таҷҳизоти наворбардории видеоии казино ва протсесори компутарро низ бо худ мегиранд. Пас аз он ба мошини навъи «


Lexus


-350» нишаста оромона аз ҷойи ҳодиса ғайб мезананд. Мошин субҳи рӯзи дигар дар канори маҳаллаи Калинини пойтахт ёфт шуд.



Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бар ин назаранд, ки ҷинояти мазкур дақиқан омода гардидааст. Аз рӯи далели мазкур парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.


Намояндагони маҷлиси вакилони халқи пойтахт ахири моҳи март масоили омодагӣ ба зимистони ояндаро баррасӣ мекунанд

0


Душанбе. 26-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Иҷлосияи навбатии 17-уми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати сеюм 27-уми март дар пойтахт баргузор мешавад.




Тавре сухангӯи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, баррасии масъалаи андешидани чорабиниҳо ба зимистонгузаронӣ дар мавсими солҳои 2009-2010 дар меҳвари иҷлосия қарор хоҳад дошт ва дар ин хусус муовини аввали раиси шаҳри Душанбе Абдусаттор Сулаймонов ҳисобот хоҳад дод.


Ӯзбекистону Туркманистон муқобили сохтмони нерӯгоҳҳои Роғуну Қамбарота

0


Душанбе. 26-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар ҷараёни баргузории нишасти матбуотӣ дар Тошканд сарони кишварҳои Ӯзбекистону Туркманистон Ислом Каримов ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов изҳор доштанд, ки коҳиши ҳаҷми об ва ҷоришавии он дар рӯдхонаҳои фаромарзӣ бидуни аудити байнулмилалӣ ғайриимкон аст.




Тавре хабаргузории ИА


REGNUM


иттилоъ медиҳад, президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов зикр кардааст, Ӯзбекистону Туркманистон зарур мешуморанд, ки ҳангоми бунёди иншооти гидроэнегетикӣ дар рӯдхонаҳои фармарзӣ манфиатҳои кишварҳои поёноб бояд ба эътибор гирифта шавад ва фоҷеаи баҳри Арал муҳим будани ин масъаларо таъкид месозад.



Ислом Каримов пешниҳод намуд, ки таҳти сарпарастии СММ бояд дар сатҳи байнулмилалӣ ташхис гузаронида шавад ва бояд коршиносон мушаххас созанд, ки дар натиҷа ба бахши кишоварзӣ ва экологияи минтақа аз бунёди чунин иншоот то кадом андоза зарар расонида мешавад. «Мебояд манфиатҳои Ӯзбекистону Туркманистон ва Қазоқистонро низ бояд ба назар гирифт, зеро ин кишварҳо мудом аз норасоии об танқисӣ мекашанд», – гуфтааст ӯ.



Дар навбати худ президенти Туркманистон низ изҳор доштааст, ки онҳо ба коҳиши ҳаҷм ва ҷоришавии об дар рӯдхонаҳои фаромарзӣ муқобиланд. Қ.Бердимуҳаммадов гуфтааст, Туркманистон дар ҳалли ин масъала ҷонибдори истифодаи дипломатияи боздоранда (превентивӣ) аст.



Лозим ба тазаккур аст, ки моҳе пештар муовини вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Пӯлод Муҳиддинов изҳор дошта буд, ки сарфи назар аз муқобил будани касе, нерӯгоҳи Роғун бунёд хоҳад ёфт. Зикр гардида буд, ки бо мусоидати Бонки ҷаҳонӣ аз ҷониби коршиносони байнулмилалӣ ташхиси лоиҳаи нерӯгоҳи Роғун доир гардид ва онҳо ба чунин хулоса расиданд, ки иншооти гидроэнергетикии оянда ҳеҷ хатаре дар пай нахоҳад дошт. «Натиҷаҳои ташхиси байнулмилалиро ҳамаи кишварҳои минтақа, ба ҷуз Ӯзбекистон, ки ду маротиба пешниҳоди Бонки ҷаҳониро бобати шиносоӣ бо он рад кард, маъқул шумориданд», – гуфта буд П.Муҳиддинов.


 

Дар ҳайати нерӯҳои сулҳхоҳи СММ гурӯҳи навбатии намояндагони Тоҷикистон таъсис меёбад

0


Душанбе. 26-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзи 24-уми феврал дар ҷараёни гуфтушуниди шахсони воломақоми Намояндагии доимии ҶТ дар СММ бо намояндагони Департаменти СММ оид ба амалиёти сулҳоварии созмон масъалаи таъсиси гурӯҳи нави намояндагони Тоҷикистон дар ҳайати нерӯҳои сулҳовари СММ баррасӣ шуд.




Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Намояндагии доимии ҶТ дар СММ хабар доданд, намояндагони департаменти созмон пешниҳод сохтаанд, ки гурӯҳи нави нерӯҳои сулҳовар аз ҳисоби кормандони Вазорати умури дохилии ҶТ бо шумули 30-50 афсар таъсис гардад. «Намояндагони департамент ҷиҳати тайёр кардан ва санҷиши номзадҳо ба гурӯҳ омодагии худро изҳор намуданд», – гуфт манбаъ.



Ёдовар мешавем, феълан панҷ намояндаи Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ дар ҳайати нерӯҳои сулҳовари СММ дар музофоти Дарфури Судон хизмат мекунанд.


Сарвари давлат ба кори конфронс таҳти унвони «Моҳияти таҳаммулпазирии таълимоти Имоми Аъзам ва вазъи дин дар кишвар» ҳусни оғоз хоҳад бах

0


Душанбе. 26-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат» ба муносибати ҷашни 1310-умин солгарди Имоми Аъзам таҳти унвони «Моҳияти таҳаммулпазирии таълимоти Имоми Аъзам ва вазъи дин дар кишвар» конфронси ҷумҳуриявӣ доир мегардад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо маърӯза ба кори конфронс ҳусни оғоз хоҳад бахшид.




Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, конфронс аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон созмон дода шуда, дар кори он кормандони вазорату идораҳо, олимон ва намояндагони зиёиёни эҷодкори ҷумҳурӣ ширкат меварзанд.