Департаменти давлатии ИМА Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳои худкома шомил сохт

            Душанбе. 26-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Дар гузориши ҳамасолаи Департаменти давлатии ИМА оид ба риояи ҳуқуқи инсон дар кишварҳои дунё барои соли 2008, ки чанде қабл интишор гардид, Тоҷикистон чун давлати худкома арзёбӣ мегардад.             Дар гузориш зикр мегардад, ки дар Тоҷикистон то ҳанӯз мушкилоти реша давондани коррупсия дар мақомоти давлатӣ, истифодаи иҷбории меҳнати […]

Пайрав Чоршанбиев



           

Душанбе. 26-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Дар гузориши ҳамасолаи Департаменти давлатии ИМА оид ба риояи ҳуқуқи инсон дар кишварҳои дунё барои соли 2008, ки чанде қабл интишор гардид, Тоҷикистон чун давлати худкома арзёбӣ мегардад.





           

Дар гузориш зикр мегардад, ки дар Тоҷикистон то ҳанӯз мушкилоти реша давондани коррупсия дар мақомоти давлатӣ, истифодаи иҷбории меҳнати кӯдакон, шароити тоқатфарсо дар муассисаҳои ислоҳотӣ ва фишор овардан ба созмонҳои ғайриҳукуматӣ ҷой дорад. Якчанд саҳфаи гузориш ба интиқоди ҳукуматдорони Тоҷикистон бахшида шудааст.




           

Ёдрас мекунем, ки соли гузашта низ ба Тоҷикистон чунин норасоиҳо нисбат дода шуда, он чун давлати худкома арзёбӣ гардида буд.



Муаллифони гузориш қайд мекунанд, ки ҳуқуқи инсон бештар дар кишварҳое поймол мегардад, ки ҳокимият дар дасти як нафар ё гурӯҳе қарор дорад ва ё дар кишварҳое, ки он ҷо ҳукумат зуд-зуд ба истеъфо мераваду ё табаддулот рух медиҳад.



Гузориши мазкур 90 кишвари дунёро фаро гирифта, давлатҳое чун Русия, Чин, Куриёи Шимолӣ, Куба, Эрон, Ироқ, Покистон, Судон ва Ӯзбекистон мавриди интиқоди бештар қарор гирифтаанд.



Дар мавриди Русия дар гузориш омадааст, ки риояи ҳуқуқи инсон дар ин кишвар таҳти фишори сахт қарор дорад ва муаллифони гузориш мегӯянд, мақомоти амнияти Русия дар Чеченистону, Ингушетия ва Доғистон даст ба куштор ва рабудани рақибони сиёсӣ мезананд.



Зимни шарҳи вазъ дар Эрон муаллифони гузориш қайд мекунанд, ки он ҷо поймолкунии ҳуқуқи инсон идома дорад ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Эрон аксаран боздоштшудагонро мавриди шиканҷа қарор медиҳанд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.