Home Blog Page 5142

Татбиқи босуръати Лоиҳаи бо обтаъминкунии шаҳри Душанбе идома хоҳад ёфт

0


Душанбе. 21-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» –

 

20 феврали соли 2009 Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев намояндаи доимии Бонки Умумиҷаҳонӣ дар Тоҷикистон хонум Киара Бронки ва роҳбари гурӯҳи Бонки мазкур оид ба Лоиҳаи бо обтаъминкунии шаҳри Душанбе ҷаноби Такао Икегамиро ба ҳузур пазируфт.




Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масоили идомаи татбиқи босуръати Лоиҳаи бо обтаъминкунии шаҳри Душанбе, ки фарогири корҳои бунёди иншооти истеҳсоли маводи гипрохлорити натрий барои безарарсозии оби нӯшокии аз ҷониби КВД «Обу корези Душанбе» ба сокинони пойтахт интиқолшаванда мебошад, мавриди баррасӣ қарор доданд.



Маҳмадсаид Убайдуллоев афзуд, ки айни ҳол новобаста аз он, ки бо баистифодадиҳии иншооти ҳавзи танзими шабонарӯзӣ мушкилоти сокинон дар робита ба дастрасӣ ба оби тозаи нӯшокӣ ҳалли худро ёфта бошад

 

ҳам, масоили харидорӣ ва интиқоли хлори моеъ аз хориҷи кишвар дар назди КВД «Обу корези Душанбе» боқӣ мондааст.



Марҳилаи феълии татбиқи Лоиҳа, ки ба ҳалли проблемаи мазкур нигаронида шудааст мавриди таваҷҷӯҳи хосаи шаҳрдорӣ мебошад ва дар сурати маблағҳои пешбинишудаи лоиҳавӣ ба пуррагӣ фаро нагирифтани ҳаҷми корҳои иншооти бунёдшаванда Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе маҳз ба хотири

 

таъмини амнияти истеъмолии сокинони пойтахт имкон дорад маблағҳои иловагиро ҳиссагузорӣ намояд.



Бо ин мақсад аз ҳар ду ҷониб ҷиҳати баррасии амиқи масъала гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд, ки

 

рӯзҳои наздик унвонии шаҳрдорӣ пешниҳод ирсол медоранд.



Дар мулоқот тарафҳо ҳамзамон ҷиҳати ҳалли проблемаҳои мавҷуда оид ба масъалаи таъминоти оби нӯшокӣ ва ихроҷӣ бобати дарёфти ташкилотҳои иловагии донорӣ мушаххасоти дар моҳи апрели соли равон баргузории семинари ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Самтҳои стратегии рушди сектори обтаъминкунӣ ва беҳдоштӣ дар шаҳри Душанбе ва берун аз он»-ро матраҳ намуданд. Дар ин бора сухангӯи раиси пойтахт Шавкат Саидов хабар дод.


Д.Давлатзода: ҲХДТ дар сиёсати кадрӣ аз усули «маҳалгароӣ» даст мекашад

0


Душанбе. 21-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар сиёсати кадрӣ аз усули «маҳалгароӣ» даст мекашад.




Дар сӯҳбати ихисосӣ бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» муовини аввали раиси ҳизб Давлаталӣ Давлатзода изҳор дошт, ки чанд рӯз қабл мақомоти раҳбарии ҳизб тасмим гирифтааст, фаъолияти номзадони ҳизб ҳам дар парлумони кишвар ва ҳам дар маҷлисҳои маҳаллиро мавриди муҳокима қарор диҳад. «То интихоботи қарибулвуқӯъи парлумонӣ як соли дигар боқӣ монд, аз ин рӯ, моро зарур аст, фаъолони ҳизбро, ки дар оянда бо онҳо кор хоҳем кард, муайян созем», – гуфт ӯ.



Ба гуфтаи Д.Давлатзода, дар ҳизб консепсияи нав таҳия гардидааст, ки тибқи он, аз ин ба баъд кадрҳо танҳо аз рӯи усули салоҳиятнокӣ ва касбият интихоб хоҳанд гардид. «Вақти он расидааст, ки ба воқеияти нави замона омода гардем ва масъалаи ҷобаҷогузории дурусту саҳеҳи кадрҳо аз ҳарвақта дида имрӯз муҳимтар аст», – афзуд муовини раиси ҲХДТ.


Миёни Вазорати энергетикаву саноати ҷумҳурӣ ва ширакти «ТВЕА»- и Чин Ёддоши ҳамкорӣ ба имзо расид

0



         

Душанбе 21-уми феврал – Вазири энергетика ва саноати


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон Гул Шерал


ӣ


ва раиси ширкати «ТВЕА» – и


Ҷ


умҳурии Мардумии Чин Чжан Син имр


ӯ


з дар бораи ҳамкор


ӣ


меморандуми ҳусни тафоҳум имзо карданд. Тибқи паймони ба даст омада, марказҳои барқу гармидиҳ


ӣ


, ки бо ангишт кор мекунанд, бо с


ӯ


зишвор


ӣ


муттасил таъмин карда хоҳанд шуд. Ширкати чино


ӣ


вазифаи кашидани лоиҳа ва сохтмони нер


ӯ


гоҳи барқи обии «Нуробод – 1» -ро дар дарёи Обихингов ва Маркази барқу гармидиҳиро дар пойтахт бо истифодаи ангишт ба зиммаи худ гирифт.





         

Ширкати мазкур ҳамчунин роз


ӣ


шуд, ки гур


ӯ


ҳи мутахассисонро ба мавзеи «Рангк


ӯ


л» барои гузаронидани таҳқиқоти


ҷ


усту


ҷ


ӯ


ию геолог


ӣ


, сохтмони нер


ӯ


гоҳи барқи обии «Нуробод -1» ва Маркази барқу гармидиҳии Душанбе фиристад.


Ҷ


ониби То


ҷ


икистон ширкати чиноиро бо ангишти кони «Зидд


ӣ


» таъмин хоҳад кард. Ширкати чин


ӣ


тайёр аст, ки ба Паж


ӯ


ҳишгоҳи таҳқиқоти илмии «Нурофар» дар сохтмони бинои маъмур


ӣ


дар пойтахт ва корхонаи муштарак бо мақсади такмили фаъолияти коргоҳҳои технологии


Ҷ


амъияти саҳомии «Трансформатор» дар шаҳри Қ


ӯ


рғонтеппа к


ӯ


маки техник


ӣ


расонад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.


Ҳар ҳафта ба Афғонистон тавассути қаламрави Тоҷикистон 200 контейнери бори ғайринизомӣ интиқол мегардад

0



           

Душанбе. 20-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз Вазири корҳои хори


ҷ


ии


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон Ҳамрохон Зариф


ӣ


Директори Раёсати оид ба стратегия, сиёсат, барномаҳо ва таъминоти моддию техникии Фармондеҳии нақлиётии ИМА контр-адмирал Марк Харничекаро ба ҳузур пазируфт.




Зимни вох


ӯ


р


ӣ


масъалаҳои истифодаи қаламрави То


ҷ


икистон барои транзити молҳои ғайринизом


ӣ


ба воситаи нақлиёти ти


ҷ


орат


ӣ


дар чорч


ӯ


баи


ҷ


онибдории воҳидҳои низомии ИМА ва нер


ӯ


ҳои байналмилалии мусоидат ба амният дар Афғонистон мавриди баррас


ӣ


қарор гирифтанд.



Пас аз мулоқот бо вазири умури хориҷӣ М.Харничек изҳор дошт, ки ҳар ҳафта тавассути қаламрави Тоҷикистон ба Афғонистон интиқоли аз 50 то 200 контейнери бори ғайринизомӣ ба Афғонистон ба нақша гирифта шуд.




           

Ба гуфтаи контр-адмирали амрикоӣ, борҳо ба Тоҷикистон тавассути роҳи оҳан аз Ӯзбекистон, ки транзити онро иҷозат додаст, ворид хоҳанд гашт. Қаблан оид ба транзити борҳои ғайринизомии НАТО тавассути қаламраашон Русияву Қазоқистон низ розигӣ доданд.




 

«Газпром» корҳои доманадори иктишофиро дар Тоҷикистон шурӯъ мекунад

0


Душанбе. 20-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Дар машварате, ки рӯзҳои 17-18-уми феврал дар шаҳри Оренбурги Русия баргузор шуд, масъалаи тезонидани корҳои иктишофии конҳои газ дар Тоҷикистон аз ҷониби ҶСК «Зарубехнефтегаз» мавриди баррасӣ қарор гирифт.





           

Тавре сухангӯи ҶСК «Зарубежнефтегаз» Екатерина Кожевникова ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар машварат аз ҷониби Тоҷикистон сардори Сарраёсати геологияи назди ҳукумати ҷумҳурӣ Азим Иброҳим, муовини вазири энергетика ва саноати кишвар Заробиддин Файзуллоев ва сармутахассиси шӯъбаи саноат ва энергетикаи Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат Хайруллобек Ғафуров иштирок карданд.




           

Масъалаи тезонидани корҳои иктишофии конҳои газу нафт дар Тоҷикистон мавзӯи асосии чорабинӣ буд. ҶСК «Зарубежнефтегаз» эълом дошт, ки ният дорад корҳои иктишофиро дар се минтақа – конҳои Сариқамиш, Саргазон ва Ренгон вусъат бахшад ва бо ин мақсад рӯзҳои наздик ба Тоҷикистон техникаву таҷҳизоти нав равона хоҳад гардид. Дар як вақт инчунин таҷҳизоти пармакунӣ омода гардида, ахири сол пармакунии чоҳҳо дар минтақаҳои санҷидашуда пешбинӣ мегардад. Мутахассисони русиягӣ изҳор доштанд, ки корҳои иктишофу истихроҷи газ дар Тоҷикистон ба иллати дар чуқурии аз 5,5 то


7 км

ҷойгир будани газ каме мушкилиҳо пеш меорад.




           

Сардори Сарраёсати геологияи назди ҳукумати Тоҷикистон Азим Иброҳим шароити душвори корҳоро дар ҷумҳурӣ тасдиқ сохта, изҳори боварӣ намуд, ки бо кӯмаки коршиносони пуртаҷрибаи Русия ва технологияи замонавӣ комёбӣ ба даст хоҳад омад.




           

Дар машварат ҳамчунин зикр гардид, ки ширкати «Газпром» ба иҷрои лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон таваҷҷӯҳи хос зоҳир сохта, ҷиҳати амалисозии он коршиносони беҳтарини соҳа ва технологияи навтарини пешрафтаро ҷалб месозад.


Муҳоҷирони меҳантии Роғун барои сохтмони нерӯгоҳи бузургтарини минтақа ба ватан бармегарданд

0


Роғун. 20-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – То имрӯз ба шаҳри Роғун аз шумори умумии 1820 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ 1420 нафар сокини шаҳр баргашт.




Тавре муовини раиси шаҳр Файзалӣ Толибов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, аз муҳоҷирони баргашта 450 нафарашон дар сохтмони иншооти нерӯгоҳи Роғун бо ҷойи кор таъмин карда шуданд.



Ба иттилои манбаъ, бинобар солҳои ахир мутаваққиф сохтани нерӯгоҳ шароитҳои манзили зист он қадр хуб нестанд. «Феълан корҳои таъмиру барқарорсозии Маркази барқу гармидиҳии рақами 2 идома дорад ва рӯзҳои наздик хонаҳои сохтмончиён бо гармӣ таъмин хоҳад шуд», – гуфт Ф.Толибов.



Дар ҳамин ҳол, соли равон дар шаҳри Роғун ифтитоҳи коллеҷи нави техникӣ ба нақша гирифта шудааст. Роҳбари маркази шуғли аҳолии шаҳр Шарифамо Ғаюрова мегӯяд, ифтитоҳи коллеҷ мушкилоти зиёдеро ҳал хоҳад кард, зеро имрӯз дар сохтмони иншооти нерӯгоҳ норасоии мутахассисон эҳсос мегардад.


ҶСК «Нерӯгоҳи Сангтӯда-1» ширкати «Барқи тоҷик»-ро ба додгоҳ мекашад

0


Душанбе. 20-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Мӯҳлати мавриди истифода қарор гирифтни агрегати чаҳоруми нерӯгоҳи «Сангтӯда-1», ки дар таърихи 25-уми феврал пешбнӣ гардида буд, ба муддати номуайян мавқуф гузошта шуд.




Тавре аз ҶСК «Нерӯгоҳи Сангтӯда-1» ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, мавқуфгузории ба кор даровардани агрегати охирини нерӯгоҳ бар асари саривақт аз ҷониби ШСХК «Барқи тоҷик» напардохтани маблағи қарзи истифодаи барқи се агрегати нерӯгоҳ дар соли 2008 мебошад.



Тавре аз мақомоти раҳбарии нерӯгоҳ изҳор доштанд, шояд имрӯз ба Додгоҳи Олии иқтисодӣ аз блдои ширкат барои напардохтани қарз даъво пешниҳод гардад.



Ёдрас мекунем, ки 9-уми феврал ҶСК «Нерӯгоҳи Сангтӯда-1» оид ба нияти ба додгоҳ муроҷиат кардан аз рӯи ин масъала изҳороти расмӣ пахш карда буд. Дар изҳорот таъкид гардида буд, ки соли гузашта ширкати «Барқи тоҷик» аз истифодаи барқи се агрегати нерӯгоҳ ба маблағи 16 млн. сомонӣ қарздор шудааст, вале сарфи назар аз муроҷиати чандинкарата ба ҳукуматдорони ҷумҳурӣ дар ин хусус, ҳеҷ чорае ҷиҳати ҳалли масъала андешида нашудааст.



Дар изҳорот ҳамчунин гуфта шуда буд, напардохтани қарз вазъи молиявиро дар сохтмон мушкил сохта, метавонад мӯҳлати ба истифода додани агрегати чаҳоруми нерӯгоҳро ба дарозо кашад ва ба пурра сомон бахшидан ба корҳои сохтмонӣ дар иншоот таъсири манфӣ расонад.



Директори генералии ҶСК «Нерӯгоҳи Сангтӯда-1» Раҳматулло Алжанов изҳор намуд, ки «мо назди ширкати «Барқи тоҷик» ба муддати 10 рӯз мӯҳлат додем, то ҷиҳати пардохтани қарз чораҷӯӣ намояд ва имрӯз мӯҳлати мазкур низ ба охир мерасад». «Мақомоти раҳбарии ширкат аз ин масъала ба хубӣ огаҳанд», – афзуд ӯ.





Маълумотнома:




Нерӯгоҳи «Сангтӯда-1», ки дар минтақаи ҷанубу шарқии Тоҷикистон бунёд мегардад, лоиҳаи муштаракаи Тоҷикистону Русия маҳсуб гардида, иқтидори чаҳор агрегати он ба 670 МВт баробар аст. Моҳи январи соли 2008 агрегати аввал, 1-уми июл агрегати дуввум ва 6-уми ноябр агрегати саввуми он пеш аз мӯҳлат ба истифода дода шуд. Мувофиқи созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия 75%-и саҳмияҳои нерӯгоҳ ба Русия ва 25%-и он ба Тоҷикистон тааллуқ доранд.


Дар ярмаркаи ҷойҳои кории холии шаҳри Душанбе ба хоҳишмандон беш аз 1000 ҷойи корӣ пешниҳод мегардад

0



           

Душанбе. 20-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ярмаркаи ҷойҳои кории холии шаҳри Душанбе, ки субҳи имрӯз дар маркази фарҳангии ҷавонони «Ориёно» ифтитоҳ гардид, ба хоҳишмандон беш аз 1000 ҷойи корӣ пешниҳод мегардад.





           

Тавре директори биржаи меҳнати назди Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон Абдурозиқ Кабудов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, чорабинии мазкур бо ташаббуси кумита ва Хадамоти муҳоҷирати Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ сурат гирифт.




           

Ба гуфтаи Кабудов, биржаи меҳнати ҷавонон дар ярмарка 911 ҷойи корӣ пешниҳод месозад, ки 370 ҷой барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷи кишвар пешбинӣ гардидааст. «Ҷойҳои корӣ асосан дар ширкатҳои кишоварзии шаҳри Маскав ва вилояти Волгогради Русия мавҷуд аст», – гуфт ӯ.




           

Ба иттилои манбаъ, дар ярмарка Хадамоти муҳоҷирати Вазорати умури дохилӣ барои бекорон беш аз 200 ҷойи корӣ дар хориҷи кишвар пешниҳод мекунад.


Ба муносибати таҷлили ҷашни таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон гузашти низомӣ дар майдон баргузор нахоҳад шуд

0



           

Душанбе. 20-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Мақомоти раҳбарии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ба ифтихори ҷашни таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи 23-уми феврал таҷлил мегардад, дар назди пояи лавҳаи ёдгории сарбозони номаълуми фавтида дар ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон гулчанбар мегузорад.





           

Тавре сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадалиев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, лавҳаи ёдгории мазкур барои 28 нафар сарбози номаълуми фавтида дар ҷанги шаҳрвандӣ дар канори шаҳри Душанбе, наздикии боғи Ғалаба воқеъ аст. «Ғайр аз ин, дар пояи лавҳаи ёдгории боғи Ғалаба низ маросими гулчанбаргузорӣ доир хоҳад гашт», – гуфт ӯ.




           

Бино ба иттилои манбаъ, рӯзи 23-уми феврал дар ҳамаи ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ чорабиниҳои идона баргузор гашта, ба сарбозону афсарони муваффақ дар хизмат унвону тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим хоҳанд гашт.




           

Ф.Маҳмадалиев мегӯяд, чорабиниҳои асосӣ дар Кохи Борабди пойтахт баргузор шуда, дар он маҷлиси тантанавӣ ва консерти идона доир мегардад. «Ба ин муносибат гузашти низомии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ба нақша гирифта нашудааст», – афзуд ӯ.


Имрӯз бори нахуст дар саросари дунё Рӯзи умумиҷаҳонии адолати иҷтимоӣ ҷашн гирифта мешавад

0



           

Душанбе. 20-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар сросари дунё бори нахуст Рӯзи умумиҷаҳонии адолати иҷтимоӣ ҷашн гирифта мешавад.





           

Бо ташаббуси давлати Қирғизистон Маҷмааи кулли СММ аз 18-уми декабри соли 2007 санаи 20-уми февралро Рӯзи умумиҷаҳонии адолати иҷтимоӣ эълом дошт ва ин сана шурӯъ аз соли ҷорӣ дар саросари ҷаҳон ҳамасола таҷлил хоҳад гардид.




           

Дар санади аз ҷониби СММ тасвибгардида таъкид мегардад, ки рушди иқтисодӣ, субботу амният ва риояи ҳуқуқи инсон омили зарурии таъмини рушди иҷтимоӣ ва адолати иҷтимоӣ дар ҷаҳон мебошанд. Дар ҳуҷҷат ҳамчунин зикр шудааст, ки дар ҷаҳон то ҳанӯз бегонагӣ ва нобаробарӣ миёни кишварҳову гурӯҳҳои иҷтимоӣ бо сатҳи гуногуни зиндагӣ ба мушоҳида мерасад.