Home Blog Page 5149

«Релиф Интернешнл» ҷиҳати беҳбуди заминаи моддиву техникии муассисаҳои таълимии Тоҷикистон 100 ҳазор $ ҷудо мекунад

0


Душанбе. 14-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл миёни Вазорати маорифи Тоҷикистон ва созмони байнулмилалии «Релиф Интерешнл» Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расид.




Тавре сухангӯи вазорат Ноилшо Нурлаиев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, «Релиф Интернешнл» ҷиҳати беҳбуди заминаи моддиву техникии муассисаҳои таълимии Тоҷикистон ва баланд бардоштани сатҳи донишандӯзӣ дар соли 2009 ба миқдори 100 $ маблағ ҷудо мекунад.



Ба гуфтаи Н.Нуралиев, дар чаҳорчӯбаи татбиқи ёддошт 26 мактаби таҳсилоти умумӣ ба шабакаи Интернет васл гардида, 500 омӯзгор аз рӯи барномаи фанновариҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ ба омӯзиш фаро гирифта хоҳанд шуд. Ғайр аз ин, нашри дастурҳои методӣ ва дигар маводи таълимӣ ба нақша гирифта шудааст.


Шаҳрдории пойтахт дар қаламрави собиқ бозори Зарнисор манзили зист бунёд месозад

0



           

Душанбе. 14-уми. феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз зимни нишасти матбуотӣ муовини аввали додситони шаҳри Душанбе Сайфиддин Сироҷзода изҳор дошт, ки фаъолияти бозори мавсум ба «Зарнисор» дар пойтахт бар асоси қонуншиканиҳои зиёд ва риоя накардани талаботи асноди меъёрӣ-ҳуқуқии ҷумҳурӣ баста шудааст.





           

Номбурда зикр кард, ки ояндаи наздик бозор аз ҳисоби соҳибони он вайрон карда шуда, дар қаламрави он манзили зист бо зерсохтораш бунёд хоҳад гардид.




           

Собиқ директори бозор Баҳодур Талбаков гуфт, барои кор онҳо гувоҳномаи бемӯҳлат оид ба истифодаи замин дар даст доранд ва мутобиқи кодекси андоз ҳар моҳ ба буҷаи шаҳр 1 млн. сомонӣ ворид месохтанду ҳудуди 600 нафар дар бозор бо ҷойи кор таъмин буд, вале намояндаи додситонӣ ин суханони ӯро рад сохта, изҳор дошт, дар давоми панҷ соли фаъолият, аз ҷониби бозор ҳамагӣ 500 ҳазор сомонӣ мабалағ ба буҷаи шаҳр ворид гаштааст ва дар бозор на 600 нафар, балки мувофиқи рӯйхат ва бо дарназардошти мақомоти раҳбарӣ танҳо 135 нафар кор мекарданд.




           

Дар ҷараёни конфронси матбуотӣ соҳибкорон аз раиси ноҳияи Синои пойтахт Раҳматулло Табаров дархост намуданд, ки ба барқароршавии фаъолияти бозор мусоидат намояд, зеро онҳо тавонанд қарзҳои гирифтаи худро ба бонк баргардонанд. Дар навбати худ Р.Табаров гуфт, «ҳарчанд ҳалли масоили мазкур дар салоҳияти ӯ набошад ҳам», кӯшиш ба харҷ хоҳад дод, ки барои ҳалли мусбати масъала мусоидат намояд.


Э.Раҳмон аз сафари Аврупо ба ватан баргашт

0


Душанбе. 14-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Субҳи имрӯз тайёра бо ҳайати Тоҷикистон таҳти сарварии президенти ҷумҳурӣ ба майдони ҳавоии Душанбе фуруд омад. Дар доираи сафар ба Аврупо президенти Тоҷикистон аз кишварҳои Латвия, Белгия, Литва ва Эстония боздид кард.




Дар сафар президентро вазири умури хориҷӣ Ҳмарохона Зарифӣ, мушовири давлатии президент оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Фаррух Ҳамралиев, муовини аввали вазири энергетика ва саноати кишвар Пӯлод Муҳиддинов, дигар шахсони расмӣ ва гурӯҳи соҳибкорон ҳамроҳӣ намуданд.



Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, нимаи дуюми рӯзи 13 феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри анҷом додани сафари корӣ ба Ҷумҳурии Эстония рафт.



Масоили ҷорӣ ва дурнамои ҳамкории ду кишвар зимни мулоқотҳои Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Эстония Томас Хендрик Илвес, Сарвазири ин кишвар Андрус Ансип ва Раиси Парлумон Энее Иргма мавриди баррасӣ қарор гирифт.



Густариши

 

робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, нақлиётию коммуникатсионӣ, истихроҷ ва коркарди металлҳои ранга ва сангҳои қиматбаҳо, бунёди коргоҳҳои заргарӣ ва истеҳсоли ҷавоҳироту ороишот, объектҳои гуногуни туристӣ ва ғайра аз самтҳои пурманфиати ҳамкорӣ барои ду кишвар маънидод гардид.



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Эстония Томас Хендрик Илвесро даъват намуд, ки Тоҷикистон ташриф биёрад.



Сарони ду давлат аз рӯйи натиҷаи мулоқотҳои дуҷониба як

 

Эъломия оид багустариши муносибатҳо

 

миёни Тоҷикистону Эстония ба имзо расонданд.



Самтҳои гуногуни ҳамкорӣ ва барқарор намудани робитаҳои мустақими миёни истеҳсолкунандагону тоҷирон дар ҷамъомади намояндагони доираҳои соҳибкории ду кишвар низ муҳокима карда шуд.


Баҳои «Гурӯҳи байнулмилалии бӯҳронӣ» ба вазъи мавҷуда дар Тоҷикистон асоси воқеӣ надорад, – назари коршинос

0


Душанбе. 14-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Сардори раёсати таҳқиқоти мушкилоти бахши иҷтимоӣ ва бозори меҳнати Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон Фирӯз Саидов изҳор дошт, ки баҳои «Гурӯҳи байнулмилалии бӯҳронӣ» ба вазъи мавҷуда дар Тоҷикистон асоси воқеӣ надорад.




Қобили зикр аст, ки чанде қабл созмони байнулмилалии мазкур, ки қароргоҳаш дар шаҳри Брюссел ҷойгир аст, гузоришеро интишор сохт ва дар он вазъи иқтисодиву иҷтимоиро дар Тоҷикистон хеле мушкил ва наздик ба коллапс арзёбӣ намудааст. Дар гузориш сабаби чунин вазъ бо афзоиши коррупсия, мухолифат бо Ӯзбекистон, коҳиши хеле зиёди интиқоли маблағҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва вазъи ҳалокатовари зерсохтори энертгетика дар ҷумҳурӣ маънидод шуда, гурӯҳи коршиносон ҳамчунин ҳукуматдорони тоҷикро ба ноӯҳдабароӣ дар иҷрои тавсияҳои созмонҳои байнулмилалӣ мавриди танқид қарор додаанд.



Дар ҳамин ҳол Ф.Саидов мегӯяд, аз ҷониби ин гурӯҳ вазъ дар Тоҷикистон начандон воқеӣ арзёбӣ шуда, агар ҳукумати Тоҷикистон дар баъзе маврид тавсияҳои онҳоро иҷро насозад ҳам, ин маънои онро надорад, ки ҳамаи ин тавсияҳо муфиданд. «Агар мо ба самти нодуруст ҳаракат дошта бошем, пас ин тавсияҳо низ начандон дурустанд», – гуфт ӯ.



Дар идомаи мавзӯи мазкур коршинос изҳор дошт, масъалаи идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун ҷавобгӯи манфиатҳои миллии Тоҷикистон аст, вале чанде аз созмонҳои байнулмилалӣ тавсия медиҳанд, ки ҳукумат аз иқдоми мазкур даст кашад. «Танҳо дар соли 2008 ҳукумат барои идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун ҳудуди 100 млн. сомонӣ маблағ ҷудо кард ва дер ё зуд мо бояд аз вазъи бӯҳронии мавҷуда раҳо ёбем», – гуфт ӯ.



Ғайр аз ин, мегӯяд Ф.Саидов, дар ҷумҳурӣ ҷиҳати ҳалли раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ низ чораҳои муассир андешида мешаванд, ки ин масъала низ самти афзалиятнок маҳсуб мегардад.



Дар мавриди муносибат бо Ӯзбекистон номбурда изҳор дошт, ки масъалаи мазкур ба Тоҷикистон бастагии зиёд надорад. Дар масъалаи афзоиши мизони коррупсия, коршинос хулосаҳои гурӯҳи коршиносони байнулмилалиро оид ба густариши ин падидаи номатлуб дар ҷумҳурӣ қабул дорад. «Вале чунин вазъ ба аксари кишварҳо хос аст», – афзуд Ф.Саидов.


Дар Тоҷикистон коҳиши қурби миёнаи доллари ИМА ба мушоҳида мерасад

0



           

Душанбе. 14-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Дар То


ҷ


икистон коҳиши қурби миёнаи доллари ИМА ба мушоҳида мерасад.





           

Тавре аз Бонки миллии То


ҷ


икистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, 13-уми феврал дар нуқтаҳои мубодилаи асъор қурби 1 доллари ИМА ба 3-72-3,74 сомон


ӣ


баробар буд.




           

Тибқи маълумоти бонк, тамоили поин рафтани қурби доллари ИМА инчунин дар бозори байнибонкии асъор ба андозаи 1,3 дарсад ба мушоҳида расида, он аз 3,7225 ба 3,7190 сомон


ӣ


барои 1 $ коҳиш ёфтааст.




           

«Тамоили мавҷудаи афзоиши талабот ба асъори миллӣ дар аксари сегментҳои бозори дохилии асъор ба назар мерасад», – афзуд сарчашма.


Дар дафтари кории НАТО дар шаҳри Брюссел намоишгоҳи асарҳои беҳтарини рассомони тоҷик идома дорад

0



           

Душанбе. 14-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Дар дафтари кории НАТО дар шаҳри Брюссел намоишгоҳи асарҳои беҳтарини рассомони тоҷик, ки 11-уми феврал ифтитоҳ гардид, идома дорад.





           

Дар маросими ботантанаи ифтитоҳи намоишгоҳ дабири куллии созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) Ян де Хооп Схеффер, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳайати Тоҷикистон, кормандони созмон ва намояндагони корпусҳои дипломатии кишварҳои дигари ҷаҳон ширкат варзиданд.




           

Зимни суханронӣ дабири кулли НАТО изҳор дошт, ки намоишгоҳи мазкур дар муносиботи дуҷониба саҳифаи нави маънавиро боз намуда, барои аз наздик ошно гаштан бо фарҳанги ғаниву қадими мардуми тоҷик имконот фароҳам месозад.




           

Дар навбати худ сарвари давлати Тоҷикистон зикр кард, ки ҳадаф аз баргузории намоишгоҳ аз наздик шиносоӣ пайдо намудан бо ҳаёт, маишат ва фарҳанги мардуми оддии тоҷик аст ва маҳз чунин чорабиниҳо барои дарки беҳтари фарҳангу тамаддуни ҳамдигар ва густариши ҳамкориҳои амиқ миёни кишварҳо баҳри сулҳу субот ва некӯаҳволии мардуми сайёра кӯмак мерасонанд.


Коршиносони ИДМ масоили фароҳам сохтани шароити рушди донишандӯзии калонсолонро баррасӣ мекунанд

0



           

Душанбе. 14-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзҳои 17-18-уми феврали соли ҷорӣ дар Кумитаи иҷроияи ИДМ дар шаҳри Минск ҷаласаи гурӯҳи коршиносон оид ба мувофиқасозии лоиҳаи қарор дар бораи нақшаи татбиқи Консепсияи рушди донишандӯзии калонсолон доир мегардад.





           

Тавре аз Кумитаи иҷроияи ИДм ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, нақшаи чорабиниҳои консепсияи мазкур ба фароҳам сохтани шароит барои ташаккули фазои ягонаи (умумии) омӯзиш дар кишварҳои узви иттиҳод равона гардидааст. «Яке аз механизмҳои муҳими ташаккули чунин фазо донишандӯзии калонсолон ва фаъолияти маърифатнокӣ мебошад», – гуфт манбаъ.




           

Интизор меравад, ки чорабиниҳои муштараки нақша аз ҳисоби кишварҳои манфиатдор маблағгузорӣ гардида, дар марҳилаи аввал таҳияи заминаи меъёриву ҳуқуқии иқдоми мазкур пешбинӣ шудааст.


Сандуқи қарзии ҶСК «Ориёнбонк» беш аз 723 млн. сомониро ташкил дод

0



           

Душанбе. 14-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Ба санаи 31 январи соли 2009 сандуқи қарзии


Ҷ


СК «Ориёнбонк» 723 миллону 238 ҳазору 825 сомониро ташкил медиҳад.




Ба санаи мазкур сохтори соҳавии қарзҳои


ҷ


ойгиркардашуда, умуман, аз р


ӯ


и низоми бонк бо асъори милл


ӣ


корхонаҳои ти


ҷ


оратии шахс


ӣ


– 70,84 фоиз, корхонаҳои хо


ҷ


агии қишлоқ – 23,32 фоиз, корхонаҳои давлат


ӣ


– 0,59 фоиз ва шахсони воқе


ӣ


-5,25 фоиз нишон додан мумкин аст. Ин нишондод бо асъори хори


ҷ


ӣ


корхонаҳои ти


ҷ


оратии шахс


ӣ


– 62,49 фоиз, корхонаҳои хо


ҷ


агии қишлоқ – 13,75 фоиз ва корхонаҳои давлат


ӣ


– 23,65 фоиз аст. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти бонк хабар доданд.


Қаҳрамони ҷаҳон оид ба гӯштии самбо, варзишгари маъруфи тоҷик Саидмӯъмин Раҳимов аз олам даргузашт

0



            

Душанбе. 1-уми феврал – Ҷаҳонпаҳлавон Саидмӯъмин Раҳимов субҳи имрӯз дар синни 63-солагӣ бар асари сактаи дил дар шаҳри Душанбе оламро падруд гуфт.





            

Даргузашти қаҳрамони ҷаҳон дар олами варзиш талафоти бузурге барои мардуми Тоҷикистон аст.




           

Саидмӯъмин Раҳимов моҳи сентябри соли 1975 дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштии самбо дар шаҳри Мински Беларус дар рақобатҳо дар вазни 100 кило бар ҳамаи рақибонаш пирӯз шуда, ба унвони қаҳрамони ҷаҳон сарфароз шудааст.




           

Воқеъан то имрӯз дар риштаи самбо касе ба пояи Саидмӯъмин Раҳимов нарасидааст. Вай ҳамчунин қаҳрамони дукаратаи самбои Иттиҳоди Шӯравӣ (солҳои 1973-1975) мебошад. Ӯ дар навъҳои гуштии миллӣ, самбо, гуштии озод ва дзюдо низ борҳо қаҳрамони Тоҷикистон гаштааст. Саидмӯъмин Раҳимов ҳамчун сармураббии собиқи дастаҳои мунтахаби гуштии самбо ва дзюдои Тоҷикистон дар тарбияи шогирдон хизмати арзанда кардааст.



Ӯ солҳои 1995-2004 дар вазифаи раиси Кумитаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дошт. Вай то моҳи декабри соли 2008 раиси Федератсияи гуштии дзюдои Тоҷикистон буд.




          

Тавре президенти Ассотсиятсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латипов иттилоъ дод, фардо 14-уми феврал, соати 10-у 30 дақиқа, дар маҳаллаи Калинини шаҳри Душанбе маросими видоъ бо ҷаҳонпаҳлавон Саидмӯъмин Раҳимов ва ҷанозаи ӯ баргузор мешавад. Сипас бо васияти марҳум ҷасади ӯ дар зодгоҳаш – деҳаи Ҷорӯбқули ноҳияи Темурмалик – ба хок супурда хоҳад шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.





 


Намояндаи Фармондеҳии нақлиёти нерӯҳои Амрико контр-адмирал Марк Харничек ба Тоҷикистон меояд

0



           

Душанбе. 14-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» -Сардори Раёсат оид ба сиёсат, барномаҳо ва таъминоти моддиву техникии Фармондеҳии нақлиёти нерӯҳои ИМА контр-адмирал Марк Харничек бо сафари панҷрӯза ба Тоҷикистон ташриф меорад.





           

Тавре аз Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, боздид рӯзи 18-уми феврал оғоз гардида, ҳадаф аз он дидору гуфтушуниди намояндаи воломақоми нерӯҳои низомии Амрико бо шахсони расмии Тоҷикистон аст. Дар бораи ҷузъиёти дигар алҳол чизе гуфта намешавад.




           

Интизор меравад, ки дар ҷараёни сафар масъалаи транзити борҳои Амрико таассути қаламрави Тоҷикистон ба Афғонистон мавриди баррасӣ қарор гирад.