Э.Раҳмон аз сафари Аврупо ба ватан баргашт

Душанбе. 14-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Субҳи имрӯз тайёра бо ҳайати Тоҷикистон таҳти сарварии президенти ҷумҳурӣ ба майдони ҳавоии Душанбе фуруд омад. Дар доираи сафар ба Аврупо президенти Тоҷикистон аз кишварҳои Латвия, Белгия, Литва ва Эстония боздид кард. Дар сафар президентро вазири умури хориҷӣ Ҳмарохона Зарифӣ, мушовири давлатии президент оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, […]

root


Душанбе. 14-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Субҳи имрӯз тайёра бо ҳайати Тоҷикистон таҳти сарварии президенти ҷумҳурӣ ба майдони ҳавоии Душанбе фуруд омад. Дар доираи сафар ба Аврупо президенти Тоҷикистон аз кишварҳои Латвия, Белгия, Литва ва Эстония боздид кард.




Дар сафар президентро вазири умури хориҷӣ Ҳмарохона Зарифӣ, мушовири давлатии президент оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Фаррух Ҳамралиев, муовини аввали вазири энергетика ва саноати кишвар Пӯлод Муҳиддинов, дигар шахсони расмӣ ва гурӯҳи соҳибкорон ҳамроҳӣ намуданд.



Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, нимаи дуюми рӯзи 13 феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри анҷом додани сафари корӣ ба Ҷумҳурии Эстония рафт.



Масоили ҷорӣ ва дурнамои ҳамкории ду кишвар зимни мулоқотҳои Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Эстония Томас Хендрик Илвес, Сарвазири ин кишвар Андрус Ансип ва Раиси Парлумон Энее Иргма мавриди баррасӣ қарор гирифт.



Густариши

 

робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, нақлиётию коммуникатсионӣ, истихроҷ ва коркарди металлҳои ранга ва сангҳои қиматбаҳо, бунёди коргоҳҳои заргарӣ ва истеҳсоли ҷавоҳироту ороишот, объектҳои гуногуни туристӣ ва ғайра аз самтҳои пурманфиати ҳамкорӣ барои ду кишвар маънидод гардид.



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Эстония Томас Хендрик Илвесро даъват намуд, ки Тоҷикистон ташриф биёрад.



Сарони ду давлат аз рӯйи натиҷаи мулоқотҳои дуҷониба як

 

Эъломия оид багустариши муносибатҳо

 

миёни Тоҷикистону Эстония ба имзо расонданд.



Самтҳои гуногуни ҳамкорӣ ва барқарор намудани робитаҳои мустақими миёни истеҳсолкунандагону тоҷирон дар ҷамъомади намояндагони доираҳои соҳибкории ду кишвар низ муҳокима карда шуд.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 апрели соли 2026

Имрӯз дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахшида ба 85-солагии Меҳмон Бахтӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон филми мустанад намоиш дода мешавад.

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.