Шаҳрдории пойтахт дар қаламрави собиқ бозори Зарнисор манзили зист бунёд месозад

            Душанбе. 14-уми. феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз зимни нишасти матбуотӣ муовини аввали додситони шаҳри Душанбе Сайфиддин Сироҷзода изҳор дошт, ки фаъолияти бозори мавсум ба «Зарнисор» дар пойтахт бар асоси қонуншиканиҳои зиёд ва риоя накардани талаботи асноди меъёрӣ-ҳуқуқии ҷумҳурӣ баста шудааст.             Номбурда зикр кард, ки ояндаи наздик бозор аз ҳисоби соҳибони он вайрон карда […]

Пайрав Чоршанбиев



           

Душанбе. 14-уми. феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз зимни нишасти матбуотӣ муовини аввали додситони шаҳри Душанбе Сайфиддин Сироҷзода изҳор дошт, ки фаъолияти бозори мавсум ба «Зарнисор» дар пойтахт бар асоси қонуншиканиҳои зиёд ва риоя накардани талаботи асноди меъёрӣ-ҳуқуқии ҷумҳурӣ баста шудааст.





           

Номбурда зикр кард, ки ояндаи наздик бозор аз ҳисоби соҳибони он вайрон карда шуда, дар қаламрави он манзили зист бо зерсохтораш бунёд хоҳад гардид.




           

Собиқ директори бозор Баҳодур Талбаков гуфт, барои кор онҳо гувоҳномаи бемӯҳлат оид ба истифодаи замин дар даст доранд ва мутобиқи кодекси андоз ҳар моҳ ба буҷаи шаҳр 1 млн. сомонӣ ворид месохтанду ҳудуди 600 нафар дар бозор бо ҷойи кор таъмин буд, вале намояндаи додситонӣ ин суханони ӯро рад сохта, изҳор дошт, дар давоми панҷ соли фаъолият, аз ҷониби бозор ҳамагӣ 500 ҳазор сомонӣ мабалағ ба буҷаи шаҳр ворид гаштааст ва дар бозор на 600 нафар, балки мувофиқи рӯйхат ва бо дарназардошти мақомоти раҳбарӣ танҳо 135 нафар кор мекарданд.




           

Дар ҷараёни конфронси матбуотӣ соҳибкорон аз раиси ноҳияи Синои пойтахт Раҳматулло Табаров дархост намуданд, ки ба барқароршавии фаъолияти бозор мусоидат намояд, зеро онҳо тавонанд қарзҳои гирифтаи худро ба бонк баргардонанд. Дар навбати худ Р.Табаров гуфт, «ҳарчанд ҳалли масоили мазкур дар салоҳияти ӯ набошад ҳам», кӯшиш ба харҷ хоҳад дод, ки барои ҳалли мусбати масъала мусоидат намояд.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.