Баҳои «Гурӯҳи байнулмилалии бӯҳронӣ» ба вазъи мавҷуда дар Тоҷикистон асоси воқеӣ надорад, – назари коршинос

Душанбе. 14-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Сардори раёсати таҳқиқоти мушкилоти бахши иҷтимоӣ ва бозори меҳнати Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон Фирӯз Саидов изҳор дошт, ки баҳои «Гурӯҳи байнулмилалии бӯҳронӣ» ба вазъи мавҷуда дар Тоҷикистон асоси воқеӣ надорад. Қобили зикр аст, ки чанде қабл созмони байнулмилалии мазкур, ки қароргоҳаш дар шаҳри Брюссел ҷойгир аст, гузоришеро […]

Далер Ғуфронов


Душанбе. 14-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Сардори раёсати таҳқиқоти мушкилоти бахши иҷтимоӣ ва бозори меҳнати Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон Фирӯз Саидов изҳор дошт, ки баҳои «Гурӯҳи байнулмилалии бӯҳронӣ» ба вазъи мавҷуда дар Тоҷикистон асоси воқеӣ надорад.




Қобили зикр аст, ки чанде қабл созмони байнулмилалии мазкур, ки қароргоҳаш дар шаҳри Брюссел ҷойгир аст, гузоришеро интишор сохт ва дар он вазъи иқтисодиву иҷтимоиро дар Тоҷикистон хеле мушкил ва наздик ба коллапс арзёбӣ намудааст. Дар гузориш сабаби чунин вазъ бо афзоиши коррупсия, мухолифат бо Ӯзбекистон, коҳиши хеле зиёди интиқоли маблағҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва вазъи ҳалокатовари зерсохтори энертгетика дар ҷумҳурӣ маънидод шуда, гурӯҳи коршиносон ҳамчунин ҳукуматдорони тоҷикро ба ноӯҳдабароӣ дар иҷрои тавсияҳои созмонҳои байнулмилалӣ мавриди танқид қарор додаанд.



Дар ҳамин ҳол Ф.Саидов мегӯяд, аз ҷониби ин гурӯҳ вазъ дар Тоҷикистон начандон воқеӣ арзёбӣ шуда, агар ҳукумати Тоҷикистон дар баъзе маврид тавсияҳои онҳоро иҷро насозад ҳам, ин маънои онро надорад, ки ҳамаи ин тавсияҳо муфиданд. «Агар мо ба самти нодуруст ҳаракат дошта бошем, пас ин тавсияҳо низ начандон дурустанд», – гуфт ӯ.



Дар идомаи мавзӯи мазкур коршинос изҳор дошт, масъалаи идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун ҷавобгӯи манфиатҳои миллии Тоҷикистон аст, вале чанде аз созмонҳои байнулмилалӣ тавсия медиҳанд, ки ҳукумат аз иқдоми мазкур даст кашад. «Танҳо дар соли 2008 ҳукумат барои идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун ҳудуди 100 млн. сомонӣ маблағ ҷудо кард ва дер ё зуд мо бояд аз вазъи бӯҳронии мавҷуда раҳо ёбем», – гуфт ӯ.



Ғайр аз ин, мегӯяд Ф.Саидов, дар ҷумҳурӣ ҷиҳати ҳалли раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ низ чораҳои муассир андешида мешаванд, ки ин масъала низ самти афзалиятнок маҳсуб мегардад.



Дар мавриди муносибат бо Ӯзбекистон номбурда изҳор дошт, ки масъалаи мазкур ба Тоҷикистон бастагии зиёд надорад. Дар масъалаи афзоиши мизони коррупсия, коршинос хулосаҳои гурӯҳи коршиносони байнулмилалиро оид ба густариши ин падидаи номатлуб дар ҷумҳурӣ қабул дорад. «Вале чунин вазъ ба аксари кишварҳо хос аст», – афзуд Ф.Саидов.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.