Home Blog Page 5153

НАТО ба Тоҷикистон дар таҳкими марз бо Афғонистон кӯмак хоҳад кард

0


Душанбе. 12-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон Эмомал


ӣ


Раҳмон бо Дабири кулли Паймони Атлантикаи Шимол


ӣ


(НАТО) Яаап Де Хооп Схеффер мулоқот намуд.




«НАТО чун


ҷ


узъи муҳими нер


ӯ


и таъмини сулҳ дар Афғонистон бояд бо мамолики ҳамсоя ва бахусус То


ҷ


икистон, ки дар Осиёи Миёна бо Афғонистон сарҳади аз ҳама т


ӯ


лон


ӣ


дорад, ҳамкории фаъолонаро ба роҳ монад», – изҳор дошт зимни с


ӯ


ҳбат



Президенти


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон Эмомал


ӣ


Раҳмон.



Ба андешаи Эмомал


ӣ


Раҳмон,

 

амалиётҳои низом


ӣ


дар Афғонистон бояд бо муборизаи беамон бар зидди

 

истеҳсоли маводи мухаддир ва ҳамчунин бо татбиқи васеъи барномаҳои и


ҷ


тимоию иқтисод


ӣ


дар ҳамбастаг


ӣ


сурат гиранд.



Яаап Де Хооп Схеффер ба нақши То


ҷ


икистон дар минтақа ва ҳамгироии он ба

 

нер


ӯ


ҳои НАТО дар Афғонистон баҳои баланд дод.

 




Дар чаҳорч


ӯ


би барномаи «Шарик


ӣ


баҳри сулҳ» ва нақшахои дигари ҳамкор


ӣ


бо НАТО оид ба


ҷ


удо намудани техникаю та


ҷ


ҳизоти нав ба сарҳадбонони тоҷик,

 

ҳамгироӣ бо сарҳадбонони афғон, омода кардани кадрҳои низомӣ ва гузарондани тадқиқоти илмӣ гуфтугӯи судманд сурат гирифт.



Таваҷҷӯҳи зиёд ба истифодаи потенсиали НАТО дар татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетики Тоҷикистон зоҳир карда шуд.



Пешниҳодҳо баҳри кушодани Маркази махсуси НАТО дар То


ҷ


икистон, таъсиси

 

Маркази на


ҷ


отдиҳ


ӣ


дар шаҳри Душанбе, бо та


ҷ


ҳизоти замонав


ӣ


му


ҷ


аҳҳаз гардонидани системаи огоҳкунон


ӣ


аз офатҳои таби


ӣ


ва аз минаҳо тоза кардани марзи давлат


ӣ


бо Афғонистон баррас


ӣ


шуд.



Масоили омодагӣ ба ҷаласаи барномаи «Шарик


ӣ


баҳри сулҳ»-и

 

НАТО, ки имсол дар Остона баргузор мегардад,, низ барраси шуд.



Президенти


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон Эмомал


ӣ


Раҳмон аз Дабири кулли Паймони Атлантикаи Шимол


ӣ


(НАТО) Яаап Де Хооп Схеффер даъват намуд, ки ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф биёрад. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.



 

Human Rights Watch: Вазъи ногувори иқтисод ва бекорӣ 12 дарсади аҳолии Тоҷикистонро ба муҳоҷирати меҳнатӣ водор сохтааст

0


Душанбе. 12-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Созмони байнулмиллии дифоъ аз ҳуқуқи Human Rights Watch гузориш дар бораи вазъи муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия аз соли 2006 то соли 2008-ро дар бахши сохтмон интишор сохт.




Дар гузориш иттилоъ дода мешавад, ки аз ҷиҳати қабули муҳоҷирон Русия пас аз ИМА дар ҷаҳон мақоми дуввумро ишғол мекунад ва 80 дарсади корҷӯён ба Русия аз 9 кишвари ИДМ меоянд, ки миёни ин кишварҳову Русия тартиботи раводид ҷорӣ нест.



Оид ба масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ дар Тоҷикистон дар гузориш гуфта мешавад, ки вазъи ногувори иқтисод ва бекорӣ 12 дарсади аҳолии Тоҷикистонро ба муҳоҷирати меҳнатӣ водор сохтааст. Ҳамчунин зикр мегардад, ки дар қатори Тоҷикистон муҳоҷирони меҳнатӣ аз кишварҳои Қирғизистону Ӯзбекистон ва Украина низ бештар баҳри ҷӯстуҷӯйи кори муносиб ба Русия рӯй меоранд.


Бонки рушди Авруосиё дар чаҳорчӯбаи Фонди зиддибӯҳронӣ лоиҳаҳои байнидавлатии ЕврАзЭС-ро маблағгузорӣ хоҳад кард

0


Душанбе. 7-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Бонки рушди Авруосиё дар чаҳорчӯбаи Фонди зиддибӯҳронӣ лоиҳаҳои байнидавлатии кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро (ЕврАзЭС) маблағгузорӣ хоҳад кард. Дар ин бора хадамоти матбуоти бонк хабар медиҳад.




Дар иттилои бонк гуфта мешавад, бо қарори Шӯрои байнидавлатии ЕврАзЭС, истифодаи воситаҳои Фонди зиддибӯҳронӣ аз ҷониби Шӯрои фонд дар ҳамдастӣ бо Бонки рушди АвруОсиё амалӣ мегардад.



Ба ҳайати Шӯрои фонд вазирони молияи кишварҳои узв шомил гардида, ҳаҷми сармояи он эквиваленти 10 млрд $ аст. Ғайр аз ин, бонк ваколатдор мешавад, аз ҳисоби воситаҳои фонд ба лоиҳаҳои байнидавлатӣ қарз ҷудо намояд.

 



Аҳзоби сиёсии Суғд пешниҳод мекунанд, ки масъалаи таъмини нафақа дар ҷумҳурӣ таҷдиди назар шавад

0


Хуҷанд. 12-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Дар вилояти Суғд бо дастгирии Дафтари САҲА дар Хуҷанд таҳти унвони «Тоҷикистон ва адолати иҷтимоӣ» ҷамъомади навбатии аҳзоби сиёсии минтақа баргузор шуд.




Ҷамъомадагон масоили таъсири оқибатҳои бӯҳрони молӣ ба иқтисоди ҷумҳурӣ ва вазъи нархҳо дар бозорҳои минтақаи шимоли кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд.



Раиси шӯъбаи Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон дар вилоят Маъруф Юсуфов пешниҳод сохт, ки синнусоли ба нафақа баромадан барои мардон 60 ва занон 55 сол муқаррар гардад.

 

Раиси

 

шӯъбаи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Муҳаммад Исомаддинов изҳор дошт, ки вақти он расидааст нафақаи муҳоҷирони меҳнатӣ, бахусус муҳоҷироне, ки ҳангоми кор маъюб гаштанд, аз нав дида баромада шавад



Намояндаи ҲСТ Аҳмадҷон Хистеварзӣ гуфт, дар соҳаи таъини нафақа ришвахӯрӣ дар авҷ аст ва шахсони муайян санади «маъюбӣ»-ро харида, аз рӯи он ба нафақа мебароянд.



Дилбар Самадова, намояндаи ҲСДТ дар вилоят изҳор дошт, вазъи иҷтимоии шахсоне, ки дар бозор ба савдо машғуланд, бояд бознигарӣ шавад. «Ман пешниҳод дорам, ки хароҷот барои сохтмони иншоот аз ҳисоби буҷа кам карда шавад», – гуфт ӯ.



Намояндаи САҲА дар Хуҷанд Сӯҳроб Шоев зикр кард, ки пешниҳоду тавсияҳои изҳордошта аз ҷониби аҳзоби сиёсии вилояти Суғдро зарур аст, ба баррасии парулумону ҳукумати кишвар равона сохт.




Бонки сармоягузории Аврупо ба маблағгузории лоиҳаҳои энергетикӣ дар Тоҷикистон шурӯъ мекунад

0


Душанбе. 11-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Бонки сармоягузории Аврупо ба маблағгузории лоиҳаҳои энергетикӣ дар Тоҷикистон шурӯъ мекунад. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва президенти ин бонк Филипп Майштадт оид ба ҳамкорӣ созишнома ба имзо расониданд, ки он барои фаъолияти бонк дар Тоҷикистон замина муҳайё сохт




Тибқи иттилои хабаргузории ИТАР-ТАСС, созишномаи мазкур ба бонк имкон медиҳад, ки ба лоиҳаҳои татбиқшаванда дар Тоҷикистон сармоягузорӣ намояд. «Ба сармоягузории лоиҳаҳои глобалии энергетикии барои ҷонибҳо судманд ҳам дар қаламрави Тоҷикистон ва ҳам қаламрави Аврупо таваҷҷӯҳи хос зоҳир хоҳад гардид», – гуфтааст президенти бонк Ф.Майштадт.



Ф.Майштадт таъкид сохтааст, ки «барои фахолият дар Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Комиссияи Аврупо ва Бонки таҷдиду рушди Аврупо манфиатдор аст».


Ташкилоти ФОКУС барои кормандони идораҳои давлатӣ дар Тоҷикистон курсҳои забони англисӣ ва компютер мегузаронад

0


Душанбе. 11-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Ташкилоти Фокус Кӯмаки Башардӯстона (ФОКУС) дар доираи барномаи «Тайёр намудани ҷамоатҳои устувор нисбати ҳолатҳои фавқулодда», ки аз ҷониби Департаменти Комиссияи Аврупо оид ба расондани кӯмаки башардӯстона (ECHO) маблағгузорӣ мешавад, аз аввали соли ҷорӣ барои кормандони идораҳои давлатӣ, ки дар соҳаи коҳиш додани хавфи офатҳои табиӣ фаъолият мекунанд, курсҳои забони англисӣ ва компютер гузаронида истодааст.




Мақсад аз гузаронидани курсҳои мазкур ин такмил додани дониши забони англисӣ ва қобилияти кор бо компютер мебошад, ки минбаъд кормандони идораҳои давлатии дахлдор ин донишҳоро дар корҳояшон истифода баранд. Курсҳои номбаршуда аз тарафи Мактаби Маълумоти Касбӣ ва Давомдори Донишгоҳи Осиёи Марказӣ гузаронида мешаванд



Курсҳои забони англисӣ ва компютер дар шаҳри Душанбе барои кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони Саридораи Геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд. Дар шаҳри Хоруғ бошад, курсҳои мазкур барои кормандони Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) ва кормандони Расадхонаи обуҳавосанҷии шаҳри Хоруғ гузаронида мешаванд.



Баъд аз анҷом ёфтани курсҳои чаҳормоҳа ва бомуваффақият супоридани санҷиши ниҳоӣ ба иштирокунандагони курсҳои номбаршуда аз тарафи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ шаҳодатнома дода мешавад.



Аз соли 2003, Фокус дар Тоҷикистон ба ҳайси ҳамкори иҷрокунандаи лоиҳаи ДИПЕКО дар ҳудуди ВМКБ фаъолият мекунад ва дар соҳаи коҳиш додани хавфи офатҳои табиӣ дар сатҳи ҷамоатҳо ташаббусҳои васеъ пеш гирифта истодааст. Инчунин, ФОКУС ба баланд бардоштани қобилияти муассисаҳои маҳаллӣ дар соҳаи идоракунии офатҳои табиӣ мусоидат менамояд.


Ба Кодекси андози ҷумҳурӣ тағйирот ворид гардид

0



           

Душанбе. 11-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни баррасии лоҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Кодекси андози ҶТ» баҳсҳои пурҷӯшу хурӯш сурат гирифтанд.





           

Зимни шарҳи моҳияти тағйироту иловаҳои воридшаванда ба кодекс раиси Кумитаи андози назди ҳукумати ҶТ Нусратулло Давлатов изҳор дошт, ки дар сурати дастгирии лоиҳа аз ҷониби намояндагони мардумӣ ба кодекс 79 тағйирот ворид хоҳад гашт, ки асосан ба масъалаи андозбандӣ ба сарватҳои зеризаминӣ ва захоири об марбут мебошанд. «Дар лоиҳа пардохти маблағ барои истифодаи об дар нерӯгоҳҳои хурди барқӣ пешбинӣ нагардидааст, вале пешниҳод мешавад, ки нерӯгоҳҳои бузург барои истифодаи об маблағ пардохт намуда, ҳамчунин барои истифодаи обҳои зеризаминӣ низ маблағи муайяне пардохт гардад», – гуфт ӯ.




           

Дар музокирот намояндаи мардумӣ Юсуфҷон Аҳмедов зикр кард, ки дар баъзе ноҳияҳо обҳои зеризаминӣ ба бахши кишоварзӣ таҳдид намуда, соҳаи манзили зист ва зерсохтори хоҷагиҳоро хароб месозанд ва дар чунин вазъ талаб кардани маблағ аз истифодаи обҳои зеризаминӣ мувофиқи мақсад нест. «Баръакс, мо бояд касонеро, ки ҷиҳати пешгирии хисороти обҳои зеризаминӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, дастгирӣ намоем», – гуфт ӯ.




           

Намояндаи мардумӣ Мирзошариф Саломиддинов дар суханрониаш изҳор дошт, ки дар сурати ҷорӣ гардидани пардохти маблағ барои истифодаи об аз ҷониби нерӯгоҳҳои бузург, ширкати «Барқи тоҷик»-ро лозим меояд, ки ба буҷаи давлатӣ 30 млн. сомонӣ зиёдтар андоз пардохт созад. «Тоҷикистон имрӯз дар шароити бӯҳрони энергетикӣ қарор дорад ва ба ҷорӣ сохтани пардохти маблағ барои эҳтиёҷоти энергетика роҳ набояд дод, зеро ҷумҳурӣ имрӯз баҳри бунёди иншооти гидроэнергетикӣ маблағ ҷустуҷӯ дорад ва бо ворид сохтани чунин тагйирот мо ба ин иқдом монеъа эҷод месозем», – гуфт намояндаи мардумӣ.




           

Ба ақидаи М.Саломиддинов, ҷорӣ сохтани чунин тағйирот ба афзоиши қиммати нерӯи барқ ва зиёд шудани ҳаҷми қарздории бахши энергетика аз андоз мусоидат хоҳад кард.




           

Зимни посух ба суолҳои намояндагони мардумӣ раиси Кумитаи андози назди ҳукумати ҶТ Нусратулло Давлатов изҳор дошт, ҷорӣ сохтани чунин тағйирот дар кодекс талаби давру замон аст ва он ҳангоми бунёди иншооти энергетикӣ амал нахоҳад кард ва танҳо пас аз мавриди истифода қарор гирифтани иншоот пардохта хоҳад шуд. Ӯ ёдовар шуд, ки имрӯз қарзи ширкати «Барқи тоҷик» дар назди мақомоти андоз ба 112 млн. сомонӣ баробар аст.




           

Пас аз баҳсҳои тӯлонӣ намояндагони мардумӣ бо аксарияти овоз лоиҳаи пешниҳоднамудаи ҳукумат оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Кодекси андози ҶТ-ро қабул карданд.

 



Дар Тоҷикистон иҷозатномаи хизматгузории оператори алоқаи ҶСП «ДилФон» беэътибор дониста шуд

0


Душанбе. 11-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе иҷозатномаи қаблан ба ҶСП «ДилФон» додашударо беэътибор донист.




Тавре аз Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи алоқа ва иттилоотонии назди Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, соли 2006 ширкати ҶСП «ДилФон» барои хизматгузорӣ дар бахши таъмини алоқа тавассути стандарти


GSM


-1800, хадамоти телематикӣ (ба ҷуз


IP


-телефония) тавассути шабакаи операторҳо ва хизматгузорӣ оид ба ирсоли иттилоот тариқи алоқаи телеграфӣ ва


IP


-телефония иҷозатнома гирифт, вале то ҳанӯз ба фаъолият напардохтааст.



Ба иттилои манбаъ, хадамоти давлатӣ ҷиҳати беэътибор донистани иҷозатномаи ширкати мазкур бинобар риоя накардани талаботи Низомнома «Дар бораи додани иҷозатнома ба баъзе намудҳои фаъолият» ба додгоҳ муроҷиат кардааст. «Бо назардошти оғоз накардани фаъолият дар ин муддат ва пешниҳод насохтани ҳисоботҳои молиявиву оморӣ додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе оид ба ба беэътибор донистани иҷозатномаи ҶСП «ДилФон» аз 3-уми феврал ҳалнома содир намуд», – афзуд манбаъ.


Ҳайати бонуфузи мутахассисони бахши энергетикаи Ӯзбекистон ба Тоҷикистон меояд

0


Душанбе. 11-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Интизор меравад, ки рӯзҳои наздик ҳайати бонуфузи энергетикҳои Ӯзбекистон ба Тоҷикистон меояд.




Тавре сардори Хадамоти марказии танзими ШСХК «Барқи тоҷик» Одинамаҳмад Чоршанбиев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар ҷараёни сафари мутахассисони ӯзбек баррасии масоили барқарорсозии интиқоли барқи Ӯзбекистон ва транзити барқи Туркманистон ба ҷумҳурӣ дар назар аст.



О.Чоршанбиев ҳамзамон қайд кард, ки айни замон ҳукумати Тоҷикистон оид ба воридоти нерӯи барқ ба Тоҷикистон бо Қазоқистон гуфтушунид дорад.



Лозим ба тазаккур аст, ки чанде аз ВАО бо истинод ба Вазорати энергетика ва саноати ҷмҳурӣ иттилоъ доданд, ки ба кишвар шабонарӯзӣ дар ҳаҷми 1,5 млн. кВт/соат нерӯи барқи Қазоқистон интиқол дода мешавад. «Феълан ба Тоҷикистон аз низоми ягонаи энергетикии минтақавӣ шабонарӯзӣ аз 500 ҳазор то 1,5 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол дода мешавад, вале мо гуфта наметавонем, ки он аз Қазоқистон, Қирғизистон ё Туркманистон ворид мегардад, зеро то ҳанӯз дар ин хусус тавофуқи мушаххас ҳосил нагардидаасту айни замон гуфтушунид идома дорад», – афзуд манбаъ.


Тамоюли бомаром тақвият ёфтани талабот ба пули миллӣ ба назар мерасад

0


Душанбе. 11-уми феврал – 10 феврал тамоми р


ӯ


з қурби хариду фур


ӯ


ши доллари ИМА, ки аз


ҷ


ониби нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе пешниҳод мешуд, амалан тағйир наёфт ва ба ҳисоби миёна дар сатҳи 3,74 – 3,77 сомон


ӣ


боқ


ӣ


монд.




Дар баробари ин, қурби миёнавазни хариду фур


ӯ


ши доллари ИМА, ки инъикосгари амалиёти амалан дар дар бозори асъор гузаронидашуда мебошад, як каме (0,3 фоиз) поин рафт ва дар охири р


ӯ


з барои 1 доллари ИМА 3,7617 сомониро ташкил дод. Вобаста ба ин, қурби Бонки миллии То


ҷ


икистон барои доллари ИМА нисбати сомон


ӣ


аз 3,7449 то 3,7317 сомон


ӣ


паст карда шуд.



Нишондиҳандаҳои мазкур, ҳамчунин ҳолати талабот ва пешниҳод дар бозори асъор тамоюли бомаром тақвият ёфтани талабот ба пули миллиро инъикос менамояд. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд.