М.Кабирӣ: Президентро мебояд мавқеи ниҳоии Кремлро оид ба «масъалаи об» дар Осиёи Марказӣ мушаххас созад

0


Душанбе. 29-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, намояндаи парлумон Муҳиддин Кабирӣ бар чунин назар аст, ки дар мулоқоти қарибулвуқӯъи сарони кишварҳои Русияву Тоҷикистон дар Маскав сарвари давлати Тоҷикистонро мебояд мавқеи ниҳоии Кремлро оид ба «масъалаи об» дар минтақаи Осиёи Марказӣ мушаххас созад.




Ёдовар мешавем, зимни боздиди расмӣ аз Ӯзбекистон президенти Русия Д.Медведев бо ишора ба мушкилоти оби минтақа изҳор дошт, ки «иншооти гидроэнергетикӣ бояд бо назардошти манофеъи ҳамаи кишварҳои минтақа бунёд гарданд ва агар ба чунин тасмим ҳама ҷонибҳо мувофиқ набошанд, Русия аз ширкат дар сохтмони чунин иншоот худдорӣ мекунад».



Дар ҳамин ҳол, дар ҷараёни боздиди расмӣ аз Тоҷикистон моҳи августи соли гузашта Д.Медведев изҳор дошта буд, ки Русия ният дорад, дар бунёди иншооти бузургтарини гидроэнергетикии минтақа – нерӯгоҳи Роғун иштирок намояд ва чунин нияти Русияро чанде баъдтар роҳбари маъмурияти президенти Русия Сергей Наришкин, ки ба Душанбе омада буд, низ тасдиқ кард, аммо он замон дар бораи аз ҷониби Тоҷикистон бо кишварҳои минтақа мувофиқасозии ин лоиҳа сухан намерафт.



Ба ақидаи М.Кабирӣ, ҳама мушкилот дар он аст, ки Русия ва Ӯзбекистон чун пештара Тоҷикистонро «бародари хурдӣ» мешуморанд ва ба чунин муносибат худи мо онҳоро водор сохтаем. «Бо назардошти рӯйдодҳои аввали солҳои 90-уми асри гузашта, онҳо то ҳанӯз бар ин назаранд, ки ҳукуматдорони имрӯзаи Тоҷикистонро онҳо сари мансаб овардаанд, – мегӯяд ӯ. – Аз ин рӯ, бидуни рӯгардонӣ аз Русия, Тоҷикистонро зарур аст, бо дигар кишварҳо низ муносиботи шарикии стратегиро роҳандозӣ намояд».



Раиси ҲНИТ таъкид сохт, ки Тоҷикистон бояд ошкоро аз манофеъи миллии худ ҳарф занад ва пас аз он шарикони стратегии боъэтимод пайдо хоҳад кард. «Агар мо қаблан ҷасорат зоҳир мекардем, сохтмони нерӯгоҳи Роғун кайҳо оғоз мегардид ва ман фикр мекунам, ки Тоҷикистон дар сурати ҷалби ҳамсояҳои


ҷанубии 

 худ барои идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун ё мустақилона бунёд кардани он аз тамоми низоъҳо барканор хоҳад монд», – афзуд намояндаи парлумон.

Реклама на asia+

Хушкмеваи Шӯрообод ба Қазоқистон содирот мегардад

0



           

Кӯлоб. 28-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Дар бораи соли ҷорӣ ба Қазоқистон содирот намудани 300 тонна хушкмева аз Ноҳияи Шӯрообод қарордод баста шуд.





           

Тавре раиси ноҳия Иброҳим Азизов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, акнун, ки қарордоди мушаххас ба имзо расидааст, он ба иҷрои бечунучарои он мусоидат хоҳад кард. «Соли гузашта мо бори нахуст кӯшиш кардем хушкмеваи ноҳияро ба Қазоқистон содирот намоем, вале чун қарордоди мушаххас набуд, аз 300 тоннаи пешбинишуда ҳамагӣ 46 дарсадашро фурӯхта тавонистему халос», – гуфт ӯ.




           

Ба гуфтаи раиси ноҳия, иҷрои қарордоди мазкур бо ҷониби Қазоқистон ба дӯши шӯъбаи «Тоҷикматлубот»-и ноҳия вогузор гаштааст.




           

И.Азизов афзуд, заминаи густариши номгӯи маҳсулоти содиротӣ дар ноҳия зиёд аст. «Соли гузашта дар ноҳия 7164 тонна меваи гуногун, 713 тонна ҳосили ангур ҷамъоварӣ гардида, боғҳову ангурзорҳои нав ташкил шуданд», – изҳор дошт ӯ.


Реклама на asia+

Сафири Фаронса: Тоҷикистон метавонад ба дастгирии Фаронса дар татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетии худ эътимод бандад

0


Душанбе. 28-уми январ – Имрӯз Президенти


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон Эмомал


ӣ


Раҳмон аз Сафири нави фавқулодда ва мухтори Фаронса дар То


ҷ


икистон Анри Зиппер де Фабиани эътимоднома қабул намуд.




Зимни суҳбати Сарвари давлат Эмомал


ӣ


Раҳмон бо Анри Зиппер де Фабиани, ки баъди супурдани эътимоднома сурат гирифт, масоили


ҷ


ор


ӣ


ва дурнамои муносибатҳои То


ҷ


икистону Фаронса баррас


ӣ


шуд. «Фаронса, ки бо То


ҷ


икистон ҳамгироии гуногун


ҷ


анба дорад, шарики асосии мо дар қитъаи Аврупо аст», – изҳор дошт Президенти мамлакат Эмомал


ӣ


Раҳмон.



Пеш аз ҳама аз сатҳи ҳамкориҳои ҳарб


ӣ


-сиёсии ду кишвар изҳори қаноатманд


ӣ


карда шуд. Густариши ҳамкориҳои иқтисод


ӣ


, аз


ҷ


умла


ҷ


алби сармояи Фаронса ба татбиқи лоиҳаҳои судовари инвеститсионии То


ҷ


икистон, аз


ҷ


умла дар соҳаи афзалиятноки гидроэнергетика амри зарур


ӣ


ва идомаи мантиқии ҳамгироиҳои мав


ҷ


уда маънидод гардид.



Дар робита бо нақшаҳои ҳамкории иқтисод


ӣ


миёни ду кишвар Анри Зиппер де Фабиани аз


ҷ


умла изҳор дошт: «То


ҷ


икистон метавонад ба

 

дастгир


ӣ


ва к


ӯ


маки амалии Фаронса баҳри раҳо


ӣ


ёфтан аз бунбасти коммуникатсион


ӣ


ва дар татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетии худ эътимод бандад».



Ӯ


ҳамчунин таъкид намуд, ки баҳри шиносоии бештари То


ҷ


икистон ба мардуми Фаронса ва


ҷ


алби сармоягузорони кишвараш ба ин


ҷ


о к


ӯ


шиши зиёд ба хар


ҷ


медиҳад.


Дар мулоқот ҳамчунин атрофи авзои кунунии Афғонистон ва зарурати рушди ҳамкориҳои минтақав


ӣ


дар Осиёи Марказ


ӣ


гуфтуг


ӯ


и судманд сурат гирифт. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.


Реклама на asia+

Дар шаҳрҳои Душанбе ва Киев марказҳои тиҷоратии «Украина-Тоҷикистон» боз мешаванд

0



           

Душанбе. 28-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл зимни мулоқот бо вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Қосим Қосимов муовини вазири сиёсати аграрии Украина Юрий Лузана пешниҳод сохт, ки бо мақсади афзоиши ҳаҷми гардиши мол миёни кишварҳо дар пойтахтҳои мамлакатҳо марказҳои тиҷоратӣ боз шаванд.





           

Тавре сухангӯи вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ Нарзулло Додобоев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар навбати худ Қ.Қосимов ба ҳайати Украина пешниҳод намуд, ки дар шаҳри Душанбе ярмаркаи фурӯши техникаи кишоварзии Украинаро ташкил намоянд, то минбаъд ин техника дар бозори Тоҷикистон мавқеи худро пайдо намояд.




           

Дар мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин масоили табодули мутахассисони соҳибтаҷрибаи кишварҳо, баргузории таҷрибаҳои муштарак оид ба ошкор сохтани навъҳои тозаи тухмиҳои хушсифат, воридоти тухмиҳои серҳосил аз Украина ба ҷумҳурӣ ва таъсиси корхонаҳои муштарак оид ба коркард, нигоҳдорӣ ва содироти меваҳои хушк ба Украинаро мавриди баррасӣ

 

қарор гирифт.


Реклама на asia+

Э.Раҳмон: Тоҷикистон ба густариши робитаҳо бо Британияи Кабир манфиатдор аст

0


Душанбе. 28-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири нави фавқулодда ва мухтори Британияи Кабир дар Тоҷикистон Тревор Мур эътимоднома қабул намуд.




Дар мулоқоти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Тревор Мур, ки баъди маросими супурдани эътимоднома сурат гирифт, масоили вобаста ба дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Британияи Кабир баррасӣ шуд.



Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон муносибатҳо бо давлатҳои Аврупоро аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии давлат номида, аз ҷумла изҳор дошт: «Тоҷикистон ба густариши робитаҳо бо Британияи Кабир, ки аз кишварҳои пешрафтаи Аврупо ва ҷаҳон ба шумор меравад, манфиатдор аст».



Аз натиҷа ва дурнамои ҳамкории миёни сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки асосан дар чаҳорчӯби муборизаи байналмилалии зидди терроризму экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир сурат мегирад, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.



Мусоҳибон ҳамзамон таъкид бар он доштанд, ки сатҳ ва мазмуни робитаҳои ду кишвар ба имкону захираҳои мавҷуда мувофиқат намекунанд. Густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ дар соҳаҳои энергетика, азхуднамоии захираҳои табиӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва туризм зарур шумурда шуд.



Тревор Мур изҳор дошт, ки Британияи Кабир ва шахсан ӯ омодаанд баҳри ҷалби сармоя ба иқтисодиёти Тоҷикистон, аз ҷумла баҳри татбиқи амалии лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ ва азхуднамоии захираҳои табиӣ саҳми намоён гузоранд.



Яке аз мавзӯъҳои асосии сӯҳбат баррасии авзои кунунии Афғонистон ва роҳҳои пешгирӣ аз таъсири манфии он ба кишварҳои минтақа ва ҷаҳон буд.



Сафири нави фавқулодда ва мухтори Британияи Кабир изҳор дошт, ки андешаю пешниҳодоти Тоҷикистон ва Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои давлатҳои мададрасон баҳри дарёфти роҳҳои самарабахши ҳаллу фасли мушкилоти Афғонистон басо муҳиманд.



Дар мулоқот ҳамчунин доир ба дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ табодули назар карда шуд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.


Реклама на asia+

Маблағи пардохти боҷи гумрукӣ барои воридоти мошинҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон бетағйир боқӣ мемонад

0



           

Душанбе. 28-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Овозаҳо дар мавриди

 

боло рафтани маблағи пардохти боҷи гумрукӣ барои воридоти мошинҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон асоси воқеӣ надоранд.





           

Тавре аз маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, тағйир додани маблағи пардохти боҷи гумрукӣ барои воридоти мошинҳои хориҷӣ ба кишвар ба нақша гирифта нашудааст ва овозаҳои бесасос танҳо миёни аҳолӣ бесарусомониву ташвишро ба вуҷуд меоварад. «Дар сурати тағйири тарофаҳо мо аҳолиро пешакӣ огоҳ хоҳем кард», – гуфт манбаъ.




           

Ба иттилои манбаъ, тибқи қонунгузории амалкунанда, барои шахсони воқеие, ки барои истифодаи шахсӣ ба кишвар мошин ворид месозанд, нархҳои зерин ҷорӣ шудаанд: шахсони воқеӣ барои ҳар як сантиметри мукааби ҳаҷми муҳаррики то 2,5 ҳазор сантиметри мукааб 0,27 $ маблағи боҷи гумрукӣ пардохт менамоянд, вале агар ҳаҷми муҳаррик аз 3 ҳазор сантиметри мукааб бештар бошад, маблағи пардохти боҷи гумрукӣ барои ҳар як сантиметри мукааб ба 0,40 $ баробар хоҳад буд.


Реклама на asia+

Шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ ҳудуди 28 кило маводи мухаддири бангдона мусодира карда шуд

0


Душанбе. 28-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Шабонарӯзи гузашта кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар аз се ҳодисаи муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ҷилавгирӣ намуданд.




Тавре аз Вазоарти умури дохилии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар натиҷаи баргузории амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар шаҳри Кӯлоб шаҳрванд Алӣ Исҳоқов бо тақрибан 22 кило нашъа, дар ноҳияи Қубодиён шаҳрванд Тугмашо Суробов бо беш аз 2 кило ҳероин ва


610 грамм

нашъа ва дар ноҳияи Спитамен шаҳрванд Абдусалом Раззоқов бо ҳудуди 3 кило ҳашиш боздошт шуданд.



Аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаҳои ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.


Реклама на asia+

Ш.Салимзода интиқоди Б.Бобохоновро қабул надорад

0


Душанбе. 28-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи назди президенти Тоҷикистон дар мавриди шарҳи интиқоди чанде қабл садодода аз ҷониби додситони кулли ҷумҳурӣ Бобоҷон Бобохонов оид ба фаъолияти агентӣ ба рӯзноманигорон изҳор дошт, ки агентӣ бевосита ба президент ҳисобот медиҳад ва танҳо сарвари давлат ҳуқуқ дорад, ки ба фаъолияти онҳо баҳо диҳад.




Гузашта аз ин, Ш.Салимзода изҳороти мазкурро «ақидаи шахсии додситони кулл» арзёбӣ намуд. «Натиҷаи кори мо дар соли гузашта таҷассумгари самаранокии фаъолияти агентӣ мебошад», – гуфт ӯ.



Ба гуфтаи ӯ, соли 2008 аз тарафи агентӣ 1 ҳазору 82 санҷишу тафтиш гузаронида шуда, дар натиҷа ба маблағи умумии ҳудуди 96 млн. сомонӣ зарар ошкор карда шудааст, ки 21,7 дарсади онро камомад ва азхудкунии воситаҳои пулӣ ва моддӣ ташкил медиҳанд. «Дар маҷмӯъ, ба фоидаи давлат 66 млн. сомонӣ маблағи зарар рӯёнида шуд», – гуфт директори агентӣ.



Ш.Салимзода қайд кард, ки соли гузашта 1 ҳазору 309 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ ва маъмурӣ ҷалб гардида, 88 нафар аз мансаб сабукдӯш шуд. Дар давраи ҳисоботӣ 895 ҷинояти хусусияти коррупсионӣ дошта ошкор гардиданд, ки 385 ҷиноят ба дуздӣ тавассути азонихудкунӣ, камомад ва қаллобӣ ва 161 ҷиноят ба порагирӣ ва додани пора марбутанд, ки 127-тои он аз тарафи мансабдорони муассисаҳои давлатӣ содир шудаанд. «Мехостам зикр намоям, ки соли 2006, яъне то таъсиси агентӣ, аз ҷониби тамоми сохтори мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ 121 далели порагириву пора додан ошкор гардида буд, ки 76-тои он аз ҷониби мансабдорони муассисаҳои давлатӣ содир гардида буд», – гуфт Ш.Салимзода.



Роҳбари агентӣ таъкид сохт, ки соли 2008 тафтиши 310 парвандаи ҷиноӣ ба анҷом расида, 277 парванда нисбати 409 нафар гунаҳкорон барои моҳиятан баррасӣ намудан ба додгоҳ фиристода шудааст.


Реклама на asia+

Тарофаҳои нави нерӯи барқи Сангтӯда-1 пас аз анҷоми пурраи сохтмони иншоот муайян карда мешаванд

0



           

Душанбе. 28-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Тарофаҳои ниҳоии нерӯи барқи нерӯгоҳи Сангтӯда-1 пас аз анҷоми пурраи сохтмони иншоот муайян карда мешаванд.





           

Тавре дар мулоқот бо рӯзноманигорон муовини аввали вазири энергетика ва саноати ҷумҳурӣ Пӯлод Муҳиддинов хабар дод, феълан нерӯи барқи нерӯгоҳ чун пештара бо арзиши 1,15 сент барои 1 кВт/соат фурӯхта мешавад. «Тарофаҳои нав бо назардошти нархи миёнаи барқ дар ҷумҳурӣ муайян карда мешаванд», – гуфт ӯ.




           

Муовини вазир зикр кард, ки мавриди истифода қарор додани агрегати чаҳоруми нерӯгоҳ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст. Ёдрас мекунем, ки қаблан ба истифода додани агрегати чаҳоруми нерӯгоҳ ахири соли гузашта пешбинӣ гардида буд, вале моҳи ноябри соли 2008 ин мӯҳлат то 25-уми феврали соли ҷорӣ мавқуф гузошта шуда буд.


Реклама на asia+

Дар сохторҳои давлатии ВМКБ як қатор тағйироти кадрӣ ба амал омад

0



           

Хоруғ. 28-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз дар сохторҳои давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон як қатор тағйироти кадрӣ ба амал омад.





           

Тавре аз дастгоҳи раиси ҳукумати ноҳия ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, собиқ раиси ноҳияи Рӯшон Хушқадам Хушқадамов раиси дастгоҳи ҳукумати вилоят, собиқ раиси ноҳияи Роштқалъа Пайкармо Алиева сардори Раёсати тандурустии вилоят ва Баҳодур Сулаймонов сардори Раёсати хоҷагии об ва мелиоратсияи таъин шуданд.




           

Шодӣ Ҷамшедов ба вазифаи иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Шуғнон ва Қобиламо Ғуломшоева ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рӯшон таъин гардиданд.


Реклама на asia+