С.Сафаров: Изҳороти Д.Медведев бобати истифодаи захоири оби минтақа роҳи дипломатии нодида гирифтани мушкилот аст

0


Душанбе. 27-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон Сайфулло Сафаров дар мавриди шарҳи изҳороти президенти Русия оид ба масъалаи истифодаи захоири оби минтақаи Осиёи Марказӣ чунин ибрози андеша намуд, ки он воситаи дипломатии нодида гирифтани мушкилот чизе беш нест.




Дар сӯҳбати ихтисосӣ бо мухбири ОИ «Азия-Плюс» номбурда изҳор дошт, ки Русия дар роҳандозии муносиботи устувору мӯътадил бо кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ манфиатдор аст ва мушкилоти истифодаи захоири обӣ имрӯз дар минтақа мушкилоти калидӣ гаштаасту мавқеи Ӯзбекистон дар ҳалли масъалаи мазкур мухолифи Тоҷикистону Қирғизистон аст.



Ба гуфтаи ӯ, воқеъан мавқеи Тоҷикистону Қирғизистон мухолифи манфиатҳои Ӯзбекистону Қазоқистон нестанд ва ин ҷо дар навбати аввал манфиатҳои минтақаи Осиёи марказӣ дар маҷмӯъ ба назар гирифта мешавад. «Фикр мекунам, Иттиҳоди Аврупову Амрико тадриҷан ин манфиатҳоро ба хубӣ дарк намуда, ба ҳалли мушкилоти об дар минтақа бо шартҳои мутақобилан судманд таъсир хоҳанд расонд», – гуфт ӯ.



Ба гуфтаи С.Сафаров, набояд фаромӯш кард, ки дар минтақа Туркманистону Афғонистон низ ба миқдори зиёди захоири обӣ эҳтиёҷманданд ва бидуни ҳалли комплексии ин масъала ба чизе муваффақ гаштан дар ин самт ғайриимкон аст.



Ёдовар мешавем, зимни боздиди расмӣ аз Ӯзбекистон президенти Русия Д.Медведев бо ишора ба мушкилоти оби минтақа изҳор дошт, ки «иншооти гидроэнергетикӣ бояд бо назардошти манофеъи ҳамаи кишварҳои минтақа бунёд гарданд ва агар ба чунин тасмим ҳама ҷонибҳо мувофиқ набошанд, Русия аз ширкат дар сохтмони чунин иншоот худдорӣ мекунад».



Дар ҳамин ҳол, дар ҷараёни боздиди расмӣ аз Тоҷикистон моҳи августи соли гузашта Д.Медведев изҳор дошта буд, ки Русия ният дорад, дар бунёди иншооти бузургтарини гидроэнергетики минтақа – нерӯгоҳи Роғун иштирок намояд ва чунин нияти Русияро чанде баъдтар роҳбари маъмурияти президенти Русия Сергей Наришкин, ки ба Душанбе омада буд, низ тасдиқ кард, аммо он замон дар бораи аз ҷониби Тоҷикистон бо кишварҳои минтақа мувофиқасозии ин лоиҳа сухан намерафт.


Реклама на asia+

Бо далели тавассути раводиди қалбакӣ сафарбар намудани 90 нафар тоҷикистониён ба ҳаҷ парвандаи ҷиноӣ боз шуд

0



           

Душанбе. 27-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз зимни нишасти хабарӣ вазири умури дохилии ҷумҳурӣ Маҳмадназар Солеҳов иброз дошт, ки нисбат ба роҳбари ширкате, ки 90 нафар тоҷикистониёнро тавассути раводидҳои қалбакӣ мехост ба ҳаҷ сафарбар созад, парвандаи ҷиноӣ боз шуд. «Номбурда маблағҳоро азхуд кардааст ва феълан таҳти пайгарди қонунӣ қарор дорад», – гуфт ӯ.





           

Ба гуфтаи вазир, дар содир намудани ин ҷиноят Сайфиддин Тоҷов, соли таваллудаш 1951, ки айни замон дар Маскав будубош дорад, гумонбар дониста мешавад. «Мо бо ҳамтоҳои русиягии худ ҷиҳати истирдоди ӯ ба Тоҷикистон гуфтушунид дорем», – гуфт М.Солеҳов.




           

Ёдрас мекунем, ки ахири моҳи ноябри соли гузашта 90 нафар зоирини тоҷик аз фурудгоҳи Ҷиддаи Арабистони Саъудӣ бозпас ба ватан фиристода шуда буданд, зеро маълум гардид, ки раводидҳои онҳо қалбакӣ будаанд. Зоирин изҳор дошта буданд, ки раводидҳоро дар яке аз ширкатҳои Душанбе, ки гӯё ҳуҷҷатҳои онҳоро ба сафари ҳаҷ омода месохтаааст, дастрас кардаанд.


Реклама на asia+

Президенти Тоҷикистон вазири ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Мисри Арабро ба ҳузур пазируфт

0


Душанбе. 27-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Мисри Араб хонум Фоиза Абуннаҷоро, ки ба ҳайси сарвари қисмати мисрии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ҳамкории иқтисодӣ, техникӣ ва илмӣ ба шаҳри Душанбе ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.




Дар вохӯрӣ масоили густариши ҳамкории Тоҷикистону Миср баррасӣ шуд.



Изҳори боварӣ карда шуд, ки Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, техникӣ ва илмӣ барои татбиқи босамари заминаи боэътимоди қарордодию ҳуқуқии Тоҷикистону Миср ва дарёфти роҳҳои истифода аз имконоти фаровони ҳамкорӣ корҳои назаррасро анҷом медиҳад.



Густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, гидроэнергетика, саноати сабук ва хӯрокворию дорусозӣ, истихроҷи канданиҳои фоиданок, молия ва фаъолияти бонкӣ, кишоварзӣ ва хоҷагии об, маориф, тандурустӣ, илму фарҳанг ва туризм воситаи муҳими таҳкиму тавсиаи

 

муносибатҳои Тоҷикистону Миср маънидод гашт.



Ҳамкорӣ дар соҳаи гидроэнергетика, аз ҷумла дар роҳи сохтмони нерӯгоҳҳои обӣ дар болои дарёҳои Тоҷикистон аз самтҳои асосии ҳамкории иқтисодии ду кишвари дорои захираҳои фаровони обию энергетикӣ номида шуд.



Тасмим гирифта шуд, ки Нораку Асвон – ин шаҳрҳои энергетикҳои Тоҷикистону Миср бародаршаҳр эълон карда шаванд.



Дар вохӯрӣ ҳамчунин оид ба муносибатҳои ду кишвар дар чаҳорчӯби Созмони конфронси Исломӣ ва дигар созмонҳо гуфтугӯ сурат гирифт.



Хонум Фоиза Абуннаҷо изҳор дошт, ки иқдоми Президенти Тоҷикистон оид ба «Соли бузургдошти Имоми Аъзам» эълон намудани соли 2009 боиси хушнудии роҳбарият ва мусулмонони Ҷумҳурии Мисри Араб шуд.



Ӯ ҳамчунин иттилоъ дод, ки Президенти Ҷумҳурии Мисри Араб Ҳуснӣ Муборак кинофилми бадеии бисёрсериягии кинематографистони мисрӣ – «Имом Абуҳанифаи Нуъмон» – ро ба ҳайси тӯҳфа ба роҳбарият ва мардуми Тоҷикистон ирсол намуд.



          Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ин тӯҳфаро саҳми арзандаи Ҷумҳурии Мисри Араб дар роҳи муаррифии ҳаёт ва фаъолияти Имоми Аъзам ба мардуми Тоҷикистон маънидод карда, изҳор дошт, ки он дар кӯтоҳтарин мӯҳлат ба тоҷикӣ гардонда ва манзури бинандагони телевизиони тоҷик карда мешавад. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.


Реклама на asia+

М.Солеҳов: Мо бо ҳукуматдорони АМА ҷиҳати истирдоди Хӯҷа Каримов ба Тоҷикистон гуфтушунид дорем

0


Душанбе. 27-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Тибқи маълумоти Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ, собиқ қумондони Ҷабҳаи мардумии Тоҷикистон Хӯҷа Каримов, ки дар содир намудани як қатор ҷиноёти вазнин гумонбар дониста мешаваду таҳти пайгарди қонунӣ қарор дорад, айни замон дар Аморати Муттаҳидаи Араб ба сар мебарад. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотӣ вазири умури дохилии ҷумҳурӣ Маҳмадназар Солеҳов хабар дод.




«Миёни Тоҷикистону АМА оид ба истирдоди ҷинояткорон созишнома мавҷуд нест ва ин монеъаи асосиест барои ба Тоҷикистон бозпас додани Хӯҷа Каримов, вале ман умедворам, ки тариқи гуфтушунид мо ин масъаларо ҳал хоҳем кард», – гуфт М.Солеҳов.


Реклама на asia+

Доираҳои сиёсии Тоҷикистон барои гиромидошти поси хотири Ҷумъабой Ниёзов ҷамъомад барпо карданд

0


Душанбе. 27-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаригашта доираҳои сиёсии Тоҷикистон барои гиромидошти поси хотири яке аз асосгузорони Ҳизби Демократи Тоҷикистон Ҷумъабой Ниёзов, ки дар таърихи 10-уми январи соли ҷорӣ аз олам даргузашт, ҷамъомад баропо намуданд.




Дар Хонаи иттифоқи касабаи пойтахт намояндагони аҳзоби сиёсӣ, собиқ аъзои Комиссияи оштии миллӣ, дӯстон ва хешу ақрабои марҳум ҷамъ омада, атрофи саҳми Ҷ.Ниёзов дар рӯйдодҳои аввали солҳои 90-ум дар ҷумҳурӣ ибрози назар карданд ва марҳумро меҳанпарасти содиқи замони худ арзёбӣ карданд.



Ба гуфтаи муовини раиси ҲДТ, профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров, бо номи Ҷ.Ниёзов ду рӯйдоди муҳими таърихӣ дар кишвар тавъам аст, ки яке ба ҳайати Ӯзбекистон шомил гардидани минтақаи шимоли ҷумҳурӣ мебошад ва он замон Ҷ.Ниёзов ошкоро муқобилияти худро изҳор дошта, якуним сол зиндонӣ гардида буд. «Рӯйдоди дуввум ба он марбут аст, ки маҳз бо ташаббуси Ҷ.Ниёзов ба шаҳри Хуҷанд (собиқ Ленинобод) номи имрӯзаи таърихиаш баргардонида шуд», – гуфт Ҳ.Умаров.



Иштирокдорони ҷамъомад пшниҳод сохтанд, ки ба кӯчаи Ушакови шаҳри Хуҷанд, ки дар он марҳум зиндагӣ мекард, номи Ҷумъабой Ниёзов гузошта шавад.

 



Реклама на asia+

Вазорати мелиоратсия барои минтақаи Осиёи Марказӣ боз як тобистони хушку беобро пешбинӣ мекунад

0


Душанбе. 27-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – «Хушксолии соли сипаригашта соли равон ҳам метавонад ба кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ таъсири манфӣ расонад», – пешбинӣ мекунад вазири мелиоратсия ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Саиди Ёқубзод.




Вазир мегӯяд, ҳарчанд тирамоҳу зимистон намнокӣ зиёд шуда бошад ҳам, як соли хушкӣ ба се соли минбаъда таъсиргузор аст. «Ғайр аз ин, дар обанбори Тухтагул»-и Қирғизистон ҳаҷми об нисбат ба солҳои пешин 3,5 млрд. метри мукааб камтар аст ва дар Тоҷикистон низ вазъ хуб нест, зеро тӯли як моҳ аст, ки мо наметавонем аз Туркманистон барқ гирем ва табиист, ки маҷбурем нерӯгоҳи Қайроққум ва Норакро бо иқтидори пурра истифода намоем», – гуфт ӯ.



Ба гуфтаи вазир, дар обанбори Қайроққум ҳаҷми захираи об нисбат ба соли пешин 1 млрд. метри мукааб камтар буда, дар обанбори Норак то мизони ниҳоии иҷозати истифодаи об ҳамагӣ


7 метр

боқӣ мондааст, ки чунин ҳолат ба таъминоти оби кишварҳои минтақа дар мавсими оянда бетаъсир нахоҳад буд.


Реклама на asia+

Корхонаи муштараки «ТоҷИрон» истеҳсоли комбайнҳои кишоварзиро ба роҳ монданист

0


Душанбе. 27-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ муовини вазири энергетика ва саноати ҷумҳурӣ Маҳмадшариф Ҳақдодов изҳор дошт, ки корхонаи муштараки Тоҷикистону Эрон – «ТоҷИрон» соли равон ният дорад, истеҳсоли комбайнҳои кишоварзиро ба роҳ гузорад.





           

Ба гуфтаи ӯ, ҷиҳати омӯзиши талаботи бозор ба ин навъи техникаи кишоварзӣ, ояндаи наздик комбайни нахустин истеҳсол гардида, ба харидорон пешкаш мегардад.




           

Муовини вазир мегӯяд, соли 2008 дар корхона 70 трактори навъи «ТоҷИрон-285» истеҳсол карда шуд, ки 67-тои он ба фурӯш рафтааанд. «Феълан дар корхона 20 трактор пурра ба фурӯш тайёр буда, боз 20 трактори дигар дар ҳоли омодашавӣ мебошанд», – гуфт М.Ҳақдодов.


Реклама на asia+

Президенти Тоҷикистон аз сафири нави Ҷумҳурии Литва дар Тоҷикистон эътимоднома қабул намуд

0



      


       

Душанбе



.



26-уми январ





 




Президенти То


ҷ


икистон Эмомал


ӣ


Раҳмон аз Сафири нави


Ҷ


умҳурии Литва дар То


ҷ


икистон Ромуалдас Козировичюс эътимоднома қабул намуд.




Дар с


ӯ


ҳбати Сарвари давлат бо Ромуалдас Козировичюс, ки баъди маросими супурдани эътимоднома сурат гирифт, ҳолати кунун


ӣ


ва дурнамои муносибатҳои То


ҷ


икистону Литва баррас


ӣ


шуд.



Афзоиши мубодилаи молу маҳсулот миёни ду кишвар, ки ҳа


ҷ


ми он дар соли 2008 беш аз 110 миллион доллари амрикоро ташкил дод, нишона аз ву


ҷ


уди имконоти васеи ҳамкории иқтисод


ӣ


маънидод шуд ва таъкид гардид, ки ин нишондод бояд боз ҳам афзоиш ёбад.



Изҳори бовар


ӣ


карда шуд, ки сафари расмии пешомади Президенти


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон ба


Ҷ


умҳурии Литва ба густариши ҳамкориҳои иқтисодию ти


ҷ


орат


ӣ


, техникию технолог


ӣ


ва илмию фарҳангии ду кишвар такони


ҷ


идд


ӣ


мебахшад.



Бунёди корхонаҳои муштарак дар То


ҷ


икистон оид ба истеҳсоли маводи сохтмон


ӣ


, коркарди маҳсулоти кишоварз


ӣ


бо технологияҳои пешрафтаи аврупо


ӣ


, иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои энергетикию нақлиёт


ӣ


ва густариши интиқоли молу маҳсулот аз қаламрави ду кишвар аз самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои иқтисод


ӣ


арзёб


ӣ


гардид.



Дар мулоқот ҳамчунин оид ба авзои кунунии Афғонистон, мубориза бо хатарҳои


ҷ


аҳони муосир ва дигар мавз


ӯ


ъҳои мавриди тава


ҷҷ


ӯ


ҳ гуфтуг


ӯ


сурат гирифт. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.


Реклама на asia+

IFC ба ҷорикунии кодекси идоракунии корпоративӣ дар Осиёи Марказӣ мусоидат мекунад

0


Душанбе. 26-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – IFC (Ташкилоти Байналхалқии Молиявӣ) тавассути омӯзонидани малака барои таҳияи кодекси идоракунии корпоративӣ барои шахсони алоқаманд дар Осиёи Марказӣ таҷрибаи кодекси корпоративиро ҷорӣ карда истодааст. Ҳафтаи гузашта дар шаҳри Боку семинари аввалини Авруосиё оид ба таҳияи кодекси идоракунии корпоративӣ баргузор гардид.




Дар чорабинӣ намояндагони ҳукуматӣ ва сохтори хусусӣ аз Озарбойҷон, Гурҷистон ва кишварҳои Осиӣи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон ҷамъ омаданд. Семинар якумин чорабинӣ барои мусоидат кардан ба рушди кодекси идоракунии корпоративӣ дар минтақа бо дарназардошти таҷрибаи ҳам минтақавӣ ва ҳам байналхалқӣ буд. Коршиносони

 

соҳаи идоракунии корпоративӣ аз Олмон, Африка, Болгария ва Форуми Глобалии Идоракунии Корпоративӣ аз таҷрибаи амалии худ ба иштирокчиён нақл карданд.



Пас аз семинар иштирокчиён аз Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доданд, ки дар кишвар мизи мудавваре ташкил намуда, ба он барои баррасии таҳияи Кодекси миллии идоракунии корпоративӣ намояндагони Ҳукумати ҶТ, сохтори хусусӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар шахсони алоқамандро таклиф намоянд.



Мувофиқи гуфтаҳои Машваратчии ҳуқуқии IFC Саидаҳмад Икромов, ки ҳангоми чорабинӣ гурӯҳи вакилонро аз ҶТ роҳбарӣ намуд, кодекси миллии идоракунии корпоративӣ дар ҳалли мушкилоте, ки ширкатҳои тоҷикӣ бо он рӯ ба рӯ шуда истодаанд, нақши муҳим мебозад. «Гарчанд баъзе ширкатҳои тоҷикӣ кодекси дохилии идоракунии корпоративӣ дошта бошанд ҳам, дар ҶТ кодекси миллии идоракунии корпоративӣ мавҷуд нест. Ман умедворам, ки таҳияи он барои рақобатпазир шудани ширкатҳои маҳаллӣ дар сатҳи миллӣ ва байналхалқӣ мусоидат мекунад ва барои ҷалби сармоя муҳити мусоид фароҳам меорад”,- илова кард ӯ.

 





 



Соли 2007 IFC бо мақсади рушди таҷрибаи ширкатҳои саҳҳомӣ, бонкҳо ва кӯмак ба онҳо дар пешрафти фаъолият ва тавоноӣ

 

баҳри ҷалби сармоя ва маблағгузорӣ Лоиҳаи Идоракунии корпоративиро дар Осиёи Марказӣ оғоз намуд. Дар ин бора аз хадамоти матбуотии намояндагии


IFC




дар шаҳри Душанбе хабар доданд.




Реклама на asia+

ВКД: Пайравони равияи Салафия дар ҷумҳурӣ барои барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешаван

0


Душанбе. 26-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Пайравони равияи Салафия дар ҷумҳурӣ барои барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Ин матлабро имрӯз дар як нишасти матбуотӣ вазири корҳои дохилии кишвар – Маҳмадназар Солеҳов баён кард.




Вазир гуфт, ба мақомоти умури дохилаи кишвар супориш шудааст, ки аз таъқиби собиқ пайравони ин равия худдорӣ кунанд. Ба қавли Солеҳов, аз рӯзи манъ гардидани фаъолияти равияи Салафия дар Тоҷикистон, дар таърихи 8-уми январи соли ҷорӣ то кунун ягон нафар ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида нашудааст. «Агар мо тарғиби ин равияро аз ҷониби шаҳрвандони ҷумҳурӣ ошкор намоем, нисбати ин афрод мутобиқи моддаи 189-и Кодекси ҷиноии ҷумҳурӣ, яъне барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ парвандаи ҷиноӣ боз хоҳем кард», – гуфт Солеҳов.




 

Бино ба маълумоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, соли гузашта ба иттиҳоми узвият дар созмони мамнӯъшудаи «Ҳизб-ут-таҳрир» дар кишвар 11 нафар ба ҳабс маҳкум гардиданд.

 



Реклама на asia+