Сафорати Тоҷикистон дар Русия шумори фавтидагон бар асари сӯхтор дар Маскавро муайян месозад

0


Душанбе. 14-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Сафорати Тоҷикистон дар Русия шумораи фавтидагон бар асари сӯхтор дар Маскавро, ки чанде қабл дар кӯчаи Приволнии ин шаҳр рух дод, муайян месозад.




Тавре роҳбари департаменти иттилооти вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ Давлат Назриев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, шоми дирӯз намояндагони сафорат ба ҷои сӯхтор омаданд, то бо ҳодиса аз наздик расидагӣ намоянд.



«Мувофиқи маълумоти пешакӣ, бар асари сӯхтор 7 шаҳрванди Тоҷикистон фавтидаанд», – гуфт ӯ ва афзуд, ки иттилоъи мазкур боз санҷида хоҳад шуд.



Дар ҳамин ҳол, радиои Озодӣ хабар медиҳад, ки сафорати Тоҷикистон дар Русия ҳалокати 7 нафар шаҳрванди Тоҷикистон дар як сӯхтор дар Маскавро тасдиқ кардааст ва фоҷеаи зуҳри рӯзи 13-уми январ дар як мошинхонаи зеризаминӣ дар минтақаи ҷанубу шарқии Маскав рух додааст ва ҳувияти ҳалокшудагон маълум аст.



Намояндагони сафорати Тоҷикистон дар маҳалли фоҷеа ба таҳқиқи ҳодиса машғул ҳастанд ва сафорат барои фиристодани ҷанозаи ҳалокшудагон ба ватан омодагӣ мегирад.

 



Реклама на asia+

Соли ҷорӣ Амрико барои рушди демократия дар Тоҷикистон 27,5 млн. $ ҷудо мекунад

0



           

Душанбе. 13-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзномаи «Деловая неделя» (Қазоқистон) иттилоъ медиҳад, ки соли ҷорӣ Амрико барои рушди демократия дар Тоҷикистон 27,5 млн. $ ҷудо мекунад.





           

Тибқи иттилои нашрия, дар ин самт Амрико ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ дар маҷмӯъ 2,2 млрд $ ихтисос медиҳад, ки қариб нисфи он – 1,05 млрд. $ барои Афғонистон пешбинӣ шудааст. Миёни кишварҳои собиқ шӯравӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба Қирғизистон – 28,6, Қазоқистон – қариб 19, Туркманистон – 9,5 ва Ӯзбекистон – 8 млн. $ маблағҳо ҷудо карда мешаванд.




           

Дар иттилои нашрия гуфта мешавад, ки маблағи нисбатан камтар ҷудогардида ба Ӯзбекистону Туркманистонро намояндагони департаменти давлатии Амрико бо он маънидод мекунанд, ки фаъолияти созмонҳои ғайриҳукуматии Амрико дар ин кишварҳо ба мушкилот мувоҷеҳ аст ва ҳукуматҳои давлатҳои мазкур ба ҳама гуна кӯмаки Амрико бо шубҳа менигаранд.




           

Амрико ба кишварҳои дигари собиқи шӯравӣ барои рушди демократия ва ниҳодҳои дигари ҷомеаи шаҳрвандӣ дар соли 2009 ба миқдори зайл кӯмак ҷудо намудааст: ба Украина – 86,5, , Гурҷистон- 67, Русия – 56,3, Арманистон 28, Озарбойҷон 24,7, Молдова – 17 ва Белорус – 10 млн. $.


Реклама на asia+

Вазири маориф: Аз сифати таълим дар макотиби миёна ва олӣ сарвари давлат ва вазорат қаноатманд нестанд

0


           Душанбе. 14-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Вазорати маорифи ҷумҳурӣ тасмим гирфтааст, то соли 2012 мувофиқи барномаи таълим ва нақшаи омӯзиш барои синфҳои 1-11-и макотиби таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ китобҳои дарсии нав нашр созад.




Вазири морифи ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Раҳмонов ба рӯзноманигорон гуфт, дар ҷаласаи ҳайати мушовараи вазорат дар ин хусус қарор қабул гардида, барои таҳияи китобҳои дарсӣ мувофиқи ҷаҳонбинӣ ва талаботи толибилми ҷаҳони муосир гурӯҳҳои корӣ таъсис дода мешаванд.



Ёдрас мекунем, ки тибқи маълумоти вазорати маорифи ҷумҳурӣ дар давраи солҳои 2007-2008 барои мактабҳои таҳсилоти умумии кишвар 37 номгӯи китобҳои дарсӣ бо шумораи умумии 3,5 млн нусха нашр гардидааст, ки барои чопи он беш аз 14 млн. сомонӣ маблағ масраф шудааст.



Дар масъалаи сифати таълим вазири маориф зикр кард, ки нисбат ба соли 2007 он каме беҳтар шуда, толибилмон ва донишҷӯён дар гирифтани донишҳои иловагӣ бештар ҳавасманд гаштаанд. «Вале то ҳанӯз аз сифати таълим дар макотиби таҳсилоти умумӣ ва олӣ сарвари давлат ва вазорати маориф қаноатманд нестанд ва он ба меъёрҳои давлатии таълим ҷавобгӯ нест», – таъкид сохт А.Раҳмонов.


Реклама на asia+

Миёни сарбозони тоҷик ҳодисаҳои даст ба худкушӣ задан зиёд мешаванд

0



           

Душанбе. 14-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Соли 2008 дар муқоиса бо соли пешин ҳодисаҳои даст ба худкушӣ задан миёни сарбозони тоҷик ба андозаи 30 дарсад афзоиш ёфтанд.





           

Сардодситони низомии ҷумҳурӣ Юсуф Раҳмонов изҳор дошт, ки соли 2008 миёни сарбозон 16 ҳодисаи худкушӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли пешин 5 ҳодиса бештар аст. Дар панҷ ҳолат сарбозро водор сохтаанд, маҷбуран даст ба худкушӣ занад.




           

Ю.Раҳмонов мегӯяд, сабаби асосии даст ба худкушӣ задани сарбозон дар он аст, ки аксари онҳо ба хизмати ҳарбӣ омода нестанд ё муносибатҳои оилавиашон хуб нест.




           

Мувофиқи маълумоти Додситонии кулли ҷумҳурӣ, соли гузашта шумораи умумии ҳодисаҳои даст ба худкушӣ задан ё кӯшиши содир намудани он 671 ҳодисаро (соли 2007 564 ҳодиса) ташкил медиҳад.


Реклама на asia+

Соли гузашта дар Тоҷикистон ба 8 ширкат барои истифодаи сарватҳо ва обҳои зеризаминӣ иҷозатнома дода шуд

0



        


 


 

Душанбе. 14-уми январ – Роҳбари сарраёсати геологияи


ҷ


умҳур


ӣ


Азим Иброҳим имр


ӯ


з дар


ҷ


араёни нишасти матбуот


ӣ


гуфт, ки мутахассисони

 

раёсат дар давоми соли гузашта ҳа


ҷ


ми захираи тиллоро дар як кони ба тозаг


ӣ


ёфташуда, захираи як кони ангишт, се ҳавзаи ашёи хоми семент, 9 ҳавзаи гили махсус ва 14 ҳавзаи шағалу регро ҳисоб карда, нақшаи азхудкунии онҳоро ба Комиссияи давлатии захираи сарватҳои табиии


ҷ


умҳур


ӣ


пешниҳод намуданд. Қайд гардид, ки, ки барои мавриди истифода қарор додани ин конҳо 18 корхонаи хурд ташкил карда шуд. Дар онҳо бештар аз 200 нафар кор хоҳад кард.





     


   


   

А. Иброҳим афзуд, ки

 

барои мавриди баҳрабардор


ӣ


қарор додани тиллои

 

кони Покр


ӯ


д лоиҳаи сохтмони корхонаи нави саноат


ӣ


тақрибан тартиб дода шудааст. Ширкати хори


ҷ


ии

 

«Крейслер

 

ресершес» ва

 



ҷ


амъияти саҳомии

 

«Покр


ӯ


д»

 

барои сохтмони корхонаи нав маблағ


ҷ


удо карданд. Таъкид шуд, ки дар кони мазкур захираи тилло хеле фаровон аст.




 

Азим Иброҳим афзуд, ки мувофиқи

 

дастури Ҳукумати


ҷ


умҳур


ӣ


дар давоми соли 2008 ба 8 ширкат барои истифодаи сарватҳои зеризамин


ӣ


37 и


ҷ


озатнома ва

 

барои истифодаи обҳои зеризамин


ӣ


14 и


ҷ


озатнома дода шуд. Мутахассисони раёсат бори аввал китоби дарсии

 

«Асосҳои фулузотшинос


ӣ


» – ро

 

барои дониш


ҷ


ӯ


ён ба забони то


ҷ


ик


ӣ


тар


ҷ


ума карданд. 50 нусхаи китоби мазкур ба факултаи геологияи Донишгоҳи милл


ӣ


т


ӯ


ҳфа карда шуд.




     


    


 

Дар раёсат моҳномаи соҳавии «Ган


ҷ


» таъсис дода шуд, ки

 

ба забонҳои то


ҷ


икию рус


ӣ


чоп мешавад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.


Реклама на asia+

Ҳ.Умаров: Агентии зиддифасод ба такмили фаъолият ниёз дорад

0


Душанбе. 14-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Иқтисодчии тоҷик, профессор Хоҷимуҳаммад Умаров дар мавриди шарҳи интиқоди додситони кулли ҷумҳурӣ аз фаъолияти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чунин ибрози ақида намуд, ки Агентии зиддифасод бояд фаъолияти худро такмил диҳад.




Ба гуфтаи ӯ, ҳодисаҳои коррупсияро на танҳо дар байни омӯзгорону табибон, балки мебояд миёни мансабдорон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷустуҷӯ намуд. «Дар ин самт соҳаҳои савдову тиҷорат, хоҷагии манзилию коммуналӣ, мақомоти тақсимоту таъминоти газ ва гумрук аз назорат берун мондаанд», – гуфт ӯ ва афзуд, ки кӯшишҳои кормандони агентӣ ҷиҳати кам кардани ҳодисаҳои коррупсия миёни табибон ҳеҷ натиҷае намедиҳанд, зеро «табобати ройгон» аллакай мавҷуд нест.



Ба ақидаи профессор, агентӣ бо ҷомеа робитаи зич надорад. Ӯ таъкид сохт, ки кормандони агентӣ бояд миёни мардум чорабиниҳо доир намоянд, зеро танҳо мардум метавонад ошкоро дар бораи мушкилоти ҷойдошта ҳарф занад. «Онҳо ҳатто бо коршиносони ин соҳа ҷиҳати гирифтани тавсияву пешниҳодот оид ба роҳҳои пурсамари мубориза бо ин падида машварат намекунанд», – афзуд Ҳ.Умаров.


Реклама на asia+

Дар Тоҷикистон Иттиҳодияи паррандапарварон таъсис дода мешавад

0


Душанбе. 13-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Сардори раёсати чорводор


ӣ


, паррандапарвар


ӣ


, моҳипарвар


ӣ


ва занб


ӯ


риасалпарварии Вазорати кишоварзии


ҷ


умҳур


ӣ


Музафар Мирзоев хабар дод, ки соли равон дар кишвар Иттиҳодияи паррандапарварон таъсис дода мешавад.




Ба гуфтаи ӯ, дар ин хусус моҳи декабри соли гузашта зимни баргузории конфронси байнулмилал


ӣ


дар Душанбе бо иштироки коршиносони Русияву Украина ва Эрон тавофуқ ҳосил гардида буд. «Дар доираи тавофуқи ҳосилшуда шурӯъ аз моҳи март дар 3-4 корхонаи паррандапарварии кишвар таҷҳизоти нави замонавӣ насб хоҳад гардид, зеро сарфи назар аз барқарор сохтани фаъолияти 20 корхонаи паррандапарварии аз собиқ шӯравӣ меросмонда, онҳо ба технологияву таҷҳизоти нав эҳтиёҷ доранд», – гуфт ӯ.

 




М.Мирзоев зикр кард, ки соли 2008 корхонаҳои паррандапарварии кишвар 71 млн. 928 дона тухм истеҳсол карданд, ки дар муқоиса бо соли пешин 35 млн. дона бештар аст.


Реклама на asia+

Соли гузашта дар Тоҷикистон беш аз 11 ҳазор ҷиноят ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба соли пешин 3,8 дарсад камтар аст

0



           

Душанбе. 14-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Соли 2008 дар Тоҷикистон беш аз 11 ҳазор ҷиноят ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба соли пешин 3,8 дарсад камтар аст.





           

Дар нишасти матбуотӣ додситони кулли ҷумҳурӣ Бобоҷон Бобохонов изҳор дошт, ки аз ҷиноёти содиршуда 302 ҳодиса ҷиноятҳои вазнин буда, он нисбат ба соли 2007 ба андозаи 1,4 дарсад коҳиш ёфтааст.




           

Тибқи маълумоти додситонии кулл, соли 2008 ҷиноёти марбут ба одамкушӣ ба андозаи – 23,4, ғоратгарӣ – 12, бо истифода аз силоҳи оташфишон – 45,5, ҷиноёти гурӯҳӣ – 46 ва ҷиноёти содиршуда аз ҷониби ноболиғон – 18 дарсад камтар шудааст.




           

Додситони кулл қайд кард, ки соли гузашта дар қаламрави ҷумҳурӣ аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ 25 ҷиноят содир шудааст, ки он асосан ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир марбут аст.



Дар ҳамин ҳол, шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷи кишвар 244 ҷиноят содир намудаанд, ки аксари он ба Русия рост меояд.




           

Б.Бобохонов таъкид сохт, ки тавассути нзорати умумӣ аз ҷониби сохторҳои Додситонии кулл беш аз 137 млн. сомонӣ зарар ҷуброн карда шудааст, ки 91,255 млн. сомонии он ба буҷаи давлатӣ равона гардидаанд.


Реклама на asia+

Интиқоди додситон нисбат ба фаъолияти агентии зиддифасод бозгӯи мухолифати манфиатҳо миёни сохторҳо аст, – назари коршинос

0


Душанбе. 14-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Раиси Ассотсиатсияи сиёсатшиносони Тоҷикистон Абдуғанӣ Мамадазимов дар мавриди шарҳи интиқоди додситонии кулли ҷумҳурӣ Бобоҷон Бобохонов аз фаъолияти ғайриқаноатбахши агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ мегӯяд, ин бозгӯи он аст, ки миёни ду сохтор мухолифати манфиатҳо вуҷуд дорад.




Ба гуфтаи ӯ, аз рӯзҳои аввали таъсиси агентӣ ваколатҳои раёсати сохтори марбути додситонии кулл ба ин агентӣ дода шуданд ва аз ҳамон замон «мухолифати пинҳонии ду мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ шурӯъ шуд».



Сиёсатшинос мегӯяд, ки дар додситонии кулл шӯъбаи махсусе амал мекунад, ки аз болои фаъолияти агентии зиддифасод назорат мебарад.



Ғайр аз ин, А.Мамадазимов чунин мешуморад, ки шояд рақобат миёни сохторҳо ба тағйироти кадрҳои роҳбарикунанда дар ҷаласаи ҷамъбастии ҳукуматӣ дар таърихи 15-уми январ марбут бошад. «Ба таъбири дигар, интиқоди садодода маънои онро дорад, ки миёни ду сохтори давлатӣ барои пешрав будан дар мубориза бо коррупсия рақобати пинҳонӣ вуҷуд дорад», – афзуд сиёсатшинос.


Реклама на asia+

Комисияи Аврупо соли 2009-ро соли эҷодиёт ва навовариҳо эълон кард

0



           

Душанбе. 13-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Комиссияи Аврупо таҳти раёсати Чехия


соли 2009-ро соли эҷодиёт ва навовариҳо эълон кард.





           

Тавре аз намояндагии Комиссияи Аврупо дар Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ҳадаф аз иқдоми мазкур – рушди тарзҳои ҷадиди фаъолият дар бахшҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа буда, он ҷиҳати кӯмак барои омода будани Комиссияи Аврупо дар муқобили таҳдидҳои ҷаҳонишавӣ сурат мегирад. Зикр гардид, дар як маросим дар Прага президенти Комиссияи Аврупо Жозе Мануэл Баррозо ва нахуствазири Чехия Мирек Тополанек дар ин хусус изҳорот намудаанд.




           

Ба иттилои манбаъ, дар нишасти матбуотии минбаъда оид ба рушди навовариҳо дар Аврупо ҳисобот пешниҳод гардида, таъкид гаштааст, ки сармоягузориҳо ба соҳаи маориф ва зуҳури ақидаронии навоварона бояд дар маркази тавваҷҷӯҳи ҳукуматҳои кишварҳо қарор дошта бошанд.




Реклама на asia+