Раиси шаҳри Душанбе фаъолияти комиссияҳои шаҳрию ноҳиявиро оид ба риояи танзими расму оинҳо ғайриқаноатбахш арзёбӣ кард

0


Душанбе. 30-юми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи васеи кории шаҳрдорӣ бо иштироки муовинони Раиси шаҳр, раисони ноҳияҳо, сохторҳои марбутаи шаҳрӣ ва раисони шӯрои шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт баргузор гардид.





           

Дар ҷаласа бо истифода аз потенсиали аҳли ҷамоатчигии пойтахт дар робита ба иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе № 553 аз 31-уми октябри соли 2008 «Дар бораи омодагӣ ба ҷашни 20-солагии истиқлолияти

  

давлатии

 

Ҷумҳурии

  

Тоҷикистон», ки тибқи он баҳри омодагиҳои арзанда маъракаи 900-рӯзи ободонӣ дар қаламрави шаҳр эълон гардида, бо қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз 25-уми декабри соли 2008 солҳои 2009-2011 идомаи Соли ташаббусҳои созанда ва масъулияти шаҳрвандӣ муқаррар шудааст, даъват ба миён овард, ки нақшаи кори ҳар субъекти дар қаламрави шаҳр фаъолияткунанда ва раисони шӯрои шаҳраку маҳаллаҳо мушаххас карда шавад.




           

Бобати тақвияти нақши институти ҷамъиятӣ оид ба баланд бардоштани сатҳи риояи фарҳанги шаҳрдорию шаҳрнишинии сокинони пойтахт муқаррар карда шуд, ки моҳҳои январ, феврал ва март интихоботи озоду кушоди раисони шӯрои шаҳраку маҳаллаҳо доир карда шавад.




           

Ҳамзамон, Маҳмадсаид Убайдуллоев бо дахли масоили

 

риояи қонунгузории кишвар оид ба танзими расму оинҳо фаъолияти комиссияҳои марбутаи шаҳрию ноҳиявиро ғайриқаноатбахш арзёбӣ карда, ба сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва раисони шӯрои шаҳраку маҳаллаҳо дастур дод, ки ҷиҳати камхарҷии маъракаҳои расму оинӣ назоратро пурзӯр намоянд.




          

Дар ҷаласа вобаста ба таҷлили сазовори Соли нави мелодӣ ва таъмини иҷрои нақшаҳои дахлдори шаҳрдорӣ дар ин самт ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр дастур гардид, ки дар мавзеъҳои баргузории чорабиниҳои марбута баҳри таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти иштирокдорон тамоми чораҳои заруриро аз рӯи вазифаҳои таъинотӣ пиёда созанд ва аз меҳмонону сокинони шаҳр даъват ба миён оварда шуд, ки дар чорабиниҳои идона бо дарки масъулият ва риояи одоби баланди шаҳрвандӣ ширкат варзанд.




          

Муовинони Раиси шаҳр ва раисони ноҳияҳои пойтахтро муваззаф сохт, ки дар арафаи Соли нав иҷроиши Қарори дахлдори Раиси шаҳрро, ки бо мақсади дастгирии моддии иштирокчиёни ҶБВ, хона-интернатҳои пиронсолон, мактаб-интернатҳо, хонаи кӯдакон, муаассисаҳои иҷтимоии шаҳр, оилаҳои камбизоат ва оилаҳое, ки дар онҳо аз ду нафар зиёд маъюбон зиндагӣ мекунанд, қабул гардида, ба ҳар кадоми онҳо, ки дар маҷмӯъ 550 нафарро ташкил медиҳанд, расонидани кӯмакпулии якдафъинаро ба маблағи 160 сомонӣ таъмин созанд.




             

Дар фарҷоми ҷаласа Маҳмадсаид Убайдуллоев дар симои раисони шӯрои шаҳраку маҳаллаҳо тамоми душанбегиён ва масъулину фаъолони шаҳрро бо фарорасии Соли нав сидқан шодбош гуфта, дар иҷрои нақшаҳои созанда дар соли 2009, ки баҳри ободии пойтахт нигаронида шудаанд, муваффақиятҳо орзу кард. Дар ин бора сухангӯи раиси шаҳр Шавкат Саидов хабар дод.


Реклама на asia+

Ҳукумат нақшаи чорабиниҳо барои се солро тасдиқ кард

0



           

Душанбе. 30-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат

 

Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт, ки дар кори он беш аз 50 масъала баррасӣ шуд.




Дар ҷаласа Нақшаи чорабиниҳо оид ба таҷлили 20-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати Кумитаи тадорукоти ин ҷашни пурифтихор тасдиқ карда шуд.



Нақшаи таҷлили 20-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон қариб 90 чорабинии фарҳангӣ ва илмию маърифатии оммавӣ ва албатта корҳои бузурги созандагию бунёдкориро, ки ба ҳукми анъанаи наку даромадаанд, дар бар мегирад.



Сохтмон ва ба истифода додани биноҳои нави Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва

 

Чойхонаи миллии Тоҷикистон, ба итмом расондани сохтмон ва таҷдиди роҳҳои мошингарди Душанбе – Хуҷанд – Чанок, Душанбе-Рашт-Ҷиргатол-сарҳади Қирғизистон, Кӯлоб-Қалъаи Хумб, Қурғонтеппа – Дӯстӣ – Панҷи Поён ва нақбҳои Шаҳристону Шаршар, бунёди роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон,

 

як нерӯгоҳи миёнаиқтидор ва 43 нерӯгоҳи хурди обӣ, анҷом додани таҷдиди 4 агрегати нерӯгоҳи обии Норак, сохтмони хатти 500 киловолтаи интиқоли нерӯи барқи «Ҷануб-Шимол» ва зеристгоҳи 500-киловолтаи Душанбе, хатти 220-киловолтаи «Тоҷикистон-Афғонистон», сохтмони як силсила корхонаҳои коркарди нахи пахта дар ноҳияҳои гуногуни кишвар, барқарор ва пурра ба кор даровардани корхонаи азими Тоҷикхимпром дар ноҳияи Ёвон, сохтмон ва ба кор даровардани корхонаи нави кабелбарории шаҳри Душанбе, таъсиси филиалҳои Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов, Донишгоҳи энергетикии Маскав ва Донишгоҳи техникии Харков дар шаҳри Душанбе, таъсис додани Маркази таълимии «Чароғи ҳидоят» барои духтарони ятим,

 

сохтмони садҳо иншооти нави соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва варзишу туризм, барқарор намудани як силсила қалъаю кушк ва дигар мавзеъҳои тарихӣ ва аз худ намудани ҳазорҳо гектар заминҳои нав дар шаҳру ноҳияҳои гуногун аз ҷумлаи силсилаи тадбирҳои бузургҳаҷми созандагию бунёдкорианд, ки

  

дар чаҳорчӯби чорабиниҳои «900 рӯзи ободонӣ» амалӣ хоҳанд шуд. Таҷлили 100-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон – шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода, омода ва чоп кардани Энсиклопедияи Миллии Тоҷик ва ҷилди якуми китоби 6-ҷилдаи Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ, ташкил ва гузарондани анҷумани навбатии тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон ва доир намудани ҷамъомадҳои тантанавӣ, намоишҳои театрӣ, семинару конфронс, озмуну фестивал ва маҳфилҳои илмию адабӣ аз ҷумлаи чорабиниҳои сершумори фарҳангии бахшида ба таҷлили 20-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон хоҳанд буд, ки ба тарбияи маънавии аҳли ҷомеа ва баланд бардоштани ҳисси ифтихору сарфарозии онҳо аз таъриху фарҳанги пурғановат ва давлатдории миллии тоҷикон равона мегарданд.



Лоиҳаи

 

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

«Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» дар таҳияи нав маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд. Тибқи нишондодҳои қонуни нав низоми таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ба ҳадди беш аз 50 дар сад тағйир меёбад.



Консепсияи ҳифзи муҳити зист дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.



Илтимосномаи маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Тавилдара оид ба таъсис додани деҳоти Вахиё ва илтимосномаи маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рӯдакӣ дар бораи таъсис додани шаҳраки Мирзо Турсунзода дастгирӣ ёфта, барои баррасӣ ба Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуданд.



Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои субъектҳои соҳибкории хурду миёна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид. Мутобиқи талаботи ин қонун амали муқаррароти кодексҳои андоз ва гумрук ва

 

қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор»,

 

«Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ» ва

 

«Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия» вобаста ба санҷишҳои

  

фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна то 29 июли соли 2010 боз дошта мешавад. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.


Реклама на asia+

Вазорати умури дохилӣ фарзандони кормандони ҳалокшударо қадр мекунад

0


Душанбе. 29-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар театри давлатии академии ба номи Лоҳутӣ барои 300 нафар фарзандони кормандони Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ки ҳангоми адои хизмат ба ҳалокат расидаанд, арчаи солинавӣ баргузор карда шуд.




Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии мамлакат хабар доданд, дар чорабинии солинавӣ вохӯрии кӯдакон бо Бобои Барфӣ ва Барфак ташкил гардида, дастурхони идона ороста шуд ва ба ҳамаи иштирокчиёни хурдсол тӯҳфаҳои солинавӣ тақдим гардид.

 




Бино ба маълумоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, алъон дар ҷумҳурӣ 550 нафар кӯдаконе ба сар мебаранд, ки волидонашон ҳангоми адои хизмат дар сафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳалокат расидаанд. Аз соли 1990 ба ин сӯ ҳангоми иҷрои вазоифи хидматӣ наздики 2 ҳазор корманди милиса ҷони худро аз даст додааст.


Реклама на asia+

Сафири Тоҷикистон дар Афғонистон бо муовини раиси ҶИА масъалаи бунёди хатти роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Эронро баррасӣ кард

0


Душанбе. 29-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» –

 

Рӯзи гузашта дар шаҳри Кобул мулоқоти муовини раиси Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Карим Халилӣ бо сафири фавқулъодда ва мухтори Тоҷикистон дар Афғонистон – Шарофиддин Имомов доир гардид.




Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз вазорати умумри хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар ҷараёни вохӯрӣ мусоҳибон масоили ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳоти мухталиф, аз ҷумла тиҷориву иқтисодӣ баррасӣ намуданд.



Дар мулоқот таваҷҷӯҳи махсус ба тарҳи бунёди хатти нави роҳи оҳани Афғонистон – Тоҷикистон – Эрон дода шуд. Ёдовар мешавем, масъалаи сохтмони роҳи оҳан, ки ин се кишвари форсизабонро бо ҳам пайванд хоҳад кард, инак ду сол мешавад, ки аз мавзӯъҳои асосии гуфтугӯҳои мақомоти кишварҳо ба ҳисоб меравад.


Реклама на asia+

Боз 7 муассисаи тиббии Тоҷикистон соҳиби гувоҳномаи байналмилалии «Беморхонаи муносибати некбинона нисбати атфол» гардиданд

0


Душанбе. 29-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Боз 7 муассисаи тиббии Тоҷикистон соҳиби гувоҳномаи байналмилалии «Беморхонаи муносибати некбинона нисбати атфол»» гардиданд.




Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати тандурустии кишвар хабар доданд, соли ҷорӣ бемористонҳои марказии ноҳияҳои Ёвон, Шаҳритӯс, Восеъ ва Данғараи вилояти Хатлон, инчунин беморхонаҳои марказии навоҳии Шаҳристону Ғончӣ ва шаҳри Табошари вилояти Суғд ба гирифтани ин сертификат муваффақ шуданд. Ба қавли манбаъ, моҳи декабри соли равон ба бемористонҳои марказии ноҳияҳои Рӯдакӣ, Спитамен, Ваҳдат барои дуввумин бор тасдиқномаи байналмилалии «Беморхонаи муносибати некбинона нисбати атфол» супорида шуд.



«Феълан 37 бемористони ҷумҳурӣ дорои чунин сертификати ҷаҳонӣ мебошанд», – гуфт манбаъ. Тибқи маълумоти Вазорати беҳдошти мамлакат, соли ҷорӣ дар саросари Тоҷикистон расман 170 ҳазор тифли навзод ба қайд гирифта шудааст.


Реклама на asia+

Шумори қурбониёни зарбаҳои Исроил то 310 нафар расид

0





           

Душанбе. 29-уми декабр – Намояндаи Вазорати тандурустии Фаластин Муавия Ҳасанен ба хабаргузории РИА «Новости» изҳор доштааст, ки шумори қурбониёни зарбаҳои Исроил то 310 нафар расидааст.





           

Ба гуфтаи ӯ, шумораи захмиён 1430 нафарро ташкил дода, беш аз 100 нафари онҳо дар ҳолати вазнин қарор доранд. Шаби гузашта ҳавопаймоҳои Исроил дар давоми як шабонарӯз ба минтақаҳои гуногуни воҳаи Ғаззаҳ тақрибан 25 маротиба ҳамла оварданд.

 





           

Онҳо дафъаи охир ба бинои маъмурияти созмон, маркази ҳарорату барқидиҳанда ва масҷид бомба партофтанд. Мақомоти Исроил хабар медиҳанд, ки

 

ҳадафи амалиёт дар воҳаи Ғаззаҳ пешгирии

 

паррондани гулӯлаҳои реактивӣ аз ҷониби силоҳбадастони фаластинӣ ба қаламрави мамлакат мебошад. Вазири мудофиаи Исроил Эхуд Барак 27 декабр ба хабарнигорон гуфт, ки

 

дар мавриди зарурат қисмҳои ҳарбӣ

 

ба воҳаи Ғаззаҳ дохил карда мешаванд.



Рузи якшанбе Исроил 6 ҳазор нафар афроди қобили хидматро, ки захира ё резервист дониста мешуданд, ба аскарӣ ҷалб кард.



Эҳуд Борак-вазири дифоъи Исроил гуфт, агар ҳамлаҳои мушакӣ аз хоки Фаластин хотима наёбад, амалиёти заминиро оғоз хоҳад кард.


Реклама на asia+

Дар Тоҷикистон заминларзаи навбатӣ ба қайд гирифта шуд

0


Душанбе. 29-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Субҳи имрӯз соати 8-у 37 дақиқа ба вақти маҳаллӣ дар ҷумҳурӣ заминларза ба амал омад.




Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази зилзиласанҷии шаҳри Душанбе хабар доданд, шиддати заминларза дар Душанбе ба 3-4 дараҷаи ҷадвали Рихтер баробар будааст.



Ба гуфтаи манбаъ, қувваи зилзила дар маркази он, ки дар 272 километрии ҷанубу шарқи Душанбе, дар ҳудуди Афғонистон воқеъ буд, ба 5 дараҷа баробар будааст. Оид ба талафоти ҷониву молӣ маълумоте дода нашудааст.

  



Реклама на asia+

Тоҷикистону Куриё ҳамкориҳоро густариш медиҳанд

0


Душанбе. 29-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Масоили рушди ҳамкориҳои минбаъдаи тиҷориву-иқтисодӣ миёни Тоҷикистону Ҷумҳурии Куриё зимни мулоқоти Раиси палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид бо кордори сафорати Ҷумҳурии Куриё дар Тоҷикистон Ким Хинг Су баррасӣ гардид.




Дар ҷараёни мулоқот раиси палатаи савдо ва саноати мамлакат ба ҳамсӯҳбаташ пешниҳод намуд, ки барои боз ҳам густаришу таҳким бахшидани муносибатҳои иқтисодӣ миёни кишварҳо дар Душанбе намоишгоҳи молу маҳсулоти Ҷумҳурии Куриё ва вохӯрии соҳибкорони ду кишварро ташкил намояд.




 

Дар рафти сӯҳбат ҳамчунин масъалаи тайёр намудани мутахассисони бахши соҳибкории Тоҷикистон бо кӯмаку дастгирии коршиносони куриёӣ баррасӣ гардид.


Реклама на asia+

Ҷинояткор ба Тоҷикистон истирдод мешавад

0


Душанбе. 29-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Шаҳрванди Тоҷикистон Анварҷон Қаюмови 41-сола, сокини шаҳри Исфара, ки барои содир намудани як қатор ҷинояти вазнин дар ҳудуди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, аз тарафи мақомоти интизомии ин кишвар боздошт гардидааст, ба дасти мақомоти амниятии Тоҷикистон супорида мешавад.




Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Кумитаи давлатии амнияти миллии кишвар хабар доданд, мувофиқа дар бораи таслими Қаюмов ба Тоҷикистон моҳи ноябри соли равон дар ҷараёни мулоқоти кормандони мақомоти амниятии ду кишвар ҳосил шуд. Гуфта мешавад, ки Анварҷон Қаюмов сарварии созмони ғайриқонунии


Ҷ


унбиши Исломии


Ӯ


збакистон-Туркистонро дар ноҳияи Исфара бар ӯҳда доштааст.



Ба гуфтаи манбаъ, мақомоти амниятии тоҷик имрӯз ба ҳамтоёни афғони худ, рӯйхати ному насаби афродеро аз ҷумлаи шаҳрвандони Тоҷикистон медиҳанд, ки дар содир намудани ҷиноятҳои вазнин, аз ҷумла куштору қочоқи маводи мухаддир гумонбар дониста мешаванд. Хотиррасон мекунем 24-уми декабри соли равон дар Душанбе Протоколи мубодилаи тасдиқномаҳо оид ба Созишнома байни


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон ва


Ҷ


умҳурии Исломии Афғонистон дар бораи таслими маҳкумшудагон барои адои минбаъдаи


ҷ


азо ба имзо расид.


Реклама на asia+

Дар арафаи Соли нав кормандони милиса ба тартиби пурзӯри фаъолият мегузаранд

0



           

Душанбе. 26-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Шурӯъ аз 29-уми декабр то 3-уми январ кормандони Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ ба тарзи фаъолияти пурзӯр гузаронида мешаванд.





           

Тавре аз Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ин ҷо сухан дар бораи ба «ҳолати казармавӣ» гузаштан нест. «Танҳо рӯзҳои ид дар макони баргузории чорабиниҳои солинавӣ ва дигар иншооти таъиноти гуногуни иҷтимоиву маишӣ ва давлатӣ шумори кормандон ва техника зиёд мегардад», – афзуд манбаъ.

 


 



Реклама на asia+