Вокуниши ВАО-и Тоҷикистон ба нотаи сафорати Русия

0



           

Душанбе. 25-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар робита ба нотаи сафорати Русия ба Тоҷикистон, ки дар он барои чопи «иттилооти таҳрифомез ва суханони носазо дар бораи раҳбарияти Русия ва сиёсати пешгирифтаи он» аз як қатор нашрияҳои тоҷикзабон интиқод гирифта мешуд, имрӯз дар нишасти матбуотӣ мақомоти раҳбарии рӯзномаҳои «СССР», «Нигоҳ», «Миллат» ва «Фараж» хабар доданд, ки изҳороти муштараке қабул карданд ва ба назари онҳо, дар нота ягон мисол ва истиноди мушаххас ҷой надорад, ки ба он такя шуда бошад





           

Нашрияҳои тоҷикӣ санадро «носанҷидаву ғайридипломатӣ ва каммаҳсул» арзёбӣ намуда, изҳор доштанд, ки он «намунаи гӯшношуниди рафтори ғайридипломатии» сафорати Русия дар тамоми муддати фаъолияташ дар Тоҷикистон мебошад.




           

Дар изҳорот махсусан таъкид мешавад, ки матни нота ба ҷуз Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, ба ҳамаи васоити ахбори умуми ҷумҳурӣ ва хориҷии муқими кишвар низ фиристода шудааст. «Соли равон вобаста ба чопи матолиб дар ВАО-и Тоҷикистон ба Вазорати умури хориҷӣ беш аз 10 нота ворид гардид, вале ҳеҷ кадоме аз онҳо дар васоити ахбори умум паҳн нагардидаааст», – гуфта мешавад дар изҳорот. Муҳаррирони ҳафтаномаҳо мегӯянд, гузашта аз ин, дар ягон нота дипломатҳо ба изҳороте чун «фиреби ҳадафмандонаи ҷомеаи тоҷик» роҳ надода буданд. Дар изҳорот ҳамчунин омадааст, ки омилҳои зикргардида гувоҳи онанд, ки нотаи сафорати Русия ба ҷуз «чорабинии намоишӣ» дар вазъи то ҳанӯз таъин нагаштани сафир чизи дигаре беш нест.




           

Дар идомаи изҳорот баён мегардад: «Мо муносиботи Тоҷикистону Русияро бидуни назардошти ақидаҳои сиёсӣ ва ҳадафи ҳукуматҳо дӯстонаву стратегӣ арзёбӣ менамоему хоҳем кард ва чунин дарки он дар муносибатҳои байнидавлатӣ омили афзалиятнок аст. Аммо дар ҳамин ҳол, мо ба унсурҳои таҳриккунанда ва адоватангези иттилооти ҷойдошта дар муносиботи кишварҳо таваҷҷӯҳ зоҳир месозем ва бечуну чаро дар ин самт Русия ва ВАО-и он афзалият доранд. Дар кадом сатҳ ҷой доштани назорати ВАО-и электронӣ аз ҷониби Русия ба ҳеҷ кас пӯшида нест. Мо умедворем, ки сафорати Русия ба масъалаи мазкур тавааҷҷӯҳ зоҳир намуда, хулосаҳои зарурӣ хоҳад баровард».




           

Ёдрас мекунем, ки дирӯз сафорати Русия дар Тоҷикистон унвонии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон номаи эътирозӣ ирсол намуд.



Дар нота, аз ҷумла гуфта шуда буд: «Ахиран дар васоити ахбори умуми Тоҷикистон ба масъалаи вазъи муҳоҷирини меҳнатии тоҷик дар қаламрави Русия таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир мегардад. Чун он бевосита ба манфиатҳои Русия дахл дорад, сафорат дар матбуот назари хешро оид ба ин масъала изҳор намуда, ба суолҳои рӯзноманигорон посух гуфта буд, вале чанде аз ВАО шарҳи моро таҳриф сохта, онро мувофиқи табъи худ тағйир додаанд. Бахусус, маводи чопшуда дар рӯзномаи «ФК-capital» бо шарҳи иғвоангез ва таҳқири раҳбарияти сафорат боиси нофаҳмии мо гардид».


Реклама на asia+

Имрӯз дар шаҳри Душанбе даври хотимавии озмуни овозхонони ҷавони ҷумҳурӣ баргузор мегардад

0


           Душанбе. 25-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Имр


ӯ


з дар шаҳри Душанбе даври хотимавии озмуни

 

овозхонони


ҷ


авони


ҷ


умҳур


ӣ


таҳти унвони «Ориён,

 

Сомониён, То


ҷ


икистон – 2008» баргузор мегардад.




Тавре бо истинод ба сарчашма аз Кумитаи

 

кор бо


ҷ


авонон, варзиш ва

 

сайёҳии

 

назди Ҳукумати


ҷ


умҳур


ӣ


АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, давраҳои интихобии озмун дар

 

ҳамаи минтақаҳои мамлакат гузаронида шуданд. Даври хотимави озмун то 27-уми декабр давом мекунад.


Дар озмун ҳамаи

 

овозхонони

 

эстрадии то 30- сола ширкат варзида метавонанд. Озмун

 

27уми декабр бо консерти

 

калон ан


ҷ


ом меёбад.


Реклама на asia+

Кишоварзони водии Ҳисор заминҳои киштро пурра аз ғӯзапоя тоза карданд

0



           

Душанбе. 25-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Хоҷагиҳои пахтакори ҷумҳурӣ ба суръати шудгор ва тайёр намудани заминҳои кишти пахта вусъат мебахшанд.





           

Тавре сардори хадамоти матбуоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ Нарзулло Додобоев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, аз нақшаи пешбинишудаи 237 ҳазор га дар масоҳати беш аз 154 ҳазор гектар заминҳои кишт корҳои аз ғӯзапоя тоза кардан ба анҷом расидаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18 ҳазор га бештар аст.




           

Ба иттилои манбаъ, аз ин миқдор заминҳои кишти пахта 67,4 ҳазор гектарро ташкил медиҳанд, ки ба 28,4 дарсади нақшаи пешбинишуда баробар аст ва дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта қариб ду баробар зиёдтар аст. «Дар мавсими имсола ба гузаронидани маҷмӯи корҳои агротехникӣ таваҷҷӯҳи бештаре зоҳир гардида, аллакай 1,5 ҳазор гектар замин бо нуриҳои минералӣ ғизо дода шуд», – гуфт манбаъ.




           

Мувофиқи маълумоти сарчашма, дар вилояти Суғд – 44 ҳазор (64,2 дарсад) ва Хатлон – 94,9 ҳазор (62,1 дарсад) гектар заминҳои кишт аз ғӯзапоя тоза карда шуданд. Дар ноҳияҳои тобеи марказ ин рақам 14,6 ҳазор гектарро ташкил дода, нақша пурра ба иҷро расидааст.


Реклама на asia+

Кӯлобиёни пасандоздошта дар «Тоҷиксодиротбонк» соҳиби мошини сабукрав мешаванд

0



           

Кӯлоб. 25-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Беш аз 150 нафар сокини Кӯлоб, ки дар шӯъбаи «Тоҷиксодиротбонк» пасандоз гузоштаанд, дар бозии лотереяи бонк бахшида ба Соли нав ширкат хоҳанд варзид ва ҷоизаи асосии он мошини сабукрав аст.





           

Тавре мудири шӯъбаи бонк Абдукарим Неъматов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, мувофиқи депозитҳои аҳолӣ дар бонк беш аз 4 млн. сомонӣ маблағ гузошта шудааст ва 150 нафар, ки депозиташон на камтар аз 5000 сомонӣ аст, дар бозии лотерея иштирок мекунанд.




           

Дар ҳамин ҳол, шӯъбаи «Тоҷиксодиротбонк» дар шаҳри Кӯлоб ба хадамоти кӯмаки иҷтимоии шаҳри Кӯлоб 2500 сомонӣ маблағ ҷудо кардааст. «Маблағи мазкур баҳри дастгирии қишри аз ҳама бештар осебпазири ҷомеа – пирони танҳову барҷомонда, нафақахӯрон ва маъюбон равона мегардад», – афзуд сарчашма.


Реклама на asia+

Шабонарӯзи гузашта кормандони милиса ҳудуди 5 кило маводи мухаддирро мусодира карданд

0



           

Душанбе. 25-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Шабонарӯзи гузашта кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ҳудуди 5 кило маводи мухаддирро мусодира карданд.





           

Тавре аз вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, зимни баргузории амалиёти махсус кормандони Раёсати мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ду нафар сокини 32-сола ва 21-солаи шаҳри Турсунзодаро боздошт намуданд. Зимни кофтуков аз сумкаи варзишии онҳо ба миқдори 2 кило маводи сахттаъсири ҳероин дарёфт ва мусодира карда шуд.




           

Ба иттилои манбаъ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон дар ноҳияи Ҳамадонӣ ҳангоми азназаргузаронии мошини шаҳрванди 59-сола аз сумкаи мусофири он, зани 30-сола ба миқдори 2,5 кило маводи афюн дарёфт ва мусодира карданд. «Ҳангоми кофтукови манзили зисти зан боз 620 грамми дигар чунин мавод дарёфт шуд», – афзуд манбаъ. Бо сабаби идомаи корҳои тафтишотӣ аз ифшои ному насаби боздоштшудагон худдорӣ карда шуд.


Реклама на asia+

Соли равон 105 шаҳрванди тоҷик аз қаламрави Қазоқистон хориҷ гардид

0



           




   

Душанбе. 25-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар зарфи 11 моҳи соли ҷорӣ 105 шаҳрванди тоҷик аз Қазоқистон ба ватан фиристода шуд. Дар ин бора бо истинод ба сардори Раёсати сиёсати муҳоҷирати департаменти умури дохилии шаҳри Алмаато Марат Кезембоев хабаргузории «Вечерний Алмаато» иттилоъ медиҳад.





           

Гуфта мешавад, ки аз оғози сол баҳри таъмини тартиботи ҷамъиятии муқараршуда аз ҷумҳурӣ 2281 нафар шаҳрванди кишварҳои дигар хориҷ карда шудаанд. Дар ҳамин давраи соли гузашта ин шумора ба 2178 нафар баробар будааст.




           

Тибқи иттилои манбаъ, миёни хориҷшудагон шаҳрвандони Ӯзбекистон – 1437 нафар ва Қирғизистон – 123 нафарро ташкил медиҳанд. Ҳамчунин 183 нафар шаҳрванди Чин ва 98 нафар шаҳрванди Туркия низ дар ин давра ба ватан бозпас фиристода шудаанд.


Реклама на asia+

ҲХДТ ва ҲНИТ номзадҳои худро ба интихоботи миёнадавраӣ ба парлумони ҷумҳурӣ пешниҳод карданд

0



           

Душанбе. 25-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз ду ҳизби сиёсии ҷумҳурӣ – Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ҳизби Наҳзати исломии Тоҷикистон номзадҳои худро барои интихоботи миёндавраии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ дар ҳавзаи интихоботии якмандатии рақами 4-и ноҳияи Синои пойтахт пешниҳод карданд.





           

Тавре муовини аввали раиси ҲХДТ Давлаталӣ Давлатзода ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дирӯз дар конфронси ноҳиявии ҳизбӣ номзадии ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, номзади улуми иқтисод, профессор Амир Катаев аз ҳизби мазкур тасдиқ гардид.




           

Ба гуфтаи сухангӯи ҲНИТ Ҳикматулло Сайфуллозода, аъзои ҳизб тасмим гирифтаанд, номзадии муовини раиси ташкилоти шаҳрии ҳизб – меъмори 31-сола Додихудо Абдуллоевро пешниҳод созанд. «Бинобар дахолати маъмурии ҳокимият мо қаблан дар интихоботи миёнадавраӣ ширкат намеварзидем, вале имрӯз, ки то интихоботи навбатии парлумонӣ каме зиёдтар аз як сол мӯҳлат боқӣ мондааст, мо қарор додем, бори дигар имконоти худ ва воқеияти баргузории интихоботи шаффофро дар ҷумҳурӣ ҷиддӣ бисанҷем», – гуфт ӯ.




           

Номбурда изҳор дошт, ки пешниҳоди номзади ҷавон бесабаб нест, зеро минбаъд ҲНИТ дар фаъолияти сиёсии худ ба кадрҳои ҷавон такя хоҳад кард.




           

Ёдрас мекунем, ки интихобои миёнадавраӣ ба ивази вакили хориҷшуда, аъзои ҲХДТ Каримҷон Қодиров, ки аввали ҳамин моҳ ба вазифаи ректори Донишгоҳи омӯзгории Кӯлоб таъин шуд, 8-уми феврали соли 2009 баргузор мешавад.


Реклама на asia+

Миёни Тоҷикистону Афғонистон оид ба бозпас додани маҳбусон протокол ба имзо расид

0


Душанбе. 25-уми декабр – Дирӯз маросими ба имзо расидани Протоколи мубодилаи тасдиқномаҳо оид ба Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар бораи бозпас додани маҳкумшудагон барои адои минбаъдаи ҷазо, баргузор гардид. Протоколро вазири корҳои хориҷии ҶТ Ҳамрохон Зарифӣ ва сафири ҶИА дар Тоҷикистон Сайид Муҳаммад Хайрхоҳ имзо карданд.




Ёдовар мешавем, ки Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар бораи бозпас додани маҳкумшудагон барои адои минбаъдаи ҷазо 27-уми июли соли 2006 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст.



Созишномаи мазкур аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20-уми июни соли 2008 ва аз ҷониби Вулуси Ҷиргаи Шӯрои Миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 24-уми сентябри соли 2008 тасдиқ шудааст.




  



Пас аз анҷоми маросими имзои Созишнома Ҳамрохон Зарифӣ зикр кард, ки Афғонистон барои мо кишвари дӯсту наздик аст ва ҳамаи иқдомҳо ҷиҳати рушди ин кишвар равона шудаанд. Сайид Муҳаммад Хайрхоҳ гуфт, ки Афғонистон бо Тоҷикистон на танҳо дар ин самт, ҳамзамон дар бахшҳои иқтисод, коммуникатсия ва илму маориф низ ҳамкории зич дорад. Ӯ тазаккур дод, ки имрӯз дар маҳбасхонаҳои Тоҷикистон қариб 228 нафар шаҳрвандони Афғонистон маҳбусанд.


Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.




Реклама на asia+

Муассисаҳои тиббии ҷумҳурӣ ба зимистонгузаронӣ омодаанд

0


     



 


          

Душанбе. 24-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Вазорати тандурустии


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон


ҷ


иҳати и


ҷ


рои қарори Ҳукумати


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва и


ҷ


тимоиёти


ҷ


умҳур


ӣ


барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2008-2009» ва оиди омодагии муассисаҳои табобатию профилактики


ҷ


умҳур


ӣ


ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2008-2009, як қатор корҳоро ба ан


ҷ


ом расонид.




 

          

Зикр бояд кард, ки


ҷ


иҳати тайёрии ҳама


ҷ


ониба ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2008-2009 дар муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои


ҷ


умҳур


ӣ


як қатор тадбирҳо то имр


ӯ


з амал


ӣ


шудаанд.



  

         

Тибқи маблағҳои дар соли 2008


ҷ


удошуда, нақшаи захира дар давраи омодаг


ӣ


ба фасли тирамоҳу зимистони солҳои 2008-2009 дар муассисаҳои табобатию профилактикии


ҷ


умҳур


ӣ


чунин мебошад, захираи ангишт 5110,5 тонна, дар асл 4895,6 тонна (95,8%), ҳезум


6955 м3

, дар асл

9215,5 м3

(132,3%), с


ӯ


зишвор


ӣ


185,5 тонна, дар асл 148,4 тонна (80%) захира карда шуд.



 

          

И


ҷ


ро нашудани нақшаи захираи ангишт дар он аст, ки дар ҳудуди ВМКБ нархи 1 тонна ангишт аз 400 сомон


ӣ


то 850 сомон


ӣ


расид. Аз ин сабаб ба


ҷ


ои ангишт ҳезум харидор


ӣ


шудааст. Нақшаи захира дар ВМКБ ангишт 1003,3 тонна, дар асл 575 тонна (57,3%), ҳезум 1220м3, дар асл 3420,5м3 (280,4%)-ро ташкил медиҳад, ки захираи ангишт ва ҳезум дар муассисаҳои соҳаи тандурустии вилоят коф


ӣ


буда, барои зимистонгузаронии солҳои 2008-2009 пурра таъмин карда метавонад.



   

       

Бояд қайд кард, ки нақшаи захираи с


ӯ


зишвор


ӣ


80% и


ҷ


ро гардид, захираи с


ӯ


зишвор


ӣ


ва мавод


ӣ


хуроквор


ӣ


ҳар моҳ тибқи маблағҳои


ҷ


удогардида харидор


ӣ


карда мешаванд.

   

    

  Ҳамаи беморхонаҳои марказии шаҳру ноҳияҳои


ҷ


умҳур


ӣ


дорои хати тозаи барқ, 3415 адад печкаи барқ


ӣ


ва 612 адад генераторҳои барқ


ӣ


буда, дар ҳолати қатъ гардидани қувваи барқ мавриди истифода қарор дода мешаванд. Дар қисми зиёди муассисаҳои соҳаи тандуруст


ӣ


корҳои шишабанд


ӣ


, таъмири капитал


ӣ


ва косметикии бинову иншоотҳо ва қубурҳои обгузар гузаронида шудааст.



   

 


    

Инчунин корҳои тайёр


ӣ


барои гузарондани фасли тирамоҳу зимистони солҳои 2008-2009 давом дошта, таҳти назорати доимии Вазорати тандуруст


ӣ


қарор дорад. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ хабар доданд.


Реклама на asia+

Нотаи Русия ба Тоҷикистон

0


Душанбе. 24-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз сафорати Русия дар Тоҷикистон унвонии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон номаи эътирозӣ ирсол намуд.




Дар нота, аз ҷумла гуфта мешавад: «Ахиран дар васоити ахбори умуми Тоҷикистон ба масъалаи вазъи муҳоҷирини меҳнатии тоҷик дар қаламрави Русия таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир мегардад. Чун он бевосита ба манфиатҳои Русия дахл дорад, сафорат дар матбуот назари хешро оид ба ин масъала изҳор намуда, ба суолҳои рӯзноманигорон посух гуфта буд, вале чанде аз ВАО шарҳи моро таҳриф сохта, оноо мувофиқи табъи худ тағйир додаанд. Бахусус, маводи чопшуда дар рӯзномаи «ФК-


capital


» бо шарҳи иғвоангез ва таҳқири раҳбарияти сафорат боиси нофаҳмии мо гардид».



Дар нота гуфта мешавад, ки як қатор нашрияҳои тоҷикӣ (СССР, «Нигоҳ», «Миллат», «Фараж») дар мақолаҳои худ бахшида ба масоили муҳоҷирати меҳнатӣ на танҳо ба иттилооти таҳрифшуда, балки ба гуфтори носазо дар бораи раҳбарияти Русия ва сиёсати он роҳ медиҳанд. Дар идомаи нота ҳамчунин гуфта шудааст: «Чунин падидаҳоро мо комилан номақбул мешуморем. Кӯшишоти ҷиноёти аз ҷониби як гурӯҳи ҷинояткорон содиршударо чун қисмате аз сиёсати пешгирифтаи раҳбарияти Русия ба қалам додан, ба ҷуз фиреби ҳадафмандонаи ҷоеаи тоҷикистониён, чизи дигаре нест. Нашрияҳои ҷудогонаи Тоҷикистон пайгирона талош меварзанд, симои Русияро чун душмани мардуми тоҷик муаррифӣ созанд, ки ин аслан мухолифи муносибатҳои дӯстонаи мардуми тоҷику рус аст».



«Мо умедворем, ки ҷиҳати доман паҳн накардани табъу нашри чунин мавод дар васоити ахбори умуми кишвар бидуни таъхир чораҳо андешида хоҳанд шуд», – қайд шудааст дар нота.

 



Реклама на asia+