Нотаи Русия ба Тоҷикистон

Душанбе. 24-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз сафорати Русия дар Тоҷикистон унвонии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон номаи эътирозӣ ирсол намуд. Дар нота, аз ҷумла гуфта мешавад: «Ахиран дар васоити ахбори умуми Тоҷикистон ба масъалаи вазъи муҳоҷирини меҳнатии тоҷик дар қаламрави Русия таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир мегардад. Чун он бевосита ба манфиатҳои Русия дахл дорад, сафорат дар […]

Виктория Наумова


Душанбе. 24-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз сафорати Русия дар Тоҷикистон унвонии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон номаи эътирозӣ ирсол намуд.




Дар нота, аз ҷумла гуфта мешавад: «Ахиран дар васоити ахбори умуми Тоҷикистон ба масъалаи вазъи муҳоҷирини меҳнатии тоҷик дар қаламрави Русия таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир мегардад. Чун он бевосита ба манфиатҳои Русия дахл дорад, сафорат дар матбуот назари хешро оид ба ин масъала изҳор намуда, ба суолҳои рӯзноманигорон посух гуфта буд, вале чанде аз ВАО шарҳи моро таҳриф сохта, оноо мувофиқи табъи худ тағйир додаанд. Бахусус, маводи чопшуда дар рӯзномаи «ФК-


capital


» бо шарҳи иғвоангез ва таҳқири раҳбарияти сафорат боиси нофаҳмии мо гардид».



Дар нота гуфта мешавад, ки як қатор нашрияҳои тоҷикӣ (СССР, «Нигоҳ», «Миллат», «Фараж») дар мақолаҳои худ бахшида ба масоили муҳоҷирати меҳнатӣ на танҳо ба иттилооти таҳрифшуда, балки ба гуфтори носазо дар бораи раҳбарияти Русия ва сиёсати он роҳ медиҳанд. Дар идомаи нота ҳамчунин гуфта шудааст: «Чунин падидаҳоро мо комилан номақбул мешуморем. Кӯшишоти ҷиноёти аз ҷониби як гурӯҳи ҷинояткорон содиршударо чун қисмате аз сиёсати пешгирифтаи раҳбарияти Русия ба қалам додан, ба ҷуз фиреби ҳадафмандонаи ҷоеаи тоҷикистониён, чизи дигаре нест. Нашрияҳои ҷудогонаи Тоҷикистон пайгирона талош меварзанд, симои Русияро чун душмани мардуми тоҷик муаррифӣ созанд, ки ин аслан мухолифи муносибатҳои дӯстонаи мардуми тоҷику рус аст».



«Мо умедворем, ки ҷиҳати доман паҳн накардани табъу нашри чунин мавод дар васоити ахбори умуми кишвар бидуни таъхир чораҳо андешида хоҳанд шуд», – қайд шудааст дар нота.

 



Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.