Китоби «Тоҷикон» аз нав чоп ва ба забони англисӣ тарҷумаву нашр карда мешавад

0


Душанбе. 24уми декабр – Имр


ӯ


з дар шаҳри Душанбе ба муносибати

 

сад солагии р


ӯ


зи таваллуди академик Бобо


ҷ


он Ғафуров ма


ҷ


лиси ботантана баргузор гардид. Президенти


ҷ


умҳур


ӣ


Эмомал


ӣ


Раҳмон

 

зимни суханрониаш дар ма


ҷ


лис ҳамаи ҳозиронро ба ин муносибат табрик намуд.




Сарвари давлат зикр кард, ки Бобо


ҷ


он Ғафуров дар пешрафти


ҷ


омеаи То


ҷ


икистон, равнақу риво


ҷ


и илму фарҳанги то


ҷ


ик ва рушди илми

 

шарқшиносии


ҷ


аҳон саҳми бузург гузошт. Эмомал


ӣ


Раҳмон дар бораи

 

хизматҳои калони олим дар назди халқу ватан сухан ронда, зикр кард, ки Бобо


ҷ


он Ғафуров дар т


ӯ


ли

 

умри худ танҳо ба таҳқиқу ом


ӯ


зиши таърихи

 

миллати

 

қадимаи то


ҷ


икон ва

 

давлатдории онҳо машғул шудааст. Б. Ғафуров

 

дар давоми фаъолияти

 

самарабахши илмии худ на танҳо таърихи мукаммали то


ҷ


иконро таълиф намуд, балки дар таҳлилу ом


ӯ


зиши таърихи бисёр халқҳои Машриқзамин нақши бузург гузошт. «Фаъолияти илмии

 

Б.Ғафуров, ки

 

бо ом


ӯ


зиши таъриху фарҳанги миллати то


ҷ


ик оғоз ёфта буд, тадри


ҷ


ан

 

вусъат ёфта, масъалаҳои гуногуни таърихи

 

миллатҳо ва халқҳои Шарқ , ҳаёту

 

э


ҷ


одиёти мутафаккирони бузурги Машриқзамин ва рушди илми шарқшиносиро фаро гирифт»,- гуфт сарвари давлат.




           

Президенти


ҷ


умҳур


ӣ


дар фар


ҷ


оми суханрониаш ба

 

мақомоти дахлдор супориш дод, ки

 

китоби

 

«То


ҷ


икон» – ро

 

то соли 2011 бо

 

теъдоди 50

 

ҳазор нусха аз нав чоп кунанд. Китоби мазкур ҳамчунин ба забони англис


ӣ


тар


ҷ


ума ва нашр карда мешавад. Ҳадафи ин иқдом дастраси хонандагони бештар гардонидани

 

китоби

 

«То


ҷ


икон »

 

мебошад. Ба Кумитаи давлатии телевизион ва радиои


ҷ


умҳур


ӣ


супориш дода шуд, ки

 

бахшида ба китобҳои

 

«То


ҷ


икон» – и Бобо


ҷ


он Ғафуров ва достони «Шоҳнома»- и Фирдавс


ӣ


барномаҳои

 

телевизион


ӣ


ва радио таҳия сохта, мазмуну мундари


ҷ


аи онҳо ба

 

тамошобинону шунавандагон ба таври

 

оммафаҳм шарҳу эзоҳ

 

дода шавад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.


Реклама на asia+

Дар арафаи Соли нави мелодӣ дар пойтахт як қатор иншоот мавриди истифода қарор мегирад

0



        



Душанбе. 24-уми декабр – Дар арафаи Соли Нави мелодии 2009 дар пойтахт 3 бинои 12-ошёнаи 65-ҳу


ҷ


радор ва як бинои 5-ошёнаи 60-ҳу


ҷ


радор воқеъ дар к


ӯ


чаи Навбаҳор, ду бинои 9-ошёнаи 80-ҳу


ҷ


радор дар к


ӯ


чаҳои Н.Қарабоев ва


Ҷ


ом


ӣ


, 2 бинои 5-ошёнаи истиқомат


ӣ


дар маҳаллаи Испечаки пойтахт ба истифода дода мешавад. Ҳамчунин, корҳои мустаҳкамкун


ӣ


ва таъмири асосии мактаби №54-и ноҳияи Сино, сохтмони корпуси иловагии мактаби №5-и ноҳияи Фирдавс


ӣ


ба ан


ҷ


ом расонида мешавад.




Инчунин, корҳои муҳандисию коммуникатсион


ӣ


, аз қабили таъмири хати берунаи обпартои қисми марказии шаҳраки 193-и маҳаллаи Ховарон, таъмири асосии Маркази саломатии №6, барқарорсозии дегхона ва низоми дохилии гармидиҳии Маркази саломатии шаҳр


ӣ


, гармидиҳии таваллудхонаи №3-и пойтахт,

 

барқарорсозии дегхонаи мактаби №75-и шаҳри Душанбе, азнавсозии хиёбони Ҳ. Шероз


ӣ


ва та


ҷ


диди баъзе қисмати роҳҳои пойтахт ан


ҷ


ом дода мешавад



.



Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.




  







 


Реклама на asia+

Тоҷикистонро ба рӯйхати давлатҳои худкомаи ҷаҳон шомил карданд

0



           

Душанбе. 24-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – То


ҷ


икистон дар қатори


Ӯ


збекистону Туркманистон ба р


ӯ


йхати давлатҳои худкома шомил гашт. Дар ин бора дар гузориши агентии Бритониё The Economist Intelligence Unit (EIU), ки рейтингҳои гуногун таҳия месозад, маълумот дода шудааст.





           

Дар гузориш низоми фаъолияти 167 кишвари дунё мавриди таҳлил қарор гирифта, кишварҳо шартан ба чаҳор қисмат ҷудо карда шуданд – кишварҳои беҳтарини демократӣ, демократияи номукаммал, сохторҳои гибридӣ ва сохторҳои худкома.




           

Ба гурӯҳи аввал Шветсия, Нидерланд, Исландия, Дания, Финландия, Швейтсария ва Люксембург дохил шуданд. Амрико дар ин рӯйхат дар мақоми 18-ум қарор дорад.




           

Қирғизистон, Русия, Арманистон, Гурҷистон, Покистон, Камбоҷа, Венесуэла ва Албания ба гурӯҳи сохтори сиёсии гибридӣ шомил шуданд.




           

Гуфта мешавад, ки арзишҳои демократӣ аз ҳама бештар дар кишварҳои гурӯҳи чаҳорум риоя намешавад. Ба ҷуз давлатҳои дар боло зикршудаи минтақаи Осиёи Марказӣ ба ин рӯйхат ҳамчунин Чин ва Кореяи Шимолӣ низ дохил шудаанд.


Реклама на asia+

Вазорати адлия манъи тағйири ному насаби шахсони доғи судӣ дошта ва мавриди пайгарди қонунӣ қарордоштаро пешниҳод дорад

0


Душанбе. 24-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ зимни муҳокимаи масъалаи ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи қайди асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ» муовини вазири адлияи ҷумҳурӣ Азизмат Имомов пешниҳод кард, ки тағйири ному насаби шахсони доғи судӣ дошта, мавриди пайгарди қонунӣ қарордошта ва депортатсияшуда манъ карда шавад.




«Чораи мазкур барои танзими раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ва таҳкими ҳамкории хадамоти дахлдори кишвар бо давлатҳои дигари ҷаҳон дар мавриди ҷустуҷӯ ва боздошти шахсони мавриди пайгарди қонунӣ қарордошта барои содир намудани ҷиноёт равона гардидаааст», – гуфт ӯ.



Намояндагони мардумӣ пешниҳоди мазкурро барои омӯзиши иловагӣ ва пешниҳоди хулоса ба кумитаҳо ва комиссияҳои палатаи поёнии парлумон ирсол намуданд.


Реклама на asia+

Раиси ИЖТ: Аксари рӯзномаҳои Тоҷикистон аз ҳисоби фурӯш фаъолият мекунанд

0


Душанбе. 24-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл бо ташаббуси рӯзномаи иҷтимоиву сиёсии «Ҷомеа» ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон таҳти унвони «Мустақилияти иқтисодӣ – омили асосии озодии матбуот» мизи мудаввар баргузор шуд.




Дар маърӯзаи худ омӯзгори шӯъбаи журналистикаи факултаи филологияи Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, коршиноси масоили марбут ба васоити ахбори умум Мирсаид Султонов изҳор дошт, ки ҳудуди 95 дарсади матбуоти тоҷик аз ҷиҳати иқтисодӣ мустақил нестанд. Ба шумули нашрияҳои худкифову фоидаовар ӯ рӯзномаҳои «Азия-Плюс», «Дайджест-пресс» ва «Рекламная газета»-ро номбар карда, таъкид сохт, ки ҳамаи рӯзномаҳои муваффақи Тоҷикистон ба забони русианд. «Ин ба он марбут аст, ки газетаҳои русӣ ба масъалаи касбият ва ҷой додани реклом бештар таваҷҷӯҳ медиҳанд», – гуфт ӯ.



Раиси ИЖТ Акбаралӣ Сатторов таъкид сохт, ки вазъи умумӣ дар соҳаи матбуоти тоҷик мушкил аст. «Аксари рӯзномаҳои Тоҷикистон аз ҳисоби фурӯш фаъолият мекунанд ва чунин вазъ дар таҷрибаи кунунии ҷаҳон хеле кам дучор меояд ва ман инро чун фидокории рӯзноманигорони тоҷик арзёбӣ менамоям», – изҳор дошт А.Сатторов.



Гузашта аз ин, А.Сатторов афзуд, ки нашрияҳои нокифои ҷумҳурӣ дар шароите фаъолият доранд, ки ҳатто бо пайдоиши мушкилоти начандон назаррасе метавонанд аз чоп бозмонанд.

 



Реклама на asia+

Консерни «ГАЗ»-и Русия ба Душанбе 20 автобус фиристод

0



           

Душанбе. 24-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл консерни «Гурӯҳи ГАЗ» миқдори нахустини авобусҳои навъи «ПАЗ»-ро, ки 20 ададро ташкил медиҳанд, ба шаҳри Душанбе фиристод.





           

Тавре хадамоти матбуоти консерн иттилоъ медиҳад, мақомоти шаҳрдории Душанбе ва консерни мазкур дар чаҳорчӯбаи нақшаи таҷдиди муассисаи нақлиёти мусофирбари пойтахт дар бораи харидории 150 автобус аз консерн тавофуқ ҳосил карда буданд ва 130 автобуси боқимонда моҳҳои январ-феврали соли оянда интиқол дода мешаванд.




           

Тибқи маълумоти манбаъ, маблағи қарордод ба 4 млн. $ баробар буда, нисфи автобусҳо бо газ ва нисфи дигараш бо сӯзишвории дизелӣ кор мекунанд.




           

Қобили зикр аст, ки то ин дам ба пойтахти Тоҷикистон беш аз 200 автобуси бузургҳаҷми навъи «ЛИАЗ – 5256» оварда шуда буданд.


Реклама на asia+

Дар Душанбе татбиқи Нақшаи миллии чорабиниҳо оид ба таъмини ҳифзи саломатии модарон дар давраи то соли 2014 –ро баррасӣ мекунанд

0


Душанбе. 23-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – 26 декабри соли


ҷ


ор


ӣ


Вазорати тандурустии


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон бо мақсади баррасии масъалаи механизми идора ва таъмини татбиқи Нақшаи миллии чорабиниҳо оид ба таъмини ҳифзи саломатии модарон дар


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон дар давраи то соли 2014, ки бо қарори Ҳукумати


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон аз 1 августи соли 2008 таҳти № 370 тасдиқ карда шудааст, Машварати милл


ӣ


гузаронида мешавад.




Чорабинии мазкур, дар мавз


ӯ


и «Татбиқи Нақшаи миллии чорабиниҳо оид ба таъмини ҳифзи саломатии модарон дар


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон дар давраи то соли 2014» мегузарад. Дар он масъулини вазорату кумитаҳо ва идораҳои дахлдор, инчунин ташкилотҳои к


ӯ


макрасон иштирок хоҳанд кард. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ хабар доданд.


Реклама на asia+

Масъалаи иҷозати ҳомиладоркунӣ бо роҳи сунъӣ мавриди баҳси шадиди намояндагони мардумӣ қарор гирифт

0


Душанбе. 23-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ масъалаи ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи қайди асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ» мавриди баҳси шадид ва тӯлонии намояндагони мардумӣ қарор гирифт.




Зимни пешниҳоди тағйиру иловаҳо ба қонуни мазкур муовини вазири адлияи ҷумҳурӣ Азизмат Имомов изҳор дошт, ки пас аз қабули он ва розигии хаттии зану шавҳар ба ҳомиладоркунии сунъии занон аз рӯи қонун иҷозат дода мешавад ва кӯдаки бадунёомада дар мақомоти қайди асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ сабт карда хоҳад шуд.



Дар суханронии худ намояндаи мардумӣ Муҳиддин Кабирӣ гуфт, дар ҳоле, ки беш аз 90 дарсади аҳолии ҷумҳуриро мусалмонон ташкил медиҳанд, ворид намудани чунин тағйирот қобили қабул нест. Ӯ зикр кард, ки тӯли асрҳо дар ҷомеаи мо анъанае роиҷ гаштааст, ки тибқи он ҳамсарони бефарзанд барои тарбия тифлони ятим ва кӯдакони хешу наздикони худро ба фарзандӣ қабул мекунанд. «Шояд танҳо дар сурати аз нутфаи ҳамсари худ ба таври сунъӣ ҳомиладор гаштани зан  қобили қабул бошад», – гуфт ӯ.



Раиси ҲНИТ таъкид сохт, ки намояндагони мардумӣ ҳангоми қабули қонунҳо бояд на танҳо меъёрҳои байнулмилалӣ, балки арзишҳо ва анъанаҳои миллиро низ бояд ба эътибор гиранд.



Раиси палатаи поёнии парлумон Сайдулло Хайруллоев қайд кард, ки тағйироту иловаҳои мазкурро бо назардошти арзишҳои миллӣ мебояд бори дигар дар кумитаҳо ва комиссияҳои парлумон мавриди баррасӣ қарор дод. Намояндагони мардумӣ оид ба мавқуф гузоштани баррасии масъалаи мазкур қарори дахлдор қабул карданд.


Реклама на asia+

Русия, Қазоқистон, Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи таъсиси Фонди зиддибӯҳронӣ ба маблағи $10 млрд. ба мувофиқа расиданд

0


Душанбе. 23-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Аз рӯи натиҷаҳои нишасти ғайрирасмӣ, ки миёни сарони кишварҳои Русия, Қазоқистон, Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон рӯзҳои 19-20-уми декабр дар Қазоқистон доир гашт, президентони ин кишварҳо оид ба таъсиси Фонди зиддибӯҳронӣ ба маблағи $10 млрд. тавофуқ ҳосил карданд.




Дар сомонаи хадамоти матбуоти президенти Қазоқистон гуфта мешавад, ки дар ҷараёни нишаст маҷмӯи васеи масоили ҳамкории минтақавӣ дар бахши амнияти дастаҷамъӣ ва ҳалли муштараки мушкилоти иқтисодӣ дар вазъи бӯҳрони молиявӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.



Дар нишасти сарони кишварҳо дар як қатор масоили дигар, аз қабили ташкили маркази муштараки технологияи навину пешрафта ва дар доираи СААД созмон додани гурӯҳи нерӯҳои зудамал баҳри таъмини амнияти кишварҳо низ тасмим гирифта шуд.



Бино ба иттилои манбаъ, дар нишасти қарибулвуқӯъ қабули асноди ташаккули заминаи ҳуқуқии тавофуқоти ҳосилшуда дар назар аст.


Реклама на asia+

Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ шаҳрвандонро аз хатари гирифторӣ ба бемории ботулизм огоҳ месозад

0



          

Душанбе. 23-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Шаҳрвандони


ҷ


умҳур


ӣ


дар арафаи фарорасии соли нави 2009-ум қарор доранд. Дар ин р


ӯ


зҳои ид аз ҳаргуна маҳсулотҳои х


ӯ


рока истифода мебаранд, аз он


ҷ


умла аз маҳсулотҳои консерваг


ӣ


, қаннодии дар хона тайёршуда.





    

    Аз ҳамин лиҳоз Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустии


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон, баҳри пешгирии бемории ботулизм ва дигар бемориҳои сироят


ӣ


аз шарвандон хоҳиш менамояд, ки аз истеъмоли ҳаргуна маҳсулотҳои пастсифати дар шароити хона тайёршуда худдор


ӣ


намоянд.


     

    Бояд қайд намуд, ки ботулизм бемории вазнини гур


ӯ


ҳи заҳролудшав


ӣ


аз маводи х


ӯ


рокаи табиати микроб


ӣ


дошта мебошад.


Реклама на asia+