Русия, Қазоқистон, Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи таъсиси Фонди зиддибӯҳронӣ ба маблағи $10 млрд. ба мувофиқа расиданд

Душанбе. 23-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Аз рӯи натиҷаҳои нишасти ғайрирасмӣ, ки миёни сарони кишварҳои Русия, Қазоқистон, Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон рӯзҳои 19-20-уми декабр дар Қазоқистон доир гашт, президентони ин кишварҳо оид ба таъсиси Фонди зиддибӯҳронӣ ба маблағи $10 млрд. тавофуқ ҳосил карданд. Дар сомонаи хадамоти матбуоти президенти Қазоқистон гуфта мешавад, ки дар ҷараёни нишаст […]

Виктория Наумова


Душанбе. 23-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Аз рӯи натиҷаҳои нишасти ғайрирасмӣ, ки миёни сарони кишварҳои Русия, Қазоқистон, Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон рӯзҳои 19-20-уми декабр дар Қазоқистон доир гашт, президентони ин кишварҳо оид ба таъсиси Фонди зиддибӯҳронӣ ба маблағи $10 млрд. тавофуқ ҳосил карданд.




Дар сомонаи хадамоти матбуоти президенти Қазоқистон гуфта мешавад, ки дар ҷараёни нишаст маҷмӯи васеи масоили ҳамкории минтақавӣ дар бахши амнияти дастаҷамъӣ ва ҳалли муштараки мушкилоти иқтисодӣ дар вазъи бӯҳрони молиявӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.



Дар нишасти сарони кишварҳо дар як қатор масоили дигар, аз қабили ташкили маркази муштараки технологияи навину пешрафта ва дар доираи СААД созмон додани гурӯҳи нерӯҳои зудамал баҳри таъмини амнияти кишварҳо низ тасмим гирифта шуд.



Бино ба иттилои манбаъ, дар нишасти қарибулвуқӯъ қабули асноди ташаккули заминаи ҳуқуқии тавофуқоти ҳосилшуда дар назар аст.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.