Масъалаи иҷозати ҳомиладоркунӣ бо роҳи сунъӣ мавриди баҳси шадиди намояндагони мардумӣ қарор гирифт

Душанбе. 23-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ масъалаи ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи қайди асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ» мавриди баҳси шадид ва тӯлонии намояндагони мардумӣ қарор гирифт. Зимни пешниҳоди тағйиру иловаҳо ба қонуни мазкур муовини вазири адлияи ҷумҳурӣ Азизмат Имомов изҳор дошт, […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 23-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ масъалаи ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи қайди асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ» мавриди баҳси шадид ва тӯлонии намояндагони мардумӣ қарор гирифт.




Зимни пешниҳоди тағйиру иловаҳо ба қонуни мазкур муовини вазири адлияи ҷумҳурӣ Азизмат Имомов изҳор дошт, ки пас аз қабули он ва розигии хаттии зану шавҳар ба ҳомиладоркунии сунъии занон аз рӯи қонун иҷозат дода мешавад ва кӯдаки бадунёомада дар мақомоти қайди асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ сабт карда хоҳад шуд.



Дар суханронии худ намояндаи мардумӣ Муҳиддин Кабирӣ гуфт, дар ҳоле, ки беш аз 90 дарсади аҳолии ҷумҳуриро мусалмонон ташкил медиҳанд, ворид намудани чунин тағйирот қобили қабул нест. Ӯ зикр кард, ки тӯли асрҳо дар ҷомеаи мо анъанае роиҷ гаштааст, ки тибқи он ҳамсарони бефарзанд барои тарбия тифлони ятим ва кӯдакони хешу наздикони худро ба фарзандӣ қабул мекунанд. «Шояд танҳо дар сурати аз нутфаи ҳамсари худ ба таври сунъӣ ҳомиладор гаштани зан  қобили қабул бошад», – гуфт ӯ.



Раиси ҲНИТ таъкид сохт, ки намояндагони мардумӣ ҳангоми қабули қонунҳо бояд на танҳо меъёрҳои байнулмилалӣ, балки арзишҳо ва анъанаҳои миллиро низ бояд ба эътибор гиранд.



Раиси палатаи поёнии парлумон Сайдулло Хайруллоев қайд кард, ки тағйироту иловаҳои мазкурро бо назардошти арзишҳои миллӣ мебояд бори дигар дар кумитаҳо ва комиссияҳои парлумон мавриди баррасӣ қарор дод. Намояндагони мардумӣ оид ба мавқуф гузоштани баррасии масъалаи мазкур қарори дахлдор қабул карданд.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.