«Тоҷикгаз»: Ӯзбекистон барои 1 ҳазор метри мукааб газ $300 талаб дорад, вале мо аз он қаноатманд нестем

0



           

Душанбе. 22-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз директори генералии КВД «Тоҷикгаз» Фатҳиддин Мӯҳсиддинов дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки таъминкунандаи асосии Тоҷикистон бо газ – Ӯзбекистони ҳамсоя нархи фурӯши газро барои соли 2009 ба андозаи 300 доллари амрикоӣ барои 1000 метри мукаааб муқаррар кардааст.





           

Ба гуфтаи ӯ, масъалаи мазкур феълан мавриди баррассии ҳукумати ҷумҳурӣ қарор доранд ва пас аз қабули қарори ниҳоӣ гуфтушунид дар бораи нарх бо ҷониби Ӯзбекистон идома хоҳад ёфт. «Албатта, ин арзиш моро қаноатманд намесозад ва чанде қабл зимни гуфтушунид мо аз Ӯзбекистон дархост кардем, ки нархи газ дар андозаи пештара, яъне $145 нигоҳ дошта шавад, вале онҳо розӣ нашуданд», – гуфт ӯ.



Ф.Муҳиддиновов, мегӯяд, «Тоҷикгаз» барои соли 2009 дар ҳаҷми 550 миллион метри мукааб газ аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон хариданист. «Дар соли 2008 ба ҷойи 1 миллиард метри мукааб гази тибқи созишнома пешбинишуда, ҳамагӣ 650 млн. метри мукааб газ то охири сол ба ҷумҳурӣ ворид карда мешавад», – афзуд директори генералии «Тоҷикгаз.




           

Қобили зикр аст, ки кишвари ҳамсоя ба Қирғизистон низ чунин нархро барои соли 2009 пешниҳод кардааст ва қирғизон низ умед бар он доранд, ки арзиши онро камтар намоянд.


Реклама на asia+

Ҷавонони афғон баҳри шиносоӣ бо фаъолияти созмонҳои ҳамсолони худ ба Тоҷикистон омаданд

0


Душанбе. 22-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Бо даъвати Кумитаи кор бо


ҷ


авонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон ҳайати Афғонистон таҳти роҳбарии муовини вазири фарҳанг ва иттилооти ин мамлакат барои боздиди кор


ӣ


ба Душанбе омад. Ҳадафи ташрифи меҳмонон шиносо


ӣ


бо фаъолияти Кумитаи кор бо


ҷ


авонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати


ҷ


умҳур


ӣ


ва муассисаҳои он мебошад. Ҳайати Афғонистон зимни сафар бо фаъолияти Маркази фарҳангии


ҷ


авонони «Ориёно» шинос гардида, барои боздид ба шаҳри Турсунзода хоҳад рафт.





            

Дар фар


ҷ


оми сафар имзои Меморандуми ҳамкории То


ҷ


икистону Афғонистон дар соҳаи кор бо


ҷ


авонон, варзиш ва сайёҳ


ӣ


пешбин


ӣ


карда мешавад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.


Реклама на asia+

Маркази барқу гармидиҳии Душанбе истеҳсоли гармиро ҳудуди 50 дарсад кам кард

0



           

Душанбе. 22-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Маркази барқу гармидиҳии Душанбе истеҳсоли гармиро қариб ним баробар кам кард.





           

Тавре сухангӯи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, тибқи нақшаи қаблан пешбинишуда, дар мавсими имсолаи гармидиҳӣ марказ ҳамарӯза бояд 164,5 гигакалорий гармӣ дар як соат истеҳсол мекард, вале айни замон истеҳсоли он ҳудуди 110 гигакалорийро ташкил медиҳад, ки он ба 52,1 дарсади нақшаи пешбинишуда дар як рӯз баробар аст.




           

Ба қавли ӯ, бинобар камбуди сӯзишворӣ дегхонаи «Ғарбӣ» умуман аз кор монда, истеҳсоли гармӣ дар дегхонаи «Шарқӣ» чандон назаррас нест. «Аз рӯи нақша ин дегхонаҳо ҳамарӯза бояд мутаносибан ба миқдори 50 ва 16 гигакалорий гармӣ дар як соат истеҳсол мекарданд», – гуфт ӯ.


Реклама на asia+

Коҳиши нархи содироти гази Ӯзбекистон ба ҷумҳуриро дар соли оянда набояд чашмдор шуд, – назари иқтисодчӣ

0


Душанбе. 22-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Иқтисодчии тоҷик Усмон Раҳмонов бар чунин назар аст, ки коҳиши нархи содироти гази Ӯзбекистон ба ҷумҳуриро дар соли оянда набояд чашмдор шуд, зеро ба қавли ӯ, дар Ӯзбекистон ба хубӣ медонанд, ки феълан Тоҷикистон қудрат надорад мустақилона бозори кишварро бо гази табиӣ таъмин созад ва ба ҷуз харидории гази Ӯзбекистон, дигар илоҷе надорад.




Номбурда мегӯяд, ҳамасола Тоҷикистон ба воридоти на камтар аз 500 млн. метри мукааб газ аз хориҷ ниёз дорад ва лӯлаи интиқоли газ аз дигар кишварҳо танҳо бо Ӯзбекистон мавҷуд аст. «Бо назардошти ин ҳолат, ҷониби Ӯзбекистон дар гуфтушунидҳо дар мавқеи хеш пойфишорӣ хоҳад кард», – гуфт ӯ.



Ёдрас мекунем, ки дар нимаи аввали моҳи ҷорӣ миёни Ӯзбекистону Тоҷикистон оид ба интиқоли гази табиӣ дар соли 2009

 

гуфтушунид оғоз гардид. Дар ҷараёни гуфтушунид ҷониби Тоҷикистон ҳайати Ӯзбекистонро ба он мутаваҷҷеҳ сохт, ки арзиши маводи сӯзишворӣ дар ҷаҳон тамоили пастравӣ дорад ва тибқи пешгӯиҳо, соли 2009 низ ин раванд идома хоҳад ёфт. Аз ин рӯ, аз Ӯзбекистон дархост карда шуда буд, ки бо назардошти ин ҳолат онҳо низ арзиши газро коҳиш диҳанд, вале то ҳанӯз ба дархости Тоҷикистон посухе гуфта нашудааст.

 




Қобили зикр аст, ки тибқи шартномаи кишварҳо Тоҷикистон соли 2006 аз Ӯзбекистон газро бо нархи $55, соли 2007 – $100 ва соли равон – $145 барои 1 ҳазор метри мукааб харидорӣ менамуд.


Реклама на asia+

Дар Кӯлоб миқдори хароҷоти обро таҳти назорати қатъӣ гирифтанд

0



           

Кӯлоб. 22-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар 74 корхонаи хусусиву муассисаҳои шаҳри Кӯлоб ҳисобкунакҳои об насб карда шуданд.





           

Тавре иҷрокунандаи вазифаи муовини аввали раиси шаҳр Пирмад Зарипов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, то оғози тобистони соли оянда чунин ҳисобкунакҳо дар тамоми нуқоти зарурии шаҳр гузошта хоҳанд шуд, зеро бидуни он назорати хароҷоти об ва пардохти воқеии маблағи истифодаи он ғайриимкон аст.




           

Номбурда мегӯяд, истгоҳҳои идораи обу корез дар як шабонарӯз нисбат ба талабот 50-60 дарсад зиёдтар об медиҳад, вале назорати он имконпазир нест ва ба иллати он аҳолӣ ва корхонаву муассисот ба маблағҳои зиёд қарздор мешаванд. «Чанде қабл бо дастгирии молиявии Бонки ҷаҳонӣ марҳилаи аввали лоиҳаи таҷдиди шоҳроҳи қубури об барои шаҳр ба маблағи $2 млн. амалӣ гардида,


8,5 км

қубурҳои оби нӯшокӣ иваз карда шуданд ва боз иваз намудани 70 қубури дигар дар назар аст», – афзуд ӯ.

 



Реклама на asia+

Тоҷикистон ба узвияти Бонки рушди АвруОсиё пазируфта шуд

0


Душанбе. 22-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Зимни сӯҳбати ихтисосӣ бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» раиси Бонки миллии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода изҳор дошт, ки Тоҷикистон ба узвияти Бонки рушди АвруОсиё пазируфта шудааст. «Соли ҷорӣ Тоҷикистон бо чунин дархост ба бонки мазкур муроҷиат карда буд», – мегӯяд ӯ.




Ба гуфтаи раиси БМТ, бо назардошти ҳавасамандии ҷонибҳо рӯзи 11-уми декабри соли ҷорӣ Шӯрои бонк дар ҷаласаи худ нисбати ин масъала тасмими мусбат гирифтааст ва феълан ҷонибҳо асноди асосии танзимкунандаи фаъолияти муштаракро мавриди баррасӣ қарор додаанд. «Барои узвияти ҷумҳурӣ ба Бонки рушди АвруОсиё раҳбарияти бонк аз ҷониби Тоҷикистон харидории шумораи ҳадди аққали саҳмияҳоро имконпазир шуморид, ки он барои кишвар ҳеҷ мушкилоти молиявӣ ба бор нахоҳад овард», – гуфт вай ва афзуд, ки Арманистону Белорус низ аъзои бонки мазкур шудаанд.



Ба ақидаи Ш.Раҳимзода, узвияти ҷумҳурӣ ба бонк ба рушду густариши муносибатҳои ҳагиройии кишвар дар минтақаи Авруосиё ва амалисозии тарҳҳои давлатӣ дар қаламрави Тоҷикистон такони ҷиддӣ хоҳад бахшид. «Аз ҷумла, ҷиҳати амалӣ сохтани қарори ҳукумат дар бораи афзудани ҳаҷми коркарди нахи пахта дар дохили кишвар феълан масъалаи ҷалби сармояи Бонки рушди АвруОсиё ба маблағи 22 млн. доллари амрикоӣ ҷиҳати бунёди корхонаи бофандагиву ресандагӣ дар Тоҷикистон барррасӣ мешавад», – изҳор дошт раиси БМТ.



Ба иттилои хадамоти матбуоти бонк,

 

мутобиқи тартиби қабули аъзои нав Шӯрои бонк афзоиши сармояи оинномавиро тавассути эмисссияи иловагии саҳмияҳои бонк маъқул шуморидааст, ки он миёни аъзои нав мувофиқи маблағи ҳиссаи аъзогии онҳо тақсим карда хоҳад шуд. Айни замон сармояи оинномавии бонк ба $1,5 млрд. баробар буда, дар натиҷаи харидории эмиссияҳои иловагӣ ва ҳиссаи пардохти Тоҷикстону Арманистон ва Белорус он ба маблағи $15,6 млн. афзуда хоҳад шуд.



Ёдрас мекунем, ки Бонки рушди АвруОсиё созмони байнулмилалии молиявӣ буда, бо мақсади мусоидат ба рушди иқтисодӣ ва густариши равандҳои ҳамгиройӣ дар минтақаи Аврупову Осиё таъсис дода шудааст. Бонки мазкур дар асоси созишномаи байнидавлатии Русияву Қазоқистон соли 2006 бо ташаббуси сарони ин ин кишварҳо таъсис ёфт.


Реклама на asia+

Дар Душанбе натиҷаҳои конфронси VII-уми Ҳамкории иқтисодии минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ пешниҳоди ҳамагон гардид

0


Душанбе. 20-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл зимни нишасти матбуотӣ муовини вазири энергетика ва саноати ҷумҳурӣ Пӯлод Муҳиддинов изҳор дошт, ки стратегияи ҳамкории минтақавӣ дар бахши энергетика, ки дар конфронси


VII


-уми Ҳамкории иқтисодии минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ дар Боку ба имзо расид, барои Тоҷикистон нақши муҳми дорад, зеро дар он усулҳои асосии стратегия дар истифодаи одилона ва оқилонаи захоири табиӣ ифода ёфтаанд.




Ба гуфтаи ӯ, муҳим он аст, ки ҷонибҳо «дар роҳандозии ҳамкориҳо дар бахши обҳои ҷоришавандаи фаромарзӣ тавофуқ ҳосил карданд». «Тасвиби созишномаҳои дахлдор миёни кишварҳои ҳаммарз имкон медиҳад, ки лоиҳакашии нерӯгоҳҳои бузургро дар бисёр кишварҳои минтақа, аз ҷумла Афғонистону Қирғизистон ва Тоҷикистон анҷом дод», – гуфт ӯ.



Дар шарҳи масъалаи бунёди хати интиқоли барқ миёни Тоҷикистону Афғонистон муовини вазир зикр кард, ки сохтмони он аввали соли оянда шурӯъ гардида, шояд якуним сол ё каме бештар давом кунад. «Ҷиҳати интиқоли барқ дар мавсими тобистон дар ҳаҷми 300 МВт дар давоми солҳои 2010-2015 бо Афғонистон шартнома ба имзо расид», – гуфт ӯ ва афзуд, ки ба кишвари ҳамсоя нерӯи барқ бо арзиши 3,5 сент фурӯхта мешавад ва ҳамасола арзиши он ба андозаи 0,2 сент афзуда хоҳад шуд.



П.Муҳиддинов афзуд, ки дар мавсими тобистон нерӯи барқи зиёдатии Тоҷикистон 1,5-2 млрд. кВт/соатро ташкил медиҳад ва аз соли 2010 ҳаҷми он аз 2 млрд. кВт/соат зиёдтар хоҳад шуд.



Ҳамчунин дар конфронси мазкур Нақшаи амал дар бораи табиқи Стратегия оид ба нақлиёт ва савдо, роҳандозии сиёсати тиҷоратӣ ва Нақшаи кории Пажӯҳишгоҳи Ҳамкории иқтисодии минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ барои солҳои 2009-2001 низ тасдиқ карда шуд.


Реклама на asia+

Эпидемиологҳои Кӯлоб фаъолияти дармонгоҳи бемориҳои пӯстро қатъ сохтанд

0



           

Кӯлоб. 20-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳафтаи равон Маркази давлатии назорати санитариву эпидемиологии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон фаъолияти якчанд иншооти бахши тандурустӣ ва хӯроки умумии шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Шӯроободро қатъ сохт.





           

Тавре сардухтури давлатии санитарии минтақа Саид Давлатов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, фаъолияти дармонгоҳи бемориҳои пӯст ва касалиҳои зӯҳравии шаҳри Кӯлоб ва беморхонаи маҳаллии деҳаи Саричашмаи ноҳияи Шӯрообод манъ карда шудааст.




           

Номбурда мегӯяд, ин ду иншоот ба талаботи санитариву эпидемиологӣ ҷавобгӯ нестанд. «Ҳарчанд роҳбарони иншоотҳо якчанд маротиба огоҳӣ гирифта бошанд ҳам, вале баҳри бартарафсозии камбудиҳо ҳеҷ чорае наандешиданд», – гуфт ӯ.




           

С.Давлатов афзуд, ки дар натиҷаи баргузории рейд дар бозори шаҳраки Шӯрообод фаъолияти як ошхона манъ карда шудааст. «Мудири ошхона ба маблағи 1200 сомонӣ ва мудири яке аз мағозаҳои ин бозор ба андозаи 600 сомонӣ аз ҷониби марказ ҷаримабандӣ хоҳанд шуд», – иброз дошт сардухтур.


Реклама на asia+

Қазокистон дар мавсими зимистони солҳои 2008-2009 ба Тоҷикистон содироти гандум, сӯзишвории дизелӣ ва мазутро афзун менамояд

0


Душанбе. 20-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев мулоқот намуд.




Дар вохӯрӣ масоили татбиқи амалии санадҳои ҳамкории ду кишвар дар соҳаҳои иқтисод ва савдо, сармоягузорӣ, муносибатҳои байнибонкӣ, энергетика, кишоварзӣ, илму маориф ва фарҳанг баррасӣ шуд.



Аз сатҳи муносибатҳои стратегии байни Тоҷикистону Қазоқистон изҳори қаноатмандӣ карда шуд.



Суръат бахшидан ба сармоягузориҳои Қазоқистон ба иқтисодиёти Тоҷикистон, аз ҷумла баҳри бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ, як нерӯгоҳи миёнаиқтидори обӣ дар болои яке аз шохобҳои дарёи Вахш ва дигар тадбирҳо зарур шумурда шуд.



Сарони ду давлат қарор карданд, ки баҳри коҳиш додани таъсири манфии бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ҳамгироиҳоро тақвият диҳанд.



Қарор дода шуд, ки Қазокистон дар мавсими зимистони солҳои 2008-2009 ба Тоҷикистон содироти гандум, сӯзишвории дизелӣ ва мазутро афзун намояд.



Таваҷҷӯҳи зиёд ҳамчунин ба масоили танзими муҳоҷирати меҳнатӣ зоҳир гардид. Пешниҳод гардид, ки вазоратҳои корҳои дохилии ду кишвар намояндагии худро оид ба муҳоҷират дар пойтахтҳои ҳамдигар дошта бошанд.



Дар вохӯрӣ ҳамчунин оид ба ҳамгироиҳои муштарак дар чаҳорчӯби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Ҷомеаи иқтисодии Евразия ва доир ба дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷӯҳ, аз ҷумла масоили вобаста ба амнияти минтақавӣ ва авзои кунунии Афғонистон гуфтугӯ сурат гирифт.


Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.


Реклама на asia+

Соли равон дар шаҳру ноҳияи Кӯлоб ба маблағи беш аз 48 млн. сомонӣ маҳсулоти гуногун истеҳсол гардид

0



           

Кӯлоб. 20-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар зарфи 11 моҳи соли равон дар корхонаву муассисоти саноатӣ ва корхонаҳои хусусии шаҳру ноҳияи Кӯлоб дар маҷмӯъ ба маблағи 48 млн. 890 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 3 млн. 259 ҳазор сомонӣ бештар аст.





           

Тавре аз мақомоти шаҳрдорӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, танҳо дар моҳи ноябр ба маблағи 6 млн. 657 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст.




           

Ба иттилои манбаъ, ба ҷуз нахи пахта истеҳсоли молҳои мавриди ниёзи мардум низ афзудааст. «Дар ин давра ба маблағи 25 млн. 769 ҳазор сомонӣ молҳои мавриди ниёзи мардум истеҳсол шуд, ки аз нақшаи пешбинишуда 5 млн. 686 ҳазор сомонӣ зиёдтар аст», – гуфт манбаъ ва афзуд, ки аз ҷумла, 2203 тонна равғани растанӣ, 1029 тонна орд, 2249 тонна нон ва маҳсулоти ордӣ, 140 тонна маҳсулоти ширӣ ва 490,3 тонна гӯшт ба фурӯш бароварда шудааст.


Реклама на asia+