Вазорати тандурустӣ ва Барномаи мубориза бо бемории сил рӯзноманигоронро ба озмун даъват мекунанд

0


Душанбе. 20-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Вазорати тандурустии Тоҷикистон ва Лоиҳаи ХОУП (Барномаи мубориза бо бемории сил дар Тоҷикистон), ки аз ҷониби Агентии Амрико оид ба рушди байнулмилалӣ (


USAID


) маблағгузорӣ мегардад,ҷиҳати иштироки васоити ахбори оммаи ҷумҳурӣ дар озмун барои мақолаи беҳтарин дар мавзӯи бемории сил озмун эълон мекунад.




Тавре сардори хадамоти матбуоти Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ Фотима Яқубова ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, чорабинии мазкур ба дастгирии Барномаи Миллии мубориза бо бемории сил нигаронида шудааст.



Ба иттилои манбаъ, маблағи умумии ҷоизаҳои озмун 1000 доллари амрикоӣ буда, он байни се нафар тақсим карда мешавад. Маводҳо то 20-уми марти соли ҷорӣ қабул карда мешаванд.


Реклама на asia+

Вазорати фарҳанг: Дар маросими ҳаҷи имсола се шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расид

0


Душанбе. 19-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар маросими ҳаҷи имсола се шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расид.




Тавре сардори шӯъбаи дин ва ташкили маросими сафари ҳаҷи Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ Идибек Зиёев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ин се нафар мардон буда, аз бемории дил фавтидаанд.



Дар ҳамин ҳол роҳбари гурӯҳи пизишкони тоҷик дар ҳаҷ Муқимҷон Фатҳуллоев мегӯяд, ки синнусоли мардони фавтида аз 70 боло будааст. «Ду нафар ба

 

иллати бемории дил ва як нафар аз заъфи меъда ба ҳалокат расидаанд», – гуфт ӯ.



Ба гуфтаи пизишк, ҳамасола дар маросими ҳаҷ то 10 нафар шаҳрванди ҷумҳурӣ ба ҳалокат мерасид ва соли равон он нисбатан камтар аст. «Табибон ҳамарӯза то 50-60 нафарро қабул мекарданд ва ҳар табиб бо тамоми таҷҳизоту лавозимоти тиббӣ таъмин буд, – идома дод ӯ. – Ба маблағи 22 ҳазор сомонии аз ҷониби Вазорати фарҳанг ҷудогардида 83 номгӯи доруворӣ харида шуда буд».



М.Фатҳуллоев ба он изҳори таваҷҷӯҳ кард, ки ҳудуди 1 дарсади зоирин аз хизматрасонии тиббӣ қаноатбахш набуданд. «Вале онҳо бо айби худашон, ки ба маслиҳатҳои табибон бетаваҷҷӯҳӣ зоҳир месохтанд, дар азоб буданд», – гуфт ӯ.



Дар ҳамин ҳол, яке аз ҳоҷиён – Абдулатиф аз шаҳри Душанюе, ки дирӯз аз сафари ҳаҷ ба ватан баргашт, мегӯяд, аз гурӯҳи онҳо ду нафар – яке сокини Ваҳдат ва дигаре сокини шаҳри Душанбе фавтидаанд. Ба гуфтаи ӯ, онҳо дар Арабистони Саъудӣ ба хок супорида шуданд. Ҳоҷӣ Абдулатиф изҳор дошт, ки ӯ ва ҳоҷиёни дигар аз хизматрасонии тиббии пизишкони тоҷик қаноатманд нестанд. «Табибони тоҷик ба ҷуз доруҳои оддии аналгин, аспирин ва тонометр дигар хел дорувориву таҷҳизоти тиббӣ надоштанд», – афзуд ӯ.


Реклама на asia+

Дар Душанбе донишҷӯи навбатии нашъаҷаллоб боздошт гардид

0


Душанбе. 19-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар шаҳри Душанбе донишҷӯи навбатии макотиби олии пойтахт бо як миқдори маводи мухаддир боздошт шуд.





           

Тавре аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, зимни баргузории амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони агентӣ ҳангоми фурӯши маводи мухаддир шаҳрванд М.Ф.-ро боздошт намуданд. Ӯ зодаи ноҳияи Шӯрообод буда, дар яке аз мактабҳои олии пойтахт таҳсил мекунад.




           

Ба иттилои манбаъ, ҳангоми азаназаргузаронӣ аз боздоштшуда бастаи ҳашиш бо вазни беш аз 3 кило дарёфт ва мусодира гардид.




           

Ёдрас мекунем, ки аз оғози сол мақомоти марбутаи Тоҷикистон аз муомилоти ғайриқонунӣ 5 тоннаву 871 кило маводи мухаддирро мусодира карданд. Аз ин миқдор 1 тоннаву 600 килояш ҳероин, 1 тоннаву 712 килояш афюн ва 2 тоннаву 559 килояш маводи мухаддири гурӯҳи каннабис аст.


Реклама на asia+

Дар партави бӯҳрони иқтисодӣ дар Суғд корхонаи нави саноатӣ ифтитоҳ мегардад

0



           

Хуҷанд. 19-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – То ахири соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанд корхонаи нави саноатии ҶСК «Нуртекс» оид ба истеҳсоли гипсокартон ифтитоҳ мегардад.





           

Тавре мудири шӯъбаи энергетика ва саноати ҳукумати вилояти Суғд Содиқ Рустамов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар корхона насби таҷҳизоти истеҳсолӣ ба охир расида, маҳсулот дар сохтмони дохили биноҳо истифода бурда мешавад.




           

Феълан 60 нафар коргарони ояндаи корхона ба шанбегӣ баромада, гирду атрофи бино ва дохили корхонаро аз партовҳои сохтмонӣ тоза мекунанд.




           

Ба гуфтаи коршиносон, дар марҳилаи аввали фаъолият то гирифтани иҷозатнома барои истихроҷи мустақилонаи ашёи хом дар кони маҳаллӣ корхона бо ашёи хоми Исфара кор хоҳад кард.


Реклама на asia+

Ширкати «Tajik Air» чиптаи хатсайри ҳавоии Душанбе-Маскавро арзон кард

0


Душанбе. 19-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии «Tajik Air» чиптаи хатсайри ҳавоии Душанбе-Маскавро арзон кард.




Тавре сухангӯи корхона Назира Давлатова ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, акнун арзиши чипта ба ин хатсайр 920 сомониро (ҳудуди 200 Евро) ташкил медиҳад ва нархи он ба миқдори 40 Евро кам карда шудааст.



Ба гуфтаи ӯ, чиптаҳоро бо нархномаи нав дар ҳама нуқтаҳои фурӯши чиптаҳои хатсайрҳои ҳавоӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа, Хуҷанд ва дигар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ метавон дастрас кард.



Номбурда афзуд, ки феълан масъалаи кам кардани арзиши чиптаҳо ба хатсайрҳои дигар низ мавриди баррасӣ қарор дорад.


Реклама на asia+

Ҷопон тайёр кардани мутахассисони ҷавонро барои хадамоти давлатии Тоҷикистон идома медиҳад

0


Душанбе. 19-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар Душанбе зимни мулоқоти муовини вазири молияи ҷумҳурӣ Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндаи барномаи омӯзишии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байнулмилалӣ Сато Матсуми ҷараёни татбиқи лоиҳаи «Марҳилаи саввуми тайёр кардани мутахассисон барои Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифт.




Тавре аз Вазорати молияи ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ҳадафи лоиҳаи мазкур – роҳандозии ҳамкорӣ дар соҳаи тайёр кардани мутахассисони ҷавон дар бахши хадамоти давлатӣ ва дастгирии роҳбарони ҷавон мебошад.



Дар фарҷоми мулоқот лоиҳа маъқул шуморида шуда, дастгирӣ ёфт. Ёдрас мекунем, ки намояндагони Агентии Ҷопон рӯзи 17-уми декабр ба Тоҷикистон ташриф оварда, бо намояндагони Вазорати умури хориҷӣ, молия ва Вазорати рушди иқттсоду савдои ҷумҳурӣ мулоқотҳо оростанд.



Татбиқи лоиҳаи «Марҳилаи саввуми тайёр кардани мутахассисон барои Ҷумҳурии Тоҷикистон»-и Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байнулмилалӣ аввали соли 2008 оғоз шуд. Дар марҳилаи аввал ва дуввуми лоиҳа гуфтушунид ва пешниҳоди дархости вазорату идораҳои алоҳида бобати таҳсили номзадҳо дар Чопон барои соли 2009 сурат гирифт.

 



Реклама на asia+

Ширкати «Тетис Тоҷикистон Лимитид» ният дорад, ки зимистони равон ба шаҳри Душанбе ҳар шабонарӯз аз 15 то 100 ҳазор метри мукааб гази табиӣ ин

0


Душанбе. 19-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон Эмомал


ӣ


Раҳмон Президенти ширкати «Тетис То


ҷ


икистон Лимитид» Дэвид Робсонро ба ҳузур пазируфт.




Дар мулоқот масоили ҳамкории ин ширкат бо То


ҷ


икистон дар соҳаи истихро


ҷ


и газу нафт баррас


ӣ


шуд. Дэвид Робсон ба Эмомал


ӣ


Раҳмон оид ба нати


ҷ


аи ом


ӯ


зиши конҳои нафту гази То


ҷ


икистон, ки ширкати «Тетис То


ҷ


икистон Лимитид» дар ихтиёр дорад, гузориш дод. Аз


ҷ


умла зикр гардид, ки имр


ӯ


з аллакай истихро


ҷ


и газ дар кони Комсомолски наздикии шаҳри Душанбе ва кони Хо


ҷ


а Сартези шаҳри К


ӯ


лоб оғоз ёфтааст ва р


ӯ


зҳои наздик интиқоли он низ ба ин ду шаҳр ба роҳ монда мешавад.

 

Ширкати «Тетис То


ҷ


икистон Лимитид» ният дорад, ки зимистони равон ба шаҳри Душанбе ҳар шабонар


ӯ


з аз 15 то 100 ҳазор метри мукааб гази таби


ӣ


интиқол диҳад.



Дэвид Робсон Эмомал


ӣ


Раҳмонро ҳамчунин бовар кунонд, ки ширкати «Тетис То


ҷ


икистон Лимитид» то охири соли 2010 метавонад дар таъмини пурраи аҳол


ӣ


ва саноати

 

То


ҷ


икистон бо гази таби


ӣ


нақши намоён гузорад. «Барои расидан ба ин ҳадаф вориднамоии техникаю та


ҷ


ҳизот, технологияи иловаг


ӣ



 

ва ташкили корҳои ом


ӯ


зишию истихро


ҷ


ӣ


бо сифат ва суръати баланд идома доранд», таъкид намуд Девид Робсон. Ба андешаи


ӯ


То


ҷ


икистон имкон дорад, дар давоми ду-се соли оянда эҳтиё


ҷ


оти худро бо гази таби


ӣ


худ


ӣ


пурра таъмин намояд.



Дэвид Робсон пешрафти намоёни фаъолияти ширкати «Тетис То


ҷ


икистон Лимитид»-ро

 

ҳамчунин нишонаи возеҳ аз фазои мусоиди сиёс


ӣ


ва инвеститсионии То


ҷ


икистон арзёб


ӣ


намуд.



Ӯ


ҳамчунин иттилоъ дод, ки мутобиқи созишномаи нави бо Вазорати энергетика ва саноати То


ҷ


икистон баимзорасида

 

ширкати мазкур

 

бо сарфи 10 миллион доллари амрико


ӣ


корҳои зилзиласан


ҷ


иро низ ба роҳ мемонад.



Дар мулоқот ҳамчунин оид дигар масоили мавриди тава


ҷҷ


ӯ


ҳ гуфтуг


ӯ


сурат гирифт. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.


Реклама на asia+

Ҳ.А.Тӯраҷонзода: Зуҳури салафиҳои тоҷик қадамҳои нахустини толибони афғонро ба хотир меорад

0


Душанбе. 19-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар конфронси илмию амалӣ таҳти унвони «Низоъҳои мазҳабӣ: тарзи шинохт, роҳҳои ҳал ва усули таълими онҳо» аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода чунин изҳори назар кард, ки зуҳури салафияҳои тоҷик қадамҳои нахустини толибони афғонро ба хотир меорад.




Ба гуфтаи Ҳ.А.Тӯраҷонзода, дар солҳои аввали зуҳури худ толибон ҳам нисбат ба ҳокимияти расмӣ муносибати дурусту муросокорона доштанд ва ҳатто алайҳи дуздону фиребгарон мубориза ҳам мебурданд, вале баъдтар маълум шуд, ки дар асл онҳо чӣ мақсаде доштаанд. «Сарфи назар аз он ки равияи «Салафия» дар Тоҷикистон ҳанӯз ба ҷомеа таҳдиди воқеӣ надошта бошад ҳам, вале агар фурсат аз даст равад, онҳо метавонанд ба амнияти миллӣ ва давлатӣ хатари ҷиддӣ эҷод созанд», – таъкид кард ӯ.



Ғайр аз ин, Ҳ.А.Тӯраҷонзода салафиҳои тоҷикро ба ваҳҳобиҳои аввали солҳои 90-уми қарни гузашта монанд кард. Ба ақидаи ӯ, онҳо як умумияте доранд, аз ҷумла тобеъ набудани онҳо ба пешвоёни анъанавии динии мусулмонони тоҷик. Дар идома ӯ гуфт, аммо фарқ дар он аст, ки ваҳҳобиҳо чун салафиҳо дар хориҷи кишвар тайёр карда нашуда буданд ва ба онҳо адабиёти динии хориҷӣ асар карда буд. «Салафиҳо бошанд, нерӯи хориҷианд, ки берун аз кишвар маблағгузорӣ шуда, дар Тоҷикистон мақсаднок амал мекунанд», – таъкид сохт ӯ ва афзуд, ки ин қисмате аз ҷавонони тоҷик мебошанд, ки марказҳои илмии салафиро дар як қатор кишварҳои араб ва Покистон хатм кардаанд.



Ба қавли ӯ, айни замон шумори ҷонибдорони равияи «Салафия» дар Тоҷикистон аз 2-3 ҳазор беш нест ва ин ҳам дар ҳолест, ки 80 дарсади онҳо дониши кофии исломӣ надоранд. «Аксаран инҳо ҷавонони фиребхӯрдае мебошанд, ки ба иллати огаҳии нокомил аз мазҳаби анъанавии Ҳанафия, ба дигар равия пайвастаанд», – гуфт Ҳ.А.Тӯраҷонзода.


Реклама на asia+

Президенти Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки Барномаи «180 рӯзи ислоҳот» таҳия карда шавад

0


Душанбе. 19-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Таҳти раёсати Президенти


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон Эмомал


ӣ


Раҳмон


ҷ


аласаи дуюми Ш


ӯ


рои машваратии назди Президенти


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон

 

оид ба беҳтарнамоии фазои инвеститсион


ӣ


баргузор гашт.




Дар кори


ҷ


аласаи Ш


ӯ


рои машварат


ӣ


ҳамчунин Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов, Мушовири давлатии Президенти


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон оид ба сиёсати иқтисод


ӣ


Матлубхон Давлатов, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузор


ӣ


ва идораи амволи давлат


ӣ


Фарух Ҳамралиев, Роҳбари муассисаи минтақавии Бонки та


ҷ


дид ва рушди Аврупо Матю Ле Блан, Директори лоиҳаи Корпоратсияи Байналмилалии Молияв


ӣ


В. Вернер, Директори Агентии ИМА оид ба рушди байналмилал


ӣ


дар То


ҷ


икистон Кэролин Брайн, Раиси идораи Асотсиатсияи миллии соҳибкории хурду миёна Матлуба Ул


ҷ


абоева Президенти ширкати «Тетис То


ҷ


икистон Лимитид» Дэвид Робсон, Директори генералии ширкати Рухом Муфарраҳ Муҳаббатов, дигар аъзои ш


ӯ


ро ва шахсони дахлдор иштирок намуданд.

 




Дар ма


ҷ


лиси навбатии Ш


ӯ


рои машварат


ӣ


нахуст масоили и


ҷ


рои қарорҳои дар машварати гузашта қабулшуда баррас


ӣ


гардид. Аъзои Ш


ӯ


рои машварат


ӣ



 

зимни гузоришҳои худ оид ба рафти татбиқи Фармони Президенти


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон «Дар бораи эълон намудани мароторий ба ҳама гуна сан


ҷ


ишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна» андешарон


ӣ


намуда, аз


ҷ


умла таъкид доштанд, ки аз


ҷ


ониби мақомоти ҳокимияи давлатии То


ҷ


икистон дар ин давра як қатор санадҳои меъёр


ӣ


-ҳуқуқии зарур


ӣ


қабул шуданд.

 

Дар ма


ҷ


м


ӯ


ъ ба оғози кори Ш


ӯ


рои машварат


ӣ


ва рафти беҳтаршавии фазои инвеститсионии То


ҷ


икистон баҳои баланд дода шуд.



Барои беҳтарнамоии минбаъдаи фазои инвеститсион


ӣ


,


ҷ


алби сармоягузории мустақими хори


ҷ


ӣ


ва рушди соҳибкор


ӣ


дар кишвар масоили такмили низоми идорию и


ҷ


озатномадиҳ


ӣ


баррас


ӣ


шуд.



Раиси Ш


ӯ


рои машварат


ӣ


оид ба беҳтарнамоии фазои инвеститсион


ӣ


, Президенти


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон Эмомал


ӣ


Раҳмон ба роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор дастур дод, ки дар к


ӯ


тоҳтарин м


ӯ


ҳлат санадҳои заруриро оид ба ислоҳоти низоми и


ҷ


озатномадиҳ


ӣ


таҳия ва пешниҳод намоянд.



Масъалаи дигари р


ӯ


зномаи машварат беҳтарнамоии обр


ӯ


йи байналмилалии То


ҷ


икистон

 

аз р


ӯ


йи нишондодҳои «Сохтмон» буд.



Аз р


ӯ


йи нати


ҷ


аҳои машварати имр


ӯ


за Президенти


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон Эмомал


ӣ


Раҳмон Нақшаи татбиқи чораҳои мушаххаси ба беҳтарнамоии обр


ӯ


йи

 

байналмилалии То


ҷ


икистон равонагаштаро тасдиқ намуд.



Президенти


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон Эмомал


ӣ


Раҳмон барои ба даст овардани нати


ҷ


аҳои назаррас дар рушди соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти кишвар пешниҳод намуд, ки Барномаи «180 р


ӯ


зи ислоҳот» таҳия карда шавад, ки ба беҳтарнамоии фазои инвеститсион


ӣ


, рушди бахши хусус


ӣ


,


ҷ


алби сармояи хори


ҷ


ию дохил


ӣ


ва муҳайё намудани


ҷ


ойҳои нави кор


ӣ


равона гашта бошад. Дар ин бора аз дафтьари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.




 

Реклама на asia+

Бӯҳрони молиявӣ ба Тоҷикистон ҳам расид

0


Душанбе. 19-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс»

 

– Рӯзҳои ахир дар нуқтаҳои мубодилаи асъори пойтахти Тоҷикистон болоравии қурби доллари амрикоӣ нисбат ба сомонӣ ба мушоҳида мерасад. Агар ду рӯз пештар барои 1 доллар 3,41 сомонӣ медоданд, пас имрӯз он аллакай ба 3,47 расидааст.




Қурби расмии доллар ба сомонӣ низ тағйир ёфтааст. Чанде қабл дар сомонаи Бонки Миллии Тоҷикистон дар муқобили $1 – 3,4170 дарҷ ёфта буд, имрӯз он ба 3,4190 баробар шудааст.



Дар Бонки Миллии Тоҷикистон ин вазъро чунин шарҳ доданд: чизи ғайриоддие рух надодааст, зеро қурби асъор чун нишондиҳандаи макроиқтисодӣ дар шароити иқтисоди бозорӣ ҳамеша дар ҳоли тағйир аст ва мавҷудияти коҳиш миёни қурби расмӣ ва пули нақд падидаи маъмул аст.



Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи иқтисодчии тоҷик Пӯлод Насимов, айни замон бонкҳои ҷумҳурӣ ба миқдори зиёд асъор надоранд, зеро интиқоли маблағҳо аз хориҷи кишвар коҳиш ёфтаанд. «Бар асари бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ дар Русия асосан муҳоҷирони тоҷик бекор монда истодаанд ва дар натиҷа воридоти маблағҳо низ кам мешаванд», – гуфт ӯ.



Ба гуфтаи иқтисодчӣ, ба ҷуз таъсири равандҳои муҳоҷират ба бӯҳрони асъор дар ҷумҳурӣ ҳамчунин коҳиши нарх ва талабот ба маҳсулоти асосии содиротии кишвар – алюминий ва пахта низ таъсир гузошт.



П.Насимов ҳушдор медиҳад, ки ин ҳанӯз оғози таъсири оқибатҳои бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ба иқтисоди кишвар аст ва таъкид сохт, ки ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати пешгирии паҳншавии он бояд чораҳои таъҷилӣ андешад.



Иқтисодчӣ мӯътақид аст, ки барои таҳлили вазъи мавҷуда ҳукуматро зарур аст, дар низоми молиявӣ санҷиш гузаронад, то ба хориҷ баровардани сармояро коҳиш диҳад. «Дар ҳоле, ки дар ҷумҳурӣ норасоии шадиди асъор ба назар мерасад, баъзе шаҳрвандони мо барои ба хориҷа баровардани он зиёд кӯшиш мекунанд, – гуфт ӯ. – Ба ҳеҷ кас пӯшида нест, ки «тоҷикони нав» пули бо арақи ҷабин коркардаи муҳоҷиронро барои харидани хонаву бӯстонсароҳо ва мошинҳои пурқимат дар кишварҳои дигар масраф месозанд».



П.Насимов афзуд, ки хориҷшавии асъори марбут ба харидани ашё дар хориҷи кишвар ва воридсозии чизҳои начандон зарурро мебояд кам кард.


Реклама на asia+