Вазорати фарҳанг: Дар маросими ҳаҷи имсола се шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расид

Душанбе. 19-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар маросими ҳаҷи имсола се шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расид. Тавре сардори шӯъбаи дин ва ташкили маросими сафари ҳаҷи Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ Идибек Зиёев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ин се нафар мардон буда, аз бемории дил фавтидаанд. Дар ҳамин ҳол роҳбари гурӯҳи пизишкони тоҷик дар ҳаҷ Муқимҷон Фатҳуллоев […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 19-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар маросими ҳаҷи имсола се шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расид.




Тавре сардори шӯъбаи дин ва ташкили маросими сафари ҳаҷи Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ Идибек Зиёев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ин се нафар мардон буда, аз бемории дил фавтидаанд.



Дар ҳамин ҳол роҳбари гурӯҳи пизишкони тоҷик дар ҳаҷ Муқимҷон Фатҳуллоев мегӯяд, ки синнусоли мардони фавтида аз 70 боло будааст. «Ду нафар ба

 

иллати бемории дил ва як нафар аз заъфи меъда ба ҳалокат расидаанд», – гуфт ӯ.



Ба гуфтаи пизишк, ҳамасола дар маросими ҳаҷ то 10 нафар шаҳрванди ҷумҳурӣ ба ҳалокат мерасид ва соли равон он нисбатан камтар аст. «Табибон ҳамарӯза то 50-60 нафарро қабул мекарданд ва ҳар табиб бо тамоми таҷҳизоту лавозимоти тиббӣ таъмин буд, – идома дод ӯ. – Ба маблағи 22 ҳазор сомонии аз ҷониби Вазорати фарҳанг ҷудогардида 83 номгӯи доруворӣ харида шуда буд».



М.Фатҳуллоев ба он изҳори таваҷҷӯҳ кард, ки ҳудуди 1 дарсади зоирин аз хизматрасонии тиббӣ қаноатбахш набуданд. «Вале онҳо бо айби худашон, ки ба маслиҳатҳои табибон бетаваҷҷӯҳӣ зоҳир месохтанд, дар азоб буданд», – гуфт ӯ.



Дар ҳамин ҳол, яке аз ҳоҷиён – Абдулатиф аз шаҳри Душанюе, ки дирӯз аз сафари ҳаҷ ба ватан баргашт, мегӯяд, аз гурӯҳи онҳо ду нафар – яке сокини Ваҳдат ва дигаре сокини шаҳри Душанбе фавтидаанд. Ба гуфтаи ӯ, онҳо дар Арабистони Саъудӣ ба хок супорида шуданд. Ҳоҷӣ Абдулатиф изҳор дошт, ки ӯ ва ҳоҷиёни дигар аз хизматрасонии тиббии пизишкони тоҷик қаноатманд нестанд. «Табибони тоҷик ба ҷуз доруҳои оддии аналгин, аспирин ва тонометр дигар хел дорувориву таҷҳизоти тиббӣ надоштанд», – афзуд ӯ.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.