Дар Душанбе донишҷӯи навбатии нашъаҷаллоб боздошт гардид

Душанбе. 19-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар шаҳри Душанбе донишҷӯи навбатии макотиби олии пойтахт бо як миқдори маводи мухаддир боздошт шуд.             Тавре аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, зимни баргузории амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони агентӣ ҳангоми фурӯши маводи мухаддир шаҳрванд М.Ф.-ро боздошт намуданд. Ӯ зодаи ноҳияи Шӯрообод буда, […]

Наргис Ҳамробоева


Душанбе. 19-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар шаҳри Душанбе донишҷӯи навбатии макотиби олии пойтахт бо як миқдори маводи мухаддир боздошт шуд.





           

Тавре аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, зимни баргузории амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони агентӣ ҳангоми фурӯши маводи мухаддир шаҳрванд М.Ф.-ро боздошт намуданд. Ӯ зодаи ноҳияи Шӯрообод буда, дар яке аз мактабҳои олии пойтахт таҳсил мекунад.




           

Ба иттилои манбаъ, ҳангоми азаназаргузаронӣ аз боздоштшуда бастаи ҳашиш бо вазни беш аз 3 кило дарёфт ва мусодира гардид.




           

Ёдрас мекунем, ки аз оғози сол мақомоти марбутаи Тоҷикистон аз муомилоти ғайриқонунӣ 5 тоннаву 871 кило маводи мухаддирро мусодира карданд. Аз ин миқдор 1 тоннаву 600 килояш ҳероин, 1 тоннаву 712 килояш афюн ва 2 тоннаву 559 килояш маводи мухаддири гурӯҳи каннабис аст.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.