Нахуствазирони кишварҳои узви СҲШ дар Остона ҷамъ омаданд

0



           

Душанбе. 29-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар пойтахти Қазоқистон – шаҳри Остона ҷаласаи дурӯзаи Шӯрои нахуствазирони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) ба кор шурӯъ мекунад. Дар қатори ҳамтоҳои худ аз давлатҳои Русия, Чин, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон нахуствазири Тоҷикистон – Оқил Оқилов низ дар он ширкат меварзад. Дар ҷаласа инчунин намояндагони кишварҳои нозири созмон – Эрон, Ҳиндустон, Покистон ва Муғулистон низ иштирок мекунанд.





           

Тибқи иттилои манбаъ аз дастгоҳи сарвазири Тоҷикистон, интизор меравад, ки дар нишасти Остона Эъломияи муштарак ва асноди дигари марбут ба ҳамкориҳои байни мамолики узви Созмон ба тасвиб хоҳанд расид.




           

Ба иттилои сарчашма, ин ҷаласа пас аз нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ дар Душанбе, ки моҳи август доир гашт, баргузор мешавад ва барои натиҷагирӣ аз ҷараёни иҷрои қарорҳои дар он қабулгардида аҳамияти муҳим дорад.




           

Ёдовар мешавем, ки мулоқоти охирини нахуствазирони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай ибтидои моҳи ноябри соли 2007 баргузор шуда буд, ки дар он қарор дар бораи буҷаи Созмон барои соли 2008 қабул гардида, роҷеъ ба баргузории нишасти навбатӣ дар Қазоқистон дар соли 2008 тавофуқ ҳосил шуда буд. Инчунин Эъломияи муштарак ва Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳо дар соҳаи гумрук ба тасвиб расида буд.




           

Аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд, ки Тоҷикистон аз оғози фаъолияти созмон дар он нақши муҳим мебозад. Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи узвият дар СҲШ мунтазам дар тамринҳои низомии муштарак ва конфронсҳои илмиву анҷуманҳо ширкат варзида, дар таҳкими заминаи ҳуқуқии созмон саҳми босазо дорад.






Маълумотнома:





Созмони ҳамкории Шанхай Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистонро дарбар мегирад.



26 апрели соли 1996 сарони давлатҳои Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ҳангоми вохӯрӣ дар ш. Шанхайи Ҷумҳурии Халқии Хитой Созишнома оид ба таҳкими эътимод дар соҳаи низомӣ дар манотиқи наздисарҳадиро ба имзо расонданд ва бо ин ба таъсисёбии «Панҷгонаи Шанхай» асос гузоштанд. 24 апрели соли 1997 дар ш. Маскав Созишнома дар бораи коҳиши мутақобилаи нерӯҳои низомӣ дар манотиқи наздисарҳадӣ аз ҷониби президентҳои кишварҳои ёдшуда имзо гардид.



Моҳи январи соли 2001 Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар мавриди пайвастан ба «Панҷгонаи Шанхай» изҳори хоҳиш намуд. 15 июни соли 2001 сарони шаш кишвар: Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон Эъломияи таъсиси СҲШ ва Конвенсияи Шанхайро дар бораи мубориза бар зидди терроризм, ҷудоихоҳӣ ва ифротгароӣ имзо намуданд.


Реклама на asia+

Ғ.Бобозода: Бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ қисман ба иқтисоди Тоҷикистон таъсир хоҳад расонд

0



           

Душанбе. 28-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Ғуломҷон Бобозода бар ин назар аст, ки бӯҳрони иқтисодии сартосарии ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон таъсири муассире нахоҳад дошт.





           

Чанде қабл дар нишасти матбуотӣ ӯ изҳор дошт, ки ҳарчанд иқтисоди Тоҷикистон қисме аз иқтисоди ҷаҳон аст, ин бӯҳрон ба иқтисоди ҷумҳурӣ таъсири зиёде ба бор нахоҳад овард. «Табиист, ки бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ ба низоми молиявии ҳамаи кишварҳо таъсир мерасонад, вале имрӯз касе мушаххас гуфта наметавонад, ки он кай ва ба кадом андоза ба иқтисоди ҷумҳурии мо таъсир хоҳад расонд», – гуфт ӯ ва афзуд, ки бахши молияи кишвари мо то ҳанӯз на ба он сатҳи рушд ноил гаштааст, ки ин бӯҳрон ба он ҳамаҷонибаву муассир таъсире расонад.




           

Ба қавли Ғ.Бобозода, бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ коҳиши истеҳсолотро дар пай хоҳад дошт ва Тоҷикистон шояд таъсири онро дар муносибатҳои тиҷоратӣ бо кишварҳо эҳсос намояд.




           

Дар ҳамин ҳол, Ғ.Бобозода зикр кард, ки

 

дар 9 моҳи соли равон нишондиҳандаи муносиботи молии хориҷии Тоҷикистон қариб ба нишондиҳандаи Маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ баробар шудааст.




           

Ёдрас мекунем, ки дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ муомилоти молии хориҷии ҷумҳурӣ бо назардошти нерӯи барқ ва газ $3 млрд. 544 млн.-ро ташкил дода, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба $3 млрд. 639 млн. баробар шудааст.


Реклама на asia+

Ба гумони даст доштан дар сӯхтори мағозаи «Престиж»-и бозори «Корвон» савдогари яке аз нуқтаҳои фурӯшгоҳ боздошт шуд

0



           

Душанбе. 28-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Ба иттиҳоми даст доштан дар сӯхтори мағозаи «Престиж»-и бозори «Корвон» савдогари яке аз нуқтаҳои фурӯшгоҳ боздошт шуд.





           

Тавре аз Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, боздоштшуда дар ин мағоза нуқтаи фурӯш дошта, аз ҳисоби моли гирифтааш камомаду қарзи зиёде зиёде доштааст. «Бо ин амал ӯ мехостааст, худро ҷабрдидаву мусичаи бегуноҳ нишон диҳад ва ҳамин тариқ аз қарзу камомадҳо халос гардад», – изҳор дошт манбаъ. Зикр гардид, ки қабл аз бастани мағоза гумонбаршуда сигори оташдорро ба рӯи латтаи пешакӣ бо бензин таршуда мепартояд ва дар натиҷа мағоза тадриҷан оташ мегирад.




           

«Зимни тафтишот боздоштшуда пурра ба гуноҳаш иқрор гардида, нисбат ба аъмоли ӯ тибқи моддаи 255-и Кодекси ҷиноии ҷумҳурӣ (Қасдан хароб кардан ва ё зарар расонидан ба амвол) парвандаи ҷиноӣ боз гардид», – афзуд сарчашма.


Реклама на asia+

Сӯхтор дар бинои ҳукумати ноҳияи Исмоили Сомонӣ бар асари вайрон кардани қоидаҳои бехатарии зиддисӯхтор сар задаст

0


Душанбе. 28-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Вайрон кардани қоидаҳои бехатарии зиддисӯхтор ҳангоми истифодабарии асбобҳои барқӣ, сабаби асосии сӯхтор дар бинои ҳукумати Исмоили Сомонии пойтахт унвон мешавад. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати умури дохилии кишвар хабар доданд.





 

Ба гуфтаи манбаъ,

 

сӯхторхомӯшкунандагон тавонистанд, 4 корманди ҳукумати ноҳияро, ки дар ошёнаи сеюми бино дар асорати дуд уфтода буданд, наҷот диҳанд.




 

Сӯхтор дар бинои ҳукумати ноҳияи Исмоили Сомонӣ, субҳи имрӯз, дар утоқи шӯъбаи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои ноҳия, воқеъ дар ошёнаи дуввум дар натиҷаи бе назорат гузоштани асбоби гармидиҳии барқӣ сар задааст. Бар асари оташсӯзӣ, адади зиёди таҷҳизот пурра сӯхта нобуд гардиданд. Тибқи маълумоти пешакӣ, масоҳати сӯхтор 50 метри мураббаъро ташкил дода, зарари аз он расида ба беш аз 12 ҳазор сомонӣ баробар будааст.



Ба иттилоъи манбаъ, ҳ


афтаи сипаришуда дар ҷумҳурӣ 31 ҳодисаи сӯхтор бо хисороти молии 91 ҳазору 430 сомонӣ ба вуқӯъ пайвастааст. Масоҳати умумии оташсӯзиҳо, 1 ҳазору 420 метри мураббаъро ташкил дод. Сабабҳои асосии ин сӯхторҳо, оташбозии кӯдакон, пайвасти нодурусти ноқилҳои барқӣ, вайрон кардани қоидахои бехатарии зидди сӯхтор ҳангоми истифодабарии асбобҳои газию барқӣ ва расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ унвон шудаанд.


Реклама на asia+

Нахуствазири Тоҷикистон субҳи фардо ҷиҳати ширкат дар ҷаласаи навбатии Шӯрои сарвазирони кишварҳои узви СҲШ озими Остона мешавад

0


Душанбе. 28-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Нахуствазири То


ҷ


икистон – Оқил Оқилов субҳи фардо


ҷ


иҳати ширкат дар


ҷ


аласаи навбатии Ш


ӯ


рои раҳбарони Ҳукуматҳои кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай ба шаҳри Остона – пойтахти Қазоқистон сафар мекунад.




Тавре ба ОИ «Азия Плюс» ёвари сарвазири мамлакат – Фирӯз Ҳикматов хабар дод, интизор меравад, ки дар нишасти Остона Эъломияи муштарак ва асноди дигари марбут ба ҳамкориҳои байни мамолики узви Созмон ба тасвиб хоҳанд расид.



Ёдовар мешавем, ки мулоқоти охирини нахуствазирони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай ибтидои моҳи ноябри соли 2007 баргузор шуда буд, ки дар он қарор дар бораи буҷаи Созмон барои соли 2008 қабул гардида, роҷеъ ба баргузории нишасти навбатӣ дар Қазоқистон дар соли 2008 тавофуқ ҳосил шуда буд. Ба Созмони Ҳамкории Шанхай кишварҳои Русия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон шомиланд.


Реклама на asia+

Як қатор ноҳияҳои ҷумҳурӣ нақшаи даъват ба хизмати ҳарбиро иҷро карданд

0





 




Душанбе. 28-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Як қатор ноҳияҳои ҷумҳурӣ нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбиро иҷро карданд.



Тавре аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ҳанӯз моҳи аввали маъракаи даъват ба охир нарасида бошад ҳам, аллакай ноҳияҳои Зафарободу шаҳри Табошар дар вилояти Суғд, шаҳри Нораку ноҳияҳои Носири Хисрав, Ховалинг ва Балҷувон дар вилояти Хатлон, ноҳияи Мурғоб дар Бадахшон ва ноҳияҳои Варзоб дар байни ноҳияҳои тобеи марказ иҷрои нақшаи тирамоҳии даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро таъмин карданд.



То имрӯз дар ҷумҳурӣ нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ ба андозаи 61 дарсад иҷро гардидааст.


Реклама на asia+

Намояндагони мардумӣ аз хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони сохторҳои қудратӣ пуштибонӣ карданд

0


             Душанбе. 28-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Зимни баррасии лоиҳаи Бу


ҷ


ети давлат


ӣ


барои соли 2009 вакилони палатаи поёнии парлумони кишвар пешниҳод карданд, ки аз р


ӯ


и имкон андозаи


ҷ


убронпулии ҳармоҳа ба ивази озуқавор


ӣ


барои хизматчиёни ҳарб


ӣ


ва кормандони сохторҳои қудрат


ӣ


, ки дар лоиҳаи бу


ҷ


ети соли 2009 маблағи он 35 сомон


ӣ


нишондода шудааст, ба 50 сомон


ӣ


расонида шавад.





            

Инчунин, вакилон ва гур


ӯ


ҳи кор


ӣ


як қатор таклифу пешниҳоди дигарро ба мисли танзими андоз ва андозбанд


ӣ


аз фур


ӯ


ши чакана, муаяйн кардани


ҷ


убронпул


ӣ


барои хо


ҷ


агиҳое, ки аз


ҷ


ойҳои хавфнок к


ӯ


чонида мешаванд, дастгирии саноатчиёни


ҷ


умҳур


ӣ


, бо назардошти баландравии эҳтимолии нархи маводи озуқа дар бозори


ҷ


аҳон


ӣ


зиёд намудани маблағгузории фонди захираи давлат


ӣ


ва ғайраро баррас


ӣ


карданд.




           

Дар


ҷ


аласа, ки намояндагони вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо ва Кумитаи андози назди Ҳукумати


ҷ


умҳур


ӣ


иштирок доштанд ба саволҳои сершумори вакилон атрофи пешниҳоду дархостҳои зикргардида, посухҳои мушаххас дода, онҳоро ба эътибор гирифтанд.


Реклама на asia+

«Тоҷик Эйр» ба Аврупо хатсайри нав ифтитоҳ мекунад

0



           

Душанбе. 28-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» аз 1-уми ноябри соли ҷорӣ шумори парвозҳо ба хатсайри Душанбе-Истанбулро зиёд карда, ба Аврупо хатсайри нав ифтитоҳ мекунад. Тавре сухангӯи ширкати «Тоҷик Эйр» Назира Давлатова ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки парвози ҳавопаймоҳо бо хатсайри Душанбе-Истанбул-Душанбе дар як ҳафта ду маротиба – рӯзҳои сешанбе ва шанбе амалӣ мегарданд.





           

Ба қавли ӯ, парвоз тавассути ҳавопаймои навъи «


Boeing


-737-800», ки рӯзи 14-уми октябр аз Чехия оварда шудааст, анҷом дода мешавад.




           

Дар ҳамин ҳол, мегӯяд Н.Давлатова, рӯзҳои наздик ширкати ҳавопаймоии ҷумҳурӣ соҳиби боз як ҳавопаймои навъи «


Boeing


-757-200» мешавад, ки он тариқи лизинг аз ширкатҳои амрикоӣ гирифта шудааст. «Ин чаҳорумин ҳавопаймои истеҳсоли кишварҳои ғарбӣ буда, он барои таъмини ҳамлу нақли мусофирон бо хатсайри Душанбе-Франкфурт – Душанбе истифода хоҳад шуд», – гуфт сухангӯи ширкати ҳавопаймоӣ ва афзуд, ки ифтитоҳи ин хатсайри тоза ба самти Аврупо рӯзи 20-уми ноябри соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст.


Реклама на asia+

Посдори яке аз шӯъбаҳои «Ориёнбонк» дар Душанбе тасодуфан аз тарафи ҳамкораш кушта шудааст

0


Душанбе. 28-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Сержанти милиса, посдори яке аз ш


ӯ


ъбаҳои «Ориёнбонк» дар Душанбе Одина Давлатов тасодуфан аз тарафи ҳамкораш кушта шудааст. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати умури дохилии кишвар хабар доданд.





 


          

Ба гуфтаи манбаъ, дар натиҷаи амалиёти фавриву ҷустуҷӯӣ кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар муайян намуданд, ки дар ин куштор сержанти милиса, корманди шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Сино-1-Алиҷон Шокирови 22-сола даст дорад.

 




Он рӯзи шум, Шокиров ба маҳали кори дӯст ва ҳамхизматаш Одина Давлатов ба шӯъбаи «Ориёнбонк меояд. Баъди сӯҳбати начандон тӯлонӣ Шокиров аслиҳаи хидматии Давлатовро гирифта, тасодуфан аз он ба сӯи ҳамкораш тир андохта, аз маҳали ҳодиса фирор мекунад.



Ба иттилои Вазорати умури дохилии кишвар, нисбати фарди гумонбар мутобиқи моддаи 108-и Кодекси ҷиноии ҷумҳурӣ (аз беэҳтиётӣ расонидан ба марг) парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.



Хотиррасон мекунем, сержанти бахши хадамоти давлатии посдории шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Сино-1-и шаҳри Душанбе – Одина Давлатови 32-сола, субҳи рӯзи 19-уми октябр ҳадафаи тир қарор гирифта, ба ҳалокат расид. Корманди милитсия бахши дар кӯчаи Маяковский будаи «Ориёнбонк»-ро посбонӣ мекард. Ҷиҳати анҷоми тафтишоти ҳодисаи куштори корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҳисоби беҳтарин кормандони Раёсати кофтукови ҷиноӣ ва Раёсати мубориза алайҳи ҷинояткории муташаккили вазорати умури дохилӣ гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ ташкил гардидааст, ки онро муовини вазири умури дохилӣ Шариф Назаров раҳбарӣ мекунад.


Реклама на asia+

Собиқ пулиси афғон дар Душанбе гуруснанишинӣ эълон кард

0



           

Душанбе. 28-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Шаҳрванди Афғонистон, ки чун гуреза дар Тоҷикистон қарор дорад, дар назди бинои Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (СММ) дар пойтахти Тоҷикистон гуруснанишинӣ эълон кард.





           

Ба қавли Муҳаммад Вазир, ки ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» худро чун собиқ афсари идораи пулиси Вазорати умури дохилии Афғонистон муаррифӣ кард, кормандони дафтари Идораи комисариати олии СММ




 





 

оид ба кор бо гурезагон (UNHСR)дар шаҳри Душанбе ба тақдири оилаи ӯ таваҷҷӯҳи зарурӣ зоҳир намесозанд ва ба нишони эътироз ӯ ба чунин амал даст задаст.




           

Номбурда дар идомаи сӯҳбат чунин баён дошт: «Ҳагоми кор дар Афғонистон бо мусоидати ман се маротиба роҳбари яке аз гурӯҳҳои террористӣ боздошт гардид, вале бо дахолати хешовандонаш ӯ ҳар се дафъа ҳам аз муҷозот эмин монд. Пас аз озод шудан аз маҳбас ӯ ҳамеша ба ман ва оилаам таҳдид мекард ва мо маҷбур шудем, ки баҳори соли равон ба Тоҷикистон гуреза шавем».




           

Ба қавли собиқ афсари пулис, ӯ якчанд маротиба аз сохторҳои СММ, аз ҷумла UNHСR дархост кардааст, ки ба рафтани ӯ ва оилааш ба кишвари саввум мусоидат намоянд, зеро дар Тоҷикистон ҳам қарор доштани ӯ бехавф набудааст. «Вале мансабдорони СММ ба ҷойи мусоидат, ба ман гуфтанд, ки аз раҳбарияти Тоҷикистон дархост хоҳанд кард, ки маро бозпас ба Афғонистон фиристанд», – гуфт ӯ.




           

Ӯ таъкид сохт, ки айни замон бекор аст ва зану фарзанадонаш беморанд. Муҳаммад Вазир афзуд, ки то замони дар назди қонунгузории байнулмилалӣ ҷавоб гуфтани кормандони раёсати СММ гуруснанишинӣ хоҳад кард. «Субҳи имрӯз кормандони UNHСR ба назди ман омада, дархост карданд, ки ба гуруснанишинӣ хотима диҳам ва сипас онҳо масъалаи маро баррасӣ мекунанд, – идома дод ӯ. – Вале ман ба ваъдаҳои онҳо бовар надорам, зеро тӯли ним сол аст, ки онҳо танҳо ваъда медиҳанду халос».




           

Ба ҳукуматдорони Тоҷикистон Муҳаммад Вазир ҳеҷ даъвое надорад. Гузашта аз ин, барои ба оилаи ӯ додани мақоми гуреза аз раҳбарияти ҷумҳурӣ миннатдор аст.




           

Дар шарҳи қазияи мазкур роҳбари дафтари Идораи комиссариати олии СММ оид ба кор бо гурезагон дар шаҳри Душанбе Иля Тодорович изҳор дошт, ки ӯ бо Муҳаммад Вазир дирӯз мулоқот карда, ба ӯ ва оилааш кӯмаки молӣ ва тиббӣ ваъда кардааст, вале ӯ аз он даст кашидааст. «Ба ҳар ҳол, ба ман муясаар гашт, ки ӯро розӣ кунам то фарзандонашро ба хона барад», – гуфт ӯ.



Ба қавли И.Тодорович, мувофиқи тартиботи ҷорӣ дар СММ, онҳо имкон надоранд, ки дарҳол дар рӯзи дуввуми муроҷиат ба гурезагон кӯмак расонанд. «Вале мо мувофиқи имконоти мавҷуда ва дар чаҳорчӯбаи барномаҳои СММ, кӯшиш ба харҷ хоҳем дод, ки ба мушкилоти Муҳаммад Вазир ва оилаи ӯ расидагӣ кунем», – афзуд ӯ.

 




Роҳбари дафтари Идораи комиссариати олии СММ оид ба кор бо гурезагон дар шаҳри Душанбе афзуд, ки дар зарфи 9 моҳи соли равон ба ин идораи СММ 1001 нафар гурезагон муроҷиат кардаанд, ки 99 дарсади онҳоро шаҳрвандони Афғонистон ташкил медиҳанд ва ин шумор дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта қариб ду баробар бештар аст.


Реклама на asia+