Шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ соли 2010 пурра мавриди истифода қарор хоҳад гирифт

0


Душанбе. 27-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ тавре интизор меравад, соли 2010 пурра мавриди истифода қарор хоҳад гирифт. Дар ин бора директории муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаи роҳи нақлиётгарди Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ» Қодир Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод.




Ба гуфтаи ӯ, нахуст дар давоми як сол аз тарафи комиссияи корӣ сифати роҳ санҷида шуда, баъдан онро комиссиюни давлатӣ қабул хоҳад кард. Саидов гуфтааст, ки то имрӯз комиссияи корӣ


188 километр

роҳро аз километри 7-уми ноҳияи Исмоили Сомонӣ то километри 57-уми ноҳияи Варзоб ва аз километри 222-юми ноҳияи Истаравшан то километри 365-уми шаҳри Хуҷандро санҷида ва мавриди истифода қарор додааст.

 

«Боз

171 километр

роҳи дигар, дар ҳудуди ноҳияи Варзоб, навоҳии Айниву Истаравшан ва нақби Шаҳристон бояд таъмиру таҷдид шавад», – гуфт Саидов.



Ёдовар мешавем, хазинаи лоиҳаи таҷдиди шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд Чаноқ беш аз 295 миллион долларро ташкил медиҳад, ки 281 миллион доллараш қарзи дарозмуддати ҳукумати Чин буда, ба мӯҳлати 20 сол барои кишвари мо ҷудо гардидааст. Боқӣ 14,8 миллион доллар ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон дар ин лоиҳа аст. Корҳои таъмиру таҷдиди шоҳроҳ ва нақб тобистони соли 2006 оғоз гардида буданд.

  





 

Реклама на asia+

Сархазинадори Бонки миллии Тоҷикистон дар азонихудкунии зиёда аз 1 млн. 600 ҳазор сомонӣ гумонбар дониста мешавад

0


Душанбе. 27-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Сархазинадори Бонки миллии То


ҷ


икистон – Мустафо Асроров дар азонихудкунии зиёда аз 1 миллиону 600 ҳазор сомон


ӣ


, муодил ба беш аз 470 ҳазор доллари амрико


ӣ


гумонбар дониста мешавад.




Ба иттилоъи раиси Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи кишвар – Шерхон Салимзода, 4-ум ва 8-уми июли соли равон Асроров аз кассаҳои Идораи хадамоти гумрук оид ба шаҳри Душанбе, нахуст беш аз 927 ҳазор сомонӣ ва сониян боз 723 ҳазор сомонӣ гирифта, бо роҳи қалбакисозии аснод, ғайриқонунӣ ин миқдор пулро моли худ кардааст.



Нисбати фарди гумонбар, мутобиқи моддаи 245, қисми 2-и Кодекси ҷиноятии ҷумҳурӣ –

 

(азонихудкунӣ ва исрофкорӣ) ва 323 – (сохтакории хизматӣ), парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад. Салимзода ҳамчунин гуфт, ки феълан доираи ашхоси дигаре, ки ба ин ҷиноят даст доранд, муайян карда мешавад.


Реклама на asia+

Дар кишварҳои узви ИДМ сохторҳои давлатии ҳамоҳангсози фаъолияти ташкилотҳои собиқадорон таъсис меёбанд

0


Душанбе. 27-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар пойтахти Белорус – шаҳри Минск ҷаласаи гурӯҳи коршиносон оид ба мутобиқати лоиҳаи Қарор дар бораи таъсиси ташкилотҳои собиқадорони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) доир мегардад.




Тавре аз хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар санади мазкур баррасии имконоти таъсиси сохторҳои давлатии ҳамоҳангсози фаъолияти ташкилоту созмонҳои собиқадорон дар кишварҳои иттиҳод ва кӯмаки молиявии ҳукуматҳо ба онҳо дар назар аст.

 




Таъкид гардид, ки Иттифоқи байнулмилалии «Иттиҳоди созмонҳои ҷамъиятии собиқадорони (нафақахӯрон) кишварҳои мустақил» 12 созмони ҷамъиятии собиқадорони давлатҳои узви ИДМ ва инчунин кишварҳои Латвияву Эстонияро муттаҳид сохта, дар сафҳои худ беш аз 60 млн. нафар аъзо дорад. Аз ҷумла, беш аз 1 млн. нафари онҳо – иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ҳудуди 500 ҳазор нафар – маъюбони ҷанг, беш аз 6 млн. нафар коркунони ақибгоҳи ҷабҳаи ҷанг, беш аз 1,3 млн. нафар собиқадори амалиёти низомӣ, ҳудуди 2 млн. нафар собиқадорони хизмати ҳарбӣ ва беш аз 26 млн. нафар собиқадорони меҳнат мебошанд.



Мақоми олии Иттифоқи байнулмилалӣ Шӯрои ҳамоҳангсоз мебошад, ки барои панҷ сол интихоб гардида, он аз моҳи декабри соли 1991 амал мекунад.


Реклама на asia+

КВД «Талко» ва ширкати «Гидро Алюминиум» оид ба таҳияи заминаи фанниву иқтисодии нерӯгоҳи «Шӯроб» тавофуқ ҳосил карданд

0


Душанбе. 27-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Корхонаи воҳиди давлатии (КВД) «Ширкати алюминии Тоҷикистон» (Талко) ва ширкати «Гидро Алюминиум»-и Норвегия оид ба таҳияи заминаи фанниву иқтисодии нерӯгоҳи обиву барқии «Шӯроб» бо иқтидори 1 ҳазор мВт дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ тавофуқ ҳосил карданд.




Тавре сухангӯи ширкати «Талко» Саёҳат Қодирова ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ин тавофуқ дар конфронси байнулмилалии «Энергияи тоза – имконоти нави рушди манбаъҳои барқароршаванда ва алтернативии энергия дар Тоҷикистон», ки 22-уми октябр дар қароргоҳи ҳукуматии «Пуғус» доир гашт, ҳосил шудааст.



С.Қодирова инчунин изҳор дошт, ки миёни ин ширкатҳо перомуни таҷдиди корпусҳои истеҳсоли электролизии корхона низ гуфтушунид шудааст. «Танҳо дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ КВД «Талко» барои амалисозии чораву тадбирҳои ҳифзи муҳити зист 19 млн. сомонӣ маблағ хароҷот кард», – афзуд сухангӯи ширкат.


Реклама на asia+

Ш.Салимзода: Дахлнопазирии намояндаи мардумӣ ба ҳабси собиқ роҳбари нерӯгоҳи «Норак» монеъ аст

0



           

Душанбе. 25-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дахлнопазирии намояндаи мардумӣ ба ҳабси собиқ роҳбари нерӯгоҳи «Норак» барои азхудкунии маблағҳои давлатӣ ба миқдори ниҳоят калон монеъ аст.





           

Дар як нишасти хабарӣ директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ Шерхон Салимзода гуфтааст, ки агентӣ аз Прокуратураи генералӣ дархост кардааст, дахлнопазирии собиқ роҳбари нерӯгоҳи «Норак» чун намояндаи мардумӣ бекор карда шавад, то ӯ барои содир намудани ҷиноят ба ҳабс гирифта шавад.




           

Ба қавли Ш.Салимзода, собиқ роҳбари нерӯгоҳи «Норак» ва муовини ӯ Маҳмадалӣ Ҳалимов дар ғайриқонунӣ азхуд кардани маблағҳои давлатӣ ба миқдори 1 млн. 282 ҳазору 700 сомонӣ (ҳудуди 380 ҳазор доллари амрикоӣ) гумонбар дониста мешаванд.




           

Зикр гардид, ки муовини роҳбари нерӯгоҳ феълан бо намояндагони тафтишот ҳамкорӣ мекунад ва масъалаи ба ҳабс гирифтани собиқ роҳбари ӯ мавриди баррасӣ қарор дорад.


Реклама на asia+

Дар Суғд барои порадиҳӣ ба корманди агентии зиддифасод раиси хоҷагии деҳқонӣ маҳкум гардид

0




               



Хуҷанд. 24-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар вилояти Суғд барои порадиҳӣ ба корманди агентии зиддифасод раиси яке аз хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Ҷаббор Расулов маҳкум гардид.



Тавре муовини аввали сардори Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи вилояти Суғд Иззатулло САтторов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, собиқ раиси хоҷагии деҳқонии «Ленинград»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов Рустам Тӯйчиев барои раҳоӣ аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва рӯйпӯш сохтани далелҳои азхудкунӣ ва хароҷоти маблағҳои давлат кӯшиш кардааст, ба корманди агентӣ ба маблағи 5 ҳазор доллари амрикоӣ пора диҳад ва ҳангоми додани пора датсгир шудааст.



Р.Тӯйчиев тибқи қарори додгоҳ, ба муддати 3 солу 3 моҳ бо адои ҷазо дар маҳбаси тартиботи умумӣ равонаи зиндон гардид.


Реклама на asia+

С.Миронов ва М.Убайдуллоев оид ба назорати иҷрои қарорҳои анҷумани саввуми байнипарлумонӣ тавофуқ ҳосил карданд

0



           

Душанбе. 24-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар доираи чорабиниҳои Анҷумани саввуми байнипарлумонии «Русияву Тоҷикистон: имконоти ҳамкории минтақавӣ» имрӯз дар шаҳри Душанбе вохӯрии раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев бо раиси Шӯрои Федератсияи Русия Сергей Миронов баргузор гардид.





           

Тавре ёвари раиси палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ Шавкат Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо зикр карданд, ки мебояд минбаъд иҷрои қарорҳои анҷумани саввум таҳти назорат гирифта шуда, мониторинги қарорҳои амалигашта ҷорӣ гардад.




           

Дар анҷоми мулоқот раиси Шӯрои Федератсияи Русия Сергей Миронов ба М.Убайдуллоев медали «15-солагии Шӯрои Федератсияи Русия»-ро супурд.


Реклама на asia+

Тоҷикистон қарзи худро ба Русия пурра пардохт кард

0


Душанбе. 24-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов гуфтааст, ки Тоҷикистон қарзи худро ба Русия пурра пардохтааст.




«Дар давоми 9 моҳи соли равон қарзи боқимонда ба маблағи 15 млн. доллари амрикоӣ пардохт гардид», – гуфтааст рӯзи панҷшанбе дар нишасти матбуотӣ вазири молияи ҷумҳурӣ. Қарзи Тоҷикистон 50 млн. доллари амрикоиро ташкил медод, ки тибқи созишномаи байниҳукуматии Русияву Тоҷикистон аз соли 2004, он дар муддати якчанд сол ба сохтмони нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» маблағгузорӣ карда шуд.



С.Наҷмиддинов ҳамчунин изҳор доштааст, ки қарзи умумии хориҷии Тоҷикистон ба 1-уми октябри соли 2008 1,383 млрд долллари амрикоӣ ё худ 29,1 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварро ташкил додааст.



Қарздиҳандагони асосии Тоҷикистон Бонки ҷаҳонӣ, Бонки рушди Осиё ва Бонки исломии рушд мебошанд. Маблағи қарзҳои дарозмуддат ва имтиёзноки

 

ба Тоҷикистон додаи ин бонкҳо ба 662 млн. доллари амрикоӣ баробар аст.

 



Реклама на asia+

Афсарони Гвардияи миллии Тоҷикистон ҷӯёи ҷавонони тануманду босаводанд

0



           

Хуҷанд. 24-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Вилояти Суғд нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро ба андозаи 55 дарсад иҷро кардааст.





           

Тавре муовини сардори шӯъбаи кор бо ҳайати шахсии комиссариати ҳарбии вилоят Шариф Азизов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар ноҳияи Зафаробод ва шаҳри Табошар нақшаи даъват иҷро гардида, дар ноҳияҳои Спитамену шаҳри Чкаловск он ба беш аз 70 дарсад баробар шудааст.




           

Ба қавли Ш.Азизов, намояндагони қисмҳои низомӣ барои интихоби ҷавонони солиму бештар омода ба хизмати ҳарбӣ дар нуқтаҳои даъвати ҷавонон дар ноҳияҳо қарор доранд.




           

Дар ҳамин ҳол, номбурда мегӯяд, ки афсарони Гвардияи миллии Тоҷикистон ҷавононеро, ки вазнашон на камтар аз 75 килову қадашон на камтар аз


175 см

аст, барои хизмат дар қисми низомии худ интихоб мекунанд. «Онҳо бояд солиму тануманд ва босавод бошанд ва дар сурати дорои маълумоти донишгоҳ будан аз рӯи ихтисос имкон доранд танҳо як сол хизмат кунанд», – гуфт пизишки яке аз қисмҳои низомии Гвардияи миллӣ Шерхон Эшмуродов.


Реклама на asia+

Дар 9 моҳи соли равон беш аз 80 ҳайъати гуногуни хориҷӣ аз Тоҷикистон боздид карданд

0


Душанбе. 24-уми октябр – Имрӯз дар нишасти матбуотӣ вазири умури хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ изҳор дошт, ки дар 9 моҳи соли равон беш аз 80 ҳайъатигуногуни хориҷӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин даҳҳо ҳайъатҳои мухталифи Тоҷикистон аз кишварҳои хориҷӣ боздид карда, ҷиҳати роҳандозӣ ва инкишофи ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба теъдоди зиёди ҳуҷҷатҳо, аз ҷумла 50 санади байналмилалии дуҷониба ба имзо расид.




Тайи ин муддат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Халқию Демократии Алҷазоир ва Ҷумҳурии Қазоқистон боздидҳои расмӣ анҷом дода, дар мулоқотҳои ғайрирасмии сарони давлатҳои ИДМ дар ш. Маскав ва ш. Остона, вохӯрии сарони давлатҳои аъзои Созмони конфронси исломӣ дар Дакар иштирок намуд. Ҳамчунин дар Ҷаласаи Шӯрои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар ш. Маскав ва дар нишасти 63-и Ассамблеяи Генералии СММ дар ш. Ню-Йорк ширкат дошт.



Ташрифи расмии Президенти Украина Виктор Юшенко ва сафари кории Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Қурмонбек Боқиев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт. Гузашта аз ин, Саммити Созмони ҳамкории Шанхай бомуваффақият дар Душанбе баргузор гардида, нахустин боздиди давлатии Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Ху Дзинтао ва ташрифи расмии Президенти Федератсияи Россия Дмитрий Медведев ба Тоҷикистон ба вуқӯъ пайваст. Дар ин бора аз дафтари матуботи Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд.


Реклама на asia+