Дар 9 моҳи соли равон беш аз 80 ҳайъати гуногуни хориҷӣ аз Тоҷикистон боздид карданд

Душанбе. 24-уми октябр – Имрӯз дар нишасти матбуотӣ вазири умури хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ изҳор дошт, ки дар 9 моҳи соли равон беш аз 80 ҳайъатигуногуни хориҷӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин даҳҳо ҳайъатҳои мухталифи Тоҷикистон аз кишварҳои хориҷӣ боздид карда, ҷиҳати роҳандозӣ ва инкишофи ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба теъдоди зиёди ҳуҷҷатҳо, аз ҷумла 50 санади […]

root


Душанбе. 24-уми октябр – Имрӯз дар нишасти матбуотӣ вазири умури хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ изҳор дошт, ки дар 9 моҳи соли равон беш аз 80 ҳайъатигуногуни хориҷӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин даҳҳо ҳайъатҳои мухталифи Тоҷикистон аз кишварҳои хориҷӣ боздид карда, ҷиҳати роҳандозӣ ва инкишофи ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба теъдоди зиёди ҳуҷҷатҳо, аз ҷумла 50 санади байналмилалии дуҷониба ба имзо расид.




Тайи ин муддат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Халқию Демократии Алҷазоир ва Ҷумҳурии Қазоқистон боздидҳои расмӣ анҷом дода, дар мулоқотҳои ғайрирасмии сарони давлатҳои ИДМ дар ш. Маскав ва ш. Остона, вохӯрии сарони давлатҳои аъзои Созмони конфронси исломӣ дар Дакар иштирок намуд. Ҳамчунин дар Ҷаласаи Шӯрои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар ш. Маскав ва дар нишасти 63-и Ассамблеяи Генералии СММ дар ш. Ню-Йорк ширкат дошт.



Ташрифи расмии Президенти Украина Виктор Юшенко ва сафари кории Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Қурмонбек Боқиев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт. Гузашта аз ин, Саммити Созмони ҳамкории Шанхай бомуваффақият дар Душанбе баргузор гардида, нахустин боздиди давлатии Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Ху Дзинтао ва ташрифи расмии Президенти Федератсияи Россия Дмитрий Медведев ба Тоҷикистон ба вуқӯъ пайваст. Дар ин бора аз дафтари матуботи Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.