Афсарони Гвардияи миллии Тоҷикистон ҷӯёи ҷавонони тануманду босаводанд

            Хуҷанд. 24-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Вилояти Суғд нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро ба андозаи 55 дарсад иҷро кардааст.             Тавре муовини сардори шӯъбаи кор бо ҳайати шахсии комиссариати ҳарбии вилоят Шариф Азизов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар ноҳияи Зафаробод ва шаҳри Табошар нақшаи даъват иҷро гардида, дар […]

Бахтиёр Валиев



           

Хуҷанд. 24-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Вилояти Суғд нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро ба андозаи 55 дарсад иҷро кардааст.





           

Тавре муовини сардори шӯъбаи кор бо ҳайати шахсии комиссариати ҳарбии вилоят Шариф Азизов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар ноҳияи Зафаробод ва шаҳри Табошар нақшаи даъват иҷро гардида, дар ноҳияҳои Спитамену шаҳри Чкаловск он ба беш аз 70 дарсад баробар шудааст.




           

Ба қавли Ш.Азизов, намояндагони қисмҳои низомӣ барои интихоби ҷавонони солиму бештар омода ба хизмати ҳарбӣ дар нуқтаҳои даъвати ҷавонон дар ноҳияҳо қарор доранд.




           

Дар ҳамин ҳол, номбурда мегӯяд, ки афсарони Гвардияи миллии Тоҷикистон ҷавононеро, ки вазнашон на камтар аз 75 килову қадашон на камтар аз


175 см

аст, барои хизмат дар қисми низомии худ интихоб мекунанд. «Онҳо бояд солиму тануманд ва босавод бошанд ва дар сурати дорои маълумоти донишгоҳ будан аз рӯи ихтисос имкон доранд танҳо як сол хизмат кунанд», – гуфт пизишки яке аз қисмҳои низомии Гвардияи миллӣ Шерхон Эшмуродов.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.