Тоҷикистон қарзи худро ба Русия пурра пардохт кард

Душанбе. 24-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов гуфтааст, ки Тоҷикистон қарзи худро ба Русия пурра пардохтааст. «Дар давоми 9 моҳи соли равон қарзи боқимонда ба маблағи 15 млн. доллари амрикоӣ пардохт гардид», – гуфтааст рӯзи панҷшанбе дар нишасти матбуотӣ вазири молияи ҷумҳурӣ. Қарзи Тоҷикистон 50 млн. доллари амрикоиро ташкил медод, ки […]

РИА Новости


Душанбе. 24-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов гуфтааст, ки Тоҷикистон қарзи худро ба Русия пурра пардохтааст.




«Дар давоми 9 моҳи соли равон қарзи боқимонда ба маблағи 15 млн. доллари амрикоӣ пардохт гардид», – гуфтааст рӯзи панҷшанбе дар нишасти матбуотӣ вазири молияи ҷумҳурӣ. Қарзи Тоҷикистон 50 млн. доллари амрикоиро ташкил медод, ки тибқи созишномаи байниҳукуматии Русияву Тоҷикистон аз соли 2004, он дар муддати якчанд сол ба сохтмони нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» маблағгузорӣ карда шуд.



С.Наҷмиддинов ҳамчунин изҳор доштааст, ки қарзи умумии хориҷии Тоҷикистон ба 1-уми октябри соли 2008 1,383 млрд долллари амрикоӣ ё худ 29,1 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварро ташкил додааст.



Қарздиҳандагони асосии Тоҷикистон Бонки ҷаҳонӣ, Бонки рушди Осиё ва Бонки исломии рушд мебошанд. Маблағи қарзҳои дарозмуддат ва имтиёзноки

 

ба Тоҷикистон додаи ин бонкҳо ба 662 млн. доллари амрикоӣ баробар аст.

 



Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.