Густариши ҳамкориҳои парлумони Тоҷикистону Русия

0



            




 

Душанбе. 24-уми октябр. оИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Душанбе дар қароргоҳи ҳукуматӣ Анҷумани


III


-уми байнипарлумонии «Русияву Тоҷикистон: имконоти ҳамкории минтақавӣ» ба кор шурӯъ мекунад.




Анҷуман бо сухани табрикии президенти То


ҷ


икистон Эмомал


ӣ


Раҳмон ифтитоҳ меёбад. Ан


ҷ


уман таҳти ҳамраисии Раиси Ма


ҷ


лиси миллии Ма


ҷ


лиси Олии


ҷ


умҳур


ӣ


Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Раиси Ш


ӯ


рои Федератсияи Ма


ҷ


лиси Федеролии Федератсияи Русия Сергей Миронов


ҷ


араён мегирад.

 




Аз маркази матбуоти парлумони ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ки дар кори анҷуман вакилони парлумонҳои ҳарду кишвар, роҳбарони вилоятҳо, кормандони ҳокимияти иҷроия, намояндагони доираҳои илмӣ ва аҳли ҷомеа ширкат хоҳанд варзид. Интизор меравад, ки ба масъалаи такмили заминаи меъёрӣ-ҳуқуқии ҳамкориҳо таваҷҷӯҳи хос зоҳир хоҳад шуд.



Дар доираи чорабиниҳои анҷуман вох


ӯ


рию мулоқотҳои доираҳои ти


ҷ


оратии То


ҷ


икистону Русия доир мегарданд, ки дар онҳо масъалаҳои тақвияти ҳамкории иқтисодию ти


ҷ


оратии ду кишвар мавриди баррас


ӣ


қарор мегиранд. Ҳамзамон баргузории мизҳои гирд дар мавз


ӯ


ъҳои «Раванди танзими ҳуқуқии муҳо


ҷ


ирати меҳнат


ӣ


» ва «Рушди робитаҳои и


ҷ


тимо


ӣ


ва гуманитар


ӣ


» ба нақша гирифта шудааст. Ба имзо расонидани Созишномаи ҳамкор


ӣ


байни сохторҳои соҳав


ӣ


, вилоятҳои То


ҷ


икистон бо субъектҳои марбутаи Федератсияи Русия дар назар аст.



Чанде қабл раиси Кумитаи Шӯрои Федератсияи Русия оид ба корҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Вадим Густов изҳор дошта буд, ки бо назардошти вазъи кунунӣ ва ҷараёни амалишавии ҳамкориҳои минтақавӣ миёни Русияву Тоҷикистон, то соли 2009 муомилоти мол миёни давлатҳоро то ба 1 млрд. доллари амрикоӣ расонидан аз эҳтимол дур нест. Ба қавли ӯ, дар ин анҷуман, барои расидан ба ин мақсад тадбирҳои муассир андешида хоҳанд шуд.



Ҳайати парлумони Русия субҳи 25-уми октябр бо ҳамроҳони худ ба вилояти Суғд рафта, дар идомаи кори Форуми сеюми байнипарлумонии Тоҷикистону Русия иштирок мекунад. Ба ин муносибат дар шаҳри Хуҷанд намоишгоҳи дастовардҳои меҳнатии мардуми вилоят ва муаррифии барномаҳои инвеститсионӣ барпо мегардад. Ҳайати Русия аз Қасри фарҳангии «Арбоб» ва осорхонаи таърихии вилоят низ боздид хоҳад кард. Дар доираи ин боздид дар варзишгоҳи «Спартак»-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки ҳунармандони Тоҷикистону Русия барномаи консертӣ доир хоҳад гашт.



Ёдрас мекунем, ки дар ду анҷумани қаблӣ миёни вилояти Суғд ва вилоятҳои Астрахан, Иваново, Саратов, Оренбург ва кишвари Олтойи Русия созишномаҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногун ба имзо расиданд. Соли ҷорӣ муомилоти мол миёни вилояти Суғд ва Русия ба 360, 6 млн. доллари амрикоӣ баробар шудааст, ки он 48 дарсади ҳаҷми умумии муомилоти молии вилоятро ташкил медиҳад.



Анҷумани аввал моҳи августи соли 2006 дар шаҳри Душанбе баргузор гашта, дар он мақоми доимоамалкунандаро гирифт. Анҷумани дуввум моҳи сентябри соли 2007 дар Русия доир гардида буд.


Реклама на asia+

Имсол барои сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» ва ду нерӯгоҳи «Сангтӯда» аз буҷаи ҷумҳурӣ ҳудуди $42 млн. маблағ ҷудо гардид

0


Душанбе. 24-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов дар нишасти хабарӣ изҳор дошт, ки дар 9 моҳи соли ҷорӣ қисми хароҷоти буҷаи давлатӣ 3 млрд. 428 млн. сомониро ташкил додааст, ки маблағгузории он 90 дарсад таъмин карда шудааст.




Ба гуфтаи ӯ, дар ин давра барои рушди бахши энергетика дар ҷумҳурӣ аз буҷаи давлатӣ 716 млн. сомонӣ ихтисос дода шудааст.



С.Наҷмиддинов зикр кард, ки аз ин маблағ ба идомаи сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» 76 млн. сомонӣ, нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» 55,2 млн. сомонӣ ва нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» 10,2 млн. сомонӣ ҷудо карда шуд.


Реклама на asia+

Соли равон Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамҷавор беш аз 1 млрд кВт/соат нерӯи барқ интиқол дод

0


Душанбе. 24-уми октябр – Дар вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони васоити ахбори оммавӣ нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Дар он вазири энергетика ва саноати ҷумҳурӣ Гул Шералӣ дар бораи натиҷаҳои фаъолияти соҳа дар давоми нӯҳ моҳи гузашта маълумот дод. Вай зикр кард, ки корхонаю муассисаҳои соҳаҳои энергетика ва саноати ҶТ фаъолияташонро баҳри қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷумурӣ равона карданд.







               

Вай зикр кард, ки истеҳсоли умумии нерӯи барқ дар давоми нӯҳ моҳи гузашта дар ҷумҳурӣ 11445,093 миллион кВт соатро ташкил дод, аз ҷумла дар НБО- 11254,395 миллион кВт.соат ва дар Маркази барқу гармдиҳии шаҳри Душанбе (МБГ) 190,7 миллион кВт соатро ташкил дод, ки нисбати ҳамин давраи соли 2007 мутаносибан 86,5-фоиз, 86,3-фоиз, 100,2 фоизро ташкил дод. Яъне нӯҳмоҳаи ҳисоботӣ 1782,91 миллион кВт.соат нерӯи барқ камтар дар нерӯгоҳҳои барқию обӣ истеҳсол шудааст.




               

Сабаби асосии нисбати соли гузашта паст шудани нишондиҳандаи истеҳсоли барқ сардиҳои даҳаи аввали моҳи январ ва кам шудани захираҳои энергетикӣ (об) ба обанбор ба ҳисоб меравад. Истеҳсоли нерӯи гармӣ бошад 336,0 ҳазор Гкалро ташкил дод, ки нисбати ҳамин давраи соли 2007-98,3 ҳазор Гкал камтар аст.




               



Мутобиқи Созишномаи ба имзо расидаи байнидавлатӣ бо мақсади таъмин аҳолӣ бо нерӯи барқ, дар аввали моҳи октябри соли ҷорӣ ширкати энергетикӣ дар ҳаҷми 2126,27 миллион кВт.соат нерӯи барқро ба ҷумҳурӣ ворид намуд, аз ҷумла аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон – 505,425 миллион кВт соат, Ҷумҳурии Қазоқистон -21,115 миллион кВт.соат,Ҷумҳурии Қирғизистон – 88,38 миллион кВт.соат, Ҷумҳурии Туркманистон – 801,073 миллион кВт.соат (барои КВД «Ширкати Алюминии Тоҷик», ҶСК «Сангтӯда-1») -710,283 миллион соатро ташкил дод. «Ҳаҷми содирот бошад, дар ин давра 1012,48 миллион кВт.соатро ташкил дод, аз он ҷумла, ба Ҷумҳурии Афғонистон – 30,916 миллион кВт.соат, Ҷумҳурии Қазоқистон 19,12 миллион кВт.соат, Ҷумҳурии Ӯзбекистон 901,128 миллион кВт.соат, Ҷумҳурии Қирғизистон – 52,044 миллион кВт.соат ва ШСК «ПомирЭнержи» 9,27 миллион кВт.соат мебошад», – гуфт дар хотима Г.Шералӣ.


Реклама на asia+

Баъди таваққуфи 15-сола пойгоҳҳои обкашии «Қаратоғ-2» ба кор дароварда шуданд

0



           

Душанбе. 23-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Баъди таваққуфи 15-сола пойгоҳҳои обкашии «Қаратоғ-2» ба кор дароварда шуд, ки барои обшор кардани зиёда аз


400 гектар

заминҳои кишоварзии ноҳияи Шаҳринав мусоидат менамояд.





           

Дирӯз дар нишасти матбуотӣ муовини вазири мелиоратсия ва захираҳои оби Тоҷикистон Камол Нуралиев изҳор дошт, ки тайи 9 моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ ҷиҳати истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ва омодасозии иншооти обёрӣ корҳои муайян ба анҷом расидаанд. Дар ин давра ба маблағи беш аз 4 млн. сомонӣ корҳои мелиоративӣ иҷро гардиданд.




           

Ба қавли К.Нуралиев, соли ҷорӣ барои обёрии зироатҳои кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ ба миқдори 47 млрд. 91514 ҳазор метри мукааб об дода шудааст. Дар ҳамин ҳол, муовини вазир саривақт напардохтани ҳаққи хизмати обрасониро яке аз мушкилоти асосии соҳа арзёбӣ кард. «Айни замон қарзҳои хоҷагиҳои кишоварзӣ дар назди идораҳои давлатии хоҷагии оби ноҳияҳо 133 млн. 840 ҳазор сомониро ташкил медиҳад», – гуфт ӯ.




           

Ёдрас мекунем, ки айни замон ҷиҳати ба эътидол овардани вазъи соҳаи обёрӣ ва беҳбуди ташкили кори хоҷагии об дар назди Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби ҷумҳурӣ 5 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии 145,91 млн. доллари амрикоӣ татбиқ мегардад. Аз ин маблағҳо


$58


млн. азхуд карда шудааст.


Реклама на asia+

Сафари расмии сарвазири Қазоқистон ба Тоҷикистон ба моҳи ноябр мавқуф гузошта шуд

0


Душанбе. 23-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Сафари расмии сарвазири Қазоқистон Карим Масимов ба Тоҷикистон ба моҳи ноябр мавқуф гузошта шуд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз сафорати Қазоқистон дар Тоҷикистон хабар доданд, вале сабабҳои мавқуф гузоштани сафарро шарҳ надоданд.




Ёдрас мекунем, ки сафари расмии сарвазири Қазоқистон ба ҷумҳурии мо бояд рӯзҳои 23-24 ҳамин моҳ сурат мегирифт. Ширкати К.Масимов дар иятитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Қазоқистон дар Тоҷикистон пешбинӣ гардида буд.



Бино ба иттилои манбаъ, боздиди расмии сарвазири Қазоқистон аз Тоҷикистон рӯзҳои 5-6-уми ноябр доир хоҳад гашт. Интизор меравад, ки дар ҷараёни боздиди корӣ сарвазири Қазоқистон бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, сарвазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов ва дигар шахсони расмӣ мулоқот мекунад.



Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии омори ҷумҳурӣ, дар 9 моҳи соли ҷорӣ муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон ба 206 млн. 535 ҳазор доллари амрикоӣ баробар шудааст, ки воридоти мол аз Қазоқистон беш аз 200 млн. доллари амрикоиро ташкил додааст.


Реклама на asia+

Тоҷикистон аз баргардонидани қарзи талабкардаи ХБА ба маблағи $47 млн. аллакай $15 миллионашро пардохт кард

0


Душанбе. 23-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Раиси Бонки Миллии Тоҷикистон (БМТ) Шариф Раҳимзода имрӯз ба рӯзноманигорон изҳор дошт, ки Тоҷикистон ӯҳдадориҳояшро оид ба баргардонидани қарзи талабкардаи Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА), ки ба таври истисно аз моҳи январи соли 2004 то феврали соли 2006 дар доираи татбиқи барномаи паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва мусоидат ба рушди иқтисодӣ ба Тоҷикистон ҷудо гардида буд, иҷро карда истодааст.




Қобили зикр аст, ки моҳи марти соли ҷорӣ ХБА дар асоси гузориши мудири масъули тақсимоти маблағҳо, аз Тоҷикистон талаб кард, ки ба Хазина 47,4 миллион доллари амрикоӣ маблағҳоеро, ки бо роҳи рӯйпӯш кардани маълумоту нишондиҳандаҳо гирифтааст, дар шаш навбат пардохт намояд. Пардохти маблағи нахустини қарз 5-уми сентябри соли 2008 ва охирин на дертар аз 5-уми феврали соли 2009 бояд амалӣ гардад.



Ба қавли Ш.Раҳимзода, феълан Тоҷикистон дар ду навбат $15 млн. аз маблағи умумии қарзро пардохтааст. «Мо омодаем кадом вақте набошад, маблағи боқимондаро низ пардохт кунем»- гуфт раиси БМТ.


Реклама на asia+

Вазорати молия: Бӯхрони молиявӣ ба Тоҷикистон таъсири бевосита нахоҳад дошт

0


Душанбе. 23-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ ба бозори молиявии Тоҷикистон бевосита ҳеҷ таъсире нахоҳад гузошт, вале эҳтимоли таъсири бавоситаи он аз эҳтимол дур нест.




Ба қавли ӯ, иллати аслии бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ афзоиши шумораи коғазҳои қимматнок ва қарздиҳии ипотекӣ мебошад. «Ба ҷумҳурии мо, ки дорои фонди заъифи бозорӣ ва низоми ипотекӣ аст, аз он нигарон будан нашояд», – гуфт ӯ.



Вазири молия зикр кард, ки ахири моҳи гузашта дар Маскав ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсози вазирони молияи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гашта, маълум гардидааст, ки кишварҳои ҳамҷавор – Ӯзбекистону Қирғизистону Туркманистон низ аз бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ ҳеҷ осебе надидаанд.



С.Наҷмиддинов афзуд, ки ба туфайли бозсозии сохтории 5 сол қабл гузаронидашуда ба маблағи ҳудуди 160 млн. сомонӣ, ки дар натиҷаи он 8 муассисаи қарздиҳӣ барҳам дода шуда буданд, айни замон ҷумҳурӣ низоми устувори бонкиро доро шудааст.



Барои исботи гуфтаҳои худ вазир ҳамчунин омилҳои дигареро, аз қабили устувории қурби асъори миллӣ

 

ва афзоиши депозитҳои бонкиро ба андозаи 75 дарсад нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта низ мисол овард.


Реклама на asia+

Парлумони ҷумҳурӣ лоиҳаи Буҷети давлатии Тоҷикистонро барои соли 2009 муҳокима мекунад

0


Душанбе. 23-уми октябр – Муҳокимаи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2009» дар Кумитаҳои палатаи поёнии парлумони мамлакат оғоз ёфт.




Дар ҷаласаҳое, ки дар кумитаҳои иқтисод, буҷет, молия ва андоз, оиди масъалаҳои иҷтимоӣ, оила, ҳифзи сиҳатӣ ва экология ва Кумитаи илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонон доир гардид, лоиҳаи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2009 муҳокима гардид.



Иштирокдорони ҷаласаҳо ва гурӯҳи корӣ таклифу эродҳои Кумитаҳои Маҷлиси намояндагонро баррасӣ намуданд. Онҳо, зикр карданд, ки аз ҷониби Кумитаҳои мазкур як қатор таклифу эродҳо дар мавриди ҷудо намудани маблағҳои зарурӣ барои табобати санаторӣ-курортӣ, андозаҳои ҷубронпулии роҳхатҳо ба ветеранҳои ҷанг, риояи таносуби ҷудо кардани маблағҳо барои дармонгоҳҳо ва беморхонаҳо, пешбинии маблағҳо барои амалиёти ҷарроҳии дилу рагҳои хунгард, дар буҷети давлатӣ нишон додани ҳаҷми маблағҳо барои таҳсилоти умумӣ, истифодаи самараноки маблағҳо барои баланд бардоштани маоши муаллимон ва ғайраҳо пешниҳод гардидааст.



Муҳокимаи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2009» дар Кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон идома дорад.


Реклама на asia+

Раиси Шӯрои Федератсияи Русия Сергей Миронов шоми имрӯз ба Душанбе меояд

0


Душанбе. 23-уми -Рӯзҳои 24-25 октябр дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд Форуми сеюми байнипарлумонии Тоҷикистону Русия: нерӯи ҳамкории байниминтақавӣ» баргузор мегардад.




Форум таҳти ҳамраисии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Сергей Миронов ҷараён мегирад.



Инчунин, Раиси Кумитаи Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Вадим Густов, Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Мамадшо Илолов, сардори Раёсати таъминоти ҳуқуқии Хадамоти Федералии муҳоҷирати Русия П. Смагина ва дигарон маърӯза мекунанд.




 

Дар доираи Форуми байнипарлумонӣ вохӯрию мулоқоти доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Русия баргузор мегардад, ки дар он масъалаҳои тақвияти ҳамкории иқтисодию тиҷоратии ду кишвар мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Ҳамзамон баргузории мизҳои мудаввар дар мавзуҳои «Раванди танзими ҳуқуқии муҳоҷирати меҳнатӣ» ва «Рушди робитаҳои иҷтимоӣ ва гуманитарӣ» ба нақша гирифта шудааст. Инчунин, ба имзо расонидани Созишномаҳои ҳамкорӣ байни сохторҳои соҳавӣ, вилоятҳои Тоҷикистон бо субъектҳои марбутаи Федератсияи Русия дар назар аст. Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.


Реклама на asia+

Финландия ба марзбонони тоҷик кӯмаки молиявӣ хоҳад расонд

0



           

Душанбе. 23-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз мулоқоти кории раҳбарияти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бо ҳайати Вазорати умури дохилии Финландия таҳти сарварии вазири умури дохилии ин кишвар Анне Холмлунд баргузор гардид.





           

Тавре аз Сарраёсати нерӯҳои марзбонии кумитаи мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар мулоқот масоили ҷилавгирӣ аз интиқоли маводи мухаддир тавассути марз бо Афғонистон, таҳкими назорат аз болои қочоқи маводи мухаддир, муҳоҷирати ғайриқонунӣ, мубориза алайҳи терроризми байнулмилалӣ ва ифротгароии динӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.




           

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон барои беҳбуди вазъ дар марз бо Афғонистон кӯшишҳои зиёд ба харҷ медиҳад. Дар анҷоми мулоқот ҷониби Финландия изҳор дошт, ки дар ҳалли мушкилоти мавҷуда дар марзҳо омода аст, ба Тоҷикистон кӯмаки молиявӣ расонад.


Реклама на asia+