Баъди таваққуфи 15-сола пойгоҳҳои обкашии «Қаратоғ-2» ба кор дароварда шуданд

            Душанбе. 23-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Баъди таваққуфи 15-сола пойгоҳҳои обкашии «Қаратоғ-2» ба кор дароварда шуд, ки барои обшор кардани зиёда аз 400 гектар заминҳои кишоварзии ноҳияи Шаҳринав мусоидат менамояд.             Дирӯз дар нишасти матбуотӣ муовини вазири мелиоратсия ва захираҳои оби Тоҷикистон Камол Нуралиев изҳор дошт, ки тайи 9 моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ […]

Шаҳло Абдураҳимова



           

Душанбе. 23-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Баъди таваққуфи 15-сола пойгоҳҳои обкашии «Қаратоғ-2» ба кор дароварда шуд, ки барои обшор кардани зиёда аз


400 гектар

заминҳои кишоварзии ноҳияи Шаҳринав мусоидат менамояд.





           

Дирӯз дар нишасти матбуотӣ муовини вазири мелиоратсия ва захираҳои оби Тоҷикистон Камол Нуралиев изҳор дошт, ки тайи 9 моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ ҷиҳати истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ва омодасозии иншооти обёрӣ корҳои муайян ба анҷом расидаанд. Дар ин давра ба маблағи беш аз 4 млн. сомонӣ корҳои мелиоративӣ иҷро гардиданд.




           

Ба қавли К.Нуралиев, соли ҷорӣ барои обёрии зироатҳои кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ ба миқдори 47 млрд. 91514 ҳазор метри мукааб об дода шудааст. Дар ҳамин ҳол, муовини вазир саривақт напардохтани ҳаққи хизмати обрасониро яке аз мушкилоти асосии соҳа арзёбӣ кард. «Айни замон қарзҳои хоҷагиҳои кишоварзӣ дар назди идораҳои давлатии хоҷагии оби ноҳияҳо 133 млн. 840 ҳазор сомониро ташкил медиҳад», – гуфт ӯ.




           

Ёдрас мекунем, ки айни замон ҷиҳати ба эътидол овардани вазъи соҳаи обёрӣ ва беҳбуди ташкили кори хоҷагии об дар назди Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби ҷумҳурӣ 5 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии 145,91 млн. доллари амрикоӣ татбиқ мегардад. Аз ин маблағҳо


$58


млн. азхуд карда шудааст.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 25 апрели соли 2026

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ Соли 1992 – Дар маркази Душанбе дар майдонҳои “Озодӣ” ва “Шаҳидон” гирдиҳамоиҳои худҷӯш баргузор шуданд. Соли 1996 – Аввалини шумораи ҳафтаномаи хусусии “Чархи...

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.