Ӯзбекистон Эъломияи Душанбе оид ба шарикӣ дар бахши идораи марзҳоро имзо накард

0



           

Душанбе. 23-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Эъломияи шарикии конфронси «Идораи марзҳо ва назорати маводи нашъаовар дар Осиёи Марказӣ»-ро, ки чанде қабл дар шаҳри Душанбе анҷом ёфт, аксарияти иштирокдорони конфронси мазкур маъқул шумориданд.





           

Тавре сардори ситоди Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон полковник Фахриддин Ҷонмаҳмадов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар Эъломия, аз ҷумла гуфта мешавад: «Мо саъйу талошамонро ба таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ ва байнулмилалӣ дар беҳбуди идораи марзҳо ва назорат аз болои маводи мухаддир изҳор дошта, ба иқдомоти пшгирифта дар ин самт ҳамеша мусоидат хоҳем кард».




           

Дар Эъломия зикр гардидааст, ки кишварҳои иштироккунандаи конфронс ташаббусҳои зоҳиргашта баҳри таҳкими идораи марзҳо ва назорат аз болои маводи мухаддирро, ки бар асоси созишномаҳои шарикӣ ва чорабиниҳои муштарак дар чаҳорчӯбаи статегияи Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ, Стратегияи минтақавии СММ оид ба ҷинояткорӣ ва мубориза бо қочоқи маводи мухаддир дар марзҳои кишварҳои минтақа ва Афғонистон, тадбирҳои САҲА, СААД, ИДМ ва СҲШ ба тасвиб расидааст, мақул шуморида, онро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунанд.




           

«Танҳо ҳайати Ӯзбекистон изҳор дошт, ки матни Эъломия ба онҳо чанде қабл аз баргузории конфронс дастрас шудааст ва ба иллати камии вақт натавонистаанд, ки онро ҳамаҷониба бараасӣ кунанд, – идома дод манбаъ. – Аз ин рӯ, онҳо дар баррасии эъломия ҳузур надоштанд ва тасвиби онро низ мавқуф гузоштанд».




           

Ба қавли Ф.Ҷонмаҳмадов, тасвиби Эъломияи Душанбе озоду кушод буда, ҳар кишвари хоҳишманд ё созмони байнулмилалӣ метавонад онро дар вақти дилхоҳ ба имзо расонад.

   



Реклама на asia+

Дар шаҳри Сочи ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои вазирони умури дохилии кишварҳои узви ИДМ ба кор шурӯъ мекунад

0



           

Душанбе. 23-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Вазири умури дохилии Тоҷикистон Маҳмадназар Солеҳов дар кори ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои вазирони умури дохилии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), ки имрӯз дар шаҳри Сочи ифтитоҳ мегардад, иштирок мекунад.





           

Аз маркази матбуоти вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки иштирокдорони ҷаласа масоили андешидани чораҳои муштарак бар зидди ҷинояткории фаромиллӣ, тақвияти мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддир, муҳоҷирати меҳнатии ғайриқонунӣ ва нақшаи амалиёти муштарак дар мубориза бо дигар ҷиноятҳои муташаккилро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.




           

Зикр гардид, ки дар кори ҷаласа ба ҷуз вазирони умури дохилӣ, ҳамчунин ҳайатҳои Кумитаи иҷроияи ИДМ, Маркази зиддитеррористии иттиҳод, Дафтари ҳамоҳангсозии мубориза бо ҷинояткории муташаккил дар қаламрави кишварҳои узви ИДМ ва Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ низ ширкат хоҳанд варзид. Дар ҷаласа ба имзо расидани як қатор асноди байнулмилалӣ оид ба ҳамкорӣ дар назар аст.




           

Манбаъ афзуд, ки 24-уми октябр дар доираи чорабиниҳои ҷаласаи шӯро тамринҳои махсуси байнулмилалӣ оид ба андешидани чораҳо ҳангоми амалҳои террористӣ дар иншооти варзишӣ баргузор мешавад, ки дар он беш аз 180 корманди воҳидҳои махсуси Вазоратҳои умури дохилии Русия ва Белорус иштирок хоҳанд кард.


Реклама на asia+

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон соли оянда хоҳишмандони зиёрати хонаи Каъбаро ба навбат мегузорад

0



           

Душанбе. 23-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ният дорад аз соли оянда тартиби навбатро барои зиёрати хонаи Каъба ҷорӣ созад.





           

Тавре сардори Раёсат оид ба корҳои дини вазорат Саидбек Маҳмадуллоев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, чунин тартибот дар бисёр кишварҳо, аз ҷумла дар Эрон муддати 10 сол аст, ки амал мекунад. Номбурда мегӯяд, ки ин иқдом бинобар сол аз сол афзудани сафи хоҳишмандони зиёрати Каъба дар ҷумҳурӣ пеш гирифта мешавад. «Зоирине, ки имсол муяссарашон нагашт ба ҳаҷ раванд, ба рӯйхати навбати соли оянда дохил карда мешаванд», – гуфт ӯ.




           

Ба қавли ӯ, айни замон рӯйхати ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки соли равон сафари хонаи Каъба мераванд, омода шудааст. Имсол аз 5 ҳазор квотаи ҷудошудаи Арабистони Саъудӣ ба Тоҷикистон 138 нафар аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 1 ҳазору 328 нафар аз вилояти Суғд, 1 ҳазору 538 нафар аз вилояти Хатлон, 494 нафар аз шаҳри Душанбе ва 1 ҳазору 2 нафар аз ноҳияҳои тобеи марказ ба зиёрати хонаи Каъба раҳсипор хоҳанд шуд.




           

С.Маҳмадуллоев афзуд, ки гурӯҳи аввалини зоирин аз Тоҷикистон 17-уми ноябр озими Арабистони Саъудӣ мегарданд. Ҳамлу нақли зоирин ба дӯши ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» вогузор шудааст.


Реклама на asia+

Дастаи футболи «Хуҷанд»-и Хуҷанд барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид

0


Душанбе. 23-уми октябр – Дастаи футболи «Хуҷанд»-и Хуҷанд барои севвумин бор барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид.




Дастаи ғолиб дар бозии ниҳоӣ, ки дирӯз дар варзишгоҳи «Спартак»-и шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, тими «Энергетик»-и Душанберо бо ҳисоби 2:1 шикаст дод.



Ҳарсе гол дар нимаи дуввуми дидор зада шуд. Маҳмадалӣ Содиқов, бозигари «Хуҷанд» ҳисобро боз кард. Голи дуввуми «Хуҷанд»-ро Шӯҳрат Шамсиев ба ҳадаф расонд. Баъдан бозигари ҷавони «Энергетик» Александр Франк, писари футболбози маъруфи тоҷик Александр Азимов, узви дастаи машҳури «Помир»-и Душанбе, ҳисобро тағйир дод.



Ҳамин тариқ дастаи «Хуҷанд» баъди 6 сол боз соҳиби Ҷоми Тоҷикистон гардид. Ин дафъа бозигарони Хуҷанд таҳти раҳбарии сармураббӣ Уроз Турақулов муваффақ гаштанд.




 

Реклама на asia+

Э. Раҳмон суръати ҷамъоварии ҳосили фаровони пахтаро дар ҷумҳурӣ ғайриқаноатбахш арзёбӣ намуд

0





Душанбе.23-уми октябр – Президенти




Ҷ




умҳурии То




ҷ




икистон Эмомал




ӣ




Раҳмон бо иштироки масъулини Ҳукумати мамлакат ва Дастгоҳи и




ҷ




роияи сарвари давлат, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, раисони вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Р




ӯ




дак




ӣ




, Ҳисор, Шаҳринав ва Турсунзода оид ба масъалаҳои кишоварз




ӣ




машварати кор




ӣ




доир намуд.










Дар машварат ҳисоботи муовини сарвазири мамлакат Муродал




ӣ




Алимардон ва вазири кишоварз




ӣ




, раисони вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Р




ӯ




дак




ӣ




, Ҳисор, Шаҳринав ва Турсунзода оид ба рафти




ҷ




амъоварии ҳосили пахта, кишти тирамоҳ




ӣ




, омодаг




ӣ




ба зимистон, истифодаи ғайримақсадноки заминҳо ва маблағҳои ба ассотсиатсияҳои обрасон




ҷ




удогашта, омода ва захира кардани тухмии зироатҳо, таъмини бозори истеъмол




ӣ




бо меваю сабзавот ва дигар маводи ғизоии истеҳсоли худ




ӣ




, омодаг




ӣ




ба кишти такрор




ӣ




ва




ҷ




ор




ӣ




намудани механизми нави маблағгузории бахши пахтакор




ӣ




шунида шуд.









Зикр гардид, ки имсол дар нати




ҷ




аи и




ҷ




рои дастуру супоришҳои судбахши президент оид ба истифодаи пурсамари ҳар як ва




ҷ




аб замини корам ҳосили фаровони тамоми маҳсулоти кишоварз




ӣ




, аз




ҷ




умла ғалладона, меваю сабзавот, картошка ва пахта р




ӯ




ёнда шудааст.









Тибқи ҳисоботҳо имсол дар




ҷ




умҳур




ӣ




дар майдони беш аз 237 ҳазор гектар пахта кишт шудааст ва пахтакорон умед доранд, ки дар ма




ҷ




м




ӯ




ъ 410 ҳазор тонна ҳосил ба даст оранд.









Бо қаноатманд




ӣ




зикр гардид, ки хо




ҷ




агиҳои пахтакор тадри




ҷ




ан аз қарзҳои сармоягузорону бонкҳо раҳо ёфта, р




ӯ




ба худмаблағгузор




ӣ




оварда истодаанд. Ин тамоюл бештар дар ноҳияҳои Ваҳдат, Р




ӯ




дак




ӣ




, Ҳисор ва Шаҳринав ба назар мерасад, таъкид гардид, дар ҳисоботҳо.









Дар воқеъ имр




ӯ




з нати




ҷ




аи татбиқи босамари муро




ҷ




иатномаи президенти То




ҷ




икистон оид ба истифодаи пурсамари заминҳои корам ва фаровон гардондани бозори истеъмол




ӣ




бо маҳсулоти ватан




ӣ




дар аксари хо




ҷ




агиҳои кишоварзии мамлакат ва бозорҳо баръало ба назар мерасад. Хусусан ҳосили фаровони меваю сабзавот, пеш аз ҳама себ, нок, хурмо ва картошка мушоҳида мегардад. Агарчи зимистони гузашта дар бисёр минтақаҳо ниҳолҳои анорро сард зад, вале ба боғдорони хо




ҷ




агиҳои шаҳри Норак ва баъзе минтақаҳои дигар р




ӯ




ёндани ҳосили фаровони ин меваи гаронбаҳо муяссар гаштааст.









Ҳосили фаровони картошка дар ҳамаи ноҳияҳои водии Рашт ва ноҳияҳои Ғонч




ӣ




ва Мастчоҳи к




ӯ




ҳии вилояти Суғд р




ӯ




ёнда шудааст. Танҳо картошкапарварони вилояти Суғд имсол 200 ҳазор тонна ҳосил ба даст оварданианд, таъкид гардид дар ҳисоботи раиси вилоят.









Бо ву




ҷ




уди ҳамаи пешравиҳо сарвари давлат суръати




ҷ




амъоварии ҳосили фаровони пахтаро ғайриқаноатбахш арзёб




ӣ




намуда, баҳри тезондани он ва истифодаи пурсамар аз обу ҳавои мусоиди имр




ӯ




за ба масъулин супоришҳои қатъ




ӣ




дод.









Аз




ҷ




умла дастур дода шуд, ки ҳосили пахтаи р




ӯ




ёндаи деҳқон бо нархҳои одилона харидор




ӣ




карда шавад, то ки ҳавасмандии онҳо дар ин кор зиёд гардад.









Дар робита ба вусъати кишти тирамоҳ




ӣ




бошад, Эмомал




ӣ




Раҳмон дастур дод, ки дар 170 ҳазор гектар заминҳои об




ӣ




ғаллаи тирамоҳ




ӣ




кишт карда шавад. «Кишти сабзавоти барвақт




ӣ




барои таъминоти бозор дар фасли баҳор ва аввали тобистони соли оянда низ аз ҳозир бояд вусъат дода шавад», таъкид намуд Сарвари давлат. Ҳамчунин дастур дода шуд, ки барои кишти такрор




ӣ




дар соли оянда бояд 160 ҳазор гектар замини об




ӣ




омода карда шавад.









«Ҳамаи ин, пеш аз ҳама, ба хотири таъмини амнияти озуқавории кишвар ва фаровон




ӣ




дар бозори истеъмол




ӣ




аз ҳисоби истеҳсолоти ватан




ӣ




аст», – изҳор дошт сарвари давлат ва таъкид намуд, ки танҳо бо ҳамин роҳ мо метавонем аз таъсири манфии б




ӯ




ҳрони молиявию иқтисод




ӣ




дар бозори




ҷ




аҳон




ӣ




худро эмин нигаҳ дорем.









Оид ба омода ва захира намудани тухмии хушсифати ғалладона, пахта, картошка ва дигар зироатҳо ва ҳамчунин нуриҳои минерал




ӣ




низ ба масъулин супоришҳои мушаххас дода шуд. Таъкид гардид, ки дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо бояд мағозаҳои фур




ӯ




ши тухмиҳои хушсифат ва нуриҳои минерал




ӣ




кушода шаванд.









Президенти мамлакат аз истифодаи ғайримақсадноки заминҳо, маблағҳои ба ассотсиатсияҳои обрасон




ҷ




удогашта ва

 

изофанавис




ӣ




дар и




ҷ




рои нақшаи пилла изҳори нигарон




ӣ




карда, оид ба ислоҳи камбудиҳои мав




ҷ




уда дар ин самтҳо дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошт.









Дар мавриди омодаг




ӣ




ба зимистон иттилоъ дода шуд, ки таъминоти муассисаҳои маорифу тандуруст




ӣ




ва ҳифзи и




ҷ




тимоии аҳол




ӣ




бо ангишт ва дигар маводи с




ӯ




хт ва кушодани нуқтаҳои фур




ӯ




ши ангишт ва гази моеъ дар ҳамаи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мазкур ба таври қаноатбахш ба роҳ монда шудааст.









Эмомал




ӣ




Раҳмон ба масъулин ҳамчунин оид ба рушди паррандапарвар




ӣ




, ниҳолпарвар




ӣ




, боғутокпарвар




ӣ




, парвариши занб




ӯ




ри асал ва вусъат додани корҳои ободонию созандаг




ӣ




супоришҳои қатъ




ӣ




дода, таъкид намуд, ки оид ба рафти и




ҷ




рои ҳамаи вазифаҳои гузошташуда 1 ва 20-уми ноябр ва 1-уми декабри соли равон ба ӯ ҳисоботҳои мушаххасу густурда пешниҳод намоянд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.





Реклама на asia+

Тоҷикистон аз воридоти энергияи қиммати Русия даст мекашад

0




            






  




Душанбе. 22-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – «Арзиши нерӯи барқ ва гази Русия нисбат ба арзиши чунин захоир аз кишварҳои ҳамҷавор бамаротиб баланд аст, аз ин рӯ ҳарчанд дар давраи тирамоҳу зимистон мо ба он эҳтиёҷи зиёде дошта бошем ҳам, эҳтимоли воридоти он аз Русия ба ҷумҳурӣ ҳатто баррасӣ намешавад», – изҳор дошт вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Гул Шералӣ дар мавзӯи шарҳи изҳороти дирӯзаи сафири Русия дар Тоҷикистон оид ба интиқоли нерӯи барқу газ аз Русия ба ҷумҳурии мо.





           

Дар ҳамин ҳол вазир зикр кард, ки чанде қабл аз раҳбарияти ширкати «Газпром»-и Русия дархост карда шудааст, ки ба корҳои иктишофиву ҷустуҷӯӣ ва истихроҷи газ дар чаҳор кони нафту газдори Тоҷикистон сурхат бахшида шавад.




           

Ёдрас мекунем, ки чанде қабл зимни мулоқоти президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сафири Русия дар Тоҷикистон Рамазон Абдулатипов маҳз ба масъалаи азхудкунии захираҳои нафту гази Тоҷикистон аз ҷониби Русия тавааҷҷӯҳи хосса зоҳир карда шуд.




           

Дар ҳамин ҳол, чанде пеш дар нишасти хабарӣ сардори Саридораи геологияи назди ҳукумати Тоҷикистон Азим Иброҳим изҳор дошт, ки коршиносони корхонаи фаръии «Газпром» -«Зарубежнефтегаз» дар кони Саргазони вилояти Хатлон корҳои иктишофиву таҳқиқотиро ба анҷом расониданд, вале геологҳои тоҷикро бо натиҷаҳои он шинос накардаанд.



Номбурда зикр кард, ки ҳанӯз ду сол қабл ширкати русиягӣ ҳамчунин барои баргузории корҳои иктишофиву таҳқиқотӣ дар кони «Ренгон»-и ноҳияи Рӯдакӣ низ иҷозатнома гирифтааст, вале то ҳол дар ин ҷо ба кор шурӯъ накардааст. «Зарубежнефтегаз» барои баргузории чунин корҳо дар конҳои «Шоҳамбарӣ» ва «Сариқамиш»-и ин ноҳия низ иҷозатнома дорад», – гуфт ӯ.



Ёдовар мешавем, ки ҳамкории То


ҷ


икистону Русия дар соҳаи азхудукунии захоири нафту гази ҷумҳурӣ

 

тибқи созишномаи байниҳукуматии соли 2003 «Дар бораи ҳамкории стратег


ӣ


дар соҳаи нафту газ» ва Ёддошти соли 2006 дар бораи таъсиси корхонаи муштараки Русия ва То


ҷ


икистон танзим мегардад.



Моҳи декабри соли 2006 ба «Газпром»


ҷ


иҳати баргузории корҳои геологии ом


ӯ


зиш


ӣ


дар минтақаҳои нафту гази Саргазон ва Ренгон, ки захираҳои он мутаносибан 30 ва 35 млрд. метри мураббаъ пешг


ӯӣ


мешаванд, и


ҷ


озатнома дода шуда буд.





 


Реклама на asia+

Ширкати ҳавопаймоии «КрасЭйр» қарзи КВДҲ «Тоҷик Эйр»-ро дар фурсати наздиктарин пардохт мекунад

0


Душанбе. 23-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Аз фурудгоҳи шаҳри Душанбе парвози ҳавопаймои Ҷамъияти саҳомии кушоди (ҶСК) «Ширкати ҳавопаймоии Красноярск» ба иллати қарздор будани ширкат аз Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии (КВДҲ) «Тоҷик Эйр» боздошта шуд. Аз КВДҲ «Тоҷик Эйр» ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки қарзи ин ширкат ба онҳо 89 ҳазор долллари амрико

иро ташкил медиҳад.


Бино ба иттилои манбаъ, ҳудуди 50 нафар мусофир парвози ҳавопайморо бо хатсайри Душанбе-Красноярск дар фурудгоҳ интизорӣ мекашанд. «Намояндагони ширкати русиягӣ мегӯянд, ки то шоми имрӯз қарзро пардохт хоҳанд кард», – изҳор дошт манбаъ.




Зикр гардид, ки дар сурати пардохти маблағи қарз, парвози ҳавопаймо таъмин карда хоҳад шуд.


Реклама на asia+

Бо дастгирии БРО ва БҶ дар Тоҷикистон ду анбори бузурги гумрукии нигаҳдории нахи пахта сохта мешавад

0



           

Душанбе. 22-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – То моҳи марти соли оянда Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ният дорад ду анбори бузурги гумрукии нигаҳдории нахи пахта бунёд созад.





           

Вазири кишоварзии Тоҷикистон Қосим Қосимов изҳор дошт, ки ин анборҳо дар вилояти Суғду Хатлон барои кӯмак ба хоҷагиҳои деҳқонии ҷумҳурӣ бо дастгирии Бонки рушди Осиё (БРО) ва Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) сохта мешаванд.




           

Ба қавли ӯ, барои нигоҳдории маҳсулоти сертификатшуда, ки ба хориҷи кишвар бароварда мешавад, хоҷагиҳои деҳқонӣ маблағи ночизе – 0,1-0,5 дарсад аз арзиши умумии пахтаи коркардшударо пардохт мекунанд.



Қ.Қосимов афзуд, ки бунёди анборҳои гумрукӣ барои пардохти қарзҳо низ кӯмак хоҳад кард, зеро қаблан бинобар мавҷуд набудани анбор онҳо маҳсулоташонро дар корхонаҳои коркарди пахта нигоҳ медоштанд ва барои он ба корхона маблағи муайяне пардохт менамуданд, ки ин ба қарзи онҳо зам мегардид.




           



Реклама на asia+

Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Қазоқистон оғоз ёфтанд

0


Душанбе. 22-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Шоми имрӯз дар «Кохи Ваҳдат»-и шаҳри Душанбе маросими расмии ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Қазоқистон дар Тоҷикистон баргузор мешавад. Дар консерти пуршукӯҳе, ки ба ин муносибат доир мегардад, устодони санъати Қазоқистон ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.




Аз Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар маросими ифтитоҳ муовини вазири фарҳанг ва иттилооти Қазоқистон ва Минбой Дархон, сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Абдулатиф Аҳмедов ва вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Мирзошоҳрух Асрорӣ иштирок мекунанд.



Бино ба иттилои манбаъ, дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Қазоқистон дар Тоҷикистон дар Осорхонаи миллии ба номи Камолиддин Беҳзод намоишгоҳи асарҳои рассомони қазоқ боз гардида, дар кинотеатри «Ҷомӣ» намоиши филмҳои коргардонҳои қазоқ шурӯъ шуд..



Чорабиниҳои фарҳангӣ то рӯзи 24-уми октябр идома ёфта, он бо консерти пуршукӯҳи устодони санъати Қазоқистон ва ситораҳои эстрадаи Тоҷикистон ба анҷом хоҳад расид.


Реклама на asia+

Соли равон дар Тоҷикистон мизони содиршавии ҷиноятҳо коҳиш ёфт

0


Душанбе. 22-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Вазири корҳои дохилии


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон генерал-лейтенант Маҳмадназар Солеҳов дар нишасти матбуот


ӣ


изҳор дошт, ки дар н


ӯ


ҳ моҳ 9044


ҷ


иноят ба қайд гирифта шуд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 3,6 фоиз кам мебошад. Масалан, ҳолатҳои қасдан расондани зарари вазнини


ҷ


исмон


ӣ


ба саломат


ӣ


, дузд


ӣ


аз хонаҳои истиқомат


ӣ


, содир намудани


ҷ


иноят бо истифода аз яроқи оташфишон мутаносибан 2.9, 5,1 ва 17,4 фоиз


ӣ


поён рафт. Дар ин муддат кормандони мақомот баҳри ошкор намудан ва кушодашавии


ҷ


иноятҳо бештар талош варзиданд. М. Солеҳов аз хусуси баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон сухан ронда, изҳор намуд, ки на дар ҳама ҳолат онҳо ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ҳамкор


ӣ


менамоянд ва аз хусуси содиршавии


ҷ


иноятҳо сари вақт хабар медиҳанд.




Масалан, шаҳрвандон Гадоевҳо аз шаҳри Ху


ҷ


анд дар давоми соли 2007 бештар аз 80


ҷ


иноят содир намудаанд. Онҳо 160 нафар шаҳрвандро ба доми фиреби худ андохта, ба хотири ба хори


ҷ


а фиристодан аз онҳо маблағ ситондаанд. То ошкор гардидани ин


ҷ


иноят ягон нафари


ҷ


абрдида ба мақомот хабар надодааст. Хабарнигорон аз хусуси пайи ҳам дар бозорҳои «Корвон» ва «Шоҳмансур» рух додани с


ӯ


хтор нигарон


ӣ


намуданд. Вазир гуфт, ки аз 9 ҳолати с


ӯ


хтор аксар ба сабаби надонистани қоидаҳои истифодабарии барқ рух додааст. Бо ву


ҷ


уди ин тафтиши ҳолатҳои сар задани с


ӯ


хтор идома дорад. Дар ин бора сомонаи газетаи «Ҷумҳурият» хабар медиҳад.


Реклама на asia+