Агрегати саввуми нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» дар даҳаи аввали моҳи декабр мавриди истифода қарор мегирад

0



           

Душанбе. 22-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Агрегати саввуми нерӯгоҳи «Сангтӯда-1», ки мувофиқи нақша бояд нимаи ҳамин моҳ ба кор медаромад, дар даҳаи аввали моҳи декабр мавриди истифода қарор мегирад.





           

Сабаби таъхири ба истифода додани агерегати саввумро вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Гул Шералӣ ба он марбут медонад, ки «корхонаи истеҳсолкунандаи таҷҳизот аз Русия таъмини дастгоҳу таҷҳизоти заруриро ду ҳафта дертар ба иҷро расонидааст».



Ба қавли ӯ, айни замон ҳудуди 95 дарсади корҳои омодагии насби агерегати саввуми нерӯгоҳ ба анҷом расидаанд.



Ёдрас мекунем, ки агрегатҳои якум ва дуввуми нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» моҳҳои январ ва июни соли ҷорӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буданд. Ба истифода додани агрегати чаҳорум ахири соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст.





Маълумотнома:








Нерӯгоҳи обию барқии «Сангтӯда-1» бо ғунҷоиши 670 МВт дар 100 километрии ҷануби шаҳри Душанбе ҷойгир шудааст. Лоиҳаро ба таври муштарак Тоҷикистону Русия амалӣ месозанд. Мувофиқи созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия 75%-и саҳмияҳои нерӯгоҳ ба Русия ва 25%-и он ба Тоҷикистон тааллуқ доранд.


Реклама на asia+

БҶ: Аз фурӯши квотаи ихроҷи газҳои буғшаванда Тоҷикистон ҳамасола метавонад аз 70 то 80 млн. доллари амрикоӣ даромад ба даст орад

0


Душанбе. 22-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Корманди дафтари Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Азиз Ҳайдаров зимни маърӯза дар конфронси


байнулмилалии «Энергияи тоза – имконоти ҷадиди рушди сарчашмаҳои энергияҳои барқароршаванда ва алтернативӣ дар Тоҷикистон», ки субҳи имрӯз дар қароргоҳи ҳукуматии «Пуғус» ба кор шурӯъ кард, изҳор дошт, ки Бонки ҷаҳонӣ иқдомоти ҳукумати ҷумҳуриро ҷиҳати таҳкиму тақвияти амнияти энерегетикии кишвар дастгирӣ мекунад.




Ба қавли ӯ, соли 1990 ихроҷи газҳои буғшаванда ба фазо дар Тоҷикистон ба 24 ҳазор гигатонн баробар буд, вале бар асари бӯҳрони иқтисодӣ аз соли 1994 то имрӯз он ба 4 ҳазор гигатонн поин рафтааст. Номбурда мегӯяд, ки феълан Тоҷикистон ҳамагӣ 30 дарсади квотаи ҷудошуда барои ихроҷи газҳои буғшаванда ба фазоро истифода мебарад ва 70 дарсади квотаи боқимондаро метавонад фурӯшад.



Ба назари коршиносон, аз фурӯши ин миқдори квота Тоҷикистон ҳамасола метавонад аз 70 то 80 млн. доллари амрикоӣ даромад ба даст орад. А.Ҳайдаров афзуд, ки соли 2012 амали созишнома оид ба Протоколи Киото ба анҷом мерасад ва аз иштирокдорони конфронс даъват ба амал овард, ки аз ҳамин рӯз ба таҳия кардани тарҳи ҷадиди созишнома шурӯъ кунанд.

 



Реклама на asia+

Оғози интиқоли нерӯи барқи Туркманистон

0



           

Душанбе. 22-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Гул Шералӣ изҳор дошт, ки аз моҳи ноябр интиқоли нерӯи барқи Туркманистон ба Тоҷикистон оғоз мегардад.





           

Ба қавли ӯ, дар шаҳри Алмаато энергетикҳои ӯзбек гуфтаанд, ки таъмири хати интиқоли барқи Туркманистон ба Тоҷикистон тавассути ин кишвар то моҳи ноябр ба анҷом мерасад. «Барои транзити интиқоли нерӯи барқ мо ба ҷониби Ӯзбекистон 0,3 сент маблағ пардохт мекунем», – гуфт ӯ.



Ба гуфтаи раиси ширкати «Барқи тоҷик» Шарифхон Самиев, аз 1-уми ноябр то 31-уми декабри соли ҷорӣ бо арзиши 3 сент барои 1кВт/соат ба Тоҷикистон 400 млн.кВт/соат нерӯи барқи Туркманистон интиқол дода мешавад.




           

Дар ҳамин ҳол, ӯ мегӯяд, ки аз ҳамин рӯз сар карда, дар саросари ҷумҳурӣ қарздорон аз истифодаи нерӯи барқ маҳрум карда мешаванд. «Аҳолӣ аз истифодаи нерӯи барқ ба маблағи 174 млн. сомонӣ қарздор аст, миёни корхонаҳои кишвар қарзи аз ҳама бештар, ки

 

наздик ба 100 млн. сомонӣ баробар аст, ба дӯши Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби ҷумҳурӣ аст», – гуфт ӯ.




           

Ёдрас мекунем, ки дар нишастҳои ИДМ ва ЕврАзЭС дар Бишкек сарони давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ҷиҳати интиқоли нерӯи барқи Туркманистон ба кишвари мо тариқи шабакаҳои барқи Ӯзбекистон мувофиқа ҳосил карданд. Тибқи созишномаи соли 2007 миёни Туркманистону Тоҷикистон,

 

кишвари ҳамсоя бояд то соли 2012 ба Тоҷикистон ҳамасола дар давраи тирамоҳу зимистон дар ҳаҷми 1,2 млрд. кВт/соат нерӯи барқ интиқол диҳад, вале мувофиқи маълумоти Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон, соли гузашта аз Туркманистон ба миқдори 944 млн. кВт/соат нерӯи барқ ворид гардидааст.


Реклама на asia+

Соҳибкорони Тоҷикистон масъалаи танзими тиҷорат дар соҳаи хизматрасониро муҳокима мекунанд

0



           

Душанбе. 22-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар чаҳорчӯбаи татбиқи лоиҳаи минтақавии


USAID


дар шаҳри Душанбе барои намояндагони бахши хусусии иқтисоди Тоҷикистон семинар дар мавзӯи «Созмони ҷаҳонии тиҷорат (СҶТ) ва танзими тиҷорат дар соҳаи хизматрасонӣ тибқи талаботи СҶТ» ба кор шурӯъ кард.





           

Тавре менеҷери минтақавии робита бо ҷомеаи лоиҳаи мазкур Василина Бражко ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар семинар атрофи масоили мусоидат ба ҳукумати ҷумҳурӣ барои омӯзиши дақиқи Созишнома дар бораи тиҷорат дар соҳаи хизматрасонӣ, ки дар қатори Созишнома дар бораи кишоварзӣ ва Созишнома дар бораи моликияти зеҳнӣ яке аз созишномаҳои калидӣ барои узвият ба СҶТ маҳсуб мегардад, табодули афкор сурат хоҳад гирифт.



«Соли 2001 президенти Тоҷикистон дар Паёми худ ба парлумони ҷумҳурӣ оид ба узвияти ҳарчӣ зудтари кишвар ба созмон ибрози назар намуда, бори дигар собит сохт, ки ҳукумати ҷумҳурӣ ба ислоҳоти заминаи қонунгузорӣ ва иқтисодӣ мувофиқи талаботи СҶТ омода аст», – гуфт коршиноси масоили тиҷорат дар соҳаи хизматрасонии лоиҳаи


RTLC




Ричард Селф ва афзуд, ки изҳороти мазкур қарори қатъии кишварро ҷиҳати пайвастан ба иқтисоди минтақавиву ҷаҳонӣ нишон медиҳад.


Реклама на asia+

Дар Пуғус» мушкилоти истеҳсоли энергияи аз ҷиҳати экологӣ тозаро баррасӣ мекунанд

0


Душанбе. 22-уми октябр – Субҳи имрӯз бо ташаббуси Корхонаи воҳиди давлатии (КВД) «Талко» ва Ҷамъияти саҳомии кушоди «Сомон-Капитал» дар қароргоҳи ҳукуматии «Пуғус» конфронси байнулмилалии «Энергияи тоза – имконоти ҷадиди рушди сарчашмаҳои энергияҳои барқароршаванда ва алтернативӣ дар Тоҷикистон» ба кор шурӯъ кард.




Дар конфронс намояндагони созмону ширкатҳои байнулмилалӣ, аъзои ҳукумати ҷумҳурӣ, вакилони палумон, олимони шинохта ва арбобони маъруфи ҷомеа ширкат меварзанд. Ба кори конфронс сарвазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов ҳусни оғоз бахшид.



Дар конфронс масоили зарурати ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба Протоколи Киото «Дар бораи тағйирёбии иқлим», тасдиқи созишномаҳои амалисозии механизмҳои бозории он, мушкилоти рушди сарчашмаҳои энергияҳои барқароршаванда ва алтернативии аз ҷиҳати экологӣ тоза дар Тоҷикистон баррасӣ мешаванд.



Сухангӯи КВД «Талко» Саёҳат Қодирова дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки ширкат борҳо омодагии худро баҳри риояи талаботи меъёрҳои байнулмилалии ҳифзи муҳити зист ва шартҳои Протоколи Киото ва инчунин рушди сарчашмаҳои алтернативии истеҳсоли энергия баён доштааст.


 

Реклама на asia+

Созмони «Хабарнигорони бидуни марз» сатҳи озодии матбуот дар Тоҷикистонро беҳтарин дар Осиёи Марказӣ номидааст

0


Созмони «Хабарнигорони бидуни марз» (RSF) дар гузориши худ сатҳи озодии матбуот дар То


ҷ


икистонро беҳтарин дар Осиёи Марказ


ӣ


номидааст.




Дар гузориши имсолаи Созмони байналмилалии хабарнигорони бидуни марз кишварҳо мувофиқи сатҳи озодии матбуот радабанди шудаанд. Имсол То


ҷ


икистон дар ин радабанд


ӣ


дар байни 173 кишвар мақоми 106-ро касб кардааст, ки ин болотарин мақом дар байни кишварҳои Осиёи Марказист. Дар ин радабанд


ӣ


Қирғизистон дар мақоми 111-ум, Қазоқистон – 125-ум, Узбакистон – 162-ум ва Туркманистон дар мақоми 171-ум


ҷ


ойгир шудаанд.



Дар гузориши «Хабарнигорони бидуни марз» Исландия аз нигоҳи озодии матбуот дар мақоми якум ва аммо Туркманистон дар мақоми 171-ум


ҷ


ойгир шудаанд. Туркманистон дар ин радабанд


ӣ


фақат аз Кореяи Шимол


ӣ


ва Эритрея пеш гузаштааст. Таҳиягарони гузориш кишварҳои Балкан, ба монанди Словения ва Боснияро болотар аз ИМА қарор доданд ва аммо Русияву Беларус дар зинаҳои хеле пасти 141-ум ва 154-ум гузошта шудаанд.


Реклама на asia+

Соли равон ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз $23 млн. вактсинаҳо ворид карда шуданд

0



Душанбе. 22-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар 9 моҳи соли




ҷ




ор




ӣ




ба




Ҷ




умҳурии То




ҷ




икистон ба маблағи 23 640 479 доллари ИМА ваксинаҳо, 17 908 доллари ИМА витамини «А» ва 50 282 доллари ИМА та




ҷ




ҳизоти хуннигоҳдор




ӣ ворид карда шуданд






Муовини аввали вазири тандурустии ҷумҳурӣ Саида Ҷобирова изҳор дошт, ки аз ин маблағҳо




165 365 доллари ИМА аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ ҷудо гардида, 23 543 304 доллари ИМА дастгирии созмонҳои байнулмилалӣ аст.



Реклама на asia+

Президенти Тоҷикистон ва сафири Русия тезонидани корҳои азхудкунии захираҳои нафту гази ҷумҳуриро таъкид сохтанд

0


Душанбе. 22-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон Эмомал


ӣ


Раҳмон Сафири фавқулодда ва мухтори Федератсияи Россия дар То


ҷ


икистон Рамазон Абдулатиповро ба ҳузур пазируфт.




Дар мулоқот масоили вобаста ба рафти татбиқи санадҳои қарордодию ҳуқуқии ҳамкор


ӣ


, ки байни То


ҷ


икистону Россия баста шудаанд, аз


ҷ


умла тавофуқоти зимни сафари расмии Президенти Федератсияи Россия Дмитрий Медведев ба шаҳри Душанбе моҳи августи соли равон ҳосилшуда баррас


ӣ


гардид.



Мусоҳибон аз рафти сохтмони нер


ӯ


гоҳи обии Сангт


ӯ


да-1 ва ҳамгироиҳои сохторҳои қудратию ҳифзи ҳуқуқи ду кишвар изҳори қаноатманд


ӣ


карда, ҳамзамон таъкид бар он доштанд, ки татбиқи санадҳои дигари ҳамкор


ӣ


, аз


ҷ


умла доир ба азхудкунии захираҳои обию энергетик


ӣ


ва нафту гази То


ҷ


икистон бояд тезонда шавад.



Дар мулоқот ҳамчунин атрофи масоили ҳамкор


ӣ


дар соҳаҳои кишоварз


ӣ


, илму маориф, фарҳанг ва омодаг


ӣ


ба Форуми байнипарлумонии «То


ҷ


икистону Россия: имконоти ҳамкории байниминтақав


ӣ


», ки р


ӯ


зҳои 24 ва 25 – уми октябр дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, гуфтуг


ӯ


сурат гирифт. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.







 




Реклама на asia+

Намояндаи махсуси ИА: Танҳо бо роҳандозии амалиёти низомӣ ё муҷозоти чанде аз қочоқчиён ба чизе муваффақ нахоҳем шуд

0


Душанбе. 21-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – «Ҳамаи шахсони калидие, ки ҷавобгӯи амнияти ҷаҳонанд, имрӯз дар дар конфронси байнулмилалии Иттиҳоди Аврупо ва як қатор кишварҳои ҳамкор ва ҳамсоя оид ба тақвияти сарҳад ва пурзӯр намудани мубориза бар зидди маводи мухаддир дар Душанбе ҷамъ омаданд ва ман бар он назарам, ки худи ҳамин нукта дстоварди нахустини ин конфронс аст», – изҳор дошт дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва ва вазъи бӯҳронии Гурҷистон Пйер Морел. П.Морел боварӣ изҳор намуд, ки дар конфронси Душанбе давои табобати бемориҳое чун муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории фаромиллӣ дарёфт хоҳад шуд.




Ба гуфтаи намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо, талошҳои ҷомеаи ҷаҳон барои мубориза алайҳи қочоқи мухаддир аз Афғонистон бидуни иштироки ҳукуматҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар ҳалли ин мушкилот натиҷаи дилхоҳ ба бор нахоҳад овард.



«Агар кишварҳои мададрасон ҷиҳати рушди иқтисоди Афғонистон ва кишварҳои дигари ҳамҷавори минтақа кӯшиши зиёд ба харҷ надиҳанд, танҳо бо роҳандозии амалиёти низомӣ ё муҷозоти чанде аз қочоқчиён ба чизе муваффақ нахоҳанд гашт», – гуфт ӯ.

 






 


Реклама на asia+

Фаъолзанони ҲХДТ аз тамоми занони Тоҷикистон даъват ба амал овардаанд, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд

0



           

Душанбе. 21-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Фаъолзанони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) ба тамоми занони ҷумҳурӣ бо изҳорот муроҷиат намуданд.





           

Тавре дар сомонаи интернетии ҳизб –


tribun


.


tj


хабар дода мешавад, яке аз масъалаҳои муҳиму рӯзмарраи кунунӣ – ба низоми муайян даровардани расму ойинҳои мардумӣ мебошад, ки он ҳамеша дар мадди назари ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад.




           

«Мо бар чунин назарем, ки ҳалли муваффақонаи ин масъала дар бештари мавридҳо аз мо – модарон вобаста аст, – гуфта мешавад дар изҳорот. – Фаъолзанони ҲХДТ дар рушду нигаҳдории анъанаҳои фарҳангӣ ва расму ойинҳои мардумӣ саҳми босазо доранд ва дар ҳамин ҳол, муқобили ҳама гуна ҷараёнҳои тундгарову ифротгар ва падидаҳои манфии хусусияти динидошта мебошанд».




           

Дар изҳорот зикр мегардад, ки «занони ҷумҳурӣ набояд ҳушёрии сиёсиро аз даст дода, ба доми ҷараёну ҳаракатҳои манфиатҷӯи ба мо бегона гирифтор шаванд». «Мо вазифадорем, ки фарзандони худро аз таъсири манфии онҳо ҳифз намоем, зеро имрӯзу фардои ватани мо ба насли аз ҷиҳати маънавӣ солим вобаста аст», – таъкид мегардад дар изҳорот.

 



Реклама на asia+