Э.Раҳмон: Соли равон берун аз қаламрави Тоҷикистон 170 шаҳрванди давлати мо барои қочоқи маводи мухаддир дастгир шудаанд

0


Душанбе. 21-уми октябр. – Имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Конфронси байналмилалии Иттиҳоди Аврупо ва як қатор кишварҳои ҳамкор ва ҳамсоя оид ба тақвияти сарҳад ва пурзӯр намудани мубориза бар зидди маводи мухаддир изҳор дошт, ки дар давоми солҳои охир ҷиноятҳои марбут ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир торафт хислати трансмиллӣ касб карда истодаанд. «Аз ҷумла, танҳо соли ҷорӣ мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвари мо фаъолияти 7 гурӯҳро қатъ гардониданд, ки ба ҳайати онҳо шаҳрвандони Африқои Ҷанубӣ, Филиппин, Уганда ва дигар кишварҳо шомил буда, мехостанд миқдори зиёди героини баландсифати истеҳсоли Афғонистонро ба кишварҳои аврупоӣ интиқол диҳанд», – гуфт ӯ.




Сарвари давлати Тоҷикистон зикр кард, ки айни замон дар натиҷаи корҳои муваффақонаи анҷомдодашуда, теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки берун аз қаламрави кишвар барои қочоқи маводи мухаддир дастгир мешуданд, кам гардид. Аз соли 2000 далелҳои боздошти шаҳрвандони мо тақрибан 60 фоиз ва теъдоди онҳо аз 1031 нафар то 453 нафар кам шуд. Дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ бошад берун аз қаламрави Тоҷикистон 170 шаҳрванди давлати мо дастгир шудааст.



Зикр гардид, ки ин ва дигар дастовардҳои Тоҷикистон дар соҳаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва беҳтар кардани идораи сарҳадот бидуни кӯмаки ҷиддии моддиву молиявӣ, мусоидат дар тарбияи кадрҳо аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, ҳукуматҳои Штатҳои Муттаҳидаи Амрико, Федератсияи Россия, Хитой, Ҷопон, Қазоқистон, Украина, дигар кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ аз имкон берун буданд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.





 


Реклама на asia+

БРО ва ҳукумати Тоҷикистон гуфтушуниди маблағгузории сохтмони дастгоҳи кушоди тақсимкунак дар НОБ-и «Норак»-ро ба анҷом расониданд

0


Душанбе. 21-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Бонки рушди Осиё (БРО) ва ҳукумати Тоҷикистон гуфтушунид оид ба бурси ҷудонамудаи БРО ҷиҳати сохтмони дастгоҳи кушоди тақсимкунак бо изолятсияи газӣ дар НОБ-и «Норак»-ро ба анҷом расониданд.





 

Тавре аз бонки мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дастгоҳи мавҷуда 30 сол пеш сохта шуда, фарсудаву корношоям гардидааст. «Ғайр аз ин, дар наздикии дастгоҳ як қабати бузурги иборат аз намак воқеъ аст, ки ҳангоми барфу борон ба харобии дастгоҳ боис шуда метавонад», – изҳор дошт манбаъ.



Таъкид гардид, ки лоиҳаи пешниҳодшуда ба мӯътадил сохтани ҷараёни интиқоли нерӯи барқ мусоидат карда, бонк ният дорад, ҷиҳати татбиқи ин лоиҳа ба маблағи 54,77 млн. доллари амрикоӣ кӯмаки ройгон ҷудо намояд.



Манбаъ афзуд, ки баррасии лоиҳаи бурсӣ аз ҷониби Шӯрои мудирони бонк нимаи моҳи ноябри соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст. Амалисозии лоиҳа аз моҳи феврали соли оянда ба муддати 5 сол пешбинӣ шудааст. Ба иттилои манбаъ, ширкати «Барқи тоҷик» агентии иҷрокунандаи ин лоиҳа хоҳад гашт.





 


Реклама на asia+

Ҳизби демократи Точикистон масъулони ҷиноҳи Маҳмадрӯзӣ Искандаровро ба додгоҳ хоҳад кашид

0


Душанбе. 21-уми октябр – Ҳизби демократи Тоҷикистон ба раҳбарии Масъуд Собиров мегӯяд, ки масъулони ҷиноҳи Маҳмадрӯзӣ Искандаровро ба додгоҳ хоҳад кашид.




Хайдулло Абдуллоев, муовини раҳбари Ҳизби демократи Масъуд Собиров, имрӯз бо баргузории як нишасти хабарӣ эълом кард, ки раёсати ин ҳизб тасмим гирифтааст аз «масъулоне, ки худро раёсати ҳизби демократи Маҳмадрӯзӣ Искандаров унвон мекунанд», ба додгоҳ шикоят бубарад.



Ба эътиқоди оқои Абдуллоев, Вазорати додгустарии Тоҷикистон танҳо ҳизби демократ ба раҳбарии Масъуд Собировро ба расмият шинохтааст ва ҳеҷ гурӯҳ дигаре ҳақ надорад худро ҳизби демократ эълом кунад.



Ҳамакнун ҷонибдорони ин ҷиноҳи ҳизб аз додгоҳ тақозо доранд, ки истифода аз номи ҳизби демократ барои ҷонибдорони Маҳмадрӯзӣ Искандаровро мамнӯъ созад.


Реклама на asia+

Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ва вилояти Свердловски Русия созишномаи ҳамкорӣ ба имзо мерасонанд

0


Душанбе. 21-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Душанбе миёни Хадамоти муҳоҷирати Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ва вилояти Свердловски Русия созишномаи ҳамкорӣ дар бахши муҳоҷирати меҳнатӣ

 

ба имзо мерасад.




Тавре аз Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, тибқи созишнома акнун бо мақсади танзими раванди муҳоҷирати меҳнатӣ шаҳрвандоне, ки барои кор ба вилояти Свердловск рахти сафар мебанданд, муташаккилона ба кор ҷалб карда мешаванд. «Дар шаҳри Душанбе шӯъбаи Маркази муҳоҷирати вилояти Свердловск ифтитоҳ мегардад, ки он барои барӯйхатгирӣ, ба хориҷа фиристодан ва қабули муҳоҷирони меҳнатӣ мусоидат мекунад», – изҳор дошт манбаъ.



Тибқи иттилои Хадамоти муҳоҷират, 28 дарсади муҳоҷирони тоҷики дар Русия қарордошта дар қаламрави вилояти Свердловск кору зиндагӣ мекунанд.


Реклама на asia+

Кишварҳои Осиёи Марказӣ дар заминаи танзими об ва энергия тавофуқ ҳосил карданд

0


Душанбе. 21-уми октябр – Умирзак Шукеев, муовини нахуствазири ин кишвар дирӯз эълом кардааст, ки тавофуқи ниҳоӣ дар ин маврид дар ҳамоиши муовинони нахуствазирони кишварҳои минтақа, ки 18-уми октябр дар шаҳри Алмаато баргузор шуд, ба даст омадааст.




Ба гуфтаи оқои Шукеев, тибқи ин тавофуқ, се кишвари минтақа – Қазоқистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ба Қирғизистон ва Тоҷикистон барои рафъи мушкили камбуди нерӯи барқ дар зимистони соли ҷорӣ кӯмак карда ва аз захоири об дар обанборҳои ин кишварҳо барои шодоб кардани мазореъи худ дар тобистони соли оянда истифода хоҳанд кард.



Оқои Шукеев афзудааст, ки барои бори нахуст дар 15 соли ахир дар ҳалли ин масоил ҷониби Туркманистон низ иқдом кардааст. Зеро, ба эътиқоди оқои Шукеев, бидуни истифода аз манобеъи энержии Туркманистон ҳалли ин мушкилот дар зимистони соли ҷорӣ гайримумкин аст.



Муовини нахуствазири Қазоқистон изҳори умедворӣ кардааст, ки дар оянда дар ин замина санаде аз сӯйи кишварҳои минтақа таҳия ва тасвиб шавад, ки эҷоди механизмҳои доимии ҳалли ин мушкилотро фаро хоҳад гирифт.


Реклама на asia+

Шоҳзода Амин Оғохон ба Душанбе ташриф меорад

0


Душанбе. 21-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Нимаи дуввуми имрӯз намояндаи Оғохони IV – шоҳзода Амин Оғохон бо сафари кӯтоҳмуддат ба Душанбе ташриф меорад.




Тавре аз Бунёди рушди Оғохон (AKDN) ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, сафар бо мақсади шиносоӣ ва таҳлили ҷараёни татбиқи лоиҳаҳои кунунии AKDN, аз ҷумла лоиҳаи сохтмони меҳмонхонаи SERENA дар шаҳри Душанбе амалӣ мегардад.



Бино ба иттилои манбаъ, дар доираи сафари якрӯзаи шоҳзода вохӯрии ӯ бо мақомоти расмии ҷумҳурӣ ба нақша гирифта нашудааст.


Реклама на asia+

Э.Раҳмон: Бояд чорабиниҳои кишварҳои мададрасон ҳамоҳанг карда шаванд

0



           

Душанбе. 21-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Конфронси байналмилалии Иттиҳоди Аврупо ва як қатор кишварҳои ҳамкор ва ҳамсоя оид ба тақвияти сарҳад ва пурзӯр намудани мубориза бар зидди маводи мухаддир изҳор дошт, ки бинобар як қатор омилҳои геополитикӣ ва таърихӣ масъалаҳои рӯзномаи Конфронси имрӯза барои Тоҷикистон аҳамияти махсус дорад.





           

Сарвари давлати Тоҷикистон зикр кард, ки ворид шудани яроқ, террористону экстремистҳо ва адабиёти тахрибгарона дар оғоз ва нимаҳои солҳои 90-уми асри гузашта ба муташанниҷ гардидани вазъият мусоидат мекард. «Бо қурбониҳои ҷонӣ, кӯшишҳои зиёд, хароҷот ва масрафи зиёди захираҳо мо имкон пайдо кардем, ки вазъиятро таҳти назорат гирем, – гуфт ӯ. – Дар ин ҷо мехоҳам нақши махсуси Россияро, ки бо дарки мушкилоти мавҷуда, ҳимояи сарҳадоти берунии моро он солҳо ба зиммаи худ гирифта буд, зикр намоям ва ҳамзамон бо ин, ташаккули қувваҳои худии сарҳадӣ ҷараён дошт, ки онҳо аз моҳи июли соли 2005 назорати тамоми сарҳадотро ба зиммаи худ гирифтанд».




           

Дар идомаи суханронӣ Э.Раҳмон изҳор дошт, ки дар давраи баъди соли 2003 ба кишвар дар доираи лоиҳаҳо ва барномаҳои татбиқшаванда намудҳои гуногуни техника, сару либос, воситаҳои алоқа, технологияи иттилоотӣ ва компютерӣ, воситаҳои махсус ва таҷҳизоти дигар оварда шуданд, нуқтаҳои назоратӣ ва гузаргоҳҳо, инчунин заставаҳои сарҳадӣ таъмиру азнавсозӣ гардиданд.




           

Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, кӯмакҳои расонидашуда, ҳарчанд ки вазъи моддиву техникии Қӯшунҳои сарҳадиро беҳтар гардониданд, вале онҳоро барои таъмини иҷрои босифат ва самарабахши вазифаҳои қӯшунҳои дахлдор кофӣ ҳисобидан нашояд. «Дар масъалаи таносуби ҳаҷми таъминот бо таҷҳизоту воситаҳо ва эҳтиёҷоти воқеӣ хеле норасоиҳо мавҷуданд», – гуфт ӯ ва афзуд, ки инчунин шартномаҳое мавҷуданд, ки дар рӯи коғаз мондаанд ё татбиқи амалии онҳо беасос тӯл мекашад.




           

«Тоҷикистон кишвари истеҳсолкунандаи маводи мухаддир нест, вале бинобар мавқеи ҷойгиршавии геополитикии худ ва бо Афғонистон дар масофаи қариб 1,5 ҳазор километр доштани сарҳадот бо шароити мураккаб ба яке аз сипарҳои асосӣ дар роҳи қочоқи он ба кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Аврупо, Амрико ва дигар минтақаҳои ҷаҳон мубаддал гаштааст», – афзуд ӯ.




           

Ба қавли ӯ, омили асосие, ки густариши вазъи муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддирро натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар Осиёи Марказӣ муайян месозад, афзоиши мунтазами истеҳсоли маводи мухаддир дар Афғонистон мебошад. Мувофиқи маълумоти расмии Созмони Милали Муттаҳид соли гузашта майдони кишти маводи мухаддир дар Афғонистон 193 ҳазор гектарро ташкил карда, ҳаҷми истеҳсоли он аз 8 ҳазору 200 тонна гузаштааст. Ғайр аз ин, дар солҳои охир дар Афғонистон афзоиши босуръати майдонҳои кишти каннабис (бангдона) мушоҳида мегардад. Дар сурати минбаъд идома пайдо кардани ин раванд дар ояндаи наздик Афғонистон метавонад илова бар маводи афъюн ҳамчунин истеҳсоли маводи мухаддири гурӯҳи каннабис (бангдона)-ро низ ба инҳисори худ табдил диҳад. Дар давоми нӯҳ соли охир дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 60 тонна маводи мухаддир, аз ҷумла беш аз 28 тонна героин дар муомилоти ғайриқонунӣ мусодира шудааст. Ин миқдори героин, агар он то ба истеъмолкунанда мерасид, метавонист зиёда аз 30 миллион одамро дар олам нашъаманд созад.




           

Дар идомаи суханронӣ Эмомалӣ Раҳмон чунин баён дошт: «Натиҷаҳои фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва Қӯшунҳои сарҳадӣ дар се соли охир нишон медиҳанд, ки Тоҷикистон дар роҳи паҳншавии маводи мухаддири Афғонистон дар минтақа ҳамчун сипари боэътимод боқӣ мемонад. Дар нимсолаи аввали соли 2008 ҳиссаи Тоҷикистон дар мусодираи маводи мухаддир дар миқёси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 43 фоиз ва Осиёи Марказӣ 66 фоизро ташкил кард».




           

Сарвари давлати Тоҷикистон бар ин назар аст, ки ба ҳалли проблемаи муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир натанҳо ҳамсояҳои Афғонистон, балки дар навбати аввал бояд давлатҳо – истеъмолкунандагони ниҳоии маводи мухаддири Афғонистон низ ҷалб карда шаванд.




           

Э.Раҳмон гуфт, бо дарназардошти тавсеа ёфтани қочоқи мухаддироти афғонӣ ва таҳдиде, ки аз он бармеояд, Тоҷикистон ҷомеаи ҷаҳониро на як бору ду бор даъват кардааст, ки кӯшишҳои худро дар самти мухолифат бо маводи мухаддир муттаҳид созанд ва онро ба кори муштараки ҳамагон табдил диҳанд.




           

Дар анҷоми маърӯза президенти Тоҷикистон таъкид сохт, ки бо мақсади таҳким ва тавсеаи минбаъдаи ҳамкорӣ дар мубориза бо маводи мухаддир дар минтақа дар ҷаласаи чанде пеш дар Душанбе доиргардидаи Созмони Ҳамкории Шанхай Тоҷикистон пешниҳод кард, ки дар заминаи Агентии назорати маводи мухаддири назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази зидди маводи мухаддири Созмони Ҳамкории Шанхай таъсис дода шавад.



«Ғайр аз ин, мо пешниҳод мекунем, ки дар шаҳри Душанбе ҷиҳати тарбия ва бозомӯзии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки бо мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир машғуланд, Маркази махсуси таълимӣ таъсис дода шавад, – идома дод ӯ. – Аз ҷониби мо инчунин лоиҳаи ташкили Маркази махсуси миллии кинологӣ, ки татбиқи он якҷоя бо Созмони Милали Муттаҳид ва Иттиҳоди Аврупо ба нақша гирифта мешавад, таҳия гардидаст. Бояд зикр намуд, ки дар сурати ташкил гардидани Маркази махсуси таълимӣ ва Маркази махсуси миллии кинологӣ бо дарназардошти умумияти забонӣ ва фарҳангии миёни Тоҷикистон ва Афғонистон мо метавонем таълим ва бозомӯзии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Афғонистонро низ ташкил кунем». Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.


Ёдовар мешавем, ки конфронс бо ташаббуси Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон, Иттиҳоди Аврупо, Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ва Идораи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо маводи мухаддир (


UNODC)


созмон дода шудааст.


Реклама на asia+

Рӯзҳои фарҳанги Қазоқистон дар Тоҷикистон оғоз мегарданд

0


Душанбе. 21-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Фардо дар маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат»-и пойтахт маросими расмии ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Қазоқистон дар Тоҷикистон баргузор мешавад.




Тавре аз сафорати Қазоқистон дар Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ҳайати ҳунармандону эҷодкорони кишвари ҳамсояро, ки ба он овозхони маъруфи эстрада Парвиз Назаров низ шомил аст, муовини вазири фарҳанг ва иттилооти Қазоқистон Минбой Дархон сарварӣ мекунад.



Бино ба иттилои манбаъ, дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Қазоқистон дар Тоҷикистон дар Осорхонаи миллии ба номи Камолиддин Беҳзод намоишгоҳи асарҳои рассомони қазоқ доир гардида, дар шаҳри Душанбе панҷ филми коргардонҳои қазоқ намоиш дода мешавад.



Чорабиниҳои фарҳангӣ то рӯзи 24-уми октябр идома ёфта, он бо консерти пуршукӯҳи устодони санъати Қазоқистон ва ситораҳои эстрадаи Тоҷикистон ба анҷом хоҳад расид.





 






Реклама на asia+

Пагоҳ дар Душанбе бо дастгирии Кумитаи имдоди имом Ҳумайнӣ тӯйи арӯсии 120 ҷуфт ҷавонон баргузор мешавад

0



Душанбе. 21-уми октябр – Шоми имрӯз





як ҳайати баландпояи


Ҷ


умҳурии Исломии Эрон таҳти роҳбарии намояндаи мақоми муаззами раҳбарӣ дар Кумитаи имдоди имом Хумайн


ӣ


, Раиси Ш


ӯ


рои марказии ин созмон Ҳабибуллоҳ Аскаравлод


ӣ


ба Душанбе меояд. Мақсади сафари Аскаравлод


ӣ


ба Душанбе иштирок дар маросими т


ӯ


йи ар


ӯ


сии 120


ҷ


уфт


ҷ


авонони то


ҷ


ик ва баррасии тавсиаи ҳамкории То


ҷ


икистон бо Кумитаи байналмилалии имдоди имом Хумайнии Эрон аст. Ба навхонадорон ба маблағи беш аз 3 ҳазор сомон


ӣ




ҷ


иҳози р


ӯ


згор тақдим карда мешавад.




Дар


ҷ


араёни сафари худ Аскаравлод


ӣ


бо Президенти


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон Эмомал


ӣ


Раҳмон, Раиси Ма


ҷ


лиси намояндагони Ма


ҷ


лиси Олии


ҷ


умҳур


ӣ


Сайдулло Хайруллоев, муовини Сарвазири мамлакат Руқия Қурбонова, вазири меҳнат ва ҳифзи и


ҷ


тимоии аҳолии


ҷ


умҳур


ӣ


Шукур


ҷ


он Зуҳуров, Раиси Ш


ӯ


рои уламои


ҷ


умҳур


ӣ


Амонулло Неъматзода ва Раиси хазинаи «Хайрия»-и То


ҷ


икистон Талбак Назаров дидору мулоқот намуда, таҳкими ҳамкориҳои судмани ду кишварро дар бахши и


ҷ


тимо


ӣ


дар доираи фаъолияти Кумитаи имдоди имом Хумайн


ӣ


баррас


ӣ


менамояд.



Назар ба гуфти раиси намондагии Кумитаи мазкур дар То


ҷ


икистон Сайид Ҳомид Азим


ӣ


ин сафари нахустини Аскаравлод


ӣ


ба То


ҷ


икистон буда,


ӯ


ро дар сафар намояндагони парлумони Эрон низ ҳамроҳ


ӣ


мекунанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.


Реклама на asia+

Ҳ.Зарифӣ роҳбари намояндагии Комиссияи Аврупо ва сарвари шӯъбаи СММ ва масоили глобалии Вазорати умури хориҷии Олмонро ба ҳузур пазируфт

0


Душанбе. 21-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз вазири умури хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ директори департаменти Созмони Милали Муттаҳид ва масоили глобалии Вазорати умури хориҷии Олмон Петер Виттигро ба ҳузур пазируфт.




Аз департаменти иттилооти вазорат ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар мулоқот вазъ ва дурнамои рушди муносиботи ҳамкории дуҷониба ва масъалаи ҷалби сармоягузории Олмон ба татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷонибҳо оид ба масоили ҳамкориҳои минтақавӣ ва таъмини суботу амният дар Афғонистон табодули назар намуданд.



Худи ҳамин рӯз Ҳ.Зарифӣ бо роҳбари намояндагии Комиссияи Аврупо дар Тоҷикистон Норберт Жустен низ мулоқот кард. Н.Жустен ба вазири умури хориҷии Тоҷикистон нусхаи эътимодномаҳоро супурд. Ҳ.Зарифӣ Н.Жустенро ба муносибати таъин шуданаш ба ин мақом табрик гуфт. Дар мулоқот Ҳ.Зарифӣ ва Н.Жустен маҷмӯи васеи масоили муносиботи дуҷонибаи Комиссияи Аврупо ва Тоҷикистонро мавриди муҳокима қарор доданд.



П.Виттиг ва Н.Жустен дар кори к

онфронси дурӯза таҳти унвони «Идора намудани сарҳад ва мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Осиёи Марказ



ӣ», ки имрӯз дар Душанбе оғоз мегардад, иштирок мекунанд.




Реклама на asia+