Бонки таҷдиду рушди Аврупо ва «Агроинвестбонк» ба сармоягузории истеҳсоли маҳсулот дар заминҳои обӣ шурӯъ карданд

0




            





 

Кӯлоб. 25-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – «Агроинвестбонк» барои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар заминҳои обӣ ба 35 хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияҳои Кӯлоб, Восеъ ва Фархори минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ба маблағи 260 ҳазор доллари амрикоӣ қарз додааст.





           

Роҳбари шӯъбаи асосии «Агроинвестбонк» дар Кӯлоб Сайфиддин Қадамов дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки маблағҳои сармоягузорӣ ба ин лоиҳаи таҷрибавӣ аз Бонки таҷдид ва рушди Аврупо ворид мешаванд. «Моҳияти татбиқи лоиҳа бо номи шартии «Молиягузории агрофирмаҳои Тоҷикистон» (


TAFF


) аз ҳавасмандгардонии кишоварзон ба истеҳсоли ҳарчӣ бештари маҳсулоти хушсифат дар заминҳои обӣ ва ҳамасола беҳбуд сохтани самаранокии низоми обёрии заминҳо иборат аст», – гуфт ӯ ва афзуд, ки дар марҳилаи аввал корҳои асосӣ дар ноҳияи Кӯлоб амалӣ гаштаанд, ки дар он ҷо аллакай ба 31 хоҷагии деҳқонӣ қарз дода шудааст.




           

Мавсуф зикр кард, ки дар ноҳияи Восеъ 3 қарз ва дар ноҳияи Фархор 1 қарз дода шуда, ояндаи наздик қарздиҳӣ дар ноҳияи Ҳамадонӣ низ шурӯъ мешавад. «Дар ноҳияҳои мазкур корҳои тадорукотӣ ва омода сохтани мутахассисон қариб пурра ба анҷом расиданд», – гуфт дар анҷом С.Қадамов.





           







 




 




 


Реклама на asia+

Президенти Тоҷикистон пешниҳод кард, ки иҷлосияи махсуси Маҷмаи Умумии СММ дар масоили об гузаронида шавад

0


Душанбе. 26-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Зимни суханронӣ дар Иҷлосияи 63-уми Маҷмаъи Умумии Созмони Милали Муттаҳид президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон перомуни масъалаи об ақидаҳои худро изҳор намуд. Аз ҷумла, ӯ чунин баён дошт: «Нақши муассири об натанҳо барои истеъмол, балки барои амалӣ сохтани ҳадафҳои истеҳсолот, ҳифзи муҳити зист ва рушд маъруф аст. Ҳалли проблемаҳои муҳимтарини вобаста ба об, рушди ҳамкории байналхалқӣ дар ин соҳа аз ҷумлаи вазифаҳои Даҳсолаи байналхалқии амалиёти «Об барои ҳаёт» мебошад, ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шудааст.




Ман аз ҳамаи давлатҳои аъзо даъват менамоям, ки

 

намояндагони воломақоми худро соли 2010 барои иштирок дар анҷумани байналхалқии бахшида ба оби тоза бо мақсади муҳокима ва баррасии муштараки татбиқи «Рӯзномаи байналхалқӣ оид ба проблемаҳои об» ба Душанбе фиристанд.



Дар давоми якчанд соли охир чорабиниҳои зиёди сатҳи гуногун доир карда шуданд, вале шиддати ин мушкилот то ҳанӯз боқист.



Бинобар ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муҳокимаву баррасии умумӣ ва ҳалли проблемаҳои об, муттаҳид сохтани кӯшишҳо дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ пешниҳод мекунад, ки иҷлосияи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар масоили об гузаронида шавад.



Иҷлосияи мазкур метавонад ҷараёни ҳалли мушкилоти Даҳсолаи обро арзёбӣ карда, масъалаҳои афзалиятноки минбаъдаро муайян намояд». Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.


Реклама на asia+

Марказҳои солимии Суғд соҳиби 16 автомашинаи «Нива» шуданд

0


Ху


ҷ


анд. 26-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар чаҳорчӯбаи татбиқи амалии Лоиҳаи «Солимии ҷамъиятии заминавӣ» марказҳои солимии 16 шаҳру навоҳии вилояти Суғд соҳиби бо 16 автомашинаи «Нива» таъмин гардиданд. Ҳамоҳангсози лоиҳаи мазкур Дилбар Хоҷаева дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки автомашинаҳо барои расонидани кӯмаки аввалияи тиббӣ истифода бурда мешаванд.




Ба қавли Д.Хоҷаева, ахири ҳафтаи сипаригашта дар ноҳияи Спитамен маросими ифтитоҳи маркази нахустини солимӣ доир гардидааст, ки барои қабули 250 мариз дар як рӯз пешбинӣ гардида, дар он беш аз 100 нафар корманди тиб ба беморон хизмат мерасонанд.



Номбурда афзуд, ки дар вилояти Суғд ноҳияҳои Ашту ва Спитамен ноҳияҳои таҷрибавӣ мебошанд ва қабалан дар ноҳияи Ашт 7 маркази солимӣ мавриди истифода қарор гирифтааст. «Дар маҷмӯъ, тибқи лоиҳа дар ин ноҳияҳо бунёди 15 чунин марказҳо ба нақша гирифта шудааст», – гуфт дар анҷом Д.Хоҷаева.


Реклама на asia+

Вазорати энергетика ва саноат: То охири сол қимати истифодаи барқ зиёд намешавад

0




            





   

Душанбе. 26-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Аз Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки то охири сол афзоиши қимати истифодаи барқ пешбинӣ нашудааст.





           

«Иттилоъи пахшнамудаи як қатор васоити ахбори омма дар мавриди аз 1-уми октябр зиёд шудани қимати истифодаи барқ барои тамоми гурӯҳҳои истеъмолкунандагон асоси воқеӣ надорад», – изҳор дошт манбаъ.




           

Тибқи иттилоъи баъзе расонаҳои хабарӣ бо истинод ба намояндаи ширкати «Барқи тоҷик», гӯё аз ин ба баъд қимати як кВт/соъат нерӯи барқ барои аҳолӣ 6 дирам, барои корхонаҳои саноатӣ 15,14 дирам, барои ширкати алюминии Тоҷикистон 9,25 дирам ва барои муассисаҳои давлатӣ 20 дирам муқаррар шуда бошад.




           

Ба гуфтаи намояндаи вазорат, мувофиқи қарори ҳукумат афзоиши қимати барқ дар тӯли як сол 2 маротиба муқаррар шудааст

 

ва соли ҷорӣ он аллакай ду маротиба – моҳи январ ва май афзоиш ёфтааст. Айни замон аҳолӣ барои истифодаи 1 кВт/соат нерӯи барқ 4,8 дирам маблағ пардохт мекунад.


Реклама на asia+

Э.Раҳмон: Зимистони оянда душвортар хоҳад буд

0


Душанбе. 26-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Зимни суханронӣ дар Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид президенти Тоҷикистон изҳор дошт, ки зимистону тобистони оянда нисбат ба соли гузашта душвортар хоҳанд буд.




Ба гуфтаи ӯ, «проблемаи тағйир ёфтани иқлим аллакай ба минтақаи мо, ва пеш аз ҳама ба вазъияту ҳолати захираҳои об таъсири манфӣ расонида истодааст».



Э.Раҳмон зикр кард, ки дар натиҷаи гарм шудани иқлими сайёра

 

масоҳати

 

пиряхҳои Тоҷикистон бештар аз 30 фоиз кам шудааст ва дар давоми се соли охир дарёҳои минтақа камоб гардиданд, ки дар натиҷа проблемаҳои ҷиддии иҷтимоиву иқтисодӣ, хушксолӣ, ҳуҷуми малах ва ғайра ба миён омадаанд. «Мамлакати мо бе татбиқи барномаҳои гидроэнергетикӣ ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола ноил шуда, инкишофи устувори худро

 

таъмин карда наметавонад. Инро сардии тӯлонии зимистони қаҳратуни гузашта равшан нишон дод, ки дар натиҷаи он тамоми душвориҳои давраи гузариш возеҳан маълум гардиданд», – гуфт ӯ.



Дар ҳамин ҳол сарвари давлати Тоҷикистон изщҳор намуд, ки Дар қаламрави мамлакати мо бештар аз 55 фоизи захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказӣ ташаккул меёбанд ва муқаррар карда шудааст, ки ҳаҷми умумии захираи гидроэнергетикии Тоҷикистон дар як сол 527 миллиард киловатт – соат мебошад, вале дар шароити имрӯза ҳамагӣ 5 фоизи он истифода бурда мешаваду халос.



Президенти Тоҷикистон чунин баён дошт: «Танҳо муносибатҳои муттаҳидона ва мутақобилан судманди мамлакатҳои минтақа доир ба истифодаи захираҳои обу энергетика ва сарватҳои дигари табиӣ метавонад рушди устувори Осиёи Марказиро таъмин карда, ба ҳалли проблемаҳои озуқаворӣ ва экологӣ мусоидат намояд, ки ин проблемаҳо ба истифодаи оқилонаи ин сарватҳо зич алоқаманд аст. Танҳо ҳамкории мутақобилан муфид дар масъалаи истифодаи

 

оқилонаю самарабахши онҳо метавонад сабаби некӯаҳволии халқҳо ва миллатҳои сокини ин минтақаи бузург гардад.



Мо умедворем, ки муассисаҳои Бреттон-Вуд ва шарикони Созмони Милали Муттаҳид аз сектори хусусӣ нақшаҳои моро дастгирӣ хоҳанд кард.



Мо ба зарурати бунёди чунин механизми иқтисодии мубодила ва таъвизи захираҳои обу энергетикие ниёз дорем, ки манфиатҳои мамлакатҳои болообро, ки

 

захираҳои фаровони об доранд ва мамлакатҳои поёнобро, ки дар онҳо захираҳои сӯзишворӣ фаровон аст, ба таври баробар дар назар дошта бошад. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.


Реклама на asia+

Дар Душанбе чорбиниҳои ҷашни даҳумин солгарди ҳамкории Швейтсария ва Тоҷикистон шурӯъ шуд

0


Душанбе. 26-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз аз оғози санаи шурӯъи ҳамкории миёни То


ҷ


икистону Швейтсария 10 сол пур мешавад.




Аз Дафтари ҳамкории Швейтсария ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки ба муносибати ин санаи фархунда нишасти матбуот


ӣ


доир гашта, т


ӯ


ли ду р


ӯ


з (26-27-уми сентябр) дар бинои тарабхонаи «Ёқут-2000» як қатор чорабиниҳо, аз ҷумла намоишгоҳи лоиҳаҳои Швейтсария, намоишномаи театрӣ ва консерти асбобҳои мусиқии ҷаз баргузор мешаванд. Ба иттилои манбаъ, дар чорабиниҳо аъзои ҳукумат, кормандони корпусҳои дипломатии муқими Душанбе, зиёиён, намояндагони созмонҳои


ҷ


амъият


ӣ


ва васоити ахбори омма иштирок хоҳанд кард.



Ёдрас мекунем, ки чанде қабл раиси шаҳри Душанбе дар бораи оғози корҳои омодаг


ӣ


ба та


ҷ


лили ин


ҷ


ашн қарор ба тасвиб расонид. Дар қарор бобати р


ӯ


зи 27-уми сентябр дар майдони «800-солагии Маскав» дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани консерт бо иштироки ситораҳои эстрадаи то


ҷ


ик Далер Назаров, Шабнами Сурайё ва гур


ӯ


ҳи «Шамс» и


ҷ


озат дода шудааст.


Реклама на asia+

Э.Раҳмон: Бӯҳрони ғизоӣ аз таҳдиди терроризм камтар нест, чун он шаъну шарафи инсонро коста мегардонад

0



Душанбе. 26-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии сиёсии Иҷлосияи 63-уми Маҷмааи умумии СММ суханронӣ кард. Аз ҷумла ӯ чунин гуфт: «Башарият соли гузашта бо

 

силсилаи б


ӯ


ҳронҳои ба ҳам вобастаи энергетик


ӣ


, озуқавор


ӣ


, молияв


ӣ


ва иқлим


ӣ


р


ӯ


ба р


ӯ


гардид, ки онҳо б


ӯ


ҳрони умумии рушдро ба бор оварданд. Оқибати чунин зуҳуроти номатлуб ба эҳсоси и


ҷ


тимоии миллионҳо нафар одамон дар мамлакатҳои р


ӯ


ба инкишоф ва давлатҳои дар давраи гузариш қарордошта, аз


ҷ


умла дар кишвари мо таъсири шадиди манф


ӣ



 

расонид.






Вале умеду орзуи одамон ба бунёди


ҷ


аҳони ҳарчи одилона ва

 

орому осуда ҳан


ӯ


з аз байн нарафтааст. Онҳо ин умеду орзуи худро бо

 

Созмони Милали Муттаҳиди қав


ӣ


ва фаъол вобаста медонанд, ки метавонад нер


ӯ


ву имкониятҳои худро ба ҳалли масоили мубрами муосир равона созад. Дар айни ҳол мо чунин мешуморем, ки зарурати доғи рушди самарабахши муколама ва

 

ҳамкории ҳамаи қисматҳои


ҷ


аҳони бисёрқутба, инчунин сарфи назар кардан аз стандартҳои дугона дар амалияи байналхалқ


ӣ


ва дар баробари ин роҳ надодан ба низоъи нажоду динҳо ва қитъаву минтақаҳо ба миён омадааст.





Ҳоло ягон мамлакати


ҷ


аҳон, бо ву


ҷ


уди дорои нер


ӯ


ҳои муқтадир будани худ, ба муқобили хатару таҳдидҳои замони ҳозира – аз тағйир ёфтани иқлим сар карда, то терроризми байналхалқ


ӣ


яккаю танҳо мубориза бурда наметавонад. Имр


ӯ


з силсилаи


ҷ


адиди мушкилоти умумибашар


ӣ


беш аз пеш андешидани тадбирҳои даста


ҷ


амъиро тақозо менамояд ва Созмони Милали Муттаҳид, ки дорои ваколатҳои васеъ мебошад, барои бартараф сохтани он хатару таҳдидҳо василаи беҳтарин ба шумор меравад. Ин масъала, хусусан, ба ҳаққу ҳуқуқи инсон ба таъминоти шоиста бо маводи ғизо


ӣ


дахл дорад.





Бо сабаби босуръат боло рафтани нархи озуқа ва

 

с


ӯ


зишвор


ӣ


расидан ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола то андозае мушкил гардидааст.





Б


ӯ


ҳрони ғизо ба шароити зиндагии

 

табақаҳои камбағали аҳол


ӣ


таъсири манфии зиёд расонид. Дар То


ҷ


икистон, ки 93 фоизи қаламрави онро к


ӯ


ҳҳо ташкил медиҳанд ва танҳо 7 фоизи замини он қобили кишт мебошад, б


ӯ


ҳрони ғизо

 

шароити зиндагии аз се ду қисми оилаҳоро фаро гирифт. Бояд тадбирҳои иловагии муштарак ва муассир андешид, ки

 

вазъи таъминоти озуқа дар саросари


ҷ


аҳон минбаъд тезутундтар нагардад.





Табиист, ки дар чунин шароит истифода кардани ғизо барои истеҳсоли с


ӯ


зишвории биолог


ӣ


амали зиддиинсон


ӣ


мебошад. Умед аст, ки

 

давлатҳои мададгор барои пешгир


ӣ


кардани ташанну


ҷ


и б


ӯ


ҳрони ғизо тадбирҳои зарурии сиёс


ӣ


, молияв


ӣ


ва иқтисод


ӣ


меандешанд, зеро идома ёфтани б


ӯ


ҳрони озуқа сабаби қашшоқтар гардидани миллионҳо нафар одамон шуда метавонад.





Мо ҳамчунин умедворем, ки к


ӯ


маки расмии байналхалқ


ӣ


бештар

 

ба рушди соҳаи кишоварз


ӣ


равона гардида, дар ниҳояти кор монеаҳои

 

сунъии

 

ти


ҷ


орат


ӣ


аз байн бардошта мешаванд. Комилан мусаллам аст, ки Созмони Милали Муттаҳид дар масъалаи бартараф сохтани б


ӯ


ҳрони озуқа ва таъ


ҷ


илан тағйир додани сиёсати кишоварзии


ҷ


аҳон бояд нақши ҳалкунанда бозад.





То


ҷ


икистон фаъолияти Гур


ӯ


ҳи хоси байниидоравии

 

Созмони Милали Муттаҳидро, ки

 

ба зиммаи он

 

муқаррар намудани тадбирҳои вокуниши таъ


ҷ


ил


ӣ


ба б


ӯ


ҳрони озуқа гузошта шудааст, дастгир


ӣ


мекунад.

            



Ҷ


идду


ҷ


аҳди гур


ӯ


ҳи мазкур инчунин бояд ба ҳалли масъалаи муқаррар намудани муносибатҳои дарозмуддати яксон ва

 

мувофиқашуда ба хотири таъмини амнияти озуқавор


ӣ


мусоидат намояд.





Дар ин бобат нати


ҷ


аҳои мулоқоти Рим бо иштироки намояндагони баландпояи мамлакатҳо бахшида ба таъмини амнияти озуқавор


ӣ


ва эъломияи дар


ҷ


араёни он қабулшуда иқдоми муҳим гардид. Дар ин робита, зарур аст, ки кор дар доираи Муассисаи озуқавор


ӣ


ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид дар бобати ба мамлакатҳои р


ӯ


ба инкишоф пешниҳод кардани технологияҳои пешқадам, тухм


ӣ


ва расонидани к


ӯ


макҳои молиявию техник


ӣ


густариш дода шавад.





Мо ҳамчунин даъват мекунем, ки

 

ҳа


ҷ


ми к


ӯ


макҳои аз тариқи Созмони


Ҷ


аҳонии Озуқа расонидашаванда зиёд карда шавад. Ҳаққу ҳуқуқи инсон ба таъмин бо ғизои шоиста масъалаест, ки аз ҳаллу фасли он ҳаёти миллионҳо одамон, аз


ҷ


умла занону к


ӯ


дакон дар


ҷ


аҳон вобаста мебошад. Масъалаи мазкур на баҳсу мунозираҳои т


ӯ


лон


ӣ


, балки андешидани тадбирҳои қатъии амалиро талаб мекунад, зеро таҳдиди б


ӯ


ҳрони озуқа аз терроризм камтар нест, чун он шаъну шарафи инсонро коста мегардонад.





Ба ақидаи мо, мамлакатҳои пешрафтаи


ҷ


аҳон бояд бо масъулияти бештаре амал намоянд, то оқибатҳои б


ӯ


ҳрони молияв


ӣ


, озуқавор


ӣ


ва

 

энергетик


ӣ


, хусусан дар давлатҳои камбизоат ва р


ӯ


ба инкишоф ҳарчи камтар эҳсос шавад. Зеро дар ин давлатҳо оқибати ин зуҳуроти номатлуб равшан мушоҳида мешавад». Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.







 



Реклама на asia+

USAID ва Вазорати тандурустии Тоҷикистон бо мақсади густариши ҳамкориҳо Ёддошти тафоҳум ба имзо мерасонанд

0


Душанбе. 26-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар шаҳри Душанбе маросими ба имзо расидани Ёддошти тафоҳум миёни Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) оид ба ҳамкории байнулмилалӣ (USAID) ва Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар бораи таҳкиму густариши ҳамкориҳо баргузор мешавад.




Аз Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки санадро директори минтақавии агентии ИМА Уилям Фрей ва вазири тандурустии Тоҷикистон Нусратулло Салимов имзо хоҳанд кард.


Реклама на asia+

Имрӯз Кумитаи Милли олимпӣ ва ширкати «Вавилон-М» ба ҷоизадорони Олимпиадаи Пекин мукофотҳои пулӣ месупоранд

0


Душанбе. 26-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Кумитаи миллии Олимпии Тоҷикистон маросими ба ҷоизадорони Олимпиадаи Пекин-2008 супурдани мукофотҳо аз ҷониби кумитаи мазкур ва ширкати «Вавилон-М» доир мегардад.




Корманди шӯъбаи таҳлил ва иттилооти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон Ҷалолиддин Нуров дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки Кумитаи Милли Олимпии ҷумҳурӣ ҷоизадори нуқраи мусобиқоти гӯштини тарзи озод Юсуф Абдусаломовро бо мукофоти пулии 5 ҳазор ва соҳиби медали биринҷии мусобиқоти дзюдо Расул Боқиевро бо 3 ҳазор доллари амрикоӣ қадрдонӣ хоҳад кард.



Бино ба иттилои манбаъ, худи ҳамин рӯз ширкати «Вавилон-М» мукофоти пулии ваъдагиро ба ҷоизадорони олимпиада, ки барои касби мақоми дуввум 20 ҳазор ва саввум 10 ҳазор доллари амрикоӣ муқаррар гардида буд, ба соҳибонашон хоҳад супурд.



Ёдрас мекунем, ки дар Бозиҳои Олимпиадаи Пекин -2008 15 варзишгари Тоҷикистон дар 8 навъи варзиш шарафи кишварро ҳимоят карданд. Инҳо – варзишгарон Дилшод Назаров (варзиши сабук, гурзандозӣ), Галина Митяева (варзиши сабук, гурзандозӣ), Расул Боқиев (дзюдо, то


73 кг

), Шералӣ Бозоров (дзюдо, то

81 кг

), Неъматуллоҳ Асронқулов (дзюдо, то

90 кг

), Виталий Корякин (гӯштии озод, то

60 кг

), Юсуф Абдусаломов (гӯштии озод, то

84 кг

), Шералӣ Достиев (бокс, то

48 кг

), Анвар Юнусов (бокс, то

51 кг

), Ҷаҳон Қурбонов (бокс, то

81 кг

), Екатерина Измайлова (шиноварӣ, тарзи озод,

50 м

), Алишер Чингизов (шиноварӣ, тарзи озод,

50 м

), Албина Камолиддинова (камонварӣ), Сергей Бабиков (тирандозӣ) ва Низом Сангов (вазнабардорӣ,

69 кг

) мебошанд.




 



 

Реклама на asia+

Дар Душанбе санади «Фаъолияти сохтмонӣ. Қонунгузорӣ ва ислоҳот» муаррифӣ гардид

0


Душанбе. 26-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс»


– Дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон санади «Фаъолияти сохтмонӣ. Қонунгузорӣ ва ислоҳот» муаррифӣ гардид.




Аз сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки муаррифиномаи мазкур бо мақсади шиносоии наздик аз қонунгузории Тоҷикистон дар бахши сохтмон, таҷрибаи кишварҳои пешқадам ва тавсияҳои беҳсозии низоми иҷозатномадиҳӣ барои фаъолият дар соҳаи сохтмони Тоҷикистон баргузор гардида, он бо дастгирии техникии лоиҳаи


USAID


оид ба беҳтар кардани муҳити тиҷорат (


BEI


) дар Тоҷикистон созмон дода шудааст.



Бино ба иттилои манбаъ, дар муаррифинома зикр гардид, ки масъулияти фароҳам сохтани шароити мусоиду зарурӣ барои рушди сохтмон дар кишвар ва таъмини бехатарии корҳо дар он ба дӯши давлат вогузор шудааст.



Ҳамчунин иштирокдорони муаррифинома муқаррароти қонунгузории Тоҷикистон дар бораи сохтмонро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.


Реклама на asia+