Занони соҳибкор барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ аз президенти Тоҷикистон грантҳо дарёфт мекунанд

0




          



Душанбе. 25-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

дар чаҳорчӯбаи «Барномаи грантҳои президентӣ» оид ба

 


фаъолияти соҳибкории занон озмун эълон менамояд.



Барномаи грантҳои президентӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маблағгузорӣ ва бевосита аз тарафи дастгоҳи марказии


Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар

амал татбиқ мешавад.

Кумита «Барномаи грантҳои Президентӣ» – ро дар асоси Қоидаҳои тартиби ҷудо намудани грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурнии Тоҷикистон

 

аз 4 сентябри соли 2008, № 448 тасдиқ шудааст, амалӣ менамояд.




           

Грантҳои Президенти

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони ҶТ – занони соҳибкоре, ки

 

лоиҳаҳои таҳиянамудаи онҳо ба ҳалли масоили занҳо ва таъмин намудани онҳо бо ҷойҳои корӣ

 

дар фаъолияти рушди соҳибкорӣ мусоидат менамояд, ҷудо карда мешаванд.




           

Грантдиҳанда ҷудо намудани грантҳои Президентиро ба андозаҳои зерин:



10 грант дар ҳаҷми 40 000 (чил ҳазор) сомонӣ;



10 грант дар ҳаҷми 30 000 (сӣ ҳазор) сомонӣ;



10 грант дар ҳаҷми 15 000 (понздаҳ ҳазор) сомонӣ пешбинӣ намудааст.




           

Мӯҳлати иҷрои лоиҳа то 6 моҳро дар бар мегирад.

Барои иштирок дар барнома

занони соҳибкор

лоиҳаро бояд дар ҳаҷми на зиёда аз панҷ (5) саҳифа, дар барномаи



MS




WORD




бо истифода аз шрифти (14)


Times




New




Roman




Tj




ва мувофиқати пурра ба талаботи озмун пешниҳод намоянд. Ташкилотҳои ҳавасманд метавонанд маълумоти иловагиро оид ба талаботи лоиҳаи «Озмун


оид ба пешниҳоди лоиҳаҳо дар «Барномаи грантҳои президентӣ»

»

 

аз

 

Кумита дастрас намоянд.

 

Дар ин бора корманди масъули Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Тоҷикистон Маърифат Шокирова хабар дод.





Реклама на asia+

Русия аз иштирок дар нишасти «шашгона» дар мавриди Эрон рӯ гардонд

0


Душанбе. 25-уми сентябр – Нишасти «шашгона» дар робита ба Эрон барпо намегардад. Нишасти кишварҳои шашгона – ИМА, Бритониё, Фаронса, Чин, Русия ва Олмон дар робита ба барномаи ҳастаии Эрон лағв шуд.




Сабаби лағви нишасти пан


ҷ


кишвари узви доимии Ш


ӯ


рои амнияти СММ бо иловаи Олмон р


ӯ


гардондаи Маскав аз ширкат дар ин музокирот гуфта мешавад.



Намояндагони вазоратҳои берунаи пан


ҷ


кишвари узви доимии Ш


ӯ


рои амнияти СММ – ИМА, Бритониё, Фаронса, Чин, Русия бо иловаи Олмон мебоист имрӯз дар шаҳри Ню-Йорк


ҷ


амъ омада, масъалаи роҳандозии таҳримҳои нав бар зидди Эрон дар робита ба барномаи ҳастаии ин кишварро баррас


ӣ


мекарданд.



Дирӯз


ҷ


онишини вазири берунаи Русия Сергей Рябков эълон кард, ки Русия наметавонад ба э


ҷ


оди таҳримҳои нав алайҳи Эрон роз


ӣ


шавад.



Р


ӯ


тофтани Маскав аз музокироти муштарак бо кишварҳои Ғарб дар бораи Эрон дар ҳолест, ки пас аз б


ӯ


ҳрони Қафқоз муносибот миёни Русия ва Ғарб тира гаштааст.




 

Реклама на asia+

Роҳбари ширкати «Дурнамо» ба ҷоизадорони Олимпиадаи Пекин мукофотҳои пулии ваъдагиро месупорад

0


Душанбе. 25-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз роҳбари ширкати «Дурнамо» Абӯбакр Азизхоҷаев ба ҷоизадорони Бозиҳои Олимпиадаи Пекин- 2008 аз Тоҷикистон – Юсуф Абдусаломов (гӯштини тарзи озод) ва Расул Боқиев (дзюдо) мукофотҳои пулии ваъдагиро месупорад.




Аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва саёҳии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки А.Азизхоҷаев ба Ю.Абдусаломов 5 ҳазор ва ба Р.Боқиев 3 ҳазор доллари амрикоӣ мукофоти пулӣ месупорад.



Бино ба иттилои манбаъ, пас аз анҷоми маросими супурдани мукофот бо иштироки ҷоизадорони олимпиада нишасти матбуотӣ баргузор мешавад.




Ёдрас мекунем, ки дар Бозиҳои Олимпиадаи Пекин -2008 15 варзишгари Тоҷикистон дар 8 навъи варзиш шарафи кишварро ҳимоят карданд. Инҳо – варзишгарон Дилшод Назаров (варзиши сабук, гурзандозӣ), Галина Митяева (варзиши сабук, гурзандозӣ), Расул Боқиев (дзюдо, то


73 кг

), Шералӣ Бозоров (дзюдо, то

81 кг

), Неъматуллоҳ Асронқулов (дзюдо, то

90 кг

), Виталий Корякин (гӯштии озод, то

60 кг

), Юсуф Абдусаломов (гӯштии озод, то

84 кг

), Шералӣ Достиев (бокс, то

48 кг

), Анвар Юнусов (бокс, то

51 кг

), Ҷаҳон Қурбонов (бокс, то

81 кг

), Екатерина Измайлова (шиноварӣ, тарзи озод,

50 м

), Алишер Чингизов (шиноварӣ, тарзи озод,

50 м

), Албина Камолиддинова (камонварӣ), Сергей Бабиков (тирандозӣ) ва Низом Сангов (вазнабардорӣ,

69 кг

) мебошанд.





 





 

Реклама на asia+

Дар Шӯрообод аз қочоқчиёни афғон 252 кило маводи мухаддир мусодира карда шуд

0


Душанбе. 25-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар самти Шӯроободи марзи давлатии Тоҷикистону Афғонистон ду маротиба – рӯзҳои 16 ва 23-уми сентябри соли ҷорӣ аз кӯшиши интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир аз кишвари ҳамсоя ба қаламрави ҷумҳурӣ ҷилавгирӣ карда шуд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ хабар доданд.




«Бо истифода аз оташфишонӣ аз он сӯи марз қочоқчиёни афғон мехостанд ба Тоҷикистон беш аз 252 кило маводи мухаддирро ғайриқонунӣ интиқол диҳанд», – изҳор дошт манбаъ. Ба иттилои сарчашма, 30 килои маводи мухаддирро афюн ва 80 дарсади боқимондаи онро маводи мухаддири навъи ҳашиш ташкил медиҳад.



Зикр гардид, ки якчанд қочокчиёни афғон нобуд карда шудаанд ва феълан дар мавриди ошкор сохтани аъзои боқимондаи гурӯҳи қочоқбар корҳои фавриву ҷустуҷӯӣ идома доранд.




 

Реклама на asia+

Таъсири бӯҳрони «AiRUnion» ба парвози ҳавопаймои хатсайри Маскав-Душанбе

0


Душанбе. 25-уми сентябр – Садҳо нафар аз мусофирони тоҷик, ки билетҳои ширкати ҳавопаймоии «Домодедовские авиалинии»-ро дар даст доранд, аз ҷумъаи гузашта инҷониб наметавонанд ба Маскав парвоз кунанд.




Гуфта мешавад, ки «Домодедовские авиалинии» парвозҳои худ ба Душанберо аз рӯзи ҷумъаи гузашта муттаваққиф сохта ва ҳоло беш аз 500 мусофири тоҷик, ки аз қабл билетҳои ин ширкатро харидорӣ кардаанд, наметавонанд ба Маскав ва тақрибан ҳамин теъдод аз мусофирон аз Маскав ба Душанбе наметавонанд парвоз кунанд.



Тибқи иттилоъи расонаҳои гурӯҳии Русия, «Домодедовские авиалинии», ки бахше аз ширкати бузурги ҳавопаймоии «ЭйрЮнион» маҳсуб мешавад, тайи як моҳи ахир бо мушкилоти молӣ мувоҷеҳ шудааст.



Ҳамакнун бештари парвозҳои ин ширкат дар қаламрави Русия ва кишварҳои хориҷӣ мутаваққиф шуда ва ин хабар мояи нигаронии мақомоти ин кишвар шудааст.



Бо таваҷҷӯҳ ба ин мушкил, давлати Русия тасмим гирифтааст, бо истифода аз имконоти «ЭйрЮнион» як ширкати ҷадиди ҳавопаймоии давлатӣ таъсис бидиҳад.



Вале то ҳол маълум нест, ки дар мавриди ҷуброни хисорати молии афроде, ки аз қабл барои парвоз аз ин ширкат билет хариданд, чӣ тасмиме гирифта хоҳад шуд.



Дар масирҳои дохилии Русия парвози афроде, ки билетҳои «ЭйрЮнион»-ро харидорӣ кардаанд, дар бархе маворид аз тариқи ширкатҳои дигар сурат мегирад.



Вале ширкати русии «Домодедовские авиалинии», танҳо ширкати русӣ аст, ки аз Маскав ба Душанбе рӯзе як бор парвоз анҷом медиҳад.



Ширкатҳои «ТоҷикЭйр» ва «СомонЭйр»-и Тоҷикистон низ ҳамарӯза ба Маскав як борӣ парвоз анҷом медиҳанд, вале ин ширкатҳо омода набудаанд, ки мусофирони «Домодедовские авиалинии»-ро ба таври ройгон ба пойтахти Русия ва ё баръакс аз Маскав ба Душанбе интиқол бидиҳанд.



Неъматулло Соҳибов, як масъули бахши ҳавонавардӣ дар Вазорати ҳамлу нақл ва мухобироти Тоҷикистон мегуяд, ки ширкати «Домодедовские авиалинии» аз фурудгоҳи шаҳри Душанбе бидеҳкор аст ва ба ин далел наметавонад то замони пардохти бидеҳиҳои худ ба пойтахти Тоҷикистон парвоз анҷом бидиҳад.



Вай афзуд, ки то ҳол ба ин муассиса аз номи мусофирон алайҳи ширкати «Домодедовские авиалинии» ҳеҷ шикояте ворид нашуда, вале ба ақидаи ӯ, ҳалли ин мушкил танҳо ба ӯҳдаи ин ширкати русӣ аст.


Реклама на asia+

Президенти Бонки ҷаҳонӣ: Бонк дар роҳи азхуднамоии захираҳои фаровони гидроэнергетикии Тоҷикистон ба ҳамкорӣ омода аст

0


Душанбе. 24-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Шоми дирӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Бонки умумиҷаҳонӣ Роберт Золлик мулоқот намуд.Дар мулоқот масоили ҷорӣ ва дурнамои ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон бо ин муассисаи бонуфузи молиявии байналмилалӣ баррасӣ шуд.




Сарвари давлати Тоҷикистон аз сатҳ ва мазмуни робитаҳо бо Бонки умумиҷаҳонӣ изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамзамон таъкид бар он дошт, ки имконоти истифода нашудаи ҳамкорӣ бо он алҳол хеле зиёданд.



Роберт Золлик аз имкони вохӯрӣ бо президенти Тоҷикистон изҳори хушнудӣ карда, аз ҷумла таъкид дошт: – «Мо аз мушкилоту эҳтиёҷоти Тоҷикистон, аз ҷумла хисороте, ки зимистони шадиди гузашта ворид намуд, хуб огоҳӣ дорем ва Бонки умумиҷаҳонӣ омода аст, ки ҳамкории худро бо кишвари шумо тавсиа бахшад, пеш аз ҳама дар роҳи азхуднамоии захираҳои фаровони гидроэнергетикӣ».



Мусоҳибон оид ба ташкил додани консорсиуми байналмилалӣ барои идомаи сохтмони нерӯгоҳи обии Роғун, ҷалби сармоя ба лоиҳакашӣ ва бунёди нерӯгоҳи Санобод дар вилояти Бадахшон ва татбиқи дигар лоиҳаҳои судбахши ин соҳа гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.



Таваҷҷӯҳи зиёд ҳамчунин ба ҳаллу фасли қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор, беҳтарнамоии минбаъдаи фазои инвеститсионии Тоҷикистон ва рушди ҳамкориҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ зоҳир гардид.



Татбиқи босамари лоиҳаи КАСА-1000, ки сохтмони хатҳои баландшиддати интиқоли нерӯи барқро дар назар дорад, дорои аҳамияти бузурги минтақавӣ маънидод гардид.



Зимни гуфтугӯйи пурмӯҳтаво ҷонибҳо ҳавасмандии худро баҳри таҳкиму густариши бештари ҳамкориҳо таъкид намуданд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.


Президенти Бонки ҷаҳонӣ: Бонк дар роҳи азхуднамоии захираҳои фаровони гидроэнергетикии Тоҷикистон ба ҳамкорӣ омода аст



Душанбе. 24-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Шоми дирӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Бонки умумиҷаҳонӣ Роберт Золлик мулоқот намуд.Дар мулоқот масоили ҷорӣ ва дурнамои ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон бо ин муассисаи бонуфузи молиявии байналмилалӣ баррасӣ шуд.



Сарвари давлати Тоҷикистон аз сатҳ ва мазмуни робитаҳо бо Бонки умумиҷаҳонӣ изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамзамон таъкид бар он дошт, ки имконоти истифода нашудаи ҳамкорӣ бо он алҳол хеле зиёданд.



Роберт Золлик аз имкони вохӯрӣ бо президенти Тоҷикистон изҳори хушнудӣ карда, аз ҷумла таъкид дошт: – «Мо аз мушкилоту эҳтиёҷоти Тоҷикистон, аз ҷумла хисороте, ки зимистони шадиди гузашта ворид намуд, хуб огоҳӣ дорем ва Бонки умумиҷаҳонӣ омода аст, ки ҳамкории худро бо кишвари шумо тавсиа бахшад, пеш аз ҳама дар роҳи азхуднамоии захираҳои фаровони гидроэнергетикӣ».



Мусоҳибон оид ба ташкил додани консорсиуми байналмилалӣ барои идомаи сохтмони нерӯгоҳи обии Роғун, ҷалби сармоя ба лоиҳакашӣ ва бунёди нерӯгоҳи Санобод дар вилояти Бадахшон ва татбиқи дигар лоиҳаҳои судбахши ин соҳа гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.



Таваҷҷӯҳи зиёд ҳамчунин ба ҳаллу фасли қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор, беҳтарнамоии минбаъдаи фазои инвеститсионии Тоҷикистон ва рушди ҳамкориҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ зоҳир гардид.



Татбиқи босамари лоиҳаи КАСА-1000, ки сохтмони хатҳои баландшиддати интиқоли нерӯи барқро дар назар дорад, дорои аҳамияти бузурги минтақавӣ маънидод гардид.



Зимни гуфтугӯйи пурмӯҳтаво ҷонибҳо ҳавасмандии худро баҳри таҳкиму густариши бештари ҳамкориҳо таъкид намуданд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.



Реклама на asia+

ҶСП «Бонки рушди Тоҷикистон» фоидаи пасандозро зиёд намуд

0



Душанбе. 24-уми сентябр – Аз моҳи сентябри соли 2008 ҶСП «Бонки рушди Тоҷикистон» фоидаи пасандозҳои шахсони воқеиро новобаста ба мӯҳлати он ду фоиз зиёд кард.







 

Меъёрҳои ҳадди аксари фоидаи солонаи пасандози «Пайванд» 22 фоиз бо пули миллӣ, 20 фоиз бо доллари амрикоӣ, 20 фоиз бо евро, 21 фоиз бо рубли Русия ва аз рӯи пасандози «Баракат» 20 фоиз бо асъори миллӣ, 19 фоиз бо доллари амрикоӣ, 19 фоиз бо евро ва 20 фоиз бо рубли Русия зиёд карда шуд.





Ин иқдом баҳри манфиатбахштар гардонидани пасандозҳо барои мизоҷон ва бештар ҷалб намудани пасандози аҳолӣ ба бонк андешида шуд.





Бояд қайд кард, ки меъёрҳои фоизи ҶСП «Бонки рушди Тоҷикистон» аз рӯи ҳамаи намудҳои пасандоз дар байни бонкҳои Тоҷикистон баландтарин буда, далели равшани он афзоиши мунтазами шумораи мизоҷон мебошад. ҶСП «Бонки рушди Тоҷикистон» пешниҳодҳои мизоҷони худро ба инобат гирифта, раванди васеъ ва мукаммалгардонии шароити ҷалби мизоҷонашро идома медиҳад.







 






 





 





 





     




Реклама на asia+

А.Сатторов: Оғози парвандаи ҷиноӣ аз болои Д.Атовуллоев ба вазъи озодии сухан дар Тоҷикистон таъсире нахоҳад гузошт

0



           

Душанбе. 24-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Акбаралӣ Сатторов бар он назар аст, ки оғози парвандаи ҷиноӣ аз болои муассиси газетаи «Чароғи рӯз» Додоҷон Атовуллоев ба вазъи озодии сухан дар Тоҷикистон таъсире нахоҳад гузошт.





           

Ба ақидаи А.Сатторов, оғоз гардидани парвандаи ҷиноӣ маънои онро надорад, ки аллакай рӯзноманигор гунаҳкор аст. «Аз болои журналистони зиёде парвандҳои ҷиноӣ боз гашта буданд, ки дар аксари онҳо намояндагони васоити ахбори омма бегуноҳии худро исбот карданд ва агар Д.Атовуллоев низ ҳақ аст, бигзор онро дар додгоҳ собит созад», – таъкид сохт ӯ.




           

Мавсуф инчунин изҳор дошт, ки Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ҷиҳати таъсиси ҳаракати «Ватандор» ҳанӯз пас аз эълон гардидани он муносибати манфашро баён сохта буд. «Ман ба журналистон гуфтаниам, ки аз ин далел


PR


–чорабинии навбатӣ ташкил надиҳанду бидуни тӯҳмату таҳқири ҳамдигар аз пайи иҷрои вазифаҳои касбии худ бошанд», – афзуд А.Сатторов.

           



Реклама на asia+

Рӯзноманигорони ҷавон маҳорати касбии худро дар Мактаби мустақили рӯзноманигории «Тоҷикистон – асри XXI» сайқал медиҳанд

0


Душанбе. 23-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» –


Имрӯз дар Мактаби мустақили рӯзноманигории «Тоҷикистон – асри


XXI


» дарси кушоди сарвари хадамоти омӯзишию таҳлилии Оҷонсии иттилоотии «Азия-Плюс» Хулкар Юсупов барои донишҷӯёни соли 5-уми бахши рӯзноманигории Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон баргузор гардид.





 


          

Дар он мавзӯи истифода аз сарчашмаҳои иттилоот барои таҳияи маводи журналистӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар чорабинӣ ҳамоҳангсозони барномаҳо оид ба Васоити ахбори оммаи як қатор созмонҳои байналмилалӣ низ ширкат варзиданд.

 




Қобили зикр аст, ки чунин дарсҳои кушод дар Мактаби рӯзноманигорӣ ҳар ҳафта доир гардида, иштирокдорони он дар баробари таҳлили матолиби хабаргузориву нашрияҳои гуногун, зимни таҳияи маводи журналистӣ риоя кардани меъёрҳои байналмилалии касбиро меомӯзанд.

 




Дар ҷараёни дарсҳои амалӣ донишҷӯён барои таҳияи мақолаву гузоришоти худ аз компютарҳо ва таҷҳизоти Мактаби рӯзноманигорӣ истифода мекунанд. Ҳамзамон боздиди онҳо аз идораҳои садову симо ва нашрияҳои гуногун ҷиҳати шиносоӣ бо раванди фаъолияти ВАО-и кишвар ташкил карда мешавад.


Реклама на asia+

Фирори қочоқчиёни афғон аз боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Хоруғ

0



               Душанбе. 24-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Ду шаҳрванди Афғонистон, ки барои убури ғайриқонунии марз ва даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар боздоштгоҳи муваққатии раёсати умури дохилии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қарор доштанд, фирор кардаанд.







           

Аз Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки боздоштшудагон тақрибан соатҳои чори рӯз аз майдони сохтмони иншооти бинои нави боздоштгоҳи муваққатӣ гурехтаанд.






           

Ба иттилои намояндаи вазорат, гурӯҳҳои тақвиятёфтаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят фавран ба ҷустуҷӯ шурӯъ кардаанд, вале аз он ҳеҷ натиҷае ба даст наомадааст. «Эҳтимол меравад, ки гурезаҳо сарҳадро убур намуда, ба қаламрави Афғонистон паноҳ бурдаанд ва ҷиҳати дастгир кардани онҳо бо мақомоти дахлдори Афғонистон гуфтушунид мешавад», – зикр кард манбаъ. Аз рӯи ин далел додситонии вилоят парвандаи ҷиноӣ оғоз кард.



Реклама на asia+