Имрӯз дар Душанбе барои мутахассисони Вазорати тандурустӣ семинар оид ба усулҳои кӯмаки тиббии паллиативӣ ба кор шурӯъ кард

0


Душанбе. 23-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Душанбе

 

семинари панҷрӯза оид ба принсипҳои расондани ёрии паллиативӣ

 

барои мутахассисони Вазорати тандурустӣ

 

дар чаҳорчӯбаи барномаи «Тандурустии ҷамъиятӣ»- и ИҶК БМ ба кор шурӯъ кард.




Чорабинӣ

 

дар доираи Меморандум оид ба

 

ҳусни тафоҳум, ки дар байни Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯъбаи ташкилоти байналмилалии Институти”Ҷамъияти Кушода” Бунёди Мадад – Тоҷикистон ба имзо расидааст, баргузор мегардад. Дар




семинар


42


нафар




мутахассисон




аз




зумраи




духтурон


,


ҳамшираҳои




шафқат




ва




кормандони



 



тиббие


,


ки




дар




соҳаҳои




саратоншиносии




калонсолон




ва




кӯдакон


,


масъалаҳои




ВИЧ


,


нигоҳубин




ва




дастгирӣ




кор




мекунанд


,


иштирок




хоҳанд




намуд


.



Барои гузаронидани семинар гурӯҳи мутахассисон аз ИМА: профессор Томас Смит- директории шӯъбаи

 

паллиативии маркази саратоншиносии Массейи Донишгоҳи Вирҷиния, профессор Ҷудит Пейн- мудири барномаи бемориҳои саратон ва гематологияи Донишгоҳи Носвестерни Чикаго, Мэри Каллавей – мудири барномаи байналмилалӣ

 

оид ба ёрии паллиативӣ

 

дар Ню – Йорк, Патрик Койн –

 

мудири маркази бемориҳои саратони маркази саратоншиносии Массейи Донишгоҳи Вирҷиния, Несса Койл-

 

мудири

 

барномаи дастгирӣ

 

ва нигоҳубини беморон ва хадамоти ёрии паллиативии Маркази мемориалии саратоншиносии Слоан- Кетеринги

 

Ню -Йорк ба Тоҷикистон омаданд.



Баъди анҷоми

 

тренинг иштирокчиён оид ба мавзӯъҳои зерин дониш

 

ҳосил мекунанд:



  • Унсурҳо ва шаклҳои

     

    ёрӣ

     

    ба беморон дар охири

     

    ҳаёташон; сари вақт ба нақша гирифтани ёрӣ

     

    ва тартиб додани дастурҳо оид ба хоҳиши беморон доир ба муолиҷаи онҳо дар охири

     

    ҳаёташон;



  • Хусусиятҳои психологии муошират бо беморони шифонопазир ва аъзоёни оилаи онҳо;



  • Бедардгардонии беморони шифонопазир ва фурӯ

     

    нишондани симптомҳои дигар аз рӯи комёбиҳои охирини илми тиб;



  • Қоидаву дастурҳо оид ба таъин кардан ва бекор намудани муолиҷа

     

    ҳангоми ёрии паллиативӣ.






 






Маълумотнома:



Калимаи “Паллиативӣ” аз калимаи лотинии «паллиум» (рӯйпӯш) гирифта шудааст.

 

Мувофиқи таърифи Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ

 

Ёрии паллиативӣ

 

– ин ҷамъи усулҳои беҳтар кардани сифати

 

ҳаёти бемор ва аъзоёни оилаи ӯ, ки ба бемории марговар дучор гардидаанд,

 

тавассути

 

сабук гардондани азоб,

 

барвақт ошкор намудан ва

 

баҳодиҳии аниқи душвориҳои бавуҷудомада (ҳангоми синдроми дард ва намудҳои дигари ихтилоли фаъолият), инчунин расондани ёрии психологию иҷтимоӣ

 

мебошад. Дар ин бора ассистенти барномаи “Тандурустии

 

ҷамъиятӣ “-и ИҶК БМ Заррина Қурбонбекова

 

хабар дод.


Реклама на asia+

Дар фурудгоҳи Душанбе шаҳрванди Испания бо ҳероин боздошт гардид

0



           

Душанбе. 23-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс – Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи фурудгоҳи шаҳри Душанбе ба гумони интиқоли маводи мухаддир шаҳрванди Испания Валерий Гаврешукро аз парвози хатсайри «Душанбе-Истанбул» боздоштанд.





           

Роҳбари дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон Маҳмадулло Асадуллоев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки ҳангоми аз назар гузаронидани борхалтаи сафарии боздоштшуда аз он ҳудуди се кило ҳероин дарёфт ва мусодира карда шудааст. Аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ оғоз гардид.




           

Қобили зикр аст, ки ин нахустин ҳодисаи аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ интиқол додани маводи мухаддир аз Тоҷикистон набуда, қаблан шаҳрвандони Уганда, Африқои Ҷанубӣ, Филиппин ва Афғонистон низ ба ҷурми қочоқи маводи мухаддир боздошт ва маҳкум шудаанд.


Реклама на asia+

Дар ҷашнвораи III-уми байнулмилалии кинои «Дидор» дар Душанбе 24 филми коргардонҳои хориҷӣ намоиш дода мешавад

0


Душанбе. 23-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Аз 12 то 16-уми октябр дар пойтахти Тоҷикистон ҷашнвораи


III


-уми байнулмилалии кинои «Дидор» баргузор мешавад.




Сухангӯи ҷашнвора Денис Бекетов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки сарпарастони асосии ҷашнвора «Институти ҷомеаи Кушод – Фонди Мусоидат. Тоҷикистон»

 

ва Агентии рушду ҳамкории Швейтсария дар Тоҷикистон мебошанд. Мавсуф зикр кард, ки мувофиқи қарори Кумитаи тадорукот,

 

тамоми чорабиниҳо, аз қабили намоиши филмҳо, мизҳои мудаввар, муаррифии филмҳои беҳтарини коргардонҳои Осиёи Марказӣ ва нишастҳои матбуотӣ дар Хонаи Кино ва Маркази фарҳанги ҳиндии сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон доир мегарданд.



Д.Бекетов меӯяд, тибқи консепсияи ҷашнвора, ба ҳакамон ва тамошобинон 24 филми коргардонҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, Қафқоз, Русия, Афғонистон, Эрон, Муғулистон, Олмон ва Туркия намоиш дода мешавад.



Ба ҷуз барномаи озмунӣ, ҳамчунин дар доираи чорабиниҳои ҷашнвора намоиши филмҳои муосири афғонӣ, мизи мудаввар дар мавзӯи «Шарқу Ғарб: дурнамои ҳамкориҳо», муаррифии маҷмӯаи дискҳои киношиноси қазоқ Гулнора Абикеева, «Кинои мустанади Осиёи Марказӣ: Даврони Шӯравӣ ва солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ» ва муаррифии китоби «Панҷ садо» (намунаи ашъори панҷ шоири Эрон) баргузор мешавад.




 

Реклама на asia+

Додситонии кулл аз болои Д.Атовуллоев парвандаи ҷиноӣ боз кард

0


             Душанбе. 23-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Тибқи иттилои аз Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс расида, бо пешниҳоди ин вазорат Додситонии кулл аз болои муассиси ҷаридаи «Чароғи рӯз» ва роҳбари ҳаракати «Ватандор» Додоҷон Атовуллоев парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.





           

«Парвандаи ҷиноӣ аз рӯи якчанд моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ, аз ҷумла моддаи 307 (Даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии ҶТ) ва 137 (Тӯҳмат ба президенти Тоҷикистон) боз шудааст», – изҳор дошт манбаъ. айбдор дониста мешавад.



Бино ба иттилои манбаъ, айни замон рӯзноманигор дар пайгарди қонунӣ эълон гардида, оид ба боздошти ӯ чораҳо андешида мешаванд. Мувофиқи маълумоти ғайрирасмӣ, Д.Атовуллоев феълан дар қаламрави Олмон кору зиндагӣ мекунад.



Ёдрас мекунем, ки моҳи июли соли равон додситони кулли Тоҷикистон Бобоҷон Бобохонов роҳбари ҳаракати «Ватандор» ва сармуҳаррири рӯзномаи «Чароғи рӯз» Додоҷон Атовуллоевро террористи иттилоотӣ номид.



Ӯ изҳор дошт, ки Д.Атовуллоев дар хориҷи кишвар умр ба сар бурда, дур аз ватан дар мақолаву изҳороташ шаъну шараф ва эътибори миллати тоҷикро паст зада, ҳукумати Тоҷикистонро назди ҷаҳониён муттаҳам месозад. «Додоҷон Атовуллоев шахси беватан аст, ӯ ҳеҷ гоҳ роҳбар набуд ва шуда ҳам наметавонад», – таъкид сохт додситони кулли ҷумҳурӣ.



Б.Бобохонов ҳамчунин зикр кард, ки «дар сурати хотима набахшидан ба фаъолияти иғвогаронаву тӯҳматангез, аз болои ӯ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, барои боздошт ва ба маҳкама кашидани ӯ тамоми чораҳо андешида хоҳанд шуд».



Ахири моҳи июни соли равон дар оҷонсии иттилоотии «Росбалт» дар шаҳри Маскав бо иштироки Д.Атовуллоев нишасти матбуотӣ доир гардид. Дар он роҳбари ҳаракати «Ватандор» ба таври ошкоро изҳор дошт, ки «Тоҷикистон дар остонаи ҷанги шаҳрвандӣ қарор дорад». «Мо хоҳони онем, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар бораи вазъи кишвари қашшоқ, бадбахт, фасодзада, сӯхта ва поймолшуда огоҳ бошад, – гуфта буд ӯ дар нишасти матбуотӣ. – Ҳолати анъанавии тоҷики имрӯза: сарулибоси кӯҳна, нигоҳи камнури маъюс, ва чеҳраи ғамолуд…».



Бар замми ин, Д.Атовуллоев зикр карда буд, ки нерӯҳои мухолифро дар ғурбат роҳбарӣ мекунад ва аз соли 2004 имкон надорад, ба Тоҷикистон сафар кунад. Ӯ ҳамчунин чунин пешгӯӣ карда буд: «тирамоҳу зимистони соли 2008 дар саросари қаламрави Тоҷикистон гирдиҳамоиҳо баргузор шуда, иқдомҳои эътирози аҳли ҷомеа сурат мегиранд».


Реклама на asia+

Тайи чаҳор сол дар марзи Тоҷикистону Чин беш аз 100 аломати сарҳадӣ гузошта шуд

0


Душанбе. 23-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Аз Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта дар ағбаи Қулма ба муносибати гузоштани аломатҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистону Чин маросими ботантана доир гардид.




«Дар тӯли чаҳор сол марзбонони тоҷик дар ҳамдастӣ бо сарҳадбонони Чин дар шароити номусоиди иқлимиву табиӣ бо корҳои аломатгузорӣ дар марз машғул буданд ва дар ин давра онҳо беш аз 100 аломатҳои сарҳадӣ гузоштанд», – иттилоъ дод манбаъ.



Дар маросими ботантана муовини аввали вазири умури хориҷии Тоҷикистон Абдулло Юлдошев ва мақомоти роҳбарии сохторҳои марзбонии кишварҳо иштирок карданд.



Ёдрас мекунем, ки минтақаи мазкур аз сатҳи баҳр дар баландии 4 ҳазору


365 метр

ҷойгир шудааст. Масофаи марзи Тоҷикистону Чин ба беш аз

500 км

баробар аст.


Реклама на asia+

Ҷашни даҳумин солгарди ҳамкории Швейтсария ва Тоҷикистон бо ҳунарнамоии ситораҳои эстрада ҷашн гирифта мешавад

0


Душанбе. 22-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар таърихи 26-уми сентябр ба оғози ҳамкории миёни Тоҷикистону Швейтсария 10 сол пур мешавад.




Аз Дафтари ҳамкории Швейтсария ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки ба муносибати ин санаи фархунда нишасти матбуотӣ доир гашта, тӯли ду рӯз (26-27-уми сентябр) дар бинои тарабхонаи «Ёқут-2000» як қатор чорабиниҳо баргузор мешаванд. Ба иттилои манбаъ, дар чорабиниҳо аъзои ҳукумат, кормандони корпусҳои дипломатии муқими Душанбе, зиёиён, намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ ва васоити ахбори омма иштирок хоҳанд кард.



Илова бар ин, раиси шаҳри Душанбе дар бораи оғози корҳои омодагӣ ба таҷлили ин ҷашн қарор ба тасвиб расонидааст. Дар қарор бобати рӯзи 27-уми сентябр дар майдони «800-солагии Маскав» баргузор намудани консерт бо иштироки ситораҳои эстрадаи тоҷик Далер Назаров, Шабнами Сурайё ва гурӯҳи «Шамс» иҷозат дода шудааст.


Реклама на asia+

Дар Ню-Йорк Э.Раҳмон бо раиси Бонки ҷаҳонӣ ва президенти Финландия мулоқот хоҳад кард

0





Душанбе. 22-уми сентябр – Президенти




Ҷ




умҳурии То




ҷ




икистон Эмомал




ӣ




Раҳмон, ки имр




ӯ




з барои иштирок дар и




ҷ




лосияи 63-ми Ма




ҷ




маи кулли СММ ба Ню – Йорк рафт, зимни сафар бо роҳбарони созмонҳои м




ӯ




ътабари байналхалқ




ӣ




силсилаи мулоқотҳо ан




ҷ




ом хоҳад дод.











 


          

Аз




ҷ




умла, Сардори давлати То




ҷ




икистон 24 сентябр бо ҳамоҳангсози машварати бахшида ба масъалаҳои «Об ва санитария барои ҳамагон» Ризохон мулоқот хоҳад кард. Дар ин машварат роҳбарон ва намояндагони воломақоми мамлакатҳо ширкат меварзанд. Эмомал




ӣ




Раҳмон ҳамон р




ӯ




з бо Муншии умумии СММ Пан Ги Мун ва раиси Бонки




ҷ




аҳон




ӣ




Роберт Зеллик мулоқот мекунад.









Сарвари давлати То




ҷ




икистон 25 сентябр дар маросими ифтитоҳи машварати байналмилал




ӣ




бахшида ба масъалаҳои ба даст овардани Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола ширкат варзида, баъдан дар мубоҳисаҳои умумии и




ҷ




лосияи 63 –юми Ма




ҷ




маи кулли СММ нутқ хоҳад кард.

 

Баъди ан




ҷ




оми суханрон




ӣ




мулоқоти Эмомал




ӣ




Раҳмон бо Президенти Финляндия Таря Халонен ба нақша гирифта шудааст.









Эмомал




ӣ




Раҳмон баъди чошти 25 сентябр дар машварати бахшида ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола дар мавз




ӯ




и «Суботи эколог




ӣ




» иштирок менамояд. Вай 26 сентябр бо гур




ӯ




ҳи то




ҷ




ирону соҳибкорон мулоқот мекунад, ки онро Ш




ӯ




рои ти




ҷ




оратии То




ҷ




икистону Амрико ташкил хоҳад кард. Тибқи нақша, Президенти




Ҷ




умҳурии То




ҷ




икистон баъдан дар Ню – Йорк бо то




ҷ




икони сокини ИМА, сарвазири Куриёи




Ҷ




ануб




ӣ




ва намояндагони то




ҷ




ирону соҳибкорони ИМА мулоқот ан




ҷ




ом медиҳад.





Реклама на asia+

Дар Остона масоили идоракунии марз ва пешгирии паҳншавии маводи мухаддир дар Осиёи Марказиро баррасӣ мекунанд

0


Душанбе.22-уми сентябр. ОИ «Азия- Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Остона мулоқоти ҳафтуми «Гурӯҳи ташаббускори Осиёи Марказӣ оид ба амнияти марзҳо» оғоз гардид, ки дар он намояндагони кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо ва шарикони осиёмиёнагии онҳо масоили таҳлили фаъолияти Барномаи идоракунии марз ва пешгирии паҳншавии маводи мухаддир дар Осиёи Марказӣ ва натиҷагирии самтҳои фаъолият ва воситаҳои маблағгузории минбаъдаи онро баррасӣ мекунанд.




Дар мулоқот ҳамчунин баррасии масъалаҳои вазъи кунунӣ ва вазоифи минбаъдаи татбиқи барнома, ҷараёни амалисозии фаъолият дар минтақаи Осиёи Марказӣ, ҷалби коршиносон аз давлатҳои узви Иттиҳоди Аврупо, дарёфти сарчашмаҳои тозаи маблағгузорӣ ва рушди минбаъдаи барнома ҳамчун таҳкурсии ҳамоҳангсози фаъолияти идораи самараноки марзҳои минтақа дар назар аст.



Қобили зикр аст, ки барноми мазкур аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ гардида, онро Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид амалӣ месозад.




 

Реклама на asia+

Бо кӯмаки Донишгоҳи «Дӯстии халқҳо» – и Русия дар Душанбе мактаби такмили ихтисоси омӯзгорони забону адабиёти рус кушода шуд

0



 

Душанбе. 22-уми сентябр – Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи Садриддин Айнӣ бо кӯмаки Донишгоҳи «Дӯстии халқҳо» – и Федератсияи Русия мактаби такмили ихтисоси омӯзгорони забону адабиёти рус дар Тоҷикистон кушода шуд.




Дар мактаби мазкур ба омӯзгорони забону адабиёти рус дар Тоҷикистон олимон ва омӯзгорони Донишгоҳи «Дӯстии халқҳо» машғулият мегузаронанд. Ба ҳайати омӯзгорони Русия зимни кушодашави мактаби методӣ декани факултаи такмили ихтисоси омӯзгорони забони русӣ ҳамчун забони хориҷӣ Татяна Валихина, директори маркази усулҳои нави таълимию омӯзгории донишгоҳ Алла Денисова, мудири кафедраи забони русӣ Виктория Куриленко, профессори донишгоҳ Алексей Овчаренко, дотсенти кафедраи забони русӣ Алла Архангелская ва дигарон шомиланд.


Реклама на asia+

ҲНИТ ва сафорати Тоҷикистон забон ёфтанд: Боздиди М.Кабирӣ аз Русия идома дорад

0


Душанбе. 22-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз сухангӯи раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) Ҳикматулло Сайфуллозода дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки дар байни раиси ҳизб Муҳиддин Кабирӣ, ки бо сафари корӣ дар Русия қарор дорад ва сафорати Тоҷикистон дар Русия ҳамкории мутақобила ба роҳ монда шудааст.




Қаблан мо хабар дода будем, ки дар шаҳри Маскав ба иллати даст кашидани сафорати Тоҷикистон аз дарёфт ва иҷораи толори мулоқот вохӯрии М.Кабирӣ бо интихобкунандагон доир нашуд, ҳарчанд М.Кабирӣ аъзои парлумони ҷумҳурӣ аст ва мулоқоти ӯ бо муҳоҷирон бояд дар ҳамдастӣ ва мусоидати сафорат сурат мегирифт.




           

Ҳ.Сайфуллозода мегӯяд, ки пас аз он муносибати сафорат бо М.Кабирӣ дигар гашта, аллакай дар шаҳрҳои Қазону Уфа намояндагон ва шарикони сафорат дар баргузории мулоқотҳо бо интихобкунандагон – муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ӯро дастгирӣ кардаанд ва дар ин мулоқотҳо то 800 нафар ҳамватанон ширкат намудаанд. Имрӯз раиси ҲНИТ озими шаҳри Санкт-Петербург шудааст.




           

Зикр гардид, ки

 

ба ҳар ҳол, бо интихобкунандагони шаҳри Маскав мулоқоти ғайрирасмӣ гузаронида шудааст, ки дар он беш аз 400 нафар иштирок кардаанд. Боздиди М.Кабирӣ аз Русия 24-уми сентябр анҷом хоҳад ёфт.




 

Реклама на asia+