Дар Остона масоили идоракунии марз ва пешгирии паҳншавии маводи мухаддир дар Осиёи Марказиро баррасӣ мекунанд

Душанбе.22-уми сентябр. ОИ «Азия- Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Остона мулоқоти ҳафтуми «Гурӯҳи ташаббускори Осиёи Марказӣ оид ба амнияти марзҳо» оғоз гардид, ки дар он намояндагони кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо ва шарикони осиёмиёнагии онҳо масоили таҳлили фаъолияти Барномаи идоракунии марз ва пешгирии паҳншавии маводи мухаддир дар Осиёи Марказӣ ва натиҷагирии самтҳои фаъолият ва воситаҳои маблағгузории […]

Наргис Ҳамробоева


Душанбе.22-уми сентябр. ОИ «Азия- Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Остона мулоқоти ҳафтуми «Гурӯҳи ташаббускори Осиёи Марказӣ оид ба амнияти марзҳо» оғоз гардид, ки дар он намояндагони кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо ва шарикони осиёмиёнагии онҳо масоили таҳлили фаъолияти Барномаи идоракунии марз ва пешгирии паҳншавии маводи мухаддир дар Осиёи Марказӣ ва натиҷагирии самтҳои фаъолият ва воситаҳои маблағгузории минбаъдаи онро баррасӣ мекунанд.




Дар мулоқот ҳамчунин баррасии масъалаҳои вазъи кунунӣ ва вазоифи минбаъдаи татбиқи барнома, ҷараёни амалисозии фаъолият дар минтақаи Осиёи Марказӣ, ҷалби коршиносон аз давлатҳои узви Иттиҳоди Аврупо, дарёфти сарчашмаҳои тозаи маблағгузорӣ ва рушди минбаъдаи барнома ҳамчун таҳкурсии ҳамоҳангсози фаъолияти идораи самараноки марзҳои минтақа дар назар аст.



Қобили зикр аст, ки барноми мазкур аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ гардида, онро Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид амалӣ месозад.




 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.