Э.Раҳмон ба шумораи зиёди шахсоне, ки дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа хизматхои шоёни таҳсин кардаанд, мукофотҳои давлатӣ супурд

0


Душанбе. 2-юми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон Эмомал


ӣ


Раҳмон

 

ба истиқболи 17-умин солгарди Истиқлолияти давлатии То


ҷ


икистон ва 1150-солагии қофиласолори шеъру адаби то


ҷ


ик Абуабдуллоҳ Р


ӯ


дак


ӣ


дар бинои хукумати мамлакат ба шумораи зиёди шахсоне, ки дар соҳаҳои гуногуни хаёти


ҷ


омеа хизматхои шоёни таҳсин кардаанд, мукофотҳои давлат


ӣ


супурд.




Бо фармони Президенти


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон дар бораи сарфарозгардонӣ бо мукофотҳои давлатии


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон барои хизматҳои шоиста дар рушди иқтисод, энергетика, соҳаи и


ҷ


тимо


ӣ


, илм, фарҳанг ва маориф, ҳифзи тандурустии аҳол


ӣ


, ташкили хизмати аълои ҳарб


ӣ


, таҳкими қонуният ва адолати суд


ӣ


, хизмати намунавии давлатию


ҷ


амъият


ӣ


ва фаъолияти босамар


ҷ


иҳати таҳкими д


ӯ


ст


ӣ


ва ҳамкории байни халқҳо 6 кас бо ордени Д


ӯ


ст


ӣ


,

 

як нафар бо ордени Спитамен дара


ҷ


аи 1,

 

2 кас бо ордени Спитамен дара


ҷ


аи 2, 10 нафар бо ордени Шараф дара


ҷ


аи 1, 19

 

кас бо ордени Шараф дара


ҷ


аи 2, 6 кас бо медали


ҷ


асорат, 52 нафар бо медали Хизмати шоиста ва 2 кас бо медали Шафқат сарфароз гаштанд.



Ба Хушқадам Қурбонмамадов, ки бо тахаллуси Ширин Бунёд маъруф аст ва Мирзо Файзал


ӣ


– Сармуҳаррири р


ӯ


зномаи Шаҳриёр унвони Шоири халқии То


ҷ


икистон дода шуд.



Ҳунармандони шинохтаи зерин Ҳунарпешагони халқии То


ҷ


икистон дониста шуданд:



Марат Арипов – режиссер-таҳиягари киностудияи То


ҷ


икфилм; Аслибегим Саодатова – ҳунарманди театри давлатии


ҷ


авонони То


ҷ


икистон; Абдулло Султонов – ҳунарманди ансамбли «Дарё»; Қиёмиддин Чақалов – ҳунарманди театри ба номи

 

Абулқосим Лоҳут


ӣ

 

ва


Афзалшо Шодиев – ҳунарманди филармонияи давлатии То


ҷ


икистон;



Ду нафар бо унвонии фахрии «Арбоби илм ва техникаи То


ҷ


икистон» ва се кас бо унвони фахрии «Арбоби ҳунари То


ҷ


икистон» сарфароз гаштанд.



7 нафар ҳунармандони маъруф бо унвони фахрии ҳунарпешаи шоистаи То


ҷ


икистон қадр карда шуданд.

 




12 нафар ба унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон сазовор дониста шуданд.



Ба 29 нафар ифтихорномаҳои


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон

 

тақдим карда шуд.



Бо қарори Ҳукумати


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон

 

шахсони зерин бо


Ҷ


оизаҳои давлатии


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон

 

ба номи Аб


ӯ


бдуллоҳ Р


ӯ


дак


ӣ


дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъмор


ӣ


дар соли 2008 сарфароз гардонда шуданд:



– Шоираи халқии То


ҷ


икистон Иноят Хо


ҷ


аева-маъруф бо тахаллуси Фарзона барои ма


ҷ


м


ӯ


аи шеърҳои «Муҳри гули мино»; Шоири халқии То


ҷ


икистон Муҳаммад Ғойиб барои ма


ҷ


м


ӯ


аи шеърҳои «Каъбаи дил»; Ҳунарпешаи шоистаи То


ҷ


икистон Гулчеҳра Содиқова барои силсилаи сурудҳои «Меҳри Ватан-модар»; Арбоби ҳунари То


ҷ


икистон Раҳмат Ботуралиев барои силсилаи сангнигораҳои девории «Искандарномаи Ху


ҷ


анд»;

 

нависанда Бароти Абдураҳмон барои романи таърихии «Куруши Кабир».



6


Ҷ


оизаи давлатии То


ҷ


икистон ба номи Исмоили Сомонӣ ба олимони


ҷ


авон дар бахшҳои илмҳои тиб, иқтисод, гуманитар


ӣ


, табиатшинос


ӣ


ва бунёд


ӣ


супурда шуд.



Як кас бо рутбаи генерал-лейтенант, ду нафар бо рутбаҳои генерал майор ва ду каси дигар бо рутбаҳои генерал майори адлия сарфароз карда шуданд.



Ба варзишгарони номбардори То


ҷ


икистон Расул Боқиев ва Юсуф Абдусаломов, ки дар Бозиҳои Олимпии Тобистонаи Пекин сазовори медалҳои бирин


ҷ


ӣ


ва нуқраи ин мусобиқоти


ҷ


аҳон


ӣ


гаштанд, супурдани ордени Шараф дара


ҷ


аи 1 як навъ нуқтаи ав


ҷ


и ин чорабинии идона гашт, ки мавриди кафк


ӯ


биҳои бардавоми аҳли толор қарор гирифт.



Президенти


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон Эмомал


ӣ


Раҳмон

 

чанд лаҳза бо ҳозирин с


ӯҳ


бати озоду ошкоро ва самим


ӣ


ан


ҷ


ом дода, зимни он ҳамаи онҳоро бори дигар бо гирифтани мукофотҳои давлат


ӣ


табрику таҳният гуфт. Сарвари давлат Эмомал


ӣ


Раҳмон


ҷ


амъи мукофотгирифтагонро, ки намояндагони қариб тамоми соҳаҳои хо


ҷ


агии халқи кишваранд, ба хизмати софдилона ва садоқатмандона ба нафъи давлату миллати худ ва баҳри таъмини пешрафту шукуфоии Ватани азиз ҳидоят намуд.



Сарвари давлат Эмомал


ӣ


Раҳмон тарбияи ҳисси ватанд


ӯ


стию ватанпараст


ӣ


, худшиносию худогоҳии милл


ӣ


, ифтихору сарфароз


ӣ


аз таъриху фарҳанги бостон


ӣ


ва аз давлатдории миллии худро аз вазифаҳои пуршарафи ҳар як шаҳрванди баору номуси кишвар маънидод кард. Дар ин бора аз дафтари мтбуоти сарвари давлат хабар доданд.


Реклама на asia+

Дар хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ ҷамъоварии зироатҳои ғалладонагӣ босуръат идома дорад.

0




 



Душанбе. 2-юми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ имрӯзҳо ҷамъоварии зироатҳои ғалладонагӣ босуръат идома дорад.



Тибқи маълумоти фаврӣ ба ҳолати 1-уми сентябри соли ҷорӣ аз майдони 292447 гектари зироатҳои ғалладонагӣ,

 

то имрӯз 208 ҳазору 700 гектараш даравида шудааст, ки 71,4 фоизи иҷрои нақшаро ташкил медињад. Инчунин

 

197 ҳазору 630 гектараш кӯфта шудааст.

 




Ҳосили умумии кӯфташуда 365 ҳазору 693 тоннаро ташкил медиҳад. Соли гузашта

 

бошад, ҳосили умумии кӯфташуда,

 

то ба ин давра

 

340 ҳазору 915 тоннаро ташкил медод, ки

 

дар муқоиса ба соли гузашта 24 ҳазору 778

  

тонна зиёд мебошад.



Дар ин маъракаи бағоят муҳим

 

аз комбайнҳои ғалладаравӣ

 

самаранок истифода бурда мешавад. Ҳамарӯза дар майдонҳои ғаллазор то

 

71 адад аз чунин комбайнҳо истифода бурда мешавад.

 


 




Ҳар як комбайн ба ҳисоби миёна дар як шабонарӯз то 4-5 гектарро дарав карда, кори даравгаронро осон мекунанд.



Айни замон дар хоҷагиҳои кишоварзии вилояти Суғд ва Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон дарави зироатҳои ғалладонагӣ давом дорад. Дар ин бора аз дафтари матбуоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар доданд.


Реклама на asia+

«Интер РАО ЕЭС» дар Тоҷикистон се нерӯгоҳи барқӣ месозад

0






Душанбе. 2-юми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Ҷамъияти саҳомии кушоди «Интер РАО ЕЭС»-и Русия дар Тоҷикистон се нерӯгоҳи обиву барқӣ месозад. Қобили зикр аст, ки зимни сафари расмии президенти Русия Дмитрий Медведев ба Тоҷикистон миёни Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон ва ин ширкати русиягӣ Ёддошти тафоҳуми ба роҳ мондани фаъолияти муштарак ҷиҳати рушди лоиҳаҳои энергетикӣ дар қаламрави Тоҷикистон ба имзо расида буд.



Аз Ширкати саҳомии холдинги кушодаи «Барқи тоҷик» ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки ба ширкати Русия се лоиҳа – Нерӯгоҳи Урфатин дар рӯдхонаи Хингоб, нерӯгоҳи Оббурдон дар рӯдхонаи Зарафшон ва нерӯгоҳи Явроз дар рӯдхонаи Кофарниҳон пешниҳод гардид.



Бино ба иттилои манбаъ, иқтидори истеҳсолии бузургтарин аз ин нерӯгоҳҳо 250 МВт буда, нишондиҳандаҳои дақиқ пас аз таҳияи заминаи иқтисодиву фаннии лоиҳаи сохтмон муайян карда мешаванд.



«Барои татбиқи муқаррароти ёддошт комиссияи дуҷониба ташкил гардида, он дар ҷаласаи аваалин муайян хоҳад кард, ки кадоме аз ин лоиҳаҳо аз ҳама пештар амалӣ карда мешавад», – афзуд сарчашма.


Реклама на asia+

Дар Кӯлоб моҳи январи соли оянда нерӯгоҳи хурди барқӣ мавриди истифода қарор хоҳад гирифт

0


Кӯлоб. 2-юми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Сохтмончиёни Ҷамъияти саҳомии кушоди «Кӯлобдеҳсохтмон» бунёди канали обпартои нерӯгоҳи хурди обиву барқӣ дар маҳаллаи канори шаҳри Кӯлобро ба анҷом расониданд.




Раиси ҷамъияти саҳомӣ Бобоҷон Пираков ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки дар тендери сохтмон ва ба истифода додани он ҷамъият ғолиб дониста шуда, иқтидори нерӯгоҳ 250 кВт аст, ки он на танҳо маҳаллаҳои аҳолинишин, балки корхонаҳои саноатиро низ бо нерӯи барқ таъмин хоҳад кард.



«Сохтмони нерӯгоҳ аз ҷониби Маркази сохтмони нерӯгоҳҳои хурди обиву барқии

 

ҷумҳурӣ дар назди вазорати энергетика ва саноати кишвар маблағгузорӣ карда мешавад», – гуфт Б.Пираков ва афзуд, ки арзиши лоиҳавии иншоот 250 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад.



Б.Пираков мутмаин аст, ки моҳи январи соли 2009 нерӯгоҳи хурд ба истеҳсоли барқ шурӯъ хоҳад кард. «Мутахассисони мо барои овардани таҷҳизоти нерӯгоҳ рӯзҳои наздик озими Чин мешаванд ва то насби онҳо бунёди боз як каналро ба итмом расонидан зарур аст», – гуфт ӯ дар анҷом.


Реклама на asia+

Роҳбари сотсиал-демократҳо барои дифоъ аз ҳуқуқҳои худ ба Прокуратураи генералӣ муроҷиат кард

0


Душанбе. 2-юми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Раиси Ҳизби Сотсиал-Демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) Раҳматилло Зойиров барои дифоъ аз ҳуқуқҳои худ ба Прокуратураи генералӣ мурочҷиат кард.




Мавсуф изҳор дошт, ки дар ариза ӯ аз прокурори генералӣ хоҳиш кардааст, то ба амали мансабдорон, ки саривақт ба изҳороти ӯ ба сарвари давлат посух надоданд, баҳо диҳад.



Ёдрас мекунем, ки дар изҳорот бо дарки ҳисси миллӣ ва нияти нек ташаббуси ҳамкории созанда пешниҳод гардида, аз сарвари давлат дархост шуда буд, ки раиси ҳизбро ба муддати 2 сол вазири адлия таъин намояд. Ба қавли раиси ҲСДТ, ҳадаф аз чунин муроҷиат – «нияти барпо сохтани асосҳои воқеии кишвари ҳуқуқбунёд дар Тоҷикистон буд».






«Пас аз як моҳи муроҷиат, 22-уми июн ман аз номи муовини раиси роҳбари дастгоҳи президент Маҳкам Маҳмудов посух гирифтам, ки муроҷиатномаи мазкур ба мушовири давлатии президент Саймурод Фаттоев равона шудааст, вале аз он замон то имрӯз ду моҳ сипарӣ гашт, вале то ҳол ман ҷавобе нагирифтаам», – гуфт Р.Зойиров.





Мавсуф мегӯяд, ки тибқи моддаи 12-и Қонуни ҶТ «Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон», мӯҳлати охирини ҷавоб бояд як моҳ, яъне то 22-уми июлро дар бар мегирад. «Дар қонун ҳамчунин баъзе истисноҳо пешбинӣ шудаанд, вале бо назардошти он ҳам, мӯҳлати охирини ирсоли посух 22-уми август аст, яъне мӯҳлати муқарраршуда тибқи қонун гузашт, – гуфт ӯ.





«Аз ин рӯ, тибқи моддаи 163-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Қонуншиканӣ дар муроҷиати шаҳрвандон), ман ният дорам ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо аризаи даъвогӣ муроҷиат намоям», – таъкид сохта буд раиси ҲСДТ ва афзуда буд, ки дар оғоз ӯ ба Прокуратураи генералӣ ҷиҳати мушаххас сохтани ҷавобгар дар ин ҳолат муроҷиат хоҳад кард.   


Реклама на asia+

Бинои асосии Донишгоҳи тиббӣ ҳанӯз барои қабули донишҷӯён омода нест

0




Душанбе. 2-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, ки ахири соли равон бар асари сӯхтор зарар дида буд, корҳои таъмиру барқарорсозӣ ба анҷом расидаанд. Танҳо баъзе корҳои ороишии сохтмонӣ ва ҷобаҷогузории мебел боқӣ мондааст. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз донишгоҳи мазкур хабар доданд.








Бино ба иттилои манбаъ, дар оғоз

 

мӯҳлати ба истифода додани иншоот то саршавии соли нави хониш ба нақша гирифта шуда буд. Акнун он ба аввали октябр мавқуф гузошта шудааст.







Зикр гардид, ки барои таъмир ва барқарорсозии бинои асосии донишгоҳ, ки қариб пурра сӯхта нобуд гардида буд, ҳукумати ҷумҳурӣ беш аз 7 млн. сомонӣ маблағ ҷудо намуда, ҳукуматҳои Туркия ва Ҳиндустон 100 ҳазор доларри амрикоӣ ҳар кадоме ва Ассотсиатсияи табибони амрикоӣ 2 ҳазор долларӣ амрикоӣ кӯмак расониданд. Русия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва Эрон ваъда додаанд, ки донишгоҳро бо дастуру китобҳои таълимӣ ва таҷҳизоти техникӣ таъмин хоҳанд кард.




Реклама на asia+

Соли равон барои зоирини тоҷик ҳаққи расмии сафар ба Хонаи Худо 3 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад

0


Душанбе. 2-уми сентябр – Вазорати фарҳанги То


ҷ


икистон мег


ӯ


яд, 10-уми ноябри соли равон танҳо 5 ҳазору 120 нафар мусулмони кишвар ҳаққи зиёрати Хонаи Худоро доранд. Ин дар ҳолест, ки ба қавли Абдусалом Ра


ҷ


абов, масъули ш


ӯ


ъбаи Ҳа


ҷ


дар вазорати фарҳанг, то кунун 20 ҳазор сокини мусулмони То


ҷ


икистон барои сафар ба Макка аснод супоридаанд.





 

Вай дар с


ӯ


ҳбат ба хабаргузории миллии «Ховар» таъкид намудааст, ки ин миқдор


ҷ


ойро барои То


ҷ


икистон мақомоти умури дини Арабистони Сауд


ӣ




ҷ


удо мекунанд ва онҳо ҳаққи зиёд ва ё кам кардани теъдоди зоиринро надоранд. Ба қавли оқои Ра


ҷ


абов, ҳаққи расмии сафар ба Хонаи Худо, ки вазорати иқтисоди То


ҷ


икистон муқаррар кардааст, 3 ҳазор доллари армикоиро ташкил медиҳад. Феълан дар То


ҷ


икистон бештар аз 5 миллион мусулмон ба сар мебаранд.


Реклама на asia+

Хизматчии низомӣ ҳангоми безарагардонии мина ҷароҳати сабук бардошт

0


Душанбе. 2-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Сардори Маркази масоили безараргардонии минаи Тоҷикистон Ҷонмаҳмад Раҷабов дар сӯҳбат бо мухбири ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки дар ағбаи Хобурободи ноҳияи Дарвоз хизматчии марказ Нуриддин Мавлонназаров, ки тариқи шартномавӣ хизмат мекунад, ҳангоми безарагардонии яке аз минтақаҳо аз минаҳо ҷароҳати сабук бардошт.




«Мина дар масофаи 8-


10 метр

дуртар аз ӯ таркид ва бар асари он пои рости Н.Мавлонназаров каме захмӣ шуд, ки он дар муддати кӯтоҳ муолиҷа карда хоҳад шуд», – гуфт ӯ.



Дар ҷои ҳодиса комиссияи махсус ба фаъолият шурӯъ кардааст, ки сабабҳои таркиши минаро меомӯзад.


Реклама на asia+

Дар Хатлон маъракаи ҷалби духтарон ба мактабҳо шурӯъ гардид

0


           Қӯрғонтеппа. 2-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Моҳи август дар конфронси кормандони соҳаи маорифи вилояти Хатлон раиси вилоят Ғайбулло Афзалӣ изҳор дошт, ки аз 1-уми сентябр дар қаламрави вилоят маъракаи даҳаи ҷалби духтарон ба мактабҳо шурӯъ мешавад.




Тибқи маълумоти раёсати маорифи вилоят, соли гузашта шумораи духтарони ба таҳсил фарогирифташуда 83 фоизро ташкил додааст. Ғ.Афзалӣ зикр кард, ки дар ноҳияи Вахш ҳамагӣ 59 фоиз духтарон ва дар ноҳияи Қумсангир 70 фоиз духтарон дар мактабҳо таҳсил мекунанду халос.



«Дар сурати ҳалли ғайриқаноатбахши ин масъала аз рӯи натиҷаҳои даҳрӯза нисбат ба роҳбарони ноҳияҳо чораҳои қатъӣ андешида хоҳанд шуд», – гуфт раиси вилоят.


Реклама на asia+

Иттифоқҳои касабаи Суғд фарзандони оилаҳои камбизоатро бо сарулибоси мактабӣ таъмин карданд

0


Хуҷанд. 2-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Қабл аз оғози соли хониши нав дар тамоми шаҳру навоҳии минтақаи шимоли Тоҷикистон иттифоқҳои касаба иқдоми таъмини фарзандони оилаҳои камбизоат бо сарулибоси мактабиро роҳандозӣ намуданд.




Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Саидбой Зокиров ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки дар ҷараёни баргузории иқдоми мазкур ҳудуди 500 нафар хонандагон аз оилаҳои камбизоат бо сарулибоси мактабӣ таъмин карда шуданд.



Ҳамчунин кумитаҳои иттифоқҳои касабаи корхонаҳои саноатии «Дӯстӣ Амирхон», «САТН» ва «Ҷавонӣ» ба фарзандони беш аз 50 оилаҳои камбизоат, ки дар корхонаашон кор мекунанд, сарулибоси мактабӣ тақдим намуданд. «Иқдоми мазкур ҳамасола баргузор мешавад ва соли гузашта фарзандони оилаҳои куамбизоат бо сарулибоси варзишӣ таъмин гардида буданд», – гуфт дар анҷом С.Зокиров.


Реклама на asia+